fbpx

Қотили Руфейдаи 8 – сола ба ҳабси абад маҳкум шуд. Мухтасари хабарҳои рӯз

Мухтасари хабарҳои рӯз, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


-1
-1 points
Акс аз сомонаи Азия-Плюс

Қотили Руфейда ба ҳабси абад маҳкум шуд

Додгоҳи олии Тоҷикистон Раҳматулло Гадоеви 30-соларо, ки дар куштори Руфейда Иноятоваи 8-сола айбдор мешавад, ба ҳабси абад маҳкум кард.

Ба гуфтаи адвокат, мурофиа имрӯз ба охир расид. Вай ҳамчунин афзуд, ки ин парванда «тибқи қонун баррасӣ шуд ва ягон қонуншиканӣ сабт нашудааст».

Ба гуфтаи номбурда, суд бо моддаи 138 (таҷовуз ба номус) қисми 3 ҷазо ба муҳлати 25 сол ва бо моддаи 104 (куштор) ҷазои якумра таъин намуда, дар умум нисбати номбурда ҷазои ниҳоӣ як умр маҳрум кардан аз озодӣ бо адои ҷазо дар муассисаи ислоҳии низомаш махсус татбиқ гардид.

Бояд гуфт, ки мурофиаи додгоҳӣ 12 октябр, се моҳ пас аз куштори пурсарусадои Руфейда оғоз ёфт. Ин мурофиа паси дарҳои баста баргузор шуд.

Ёдовар мешавем, ки Раҳматулло Гадоев Руфейдаи 8 соларо, ки дугонаи духтарчааш буд, бо роҳи фиреб ба хонааш даровада аввал таҷовуз баъд пора пора намудааст.

Иззат Амон барои 9 сол зиндонӣ шуд

Имрӯз, 19 октябр, бо қарори Додгоҳи шаҳри Душанбе роҳбари “Маркази тоҷикон” дар Маскав ва яке аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия Иззат Амон 9 сол равонаи зиндон гардид.

Вакили дифои Иззат Амон гуфтааст, аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва аз болои қарори он ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят хоҳанд бурд.

Ӯ гуфт, Иззат дар сухани охиринаш изҳори пушаймонӣ кард ва гуфт, ки ҳамаи зарарҳоро барқарор кардааст ва бояд додгоҳ ӯро шомили қонуни авфи моҳи сентябр мекард.

«Додгоҳ умуман, қонунҳои амалкунандаи кишвар, аз ҷумла моддаи 49 Кодекси ҷиноятӣ ва моддаи 5 Қонуни ҶТ “Дар бораи авф”- ро поймол карда, ба зерҳимояи ман ҳукм содир кард. Ин ҳукм ғайриқонунӣ аст. Вақте ки қонун амал мекунад, додгоҳ бояд адолатро риоя кунад. Бояд нисбати зерҳимояи ман қонуни авф татбиқ мегардид»,- гуфт вакили маҳкумшуда Саидбурҳон Шарифов.

Кумитаи андоз рӯйхати сарояндагони андозгурезро нашр кард

Кумитаи андози Тоҷикистон рӯйхати қариби 50 овозхони тоҷикро, ки барои фаъолияти бидуни патент ва фирор аз пардохти молиёт айбдор мешаванд, нашр намудааст. Ин рӯихатро ҳафтаномаи расмии Кумитаи андоз – “Боҷу хироҷ” нашр кардааст.

Кумитаи андоз аз он изҳори нигаронӣ намудааст, ки бархе аз овозхонҳо дар аввал барои қонунӣ кардани фаъолияташон патент гирифта, сипас онро қатъ намудаанд ё бо гузашти солҳо дар бораи даромади худ гузориш надодаанд.

Аз Минову Зулайхо то Нигинаву Зафар Аюбӣ дар байни овозхонҳои қарздор исми Мино, Сангалӣ Мирзоев, Зулайхо Маҳмадшоева, Зиёвиддин Нурзод, Нобовар Чаноров, Шаҳриёр Давлатов, Олими Маҳмуд, Маҳмадалӣ Умаров, Хайриддин Шарипов ва Қурбон Алиев низ ҳастанд.

Инчунин, ба иддаои мақомоти андоз Зикриллоҳ Ҳакимов, Шуҳрат Сайнаков, Суруш Холов, Эркин Одинаев, Рустами Нур, Муҳаммадрафии Кароматулло, Пенҷӣ Аннаев, Исроил Файзидинов ва Дилноза Каримова дар солҳои гуногун санади фаъолияти соҳибкории худро қатъ карда, ҳоло бидуни сабт дар идораи андоз ҳунарнамоӣ доранд.

Кумитаи андози Тоҷикистон овозхонони машҳур Нигина Амонқулова ва Шаҳзоди Давронро мутаҳҳам кардааст, ки беш аз як сол мешавад ҳисоботи худро дар бораи даромадҳояшон ба мақомоти андоз пешниҳод накардаанд.

Президенти Тоҷикистон боз ба рӯйхати 500 мусалмони бонуфузи дунё шомил шуд

Маркази исломии тадқиқоти стратегии шоҳигарии Уммон дар ҳамдастӣ бо Маркази ҳусни тафоҳуми мусалмонӣ-насронӣ дар Ҷорҷтаун рӯйхати 500 нафар мусалмонони бонуфузи саросари ҷаҳонро пешкаши умум гардонид.

Таҳқиқот ҳамасола аз соли 2009 нашр мешавад. Дар раддабандии имрӯз, 19 октябр нашршудаи The Muslim 500-2021 бори ҳафтум аст, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода, инчунин пешвои исмоилиёни ҷаҳон Шоҳ Карим Ал-Ҳусайнӣ, ки қисмате аз пайравонаш дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, шомил шудаанд

Дар садри рӯйхати маъруфтарин ва пурнуфузтарин мусалмонони ҷаҳон имсол Амири Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ, Шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибн Абдул-Азиз ва Оятулло Алӣ Хоманаӣ – роҳбари олии Эрон аз соли 1989 ҷойгир шудаанд.

Яке аз бонкҳои бонуфузи Чин иҷозаи фаъолият дар Тоҷикистонро гирифт

Раёсати БМТ барои ифтитоҳи намояндагии Бонки кишоварзии Чин дар шаҳри Душанбе ризоият додааст. Гуфта мешавад, ки иҷозатнома бар асоси Қонуни “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” дода шудааст.

Департаменти назорати бонкӣ муваззаф аст, ки дар Феҳристи намояндагиҳои бонкҳои хориҷӣ сабти дахлдорро ворид намояд. Маврид ба зикр аст, Бонки кишоварзии Чин – “Agricultural Bank of China” яке аз бонкҳои бузурги Чин мебошад, ки соли 1951 таъсис шудааст.

Дар соли 2010 Бонки кишоварзии Чин дар радабандии “1000 бонки бузурги ҷаҳон”, ки аз ҷониби маҷаллаи бритониёии “The Banker” таҳия шуд, мақоми 7-умро касб кард.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
2
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
2
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend