fbpx

Нархи билети хатсайри Душанбе-Маскав то 45 ҳазор рубли русӣ фурӯхта мешавад

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


1
1 point
Акс аз сомонаи ТАСС

Ҳама билетҳо фурӯхта шудаанд

Ҳамаи билетҳо ба хатсайри ҳавоии Душанбе-Маскав, ки рӯзи 14 ноябр аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии Utair Русия анҷом дода мешавад, аллакай фурӯхта шудааст, гуфтааст намояндаи ширкати Utair дар Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” .

“Мутаассифона, хоҳишмандони аз Тоҷикистон ба Русия парвоз кардан хеле зиёданд, лекин шумори ҷойҳо дар ҳавопаймо маҳдуд буда, мо хоҳиши ҳамаи онро иҷро карда наметавонем. Ҳамаи билетҳо ба хатсайри рӯзи 14 ноябр пешбинишудаи Душанбе-Маскав аллакай фурӯхта шудааст. Касоне, ки билет дастрас карда натвонистанд, метавонанд хатсайрҳои дигарро интизор шаванд”, – гуфт намояндаи ширкат.

Ба гуфтаи ӯ, билетҳоро дар сомонаи расмии ширкати ҳавопаймоӣ ва нуқтаҳои билетфурӯшии Тоҷикистон ва Русия харидан мумкин аст. Намояндаи ширкат гуфтааст, ки ҳавопаймо аз Маскав ба Душанбе холӣ парвоз мекунад, аз ин рӯ, нархи билетҳо аз 42 то 45 ҳазор рублро ташкил медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки чанде пеш ширкати ҳавопаймоии Utair ҷиҳати анҷом додани парвозҳои чартерӣ бо хатсайрҳои Душанбе-Маскав ва Хуҷанд-Сургут аз мақомоти Тоҷикистон иҷозатнома гирифт.

Як парвоз рӯзи 7 ноябр аллакай анҷом дода шуда, дигар парвозҳо рӯзҳои 14, 21 ва 28 ноябр ба нақша гирифта шудааст. Парвозҳо бо хатсайри Хуҷанд-Сургут пас аз тартиб додани рӯйхати мусофирон анҷом дода мешаванд.

Хатсайрҳои мазкур барои аз хориҷа ба ватан баргардонидани шаҳрвандони Русия, инчунин шахсоне, ки ҷиҳати вуруд ба Русия мутобиқи фармоиши ҳукумати Русия аз 16 март (№635) асос доранд, пешбинӣ шудааст.

Додхоҳии донишҷӯёни тоҷик аз Сафорати Русия

Ҳудуди 15 тан аз донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанду ба далели ҳамагирии коронавирус ва баста будани марзҳо ба ин кишвар рафта наметавонанд, ин субҳ барои додхоҳӣ назди Сафорати Русия дар Тоҷикистон ҷамъ шуданд.

Ин донишҷӯёни тоҷик аз Сафорати Русия дархост карданд, ки барои берун шудани онҳо аз кишвар ба хотири идомаи таҳсил мусоидат кунад.

Аз ин пеш, рӯзи 9-ноябр ин донишҷӯён барои додхоҳӣ ба назди Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рафта буданд. Вазорати корҳои хориҷӣ мегӯяд, аз мушкили ин донишҷӯён огоҳ аст ва масъаларо бо ҷониби Русия дар миён гузоштааст, ки дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.

Як намояндаи Сафорати Русия дар Душанбе ба ин донишҷӯёни ҷамъшуда гуфтааст, ки сафир рӯзи ҷумъа онҳоро мепазирад ва он ҷо мушкилашонро метавонанд бо сафир баррасӣ кунанд.

Аз “светкушӣ” то дуздидани 6,7 миллион доллар

Ниҳодҳои қудрати Тоҷикистон ба тафтиш ва дақиқ кардани ҳаҷми дуздидашудаи барқ ё талафоти он дар ширкати “Барқи тоҷик” пардохтаанд.

“Радиои Озодӣ” бо такя ба як дастури Додситони кулли Тоҷикистон гуфтааст, ки ин ниҳод гуруҳи вижаи тафтишотиеро созмон додааст, ки “корбурди сарфакоронаи барқ, таъмири васоили интиқоли он, дуздӣ ва талафоти неру ва ҳамчунин роҳандозӣ нашудани тарзи нави пардохти пули барқро дар саросари ҷумҳурӣ”-ро дар ширкати “Барқи тоҷик” месанҷанд.

Ин дар ҳолест, ки Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бархе аз масъулони Хадамоти фурӯши Шабакаҳои барқи шаҳри Душанберо ба дуздида шудани зиёда аз 68 миллион сомонӣ барқ (150 миллион киловатт/соат) гумонбар кардааст. 17 октбяри соли равон бо имзои Абдураҳмон Аламшозода муовини Вазири корҳои дохилӣ ба раиси ширкати “Барқи тоҷик” Мирзо Исмоилзода натиҷаҳои санҷиши фаъолияти молиявии шабкаҳои барқи Душанберо ирсол намуда аз талафоти беш аз 150 миллион киловатт нерӯи барқ ба маблағи 68 миллион сомонӣ (6,7 миллион доллар) хабар додааст,-иттилоъ медиҳад Радиои Озодӣ.

Доғ шудани баҳси дуздидани барқ ё талафоти он дар ширкати “Барқи тоҷик” дар ҳолест, ки ин ширкат дар ду ҳафтаи ахир аз сӯйи сокинони минтақаҳои гуногуни кишвар барои қатъи рӯзонаи барқ бидуни огаҳӣ интиқод мекунанд.

Додситонии куул комиссияи вижаро рӯзи 30 октябр таъсис додааст. Худи ширкати “Барқи тоҷик” беш аз 2,5 миллиард доллар қарздор аст. Мавзуъи қарздорӣ ва нохудкифо будани ин ширкат солҳост, ки дар Тоҷикистон матраҳ аст. Бо вуҷуди таҷдиди сохториву идорӣ ин ширкат натавонист аз қарздорӣ берун шавад.

Бародарзодаи Қоҳир Расулзода муовини раиси Суғд шуд

Зариф Назирӣ, бародарзодаи сарвазири Тоҷикистон, ки то ин дам раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд буд, акнун муовини раиси ин вилоят таъин шуд. Ӯ дар ин мақом ба ҷойи Рустам Каримзода омад.

Дар идомаи тағйироти раисону шаҳру ноҳияҳо президент инчунин раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои кишварро низ дигар кард.

Тибқи фармонҳои нав Назирӣ Зариф аз вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров озод ва ба ҷояш Зафарбек Давлатзода, ки то ин дам раиси шаҳри Конибодом буд, таъин шудааст.

Президенти Тоҷикистон Абдусалом Тӯхтасунзодаро иҷрокунандаи раиси шаҳри Конибодом таъин кардааст. Акрамзода Баҳодур раиси ноҳияи Шаҳристон таъин шуд, ки раиси пешини ин ноҳия акнун раиси ноҳияи Деваштич таъин шудааст.

Худойназар Амонзода ҳам бо сабаби гузаштан ба кори дигар аз мақоми раиси шаҳри Истиқлол озод ва ба ҷойи ӯ Даврон Зоҳидзода раиси ин шаҳр таъин шудааст.

Сафар Раҳимзода иҷрокунандаи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Илҳом Аҳмадзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Хуросон таъин карда шудааст.

Ғайр аз ин ба вазифаи и.в раиси шаҳри Норак, ки раиси акунун собиқи шаҳр Маликшо Неъматзода дирӯз раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил интихоб шуд, Дилшод Асозода таъин гардид.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend