fbpx

Марги як ҷавон дар дохили трансформатор. Шоҳидон гуфтанд, ӯ аз “облава” мегурехт

Мухтасари хабарҳои рӯз, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


1
1 point
Акс аз сомонаи Радиои Озодӣ

Тоҷикистон бо Қирғизистон пагоҳ дар майдони футбол вомехӯрад

Имрӯз дар Душанбе чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои наврасони то 16-сола (U-16) оғоз мешавад, хабар медиҳад Федератсияи футболи ҷумҳурӣ.

Чемпионати CAFA байни наврасон (U-16) имрӯз дар Душанбе бо вохӯрӣ байни дастаҳои Ӯзбекистон ва Эрон шурӯъ мешавад.

Гуфта мешавад, панҷ даста – Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон барои унвони беҳтарин тими минтақа мубориза мебаранд.

Мувофиқи қуръакашӣ дар рӯзи аввали мусобиқаи тими Тоҷикистон аз бозӣ озод буда, дар ҷуфти дигар дастаҳои Афғонистон ва Қирғизистон бозӣ мекунанд.

Мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон пагоҳ, 14 май бо тими Қирғизистон бозии аввали худро мегузаронад.

Сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) Зайниддин Раҳимов дар нишасти хабарии пеш аз мусобиқа интизориҳои хешро чунин баён кардааст:

“Барои мунтахаби наврасони Тоҷикистон чемпионати CAFA сеюмин мусобиқаи байналмилалӣ аз аввали сол ба ҳисоб меравад. Моҳи феврал мо дар Ҷоми рушд дар Минск ширкат кардем ва як рӯз пеш аз Скопйе баргаштем, ки онҷо дар доираи мусобиқаи рушди УЕФА се бозӣ анҷом додем. Дар чорчӯби чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дастаи мо чор бозии хуб мегузаронад. Ин мусобиқа яке аз давраҳои муҳими омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023, ки моҳи октябр баргузор мешавад, ба ҳисоб меравад. Мо аз натиҷа вобаста нахоҳем буд, аз як бозӣ ба бозии дигар омодагӣ мегирем”.

Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни мунтахабҳои то 16-сола аз рӯий системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари холҳо муайян мегардад.

Дар маҷмуъ, дар доираи чемпионати CAFA-2022 (U-16) даҳ бозӣ баргузор мешавад. Ҳама вохӯриҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе сурат мегиранд.

Марги як ҷавон дар дохили трансформатор. Шоҳидон гуфтанд, ӯ аз “облава” мегурехт

Дар маҳаллаи маъруф ба “Воданасос”-и шаҳри Душанбе як ҷавон аз зарбаи нерӯи барқ фавтидааст, бархе шоҳидон мегӯянд, ӯ аз “облава” фирор мекард.

Ин ҳодиса, пас аз нисфирӯзии 12-уми май рух додааст. Чанде аз сокинон гуфтанд, “ҷавон аз тарси “облава” гурехта, ба дохили трансформатор ворид шудааст, ки дар натиҷа аз шиддати нерӯи барқ ба ҳалокат расидааст”.

Нусратулло Маҳмадзода, сухангуи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, марги ин сокинро бар асари шиддати нерӯи барқ тасдиқ намуд, вале таъкид кард, ки то ҳол шахсияти ӯ маълум нест. Ӯ афзуд, ки нафари фавтида аз рӯи қиёфааш ба 30-35 солаҳо монанд аст, вале то ҳол ҷузъиёти бештар маълум нест. Маҳмадзода мегӯяд, феълан тафтишот барои муайян намудани шахсият ва сабаби рух додани ҳодиса идома дорад.

Рӯзи 13-уми май атрофи маҳали ҳодиса, назди “тарнсформатор” чанде аз кормандони пулис ба назар мерасид. Онҳо аз додани ҳар гуна маълумот худдорӣ мекарданд. Яке аз кормандони пулис, гуфт, “нафари фавтида чупон буда, синаш аз 40 боло аст ва марги ӯ рабте ба хидмати ҳарбӣ надорад”. Вале дар ин бора сухангуи ВКД чизи дигар гуфт. Ду сокини маҳаллӣ, ки нахостанд номашон бурда шавад, гуфтанд, нафари фавтидаро хеле зуд аз ҷои ҳодиса бурданд, ки натавонистанд чеҳраи ӯро бубинанд. Ҳеҷ кадоме аз ҳамсуҳбатони мо дар бораи шахсияти фавтида маълумоти дақиқ надоштаанд.

“Бачаакро “облава” карданӣ буданд, сур карданд, ки даруни “трансфмортар” даромад, мо даромаданшро дидем, лекин дигар надидем, ки ҷасади ӯро чӣ хел бароварданд. Моро наздик шудан намонданд,”–афзуд, яке аз ҳамсӯҳбатони мо, ки иддао дорад, дар ҷои ҳодиса буд.

Диловар Баротзода, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба сомонаи нашрияи “Тоҷикистон”, Pressa.tj гуфтааст: “Ҳодиса нисфирӯзии 12-уми май дар кӯчаи Гагарин, назди бозори “Варзоб” рух дод. Марди тақрибан 30-35-сола, ки мувофиқи маълумоти ба мо расида, ӯ бомж аст ва аз беэҳтиётӣ вориди трансформатор шуда, фавтидааст. Ҳоло шахсияти вайро маълум карда истодаем”.

Нафаре, ки шахсияташ шиносоӣ нашудааст, бар кадом асос “бомж” номида шудаааст, маълум нест.

Нашрия низ гуфтааст, ки он шахс аз “облава” гурехта, дар дохили трансофрматор ҷон додааст.

Талошҳои мо дар Шӯъбаи Вазорати умури дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои дарёфти иттилои бештар бенатиҷа монд. Касе нахост дар ин бора гап занад.

Бо вуҷуди шикоятҳои зиёд аз даъвати иҷборӣ ба артиш ё “сарбозшикор” мақомот вуҷуди чунин ҳолатро рад мекунанд.

Дар Тоҷикистон баҳору тирамоҳ ҷавонони 18 то 27-соларо ба артиш мебаранд. Сокинон мегӯянд, ба сабаби вазъи бад ва зарбу лат дар қисмҳои низомӣ аз фиристодани фарзандон худдорӣ мекунанд. Мақомот мегӯянд, бараъкс, вазъ беҳтар шуда, сафи ихтиёриёни хидмат афзудааст.

Дар Тоҷикистон 15 май Рӯзи дави миллӣ баргузор мешавад

Рӯзи навбатии дави миллӣ бахшида ба ҷашни Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 15 май, рӯзи якшанбе доир мегардад, хабар медиҳад Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати ҷумҳурӣ.

Он дар саросари кишвар баргузор мешавад. Бино ба маълумоти Кумита, дар ин дави миллӣ иштироки аз 300 то 400 ҳазор нафар дар назар аст.

Ҳадафи аслии ин чорабиниро Кумита таблиғи тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстиву бародарӣ миёни наврасону ҷавонон ва дар баробари ин изҳори эътирози онҳо нисбати падидаҳои манфи дар ҷомеа, аз ҷумла нашъамандӣ, ҷинояткорӣ, гаравидан ба гуруҳҳои ифротгаро унвон карда, таъкид менамояд, ки дави миллӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола 23 май таҷлил мегардад, гузаронида мешавад.

Дар Душанбе иштирокчиёни чорабинӣ соати 8:00 аз мавзеи “Чорбоғ” дар ноҳияи Варзоб ба давидан оғоз намуда, соати 11:00 дар назди маҷмааи “Наврӯзгоҳ” ба марра мерасанд. Аз иштироки то 20 ҳазор нафар интизорӣ меравад. Ҳамаи хоҳишмандон метавонанд дар он иштирок кунанд.

Дарёфти маълумот дар бораи муваққатан баста шудани роҳҳои пойтахт дар робита ба ин чорабинӣ муяссар нашуд.

Рӯзи дави миллӣ дар Тоҷикистон бо ташаббуси президенти мамлакат аз соли 2005 дар рӯзи якшанбеи сеюми моҳи май дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар доир мегардад.

Қобили зикр аст, ки соли 2006 дар дави миллӣ ба масофаи 3 километр сарвари давлат ва аъзои ҳукумати кишвар иштирок карда буданд.

Нархи орд дар Тоҷикистон боз боло рафт

Нархи орд – яке аз маҳсулоти асосӣ барои хонаводаҳо дар Тоҷикистон, боз гарон шуд. Рӯзи 13-уми май арзиши як халта орди 50-килограмӣ, ки қаблан 320-330 сомонӣ буд, дар баъзе дукону мағоза ва бозорҳои кишвар, аз ҷумла, Душанбе ва навоҳии атрофи он 365-370 сомонӣ ба фурӯш гузошта шуд.

Тоҷикистон аз воридкунандагони асосии гандум аз Қазоқистон аст ва ин кишвар қаблан хабар дода буд, ки дар мавриди содироти орду ғалла маҳдудиятҳо ҷорӣ карданист.

Ин вазъ сокинони кишварро нигарон кардааст ва мепурсанд, ки чаро дар чанд рӯзи ахир нархи орд якбора ба таври назаррас боло рафт. Мақомот далели афзоиши нархи ордро ба маҳдудиятҳо дар содироти он аз сӯи Қазоқистон рабт медиҳанд. Шуморе аз тоҷирон низ сабаби гарониро коҳиши воридоти ин навъи маҳсулот аз хориҷи кишвар унвон карданд.

Рӯзи 13-уми май дар Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон афзоиши нархи ордро тасдиқ намуда ва гуфтанд, ки яке аз сабабҳои он, маҳдудиятҳои нав дар содироти он аз тарафи Қазоқистон аст.

“Нархи як тонна гандуми содиротии Қазоқистон то 365-385 доллар аз сӯи Қазоқистон боло рафт. 15 рӯз пеш 350 доллар буд, чунин маҳдудият муваққатист, вале набояд фаромуш кард, ки ба ин раванд нооромиҳо миёни Русияву Украина низ таъсир гузоштааст”,–шарҳ дод яке аз мусоҳибони Радиои Озодӣ дар ин ниҳод.

Тибқи иттилои расмӣ, солона ба Тоҷикистон наздики як миллион тонна гандум ворид мешавад, ки беш аз 99 дарсади он ба Қазоқистон рост меояд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend