fbpx

“Хоҳиш мекунам, ӯро фаромӯш кунед”. Чаро қазияи Умаралии 5-моҳа, ба гӯшаи фаромӯшӣ рафт

Падари Умаралӣ дигар ба адолат бовар надорад. Ӯ мутмаин аст, ки ҳар нафари барои тафтишоти фоҷеа кӯмак мекунам гуфта, танҳо барои худнамоӣ чунин гуфтааст.


0

Панҷ сол пеш, моҳи октябри соли 2015, тифли тоҷик Умаралӣ Назаров, писари ягонаи муҳоҷирони кории тоҷик Рустам Назаров ва Зарина Юнусова дар Санкт-Петербург даргузашт.

Он замон марги кӯдак на танҳо як фоҷиаи азим, балки нотавонии низоми адлияи Русияро нишон дод. Тафтишот як сол идома ёфт, моҳи октябри соли 2016 парванда қатъ карда шуд. Он вақт чӣ шуд ва ҳоло волидони Умаралии марҳум чӣ гуна зиндагӣ мекунанд?

Дар шароити номуаян даргузашт

Ҳодиса бо оилаи Назаровҳо 13-уми октябри соли 2015 рух додааст. Субҳи ҳамон рӯз, кормандони Хадамоти федералии муҳоҷират (ХФМ)) ба манзиле, ки падари тифл Рустам Назаров ва хешовандони ӯ ба иҷора гирифта буданд, омаданд. Дар хона ба ҷуз кӯдак ва модар, бародари хурдии Рустам Назаров низ буд. Ҳар серо боздошт намуда ба шӯъбаи пулиси шаҳрӣ-1 бурданд.

Дар шӯъба кӯдакро аз модар ҷудо мекунанд. Юнусоваро ба додгоҳ бурда, тамоми шаб онҷо нигоҳ дошта ӯро ба ҷаримаву ихроҷ аз Русия маҳкум намуданд. Худи ҳамон шаб, писарашро дар беморхона, бистарӣ карданд, ки ҳамон ҷо дар шароити номуаян даргузашт. Тавре баъдтар расонаҳо навиштанд, духтури шӯъбаи қабуле, ки Умаралиро ташхис карда гуфтааст, ӯ солим буд.

Марги Умаралӣ Назаров хашми ҷомеаро ба бор овард. Дар мавҷи ин хашм, Кумитаи тафтишотии Федератсияи Русия (КТФР) парванда боз кард.

Рустам Назаров ва Зарина Юнусова

12-уми ноябр Додгоҳи шаҳри Петербург шикояти Юнусоваро нисбати қарори ихроҷаш рад кард. Адвокатҳо исрор карданд, ки ба модари тифли фавтида, барои дар Русия мондан, иҷозат дода шавад, зеро зан дар парвандаи ҷиноӣ ҳамчун ҷабрдида эътироф шудааст ва ҳақ дорад бидонад, ки бо писараш чӣ шудааст. Аммо, инстансияи шикоятӣ талаб кард, ки Юнусова дар муддати панҷ рӯз мустақилона Русияро тарк кунад. Қарор эътибори қонунӣ пайдо кард.

Бо вуҷуди қарори суд, КТФР Юнусоваро рӯзҳои 16 ва 17 ноябр барои рӯ ба рӯ кардан бо кормандони полис ва кормандони ХФМ даъват кард.

Аммо, шаби 16-уми ноябри соли 2015, Юнусова, бо итоат қарори додгоҳ, ба Душанбе парвоз кард. Бо ҳавопаймои мазкур тобутро бо ҷасади кӯдак ба Тоҷикистон фиристоданд. Хабар дода шуд, ки Зарина танҳо пас аз панҷ сол метавонад дубора ба Русия ворид шавад. Дар ҳамин ҳол, падари тифли фавтида дар Русия монд, зеро ҳама ҳуҷҷатҳояш қонунӣ буданд.

Зарина Юнусова.

Пас аз як сол, 20-уми октябри соли 2016, Департаменти Санкт-Петербургии Кумитаи тафтишотии Русия тафтишоти парвандаи Умаралӣ Назаровро “бинобар набудани ҳодисаи ҷиноятӣ” қатъ кард.

Парванда тибқи қисми 2 моддаи 109 Кодекси ҷиноятӣ (расонидани марг дар натиҷаи хунукназарӣ бинобар иҷрои номувофиқи вазифаҳои касбӣ), ки то се соли зиндонро пешбинӣ мекунад, тафтиш карда шуд. Аммо, шӯъбаи тафтишотӣ аз ҷониби кормандони милитсия ва кормандони ХФМ ягон қонуншиканӣ пайдо накард.

Кумитаи тафтишотӣ дар шарҳи қатъи парванда изҳор дошт, ки кӯдак бар асари норасоии шадиди дилу шуш, ки дар натиҷаи “сирояти умумии омехтаи вирусӣ – сирояти ситомегаловирус ва парагрипп” ба вуҷуд омадааст, фавтидааст.

Адвокати оила Олга Цейтлина эълон кард, ки ба Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон шикоят хоҳад кард.

Зарина. Акс аз Спутник Тоҷикистон

Додгоҳи Аврупо бохабар аст

Соли 2018 ба Додгоҳи Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон, шикоят оиди ин қазия бо дастгирии Маркази зидди табъизи “Мемориал” фиристодаи адвокати Зарина Юнусова ва Рустам Назаров расид.

Ин марказ ҳуқуқи қурбониёни табъизро дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ бо роҳи вокуниши фаъолона, ба нақзи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла тавассути тарғибот ва кӯмаки ҳуқуқӣ, муҳофизат мекунад.

«Достони Умаралӣ мисоли равшани таҷрибаи муқарраргардидаи, нақзи қонунгузориҳои байналмилалӣ дар Федератсияи Русия мебошад, ки шаҳрвандони хориҷӣ барои вайрон кардани режими муҳоҷират аз ҷониби судҳо зиндонӣ карда шуда, дар боздоштгоҳҳои шаҳрвандони хориҷӣ ҷойгир карда мешаванд ва фарзандони онҳо ба беморхонаҳо ва ятимхонаҳо бурда мешаванд. Фаъолони ҳуқуқи инсон борҳо масъалаи муносибати табъизомез бо модарони муҳоҷир ва гирифтани ғайриқонунии кӯдаконро ба миён гузоштаанд ”, – гуфта мешавад дар вебсайти ADC Memorial.

ADC Memorial гузориш дод, ки Додгоҳи Авпупо оид ба ҳуқуқи инсон аз рӯи шикояти Юнусова ва Назаров қароре қабул мекунад, ки он на танҳо барои ба даст овардани адолат дар парвандаи марги Умаралӣ, инчунин ба хотима додани ҷудоии ғайриқонунии муҳоҷирони ноболиғ аз волидайн, табъиз нисбати муҳоҷирон, вайрон кардани принсипи “манфиатҳои беҳтарин барои кӯдак” кӯмак хоҳад кард”.

Дар бораи гузаштани 5 сол аз оғози кушодани парванда дар Мемориал гуфта шудааст, ки «амалияи Додгоҳи Аврупо чунин аст, ки парвандаҳо муддати тулонӣ баррасӣ мешаванд. Масалан, мо ба шикояти як ҳамкорамон, ки соли 2011 пешниҳод шуда буд, акнун посух гирифтем».

“Дигар ба адолат боварӣ надорам”

Рустам Назаров, падари кӯдаки фавтида, имрӯз низ мисли панҷ соли пеш дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Санкт-Петербург аст. Рустам сарнавишти аҷибе дорад: ин шаҳр ӯро 15 сол қабл аз бародари калониаш маҳрум кард, ки ба гуфтаи пайвандонаш, дар кӯча бо зарби корд кушта шудааст. 5 сол пеш ӯ писари ягонаи худ Умаралиро дар ин ҷо аз даст дод ва бо Зарина, пас аз он фоҷиаи мудҳиш то ҳанӯз натавонистанд соҳиби фарзанд шаванд. Тобистони имсол дар Санкт-Петербург бародари хурдиаш Абдусалом дар дарё ғарқ шуд. Абдусалом 25-сола буд, тирамоҳ онҳо ӯро зан доданӣ  буданд.

Абдусалом Назаров

“То даргузашти додарам Заррина дар Русия бо ман буд. Он вақт мо ҳама дар карантин будем, бинобар ин ман ӯро бо ҳавопаймо ба ватан фиристодам, то тобутро бо ҷасади Абдусалом ҳамроҳӣ кунад ”, – гуфт Рустам.

Заррина мудати панҷ сол иҷозаи ба Русия сафар карданро надошт ва пас аз бекор шудани маҳдудият, дубора маҷбур шуд ба ватан баргардад. Ба гуфтаи Рустам Назаров, дар тӯли панҷ сол онҳо натавонистанд фарзанддор шаванд, гарчанде, ки ӯ ба Тоҷикистон омада буд ва Заррина низ ба назди ӯ рафта буд.

“Ҳоло ман дар Русия танҳоям, модарам ва ҳамсарам дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд”, – гуфт Рустам. Аммо, мутаассифона, ба мо муяссар нашуд, ки бо онҳо тамос гирем.

Дар мавриди парвандаи писари фавтидааш, Рустам мегӯяд, ки дигар ба адолат бовар надорад.

«Ман дигар ин қазияро пайгирӣ намекунам, нуқта гузоштам. Чанде пеш ман бо адвокат Олга Стейтлина ҳамсӯҳбат шудам, ки ӯ аз номи ман ба Додгоҳи Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон шикоят кардааст. Хомӯшӣ ҳукмфармост. Бовар надорам, ки парвандаи моро каси дигаре пеш барад. Панҷ сол гузашт! Як сол не, ду не, се сол не. Дигар ба адолат бовар надорам ”, – бо алам гуфт ҳамсӯҳбатамон.

“Темаро куштанд”

Ба ақидаи ӯ, ҳама корҳое, ки расонаҳо, ҳомиёни ҳуқуқ, фаъолони шаҳрвандӣ ва ҳатто сиёсатмадорон дар тӯли ин солҳо карданд, худнамоии одӣ буд: онҳо аз фоҷиаи оилаи ӯ истифода бурда, аз минбари баланд ҳарф мезаданд, аммо дар асл, вақте ҳама чиз ором шуд, онҳо ин қазияро фаромӯш карданд.

Рустам Назаров.

“Темаро куштанд”, – мегӯяд Рустам. – Оё ваъдаи сарвазири ҳамон вақта Дмитрий Медведевро дар ёд доред, ӯ гуфта буд, ки ин масъаларо таҳти назорат гирифта, ба охир мерасонад? Вақте ки вакилон, сиёсатмадорон, одамони маъруф сухан карданд? Ҳамаи ин бори дигар нишон дод, ки ин ҳама танҳо сухан, яъне дурӯғ буданд », илова мекунад ӯ.

Ба гуфтаи Рустам, бо гузашти чаҳор сол аз қатъи парвандаи Умаралӣ, Кумитаи тафтишотии Русия то ҳол на либосҳои писари марҳумашон, на ноутбук ва на телефони мобилиро, ки дар он видео ва аксҳои кӯдакро, ки онҳо барои тафтишот гирифта буданд, барнагардонидааст.

“Ҳатто расонаҳо ин қазияро фаромӯш кардаанд, зеро он барои касе ҷолиб нест, тиражи онҳоро зиёд намекунад”, гуфт ӯ дар охир. – Аз таҷрибаи худам мегӯям, ки касе дигар аз фоҷиаи ба сари мо омада парво надорад. Аз шумо низ хоҳиш мекунам, ки ӯро фаромӯш кунед”.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend