fbpx

Рассом ва муаллими ҷавон аз Ёвон орзуи дар намоишҳои байналмиллалии рассомӣ ширкат карданро дорад


0

Абдусамад Саидов 22 сол дорад, ӯ рассом асту ба мактаббачаҳои деҳа ҳунарашро меомӯзад. Абдусамад мегӯяд, ки деҳа барои офаридани асарҳои нав ба нав бисёр мувофиқ аст. Аз ин рӯ кӯшиш мекунад, ки хонандагонро ба рассомӣ бештар ҷалб намояд.

Муаллифи Your.tj бо Абдусамад Саидов дар мавриди махсусияти тасвиргари деҳа будан ва ӯҳда кардани масъулияти муаллимӣ дар айёми ҷавонӣ суҳбат орост.

“Наход ин расмро ту кашида бошӣ?”

Абдусамад Саидов соли 1999 дар деҳаи Навободи ноҳияи Ёвон таваллуд шудааст. Ӯ аз хурдӣ кашидани расмро дӯст медошт. Падару модараш, ки коргари оддӣ буданд, кӯшиш мекарданд, то барои фарзандашон ҳамаи лавозимоти рассомиро муҳайё созанд.

“Ман аз давраҳои кӯдакӣ расм мекашидам. Рангҳоро хуб мефаҳмидам. Вақте ба синфи якум рафтам, вазифаҳои додаи муаллимонро дар сатҳи аъло иҷро мекардам. Хусусан расмҳои кашидаи ман муаллимонро дар ҳайрат мегузоштанд. “Наход ин расмро ту, хонандаи синфи 1 – ум кашида бошӣ?” – мегуфтанд онҳо.

Ҳамин тавр рӯз аз рӯз шавқи Абдусамад нисбат ба расмкашӣ зиёд мешуд. Ӯ пас аз дарси мактаб ба маркази ноҳия рафта, иловатан дарси рассомӣ мегирифт.

Абдусамад ба ҷодаи мусаввирӣ роҳ ёфтанро бо заҳмати аввалин устодаш – Хушвахт Бобобеков вобаста медонад.

“Ман пас аз дарс, назди устоди чирадаст Хушвахт Бобобеков нозукиҳои ин ҳунарро меомӯхтам. Он кас дар мактаби саньати ноҳия дарс медоданд. Бо рангҳои равғанӣ озодона кор карданро аз эшон ёд гирифтам”, – мегӯяд Абдусамад.

Пас аз хатми мактаб Абдусамад ба Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дохил шуда, онро бо мувафақият хатм мекунад. Ҳарчанд барои ӯ пешниҳодҳои корӣ дар пойтахт зиёд шуд, вале вай хост, ки ба зодгоҳаш баргадад ва ҳунарашро ба дигарон омӯзонад.

Дирӯз шогирд, имрӯз муаллим

Новобаста аз он ки, Абдусамад ҳоло хеле ҷавон аст, дар муассисаи №32 – и деҳаи Деҳқонобод ба хонандагон санъати тасвирӣ меомӯзонад. Ӯ ҳар рӯз аз деҳаи Навободи ноҳияи Ёвон ба деҳаи Деҳқонобод барои дарсгузарӣ меравад.

Ӯ айни ҳол дар мактаб гурӯҳи “Дастони моҳир” ва “Рассомони ҷавон”-ро ташкил намудааст. Шогирдонаш берун аз дарс дар он иштирок мекунанд.

Абдусамад тасмим дорад, ки дар маркази ноҳия низ курсҳои махсуси рассомиро ба роҳ монад. Новобаста аз он ки ӯ худро то ҳол шогирд медонад, сафи шогирдонаш хеле зиёд шудааст.

Деҳа – манбаи мавзуоти беохир

Ба қавли қаҳрамони мо, ҳамаи деҳоти ноҳияашон ва дар маҷмӯъ, деҳоти ҷумҳурӣ хеле ҷойҳои диданӣ дорад, ки онро фақат чашми рассом мебинад.

“Ман дар деҳот калон шудаам. Доим хоки деҳа маро ба худ мекашад. Вақте соати корӣ дар мактаб тамом шуд, албатта, ба тамошои деҳа мебароям. Ҳозир боз дар деҳа мавзӯъ бештар аст. Вақти ҷамъоварии ҳосил шудааст. Дар ҳар хона тараддуди ҷамъ кардани ҳосил рафта истодааст. Ман ин ҳолатҳоро ба рӯйи қоғаз оварда истодаам”, – мегӯяд Абдусамад.

“Бозори таърихӣ” аз асарҳои Саддридин Айнӣ

Ширинии ишқи деҳа

Дар фасли хазон низ, рассом дар дастархони оддии тоҷикона, дар шодиву ҳаёҳуйи бачагони деҳот ва бозиҳои оддии онҳо, дар ишқварзии ҷавонони деҳот, дар меҳнати шабонарӯзии зану мардҳои заҳматписанди деҳ, дар чақ-чақи кампиракони, дар нишастҳои мӯйсафедони зиндадил зебоӣ ва як чизи нав кашф мекунад.

“Ин асар бароям азиз аст. Мусаввараи мазкур далели он аст, ки ишқи покро дар деҳа метавон ёфт. Дидори ошиқона дар ин кӯчаву паскӯчаҳо, ки деворҳояш похсагину гилист, имкон дорад. Дар асар, ду навҷавон дар пайти муносиб кӯчаро холӣ ёфта, бо ҳам муҳаббат меварзанд. Асар бо рангҳои торику рӯшан тасвир ёфта, ҳавою хаваси ошиқони деҳотро бозгӯ мекунад. Чунин манзараро ҳар рӯз мушоҳида кардан мумкин аст. Росташро гӯям чунин рӯзҳоро муаллиф ҳам аз сар гузарондааст”, – бо лабханд мегӯяд, Абдусамад.

Ишқи деҳа

Бозии кӯдакони деҳот

Аз Донишкада ба донишҷӯён вазифа медиҳанд, ки дар бораи хотираҳои кӯдакӣ аср эҷод намоянд. Абдусамад барои ин супориш боз аз деҳа мавзӯъ меёбад.

“Мо айёми кудакӣ бозии чархак мекардем. Дар кӯчаҳои деҳа бо ҳамсолон хушҳолона чархакро медавондем. Ин ҳолатро тасвир карда, аз устодони Донишкада баҳои нағз гирифта будам. Имрӯз ҳам кӯдакони мо чунин бозӣ доранд. Деҳа бо бозии кӯдакон зеб дорад. Кӯдакон дар шаҳр кам чунин бозиҳо мекунанд”, – мегӯяд, Абдусамад.

Бозии кӯдакони деҳ

Асар мехонему асар меофарем

Абдусамад барои хондани асарҳои таърихӣ низ вақт меёбад. Ӯ зимни хониши асарҳои бадеӣ идеяи тасвири чанд асарҳои таърихиро ҳам пайдо кардааст.

“Тасвири мазкур аз рӯйи хониши асарҳои таърихии устод Айнӣ рӯйи кор омад. Дар асар бозорҳои замони қадимро, ки чунин тарҳи меъморӣ доштанд, ҷо кардам. Ҳамчунин, унсурҳои либоспӯшӣ ва усули муомилаи пулии онвақтаро низ нишон додаем”, – шарҳ медиҳад, Абдусамад.

Тавре Абдусамад мегӯяд, рассомон дар Тоҷикистон аз фӯруши асарҳо фоидаи зиёде ба даст намеоранд. Онҳо бештар дар асоси гирифтани фармоишот ризқу рӯзӣ меёбанд, ки он ҳам доимӣ нест.

Қаҳрамони мо оиладор ва соҳиби як фарзанд аст. Ӯ мегӯяд, ки бо маоши муаллими зиндагиро пеш бурдан душвор аст.

Абдусамад баъзан маҳсули дастонашро мефурӯшад, ки ин ягона даромади иловагиаш аст. Аз ин хотир вай ният дорад, ки устохонаи худро таъсис дода шогирдони касбӣ тарбият намояд ва дар намошгоҳҳои байналмиллалӣ бо асарҳои нав ба наваш иштирок кунад.

Файзуллохон Обидов


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
4
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
3
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
2
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend