fbpx

“Шабе дар Осорхона”. Сайре дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд

Осорхонаи таърихии вилояти Суғд барои бо търиху фарҳанги тоҷикон шинос кардани сайёҳон, ҷойи муносибест.


0

Рӯзи 18- уми май бахшида ба Рӯзи осорхонаҳо дар шаҳри Хуҷанд чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони “ Шабе дар осорхона” баргузор шуд. Барои иштирокунандагону меҳмонон сайри ройгон дар осорхонаҳои Хуҷанд аз ҷумла дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, ташкил карданд. Осорхонаи вилояти Суғд, ки дар шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст соли 2006 сохта шудааст. Кӣ аввалин осорхонаро дар Хуҷанд кушод ва дар он чӣ чизҳои ҷолибро дидан имкон дорад, дар маводи мо бихонед.

Муаллифи Your.tj  ба чорабинии “Шабе дар осорхона” рафт, то аз таърихи Осорхонаи таърихии вилояти Суғд нақл кунад ва назари сайёҳонро дар бораи он бифаҳмад.

Барномаи фарҳангию фароғатии «Шабе дар осорхона» яке аз иқдомҳои байналмилалии осорхонаҳои ҷаҳон буда, аз соли 1978 инҷониб 150 давлати ҷаҳон онро дар Рӯзи осорхонаҳо,таҷлил менамоянд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин чорабнии муҳими фарҳангӣ аз соли 2013 роҳандозӣ шудааст.

Дар маъракаи имсола чорабиниҳои гуногун, аз қабили барномаи фарҳангӣ дар даромадгоҳи Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, аксияи хайриявӣ дар назди Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд,  маҳфили “Пайғоми маънӣ” дар чорбоғи Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ баргузор гардид. Дар ин рӯз аз соати 16: 00 то 22:00 тамошои Осорхона ва боздид кардан аз Хона –музейи Камоли Хуҷандӣ ройгон буд.

Айни тамошои  Толори тамаддуни ориёӣ бо 2 нафар ҷавон вохӯрдем. Яке Румон аз шаҳри Ҳамбурги Олмон ва дигаре Мусба Файз аз Афғонисто, ки  барои сайёҳат ба Тоҷикистон омадаанд. Барои ҳарду  тамошои толоре, ки девори он бо санъати кошинкорӣ (мозайка) расми Искандари Мақдунӣ инъикос карда шудааст, хеле писанд омад.

“Тайи чанд рӯз аст, ки дар  шаҳри Хуҷанд қарор дорем. Ғайринтизор шаҳрро хеле зебо ва  таърихӣ дарёфтам. Имрӯз аз Осорхона низ дидан кардем, ки хеле ҷолиб буд. Ба фикрам,  як чиз  мадди назар гирифта шавад, боз хубтар мешуд. Ҳамаи навиштори осорхона бо хатти кириллӣ аст ва мо бисёр чизҳои аҷиберо вохӯрдем, аммо нафаҳмидем, ки онҳо моли киву кадом асранд, агар тевзеҳотро бо англисӣ тарҷума мекарданд, хело хуб мешуд”, – изҳори назар кард, сайёҳи олмонӣ Румон.

Дар ин рӯз Мушарраф Саидзода, дотсенти факултети химия-биологияи ДДХ беш аз 400 донишҷӯро ба Осорхонаи таърихӣ раҳнамоӣ кардааст. Ӯ ба ин  назар аст, новбаста ба он ки чӣ ихтисос доред, бояд ҳар вақт ба осорхона биёед, то аз бозёфтҳои нави таърихӣ ва падидаҳи фарҳангӣ огоҳ шавед.

“Мо  имрӯз иқдоми “Шабе дар осорхона” – ро фаҳмида, азм кардем, ки ҳамроҳи донишҷӯёни  факултети химия-биология ба Осорхонаи таърихии вилоятӣ биёем.  Зимни тамошо аз толорҳои Осорхона, ки аз асри санг карда, то замони Истиқлолро дар бар мегирад, маълумотҳои наверо, ки то ин дам намедонистем, дарёфтем.  Бахусус, толоре, ки аз давраи   эленистӣ  маълумот медод, барои донишҷӯён хеле ҷолиб буд, онҳо бо диққати махсус ба нақли роҳбалад гӯш медоданд”, – афзуд Мушарраф Саидзода, дотсенти ДДХ.

Аз таърихи пайдоиши Осорхонаи вилояти Суғд

Шарифа Сайфиева роҳбалади осорхона ҳангоми роҳнамоӣ ба мо аз таърихи таъсиси Осорхонаи таърихии вилояти Суғд нақл кард. Ӯ нахуст дар бораи Мирзохоҷа Собиров( бо тахаллуси Ҳоҷӣ Антиқа), ки дар ташкили аввалин Осорхона дар Хуҷанд саҳм гузоштааст,  нақл кард.

“Дар миёни дигар бузургони илму адаби Хуҷандшаҳр, Ҳоҷӣ Антиқа (1857-1926) ба ҷамъовариву ҳифзи ёдгориҳои қадим завқу рағбати афзун доштааст. Ӯ муддати тӯлонӣ дар шаҳрҳои Бокуву Тифлис, Қазону Тошканд, Бухорову Самарқанд, Қуқанду Андиҷон, Намангон ва Исфараю Конибодом саёҳат карда, ёдгориҳои таърихии зиёдеро гирдоварӣ мекунад.

Мавсуф дар заминаи ошноӣ бо олими маъруф М. С. Андреев ашёи таърихии ҷамъовардаашро аввалан дар шаҳри Тошканд маҳфуз дошта, онҳоро соли 1907 барои тошкандиён ба намоиш мегузорад. Пас аз чанд вақт ӯ қарор медиҳад, ки «ғаниматҳо»-и дар сафарҳо ғункардаашро ба зодгоҳи азизаш-Хуҷанд биёварад”, – дар такя ба манобеъи таърихиӣ нақл кард, Шарифа Сайфиева.

Ҳамин тариқ, соли 1909 Ҳоҷӣ Антиқа бо иҷозати сардори уезди Хуҷанд ашёҳои нодиру таърихии ҷамъовардаашро дар биное гузошта, ба мардум намоиш медиҳад.

Дар охири умри худ Мирзохоҷа Собиров тариқи хаттӣ васият менамояд, ки ёдгориҳои таърихии мансуб ба ӯ аз ин пас давлатӣ ҳисобида шаванд, “беҳтар он аст, ки ҳосили рӯзгори ӯ барои тавсеаи ҷаҳонбинии наслҳо ва эҳёи худогоҳиву худшиносии мардум хидмат намояд”, гуфтааст, ӯ.  Ҳамин гуна, соли 1926 асоси Осорхонаи таърихии вилояти Суғд гузошта мешавад.

Аз ин бино ба он бино. Бинои осорхона чӣ тавр бунёд ёфт?

То замони Истиқлол Осорхонаи таърихӣ дар Хуҷанд чандин бор ҷой иваз кардааст. Аз ҷумла, дар аввал Осорхона дар ду толори аз масҷиди Шайх Муслиҳиддин ҷойгир мешавад.  Пасон, муддате дар ошёнаи дуюми тарабхонаи “Панҷшанбе” (имрӯз маъруф ба маркази савдои”Ҳоҷӣ Абдулазиз”) ҷойгир гардида буд.

Сипас Ҷамъияти матлуботи вилоят тақозо мекунад, ки осорхонаро оҷилан кӯчонанд. Аз ин хотир, осорхона муддате дар коргоҳи пойафзолдӯзии шаҳри Хуҷанд низ қарор дошт. Дар заминаи чунин кӯчиданҳо манобеъи таърихӣ осеби ҷиддӣ дида буд.

“Ниҳоят, хушбахтона, дар таърихи 23 августи соли 2006 президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бинои замонавии осорхонаро ифтитоҳ карда, барои фаъолияти он дар марҳалаи нави таърихӣ шароити мусоид фароҳам оварданд” – мегӯяд, Шарифа Сайфиева.

Бинои ҳозираи осорхона аз як толори васеи болоӣ ва се толори калонҳаҷми зеризаминӣ иборат аст. Дар толори болоӣ ва ду толори зеризаминӣ намоишҳои осорхонавӣ созмон дода шуда, дар як толори зеризаминӣ фонд (махзан) ҷой гирифтааст.

Толорҳои Осорхона

 Толори  якум: «Ҳаёти одамони асри санг»

Роҳбалади мо, Шарифа Сайфиева оид ба ин толор чунин маълумот дод: “Мушовири ин толор (ғор) профессор С. Ш. Марофиев мебошад. Ин толор (ғор) аз тарафи Ёдгоров Комилҷон- рассоми халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуда, бо омезиши ду санъат: рассомӣ ва ҳайкалтарошӣ ороиш дода шудааст. Ин тарзи намоиш аввалин бор дар Осиёи Миёна дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд сурат гирифт”.

 Толори  дуюм:  «Давраи фулузӣ»

Тавре аз ашёҳо ва либосу маишат суроби одамоне,  ки дар ин толор ҷой дода шудааст, маълум  мешавад,  ки дар ин толор ташаккулёбии инсонҳо нишон дода шудааст.

Толори “тамаддуни ориёӣ”

Ин толор аз тарафи рассом, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Арбоби санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯраев Ғафурҷон ороиш ёфтааст ( бо мушовирии профессор С. Ш. Марофиев). Толори тамаддуни ориёиҳо бо рамзи ориёии болои матоъ, ки аз тарафи рассоми халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кашидадӯз Зулфия Баҳриддинова дӯхта шудааст, оғоз меёбад.

Дар осорхона қасрҳои мӯҳташам, сутунҳо, ҳайкалҳо, ки дар Тахти Ҷамшед қомат афрохтаанд ҳамчунин нусхабардорӣ аз катибаи Бесутун, нимпайкараи Дорои I ба маърази тамошобинон гузошта шудаанд.

Толори эллинистӣ, ки дар аввали гузориш оид ба он маълумот дода будем, аз тарафи Арбоби ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Ботуралиев Раҳматҷон созмон дода шуда бо санъати кошинкории флорентсиявӣ ороиш ёфтааст.

Дар созмони экспозитсия сангҳои мармари ранга, ки дар кӯҳҳои Помиру кони Консой мавҷуданд истифода шудаанд. Дар толор нӯҳ лавҳа мавҷуд буда, ҳар яке аз ҳаёти Искандари Мақдунӣ ва лашкаркашиҳои ӯ нақл менамояд.

Толори таъриху тамаддуни халқи тоҷик дар се намуд бо экспозитсияҳои мавзӯъӣ таъмин аст, ки онҳо аз ҷиҳати даврабандии таърихӣ ба ҳам мувофиқат мекунанд: аз ҷумла, зери шиша (ин рамзӣ буда, ковишҳои саҳроии бостоншиносиро ба ёд меорад), экспозитсияи асосӣ ва барелеф.  Ин толор аз тарафи рассом Маҳмудов Акбар- дорандаи ҷоизаи вилоятии ба номи Камоли Хуҷандӣ ороиш дода шудааст. Мушовирони толор С. Марофиев, Н. Турсунов, А. Бузуруков, К. Атаева, Ф. Дадохӯҷаев, М. Файзуллоев, Ҳ. Тоатов, Ш. Аҳмадов, А. Мирбобоев ва дигарон мебошанд.

Тавре мушоҳида нишон дод, барои аксарияти тамошобинони осорхона муҷассамаи Темурмалик – Қаҳрамони халқи тоҷик ҷолибияти бештарро доро буд. Аз ҷумла, ҳамсуҳбатони мо Румон ва Мусбаи форсзабон дар назди ин муҷассама расмҳои хотиравӣ бардошта, дар бораи он саволҳо медоданд ва ҷавоб мегирифтанд.

Роҳбалади ҷавон, Шарифа Сайфиева, ки дар сайри таърихӣ ҳамроҳи буд, гуфт: “Муҷассамаи Қаҳрамони халқи тоҷик – Темурмаликро Давронҷон Раҳматов-дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Камоли Хуҷандӣ сохтааст. Ин муҷассама, бо баландии 3,5 метр сохта шуда, дар он 4 тонна метали биринҷӣ сарф шудааст”.

Файзуллохон Обидов


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend