Ширкати ҷаҳонии “HONOR” силсилаи нави смартфонҳои HONOR 600-ро барои насли эҷодкор муаррифӣ кард. Дастгоҳ тарҳи ултратунук, имкониятҳои пешрафтаи AI ва супер-батареяро дар худ муттаҳид намудааст.

Танзими видео ва таҳрири аксҳо бо AI
AI Image to Video 2.0: Имкон медиҳад, ки танҳо бо фармонҳои матнӣ аз 3 акс наворҳои ҷолиби синамоӣ эҷод кунед.
AI Photos Agent: Аксҳоро бо хоҳиши матнии корбар ба таври худкор таҳрир ва элементҳои ҳаракаткунандаро нест мекунад.
Туҳфа: 3 моҳ дастрасии ройгон ба Google AI Pro (Gemini, тавлиди навор бо Veo 3.1 ва 5 ТБ захираи маҷозӣ).

Қавитарин дурбини шабонаи 200 Мп
Смартфон бо дурбини шабонаи 200-мегапикселии Ultra-clear Night Camera муҷаҳҳаз аст. Он ҳатто дар ториктарин шароит ва ҳангоми зуми аз 0.6 то 10x аксҳоро босифат сабт мекунад. Нусхаи HONOR 600 Pro дорои дурбини Periscope Telephoto бо наздиксозии то 120x ва реҷаи махсуси аксбардории шабонаи чеҳра (bokeh) мебошад. Функсияи SuperMoon 2.0 бошад, барои аксгирии зебои моҳ пешбинӣ шудааст.
Батареяи 7000 mAh дар корпуси борик
Баръакси тасаввуроти оддӣ, батареяи калон телефонро ғафс накардааст. Дар дохили корпуси бориқи он анбораи 7000 mAh ҷойгир аст:
Истифода: Танзими худкори AI имкон медиҳад, ки телефон то 2 рӯз фаъол бошад.
Хунукӣ: Ҳатто дар ҳарорати −20°C ва бо 20% қувва, вазифаҳои асосиро иҷро мекунад.
Устуворӣ: Анбора барои 5 соли истифода (1600 давраи пуркунӣ) пешбинӣ шудааст.

Қудрати флагманӣ ва ҳамгироӣ бо Apple
Нусхаи стандартӣ бо протсессори Snapdragon 7 Gen 4 ва нусхаи Pro бо чипи 3-нанаметрии Snapdragon 8 Elite кор мекунад (45% тезтар).
Хусусияти беназири силсила — ҳамоҳангии аъло бо экосистемаи Apple аст. Тавассути фанноварии OneHop шумо метавонед бо як пахш байни HONOR ва iPhone файлҳоро интиқол диҳед, паёмҳоро дар Apple Watch бинед ва файлҳои телефонро дар Mac дастрас кунед. Смартфон дар се ранг: норанҷӣ, сафеди тиллоранг ва сиёҳ дастрас аст.
Ба саҳифаҳои расмии HONOR Тоҷикистон обуна шавед. Барои дастрас кардани навтарин хабарҳо ва нархҳо, саҳифаҳои расмии моро пайгирӣ кунед: Instagram, Telegram, Tiktok.









