fbpx

Даргузашти Нависандаи халқии Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ

Ҷасади шоирро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд.


0
Акс аз саҳифаи Фейсбуки Суҳроб Зиё

Шоир, нависанда ва драматурги шинохтаи тоҷик, собиқ раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Меҳмон  Бахтӣдар синни 81-солагӣ аз олам даргузашт.  Дар ин бора ҳамкорону  наздикони шоир шаби  гузашта дар Фейсбук хабар доданд.

Меҳмон Бахтӣ аз соли 2003 то соли 2015 раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Ӯ 25 марти соли 1946 дар деҳаи Шули ноҳияи Рашт ба дунё омадааст. Соли 1958 Омӯзишгоҳи омӯзгории Навобод, соли 1963 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст. Солҳои 1973-1975 дар Донишкадаи адабиёти ба номи Максим Горкий (Маскав) низ таҳсил кардааст.

Дар давоми солҳои гуногун мудири бахши адабӣ-драмавии Телевизиони ҷумҳурӣ, ҷонишини сармуҳаррири «Тоҷиктелефилм», сармуҳаррири шуъбаҳои адабию драмавӣ ва ҷавонони Телевизиони тоҷик, мудири бахши адабии Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, мудири Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода, раиси Шӯрои кор бо навқаламон, раиси Маркази тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагон ва мудири бахши тарҷума ва нашри Маҷлиси Олии ҶТ буда, аз июли соли 2007 муовини раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, раиси бахши Тоҷикистонии Диалоги «Евро-Осиё»-ст.

Аз соли 1995 то 2000 вакили мардумии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати якум аз ҳавзаи интихобии 35-уми ноҳияи Ғарм ва ҳамзамон раиси комиссия оид ба этикаи депутатӣ ва имтиёзҳои депутатӣ буда, соли 2005 узви Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб мегардад.

Меҳмон Бахтӣ муаллифи қиссаҳои «Оҳи сабук» (1971), «Хубон» (1978), «Пирамард» (1982), «Се соати даҳшатбор» (1988) ва маҷмӯаи намоишномаҳои «Лаҳзаи ҷовид» (1972), кутуби шеърҳои «Пайғоми баҳор» (1975), «Хаёли ширин» (1985), китоби қиссаву ҳикояву мақолаҳои «Рӯҳи тавоно» (1987), маҷмӯаи намоишномаҳои «Эҳ, ҷавонӣ, ҷавонӣ…» (1980), китоби қиссаву ҳикояҳои «Оҳи сабук» (1987), маҷмӯаи «Пйесаҳо» (1982), гулчини қиссаву намоишномаҳои «Манзари қисмат» (2003), достони «Бозтоби Офтоб» (2006), маҷмӯаи «Қиссаҳо» (2007, ба забони русӣ) «Оҳанги хаёл» (2011) мебошад.

Соли 1986 сазовори Ҷоизаи комсомоли ленинии Тоҷикистон, соли 1988 шарафёби Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, соли 1994 соҳиби унвони ифтихории Арбоби шоистаи ҳунари Тоҷикистон ва соли 2014 сазовори медали адабии байналмилалии ба номи М.Достоевский гардидааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend