Зодаи шаҳри Хоруғ Орзу Собиров истеъдоди аксбардории худро пас аз он кашф кард, ки як дӯсташ аз ӯ хоҳиш кард, дар тӯяш аксбардор шавад.
Бе дастгоҳи ҳирфаӣ Орзу заминаи бузурги назариявӣ ба вуҷуд овард, ки баъдан ба ӯ имкон дод, аксҳои беназир эҷод кунад.
Орзу дар сӯҳбат бо муаллифи Your.tj дар бораи талошҳои эҷодиаш дар соҳаи аксбардорӣ нақл кард.
Тӯйи дӯсташ гардиш дар эҷодиёти Орзу гардид
Орзу Собиров соли 1995 дар Хоруғ таваллуд шудааст. Дар кӯдакӣ худро дар соҳаҳои гуногуни эҷодӣ, аз қабили дизайни графикӣ ва аксбардорӣ санҷидааст.
“Ҳамчун фарзанди калонӣ ман дар хона кӯмак мекардам, оилаамро нигоҳубин мекардам – ин маро ба камол расонд. Аммо ҳамеша барои он чизе, ки маро илҳом мебахшид, вақт меёфтам”, – мегӯяд Орзу.
Ҳарчанд аксбардорӣ орзӯи дӯстдоштаи ӯ набуд, бо мурури замон ба шарофати омӯзиши мустақилона ӯ фаҳмид, ки воқеан нақл кардани ҳикояҳо тавассути аксҳо барояш писанд аст.

Орзу Собиров пас аз хатми мактаб дар Хоруғ ба шуъбаи барномасозии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар Душанбе дохил шуд.
“Ин хеле аҷиб буд – шаҳри нав, мардуми зиёд, суръати нав. Аммо ман қарор додам, ки барои рушд кардан бояд мутобиқ шавам ва дар болои по истоданро ёд гирам”, – мегӯяд қаҳрамони мо.
Ҳангоми дарсҳои барномасозӣ Орзу ба дизайни графикӣ, Photoshop ва аниматсия шавқу рағбат пайдо кард ва ба ин васила завқи ӯ ба қиссаҳои визуалӣ бештар шуд.

“Ман пайваста бо рангҳо, санъати рақамӣ, ҳаракат таҷриба мекардам. Ман омӯзиши махсус надоштам, аммо ба таври визуалӣ нақл кардани ҳикояҳоро ёд гирифтам”, – меафзояд Орзу.
Рӯзе дӯсти Орзу аз қаҳрамони мо хоҳиш кард, ки дар тӯяш дар Хоруғ аксбардор шавад ва Орзу бо хушнудӣ розӣ шуд.
“Дар аввал ман фикр мекардам, ки ин танҳо даромади иловагӣ аст, – мегӯяд ӯ. – Аммо дар он лаҳза ҳама чиз тағйир ёфт – ман фаҳмидам, ки ин ҷараён ба ман маъқул аст. Он рӯз ҳама чизро тағйир дод”.
Қадамҳои аввал: омӯзиши назария бе амалия
Орзу пас аз хатми донишгоҳ дар Душанбе ба зодгоҳаш Хоруғ баргашт. Маҳз дар ҳамин ҷо роҳи ӯ дар аксбардорӣ оғоз ёфт.
Ӯ дар назди худ вазифа гузошт, ки барои такмили ихтисосаш ҳарчӣ бештар вақт сарф кунад. Бегоҳиҳо композитсияи суратҳоро меомӯхт, кори суратгирони дигарро таҳлил мекард.

Дар аввал қаҳрамони мо дастгоҳи аксбардорӣ надошт, аммо ин ӯро боздошта натавонист. Ӯ то бевақтии шаб китобҳои дарсии асосҳои суратгириро аз назар мегузаронд, ҳар як чизи хурдро аз худ мекард. Ҷавон назарияро омӯхта, умуман дар бораи суратгирӣ бисёр чизҳоро омӯхт.
Ба гуфтаи Орзу, мардум борҳо ба ӯ маслиҳат медоданд, ки касби дигареро интихоб кунад, ки даромади устувор дошта бошад.
“Ман назарияро бе таҷҳизот омӯхтам. Аксҳоро мушоҳида кардам, таҳрир кардам, тасаввур кардам. Ҳатто вақте ки дигарон ба ман маслиҳат медоданд, ки “кори воқеӣ” кунам, ман дар роҳи худ мондам”, – таъкид кард ӯ.
Пас аз чанд моҳ ба Орзу муяссар шуд, ки аввалин дастгоҳи аккосии худро бихарад. Пас аз муддате ӯ соҳиби дастгоҳи касбӣ шуд.
“Рӯзе, ки ман [дастгоҳи аввалинамро] ба даст гирифтам, худро озод ҳис мекардам. Ҳамаи ин ғояҳое, ки дар сарам буданд, ниҳоят тавонистам дар ҳаёт таҷассум намоям”, – ба хотир меорад суратгир.
Аксҳои ӯ торафт беҳтар мешуданд: таҷрибаҳо бо рӯшноӣ, ҷойгиршавӣ, услуб ҳар як тасвирро тезтар ва шадидтар мегардонданд.

Суратҳои хотирмон
Яке аз корҳои фаромӯшнашавандаи Орзу дар водии дурдасти Бартанг сурат гирифтааст.
“Онҷо равшанӣ набуд, шароит душвор буд, аммо одамони аҷиб буданд. Табассумашон, устувории онҳо – ба ман лозим буд он лаҳзаҳоро сабт кунам”, – мегӯяд қаҳрамони мо.
Ҳар як акси гирифтаи ӯ на танҳо як тасвир – он қисса дар бораи ҷомеа, қудрат ва зебоии тасвирнашаванда буд.

Идҳои миллӣ дар Хоруғ ҷойҳои дӯстдоштаи Орзу барои дарёфти аксҳои нотакрор мебошанд. Дар яке аз ин идҳо Орзу ҳамсояи солхӯрдаеро дид, ки дар ҳавлии хонааш дар курсӣ нишаста, сайру гашти идонаеро тамошо мекард, ки дар он даҳҳо нафар иштирок доштанд.
Иштироккунандагони тамошои мардро пай бурда, дар пеши ӯ ба навохтани мусиқии миллӣ шурӯъ карданд.
Ин дам чашмони мард пур аз ашк шуд. Вақте хост ашкашро пок кунад, Орзу тавонист маҳз ҳамин лаҳзаро сабт кунад.

Ин акс барои Орзу аҳамияти хосе дорад, зеро бо вуҷуди издиҳоми зиёд ва мизони чорабинӣ танҳо як нафарро акс гирифтааст.
“Боварии мардум барои ман шарафи бузург аст”
Имрӯз, суратгир як гурӯҳи иборат аз ду наворбардорро роҳбарӣ мекунад ва сеюмӣ ба лоиҳаҳои калонтар ҳамроҳ мешавад.
“Якҷо кор карда, чорабиниҳоро аз ҳар тараф сабт мекунем. Кори муштарак нерӯи эҷодии моро афзун мекунад”, – мегӯяд Орзу.
Ҳоло Орзу бештар бо созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили AKF, USAID, UNDP, JICA, OSCE, ACCELERATE PROSPERITY ва ғайра ҳамкорӣ мекунад.
Аммо дар баробари ин, рӯзҳое, ки вақти холӣ дорад, бо дастаи хурди худ ба тӯйҳо, лоиҳаҳои корпоративӣ ва шабҳои эҷодӣ бо тасвири баландсифати лаҳзаҳо хидмат мекунад.
Барои Орзу на танҳо мукаммалии техникӣ, балки тавассути дастгоҳ нақл кардани қисса, интиқол додани фазо ва ошкор кардани хислати одамон муҳим аст.
Барои ӯ ниҳоят муҳим аст, ки муштариёнаш аз кори ӯ қаноатманд бошанд.
“Мардум ба ман муҳимтарин хотираҳои худ – тӯйҳо, рӯйдодҳои муҳимро бовар мекунанд. Ин эътимод шараф аст, ки ман ҳеҷ гоҳ онро аз даст намедиҳам”, – мегӯяд аксбардор.
Ин боварӣ асоси фалсафаи эҷодии ӯ гардидааст.
Орзу ба ҳар як лоиҳа, новобаста аз он ки хурду калон бошад, тавре ғамхорӣ мекунад, ки гӯё саргузашти хонаводаи худаш бошад.
Суратгир мутмаин аст, ки аксбардорӣ на танҳо сабт, балки нигоҳ доштани эҳсосот ва эҷод кардани чизест, ки асрҳо боқӣ мемонад.
“Вақте ки одамон пас аз солҳо ба ин тасвирҳо бармегарданд, ман мехоҳам, ки онҳо маҳз ҳамон чизеро, ки дар он лаҳза эҳсос доштанд, ҳис кунанд”, – гуфт ӯ.
Оила ҳамчун манбаи илҳом
Пуштибони Орзу ҳамеша хонаводааш буд.
“Онҳо илҳомбахшони асосии ман ҳастанд. Вақте ки одамон, бахусус аҳли оилаам, аз кори ман шодӣ ва эҳсосотро ҳис мекунанд, ман эҳсос мекунам, ки барои онҳо кори назаррас кардаам”, – мегӯяд Орзу.
Суратгир кӯшиш мекунад, ки ҳарчи бештар бо наздиконаш вақт гузаронад.
Вай бовар дорад, ки илҳоми ҳақиқӣ дар ин лаҳзаҳои ором таваллуд мешавад. Новобаста аз он ки рӯзи истироҳат бо кӯдакон дар ҳавои тоза мегузаронад ё шом дар хона бо оилааш.
Маҳз дар ҳамин тавозун ӯ ҳамоҳангии заруриро барои эҷоди аксҳое пайдо мекунад, ки зинда ва самимӣ ба назар мерасанд.
“Оилаи ман ба ман қувват мебахшад. Вақти бо зану фарзандонам гузаронидан, дар табиат сайругашт кардан ба ман хотиррасон мекунанд, ки чаро ин корро мекунам”, – мегӯяд ҳамсӯҳбати мо.

Орзуи намоиш ва китоб
Қаҳрамони мо орзу дорад, намоишгоҳи аксҳои худро ташкил намояд, ки дар он ҳар як акс дар бораи одамон, маконҳо ва эҳсосоте, ки дар тӯли солҳо сабт кардааст, қисса намояд.
“Ман мехоҳам, ки одамон воқеаҳои паси тасвирҳои ман ва ҷаҳонро аз нигоҳи ман бубинанд. Китоб нишон медиҳад, ки шумо метавонед аз сифр оғоз кунед, ба худ бовар кунед ва чизи аҷибе эҷод кунед”, – мегӯяд қаҳрамони мо.
Ҳамзамон, Орзу болои китобе бо номи «Ҳазор чеҳра» кор мекунад, лоиҳае, ки на ба сухан, балки пурра бар аксҳо асос меёбад.

Китоб маҷмӯаи бодиққат интихобшудаи портретҳо ва лахзаҳо хоҳад буд ва ҳар як тасвир саргузаштеро нақл мекунад.
Бо ин аксҳо, ӯ умедвор аст, ки тамоми роҳи эҷодии худро пайгирӣ кунад.
“Аз сифр оғоз кардан натарсед. Биомӯзед, таҷриба кунед, кунҷков бошед. Ҳеҷ гоҳ таслим нашавед. Ҳама чиз имконпазир аст, агар аз таҳти дил кор кунед”, – маслиҳат медиҳад Орзу.
Барои ошноӣ бо эҷодиёти Орзу ва дидани нигоҳи беназири ӯ ба ҷаҳон тавассути дастгоҳи аксбардорӣ, аз саҳифиа интернетии ӯ дар пайванди www.orzusobirov.ru дидан кунед.
Зуҳайло Зулфова, махсус барои Your.tj
Тарҷума мутобиқгардонида аз русӣ, матни аслӣ дар ин ҷо