Шавкат Тошматов сароянда ва ровии бисёрзабонаи тоҷик дар Амрико аст. Ӯ дар чорабинву маъракаҳои амрикоиён, ки аксарият забону миллати мухталиф доранд, суруд мехонад. Дар кишварҳои арабӣ низ 7 сол бо сарояндагӣ машғул буд.
Вай ҳоло дар шаҳри Ню-Йорк бо тахаллуси Шавкат Аштӣ зиндагӣ ва эҷод мекунад. Тоҷикон маҳз дар ин шаҳри бузург Иди Наврӯз, Рӯзи Истиқлолият, консерту тӯйҳо ва конфронсу ҳамоишҳои гуногун баргузор мекунанд. Зимнан, ӯро дар аксари чунин вохӯриҳо ҳамчун сароянда даъват мешавад.
Муаллифи Your.tj бо Шавкат Тошматов (бо тахаллуси Шавкат Аштӣ) дар бораи чӣ гуна пеш бурдани кори ҳофизӣ дар Амрико, бартарияти иҷрои зиндаи таронаҳо ва бо омодагаӣ ба ин кишвар сафар кардан ҳамсуҳбат шуд.

Зиндагӣ дар Амрико ва рӯй овардан ба сарояндагӣ
Шавкат Аштӣ тасаввур карда наметавонист, ки рӯзе фаро мерасаду ба Армико кӯч мебандад. Соли 2011 дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб буд ва аз он ҷо соҳиби раводид шуд. Бо оилааш ба Амрико омад. Бо ҳамроҳии ҳамсараш ба хулосае расид, ки барои ояндаи фарзандон Амрико ҷойи хуб аст.
– Дар рӯзҳои аввали ба ин кишвар омадан бо чанд мушкилҳо рӯ ба рӯ шудам. Надонистани қонунҳо ва огоҳ набудан аз фарҳанги зисти амрикоиён душвориҳо пеш меовард. Пайдо кардани кори мувофиқ низ мушкил буд. Дуруст аст, ки дар давлати бегона ҳеҷ вақт худро мисли оне, ки дар ватан бошӣ, ҳис намекунӣ, – гуфт ҳамсуҳбати мо.
Шавкат ба тарзи зиндагӣ дар Амрико тез одат карда натавонист. Вале барои фарзандонаш осон буд, чунки он замон хурд буданду аз ранҷи мусофирӣ бехабар. Ӯву ҳамсараш душвориҳои марҳалаи аввали зиндагӣ дар Амрикоро бо ҳамдастӣ пушти сар карданд.
“Кори аввалине, ки дар ин ҷо ёфтам, аз ширкати “medical supplies “ буд. Баъдан дар қаҳвахона ба ҳайси “бариста” (нафаре, ки бо омода ва пешнизҳод кардани қаҳва ва дигар нӯшобаҳо масъул аст) кор мекардам. Расо 3 сол гузашту оҳиста – оҳиста касби дӯстдоштаам – сарояндагӣ баргаштам”, – нақл кард ӯ.

Танҳо бо сарояндагӣ дар Амрико рӯз гузаронидан мумкин аст?
Ба бовари Шавкат Аштӣ, тоҷиконе, ки дар Амрико зиндагӣ мекунанд, аз суруду мусиқии тоҷикӣ дур намешаванд. Онҳо ҳамеша ташнаи шунидани суруду мусиқии тоҷикиянд. Онҳо дар ҳар чорабиниҳо сурудҳои тоҷикиро дархост мекунанд.
– Сароянда будан дар Амрико осону ҳам душвор аст. Осонӣ ба кадом хотир? Ҳамватанони мо ба ғайр аз шаҳри Ню-Йорк дар иёлотҳои Калифорния, Колорадо, Небраска, Филаделфия ва ғайра зиндагӣ дошта, дар тӯйу чорабинӣ ва консертҳо ҳатман таклиф месозанд. Аксарият маро чун сароянда мешиносанд. Душворӣ ба он маъност, ки дар Амрико танҳо бо сарояндагӣ рӯз гузаронидан мушкил аст, зеро маблағи бо ҳофизӣ дарёфта барои зиндагӣ намерасад.
Аз ин рӯ, аксари эҷодкорон дар Амрико бо дигар корҳо низ машғул мешаванд, то ки ризқу рӯзӣ пайдо кунанд. Шукр, ки ман имрӯз пурра бо сарояндагӣ машғулам. Зеро ман на фақат ба забони тоҷикӣ, балки бо забонҳои русӣ, англисӣ, ӯзбекӣ, испониёӣ, итолиёвӣ ва туркиву арабӣ суруд мехонам. Яъне, намояндаҳои дигар миллатҳоро низ маро даъват мекунанд, то дар маъракаҳояшон суруду тарона хонам, – шарҳ дод ҳамсуҳбати мо.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Шавкат Аштӣ бо санъаткорони шинохтаи тоҷик шодравон Кароматулло Қурбонов, Парвин Юсуфӣ, Ширинмоҳ Ниҳолова, Нигина Амонқулова, Ҷонибек Муродов, Садриддини Наҷмидин ва ғайра дар як саҳан суруд хондааст. Бо сарояндагони ӯзбек низ, амсоли Гурӯҳи Ялла ва Юлдуз Усмонова дар як саҳна кор кардааст.

“Барои ҳар миллат бо забони худашон зинда месароям”
Шавкат Аштӣ бо забонҳои гуногун ба мисли тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, испаниву итолиёвӣ, туркиву арабӣ суруд мехонад. Барои мухлисон сурудҳои муаллифӣ низ месарояд. Беш аз 50 дарсади сурудҳояш бо забони тоҷикист, зеро ҳамватанони ӯ сурудҳои миллиро хеле дӯст медоранд.
– Таронаҳои тоҷикиву ӯзбекӣ миёни ҳамватанони бурунмарзӣ маҳбубияти зиёд дорад. Барои амрикоиҳо бештар бо забонҳои англисӣ ва испанӣ месароям. Амрикоиҳо ва намояндагони дигар миллатҳо сурудҳои моро низ дӯст медоранд, зеро барои онҳо мусиқии тоҷикӣ як чизи наву ғайриодӣ менамояд. Вақте ба тӯйҳои тоҷикӣ меоянд, аз шунидани суруду оҳангҳои миллӣ лаззат мебаранд.
Дар ин ҷо қазоқҳо, туркманҳо, ӯзбекҳо, украинҳо ва русҳо низ зиёданд, бинобар ин кӯшиш мекунам, то барои ҳар миллат бо забони худашон суруд иҷро намоям, – изҳор дошт сароянда.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Ӯаз фонограмма камтар истифода бурда, таронаҳоро бештар зинда месарояд. Ҳарчанд имрӯзҳо истифодаи фонограмма бо сабабе, ки садоро аз ҷиҳати техникӣ хушсифат нишон медиҳад, бештар мешавад. – Вақте сурудхонии моро ба навор мегиранд, бояд садо аз ҷиҳати техникӣ тоза бошад. Аз ин рӯ, 20 дарсад фонограмма мехонаму бас. Дар навбати худ ,80 фоизи сурудҳоро зинда иҷро мекунам. Зеро дар ҳама тӯю маъракаҳо пурра бо фонограмма хондан имкон надорад, – шарҳ дод ҳамсуҳбати мо.
Лаҳзае, ки дар консерт кассета шах шуда буд
Тавре ҳофизи тоҷик мегӯяд, дар солҳои 90-уми асри гузашта техникаи сурудхонӣ мисли имрӯз пешрафта набуд. Он замон аксари сарояндагон бо магнитофонҳои портативӣ ва кассетаҳо суруд сабт карда, дар саҳна аз рӯйи онҳо ҳунарнамоӣ мекарданд.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
“Аз ҳамон давра хотираҳои ҷолибе дар ёд мондаанд. Рӯзе дар як чорабинӣ, ки панҷ вазири мудофиаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳузур доштанд, мо консерт барпо мекардем. Ҳангоми иҷрои суруд ногаҳон кассета дармонд. Садои мусиқӣ хомӯш шуду вазъи хандаовару шармоваре ба миён омад. Раққосон ҳайрон монданд, ки чӣ кор кунанд. Худам ҳам лаҳзае дар саҳна шах мондам. Баъд тасмим гирифтам, ки зинда суруд хонам. Раққосон дубора ба рақс оғоз карданд ва дар анҷом меҳмонон рост истода, моро кафкӯбӣ намуданд. Дар он айём чунин ҳолатҳо зуд-зуд рух медоданд”, – ба ёд овард Шавкат.

Воқеаҳои аҷиб дар тӯйҳои амрикоиён
Дар тӯю маъракаҳо ҳодисаҳои гуногун рух медиҳанд. Чанде пеш Шавкат бо ҳамроҳии ҳамкасбонаш дар як тӯй суруд мехонд ва ҳам ровӣ буд. Онҳо дар саҳна ҳунарнамоӣ мекарданд ва меҳмонон рақсу бозӣ. Домоду арӯс ҳам дар ҷойи худ нишаста, хурсандӣ доштанд. Ногаҳон зане бо ду кӯдак ба назди ҳунармагдон омада, бо саросемагӣ талаб кард, ки микрофонро ба дасташ диҳанд.
– Дар аввал намефаҳмидем, ки чӣ ҳодиса шудааст. Аз тарзи гуфтору ҳолаташ эҳсос шуд, ки мушкили ҷиддие пеш омадааст. Мо сурудро хонда тамом кардем, баъдтар маълум гардид, ки он зан ҳамсари якуми домод асту кӯдакон фарзандони онҳо. Ба ҷуз худи домод, касе аз ин чиз хабар надоштааст. Дар он ҷо моҷарое ба миён омад, ки аз як тараф хандаовар менамуд, вале аз ҷониби дигар нигаронкунанда буд, – бо ҳаяҷон қисса кард ҳунарманд.
“Имрӯз таҳияи намоҳанг он қадар зарур нест”
Бино ба қавли вай, имрӯз вазъ тамоман дигар аст. Масалан, дар Калифорния барои сабти як намоҳанг маблағи калон сарф мешавад. Нархи таҳияи намоҳанг вобаста ба сатҳу сифати кор аст, мисол аз 3 -5 ҳазор доллар ва ҳатто бештар харҷ мекунанд. Бархе сарояндагон то ҳол барои сабти суруд ва намоҳанг маблағи зиёд пардохт мекунанд. – Аммо имрӯз сохтани клип мисли пештара муҳим нест. Бештар сурудҳое машҳур мешаванд, ки дар Instagram ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мегарданд. Баъзан ҳатто як порчаи кӯтоҳи суруд миллионҳо тамошобин ҷамъ мекунад. Барои ҳамин ман дар шабакаҳо тез-тез сурудҳоямро пахш мекунам, – фикр дорад сароянда.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Шавкат дар қаҳвахонае ба ҳайси сароянда расман фаъолият дорад. Аз рӯйи даромадаш андоз низ месупорад.
– Аз рӯйи чеки маблағе, ки кор кардам, андоз месупорам. Ҳаҷми пардохти маблағи андоз аз даромад вобаста аст, баъзан аз 1 то 5 ҳазор доллар ҳам мешавад, – гуфт ӯ.
Барои ИМА кадом муҳоҷирон заруртаранд?
Сароянда ба он ҷавононе, ки ба ИМА омаданро мехоҳанд, тавсия доданист, ки пеш аз ҳама бояд забони хориҷӣ омӯзанд ва забони тоҷикиро низ фаромӯш накунанд. Дар баробари забони англисӣ забони испанӣ ҳам дар Амрико хеле маъмул аст. Агар онро низ аз худ кунанд, пушаймон намешаванд.
– Барои ҳамаи ҷавонон савод доштан ё аз уҳдаи ягон касбу ҳунар баромадан низ муҳим аст. Бояд донист, ки Амрико ҷои истироҳату бозӣ нест, дар ин ҷо меҳнат кардан зарур аст. Афсӯс, ки бархеи тоҷикон ба ин кишвари бузург тамоман нотайёр меоянд, қонунҳо ва фарҳанги ҳамзистии ин ҷоро нодида мегиранд. Надонистани маълумоти зарурӣ сабаб мешавад, ки сафи қонуншиканӣ дар миёни тоҷикон афзояд, – гумон дорад Шавкат.

Ба назари қаҳрамони мо, Амрико мисли дигар кишварҳои ҷаҳон паҳлӯҳои мусбату манфӣ дорад. Барои дар ин ҷо зиндагии шоистаро соҳиб шудан бояд зиёд кор кард.
– Беҳтар намудани вазъи иқтисодии худ, имконоти васеи илмомӯзии фарзандон аз ҷиҳатҳои муҳиму хуби ин давлат аст. Дар навбати ин, фарзандон ба қавле “амрикоӣ” мешаванд. Ҷиҳати манфии ин гуна шудани бачаҳо дар он аст, ки аз тоҷикияти худ дур мешаванд. Онҳо дар Амрико озодии зиёдеро эҳсос мекунанд, ки ин на ҳамеша ба фарҳанги мо, тоҷикон дуруст меояд, – фикр дорад Шавкат.
“Орзуи кӯдакиям амалӣ шуд”
Шавкат тахаллуси “Аштӣ”- ро ба он хотир интихоб кард, ки авлодонаш аз ноҳияи Ашти Тоҷикистонанд. Вай аз хурдӣ ба олами мусиқӣ рағбат дошт. Дар дил орзуи сароянда шуданро мепарварид. Аммо падараш дар симои Шавкати наврас духтурро медид.
“Падарам бисёр мехостанд, ки духтур шавам. Аммо ба ин касб ҳеҷ ҳавасе надоштам. Модарам, ки хоҳиши сурудхонии маро медонист, интихоби маро доимо дастгирӣ мекард. Тақдир чунин будааст, ки сароянда шавам”, – қисса кард Шавкат.

Вай фахр дорад, ки имрӯз ӯро чун ҳофиз мешиносанд. Доимо талош мекунад, ки сурудҳои нав таҳия сохта, онро барои мухлисон пешкаш кунад.
“Ман дар бисёр кишварҳо сафар кардаам. Орзу дорам, ки ба кишварҳое, ки нарафтаам, ба саёҳат равам. Боз чун ҳар тоҷик нияти онро дорам ,ки рӯзи тӯйи фарзандонамро бинам. Онҳоро хонадор кунам. Орзуҳои заминӣ дорам, на осмонӣ.
Ман овони донишҷӯиамро дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон сипарӣ кардам. Барои ҳамин, Тоҷикистону Ӯзбекистонро ватани худ медонаму хеле пазмон мешавам. Ҳаракат мекунам, ки ҳар вақте имкон пайдо шавад, ба Ватан баргашта, аз бӯйи он баҳра барам”, – дар ҷамъбасти суҳбат гуфт Шавкат Аштӣ.
Файзуллохон Обидов, Your.tj








