fbpx

Аз модаркалон то набера. Қиссаи аккосии се насл аз як оила


0
Суратгир аз шаҳри Хуҷанд
Ин ва дигар аксҳо аз қаҳрамони мақола дастрас гардид.

Игор Дмитриевич Мазур – Симченкои 62-сола зодаи шаҳри Хуҷанд аст. Ӯ суратгири моҳир ва устои дастгоҳҳои аксбардорӣ аст ва ин ҳунарро аз падараш омӯхтааст. Суратгирӣ ба падари Игор аз модаркалонаш мерос мондааст.

Ҳамин тариқ, қаҳрамони мо насли сеюми оилаи аксбардорон аст. Ӯ ба Your.tj дар бораи чӣ тавр суратгир шудани модаркалон, фаъолияти касбии падар ва маҳорати аксбардории худаш нақл кард.

Аз фаъолияти аксбардории модаркалон

Модаркалони қаҳрамони мо – Евгения Николаевна Симченко бо камераи тамғаи “Kodak”, ки (соли 1915) падараш туҳфа карда будааст, аксбардорӣ меомӯзад. Ӯ, ки омӯзгори фани физика-математика буд, кор бо дастгоҳи аксбардориро зуд омӯхт.

Евгения Николаевна то ба шаҳри Хуҷанд (собиқ Ленинобод) омадан, дар мактаб ва донишкадаи Новороссийск ба ҳайси омӯзгор кор мекардааст.

шаҳри Хуҷанд

Соли 1942 оилаи Евгения ба Хуҷанд кӯчонида мешавад ва ӯ фаъолияташро ба ҳайси омӯзгор давом медиҳад.

Модаркалони қаҳрамони мо танҳо дар фотопластинаҳо сурат мегирифт, ки баъдан ба Амрико фиристода мешуданд ва дар он ҷо аксҳоро мувофиқи фармоиш барои шумора ва андоза чоп карда, бозмефиристоданд.

“Акнун, пас аз сад сол, мо дарҳол дар экрани смартфон ё дастгоҳи рақамӣ аксбардорӣ мекунем. Технология роҳи дурро тай кардааст”,- мегӯяд Игор Мазур-Симченко.

“Падарам устоди аккосони моҳир ва сарвазири собиқ буд”

Падари Игор солҳо 50-уми асри гузашта дар маркази бачагонаи шаҳри Хуҷанд маҳфили суратгиронро роҳбарӣ мекард. Аз ин маҳфил шахсиятҳои маъруфе ба монанди Маҳмуд Бобоҷонов, Шариф Мамадҷонов, Ғуфрон Рустамов, Оқил Оқилов баромаданд, ки баъдан фото-журналистони намоён гардиданд. Ҳатто яке аз онҳо – Оқил Оқилов баъдан сарвазири Тоҷикистон шуд.

Симченко Дмитрий Всеволодович – падари Игорро баъди бо баҳои аъло хатм кардани Хонаи марказии журналистони Москва ба ҳайси хабарнигори ТАСС ва ТоҷикТА (ҳоло АМИТ “Ховар”) ба Тоҷикистон мефиристанд. Ӯ солҳои 1964 – 1986 ба ҳайси хабарнигор – суратгир кор кардааст.

“Дар ҷумҳурӣ ва берун аз он кор кардааст. Барои кори масъулиятнок ва пурсамараш бо ду грамотаи фахрии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мукофотонида шудааст”, – ба ёд овард ӯ.

Суратгир аз шаҳри Хуҷанд

Игор Дмитриевич ғайричашмдошт ҳам насаби падар ва ҳам модарашро гирифтааст, ва насабаш таблил ёфтааст ба Мазур-Симченко.

Модари аксбардори моҳир Мазур Любов Григоревна дорусоз буд, соли 1952 Институти фармасевтии Одессаро хатм карда, барои пешбурди фаъолияти дорусозӣ ба Тоҷикистон ба кор фиристода шудааст.

“Модарам Ветерани меҳнат ва ду маротиба Аълочии тандурустии Иттиҳоди Шӯравӣ буд”,- зикр кард Игор.

Пайравӣ ба падар

Ӯ пайравӣ ба падараш мекунад ва таҷрибаи бойи дар давоми даҳсолаҳо азхудкардаи падарашро меомӯзад. Қаҳрамони мо ҳанӯз аз панҷсолагӣ дар паҳлӯи падар истода, аз баъзе ҷузъиёти аксбардорӣ ва чопи сурат огоҳ мешавад.

“Як аксе ҳаст, ки ман панҷсола ҳастам ва дар як хонаи торик бо таҳиякунанда дар болои мизи торик нишастаам”,- нақл кард аз хотироташ Игор.

Дар тӯли солҳо ӯ дастгоҳи аксбардориву наворбардориро пурра омӯхт. Қаҳрамони мо бо дастгоҳҳои гуногун, аз ҷумла барои наворбардории филмҳои кӯтоҳ ва васеъ кор кардааст.

Замони кӯдакии суратгир

“Танҳо дар охири солҳои 90-ум ба ман муяссар шуд, ки дар Москва як камераи “Nikon” бихарам. Вақте ки дар даст таҷҳизоти олӣ доред, пас кадрҳо олӣ мешаванд”,- гуфт Игор.

Устои дастгоҳи аксбардорӣ ва аксбардори чорабиниҳои муҳим

Ӯ ҳамин тавр мустақилона ба таъмири дастгоҳҳои аксбардорӣ низ шуруъ кард. Равшании линзаҳоро танзим карда, барои камераҳо адаптерҳо месохт.

“Ҳама суратгирони вилояти Суғд ва ҳатто минтақаҳои ба мо наздики Қирғизистон барои таъмири таҷҳизоти аксбардории худ бо ман тамос мегирифтанд, бинобар ин қариб ҳамаи аксбардорони минтақаҳои вилоятро мешинохтам”,- гуфт боифтихор Игор.

Дар асл ҳамсуҳбати мо мутахассиси соҳаи графикаи бадеӣ аст. Ӯ дар шаҳри Хуҷанд таҳсил кардааст.

Пас аз хатми институт фаъолияташро дар мактаби №23-и шаҳри Хуҷанд оғоз кард ва ҳоло низ ба ҳайси муаллими фанни санъати тасвирӣ ва таълими меҳнат аст.

Баъд аз адои хизмат кори минбаъдаро дар Хонаи маданияти бачагонаи шахри Бӯстон (собиқ Чкаловск) давом медиҳад. Аз соли 1986 то соли 1991 роҳбари маҳфили рассомии мактабҳои шаҳр буд.

Акси чорабиниҳои давлатӣ аз дастгоҳи суратгир

Ӯ барои кӯдакон дар сангфарш озмунҳои расмкашӣ баргузор мекард. Дар рӯзҳои ид аксбардорӣ мекард.

“Соли 1990 барои таътили зимистона дастаҳои рақсӣ ба шаҳри Свердловск, ба Фестивали рақс фиристода шуданд ва маро ҳамчун аксбардор ҳамроҳ бурданд. Аз ин консертҳо лаҳзаҳои зиёди ҷолиберо аксбардорӣ кардам”,- нақл кард Игор.

Аксҳои таърихӣ

Ӯ толорҳои меҳмонхонаҳои “Хуҷанд” ва “Сирдарё”-ро тарҳрезӣ кардааст. Замоне тамоми чорабиниҳои давлатӣ, иду ҷашнҳо ва чорабиниҳои варзишии шаҳрро низ ба навор гирифтааст.

“Лаҳзаҳои нотакрори бозии таърихии футболи собиқадорони дастаҳои миллии Иттиҳоди Шӯравӣ ва “Помир”, ки дар охири солҳои 80-ум дар варзишгоҳи шаҳри Бӯстон ва дар он афсонаи футболи шӯравӣ Эдуард Стрелтсов иштирок дошт, дар дастгоҳи аксбардории ман ҷой гирифтанд. Ин аз корҳои беназири ман буданд”,- нақл кард Игор.

Солҳои 1992-1994 дар факултети фотожурналистикаи Конфедератсияи иттифоқи журналистони Москва таҳсил кардааст ва кори дасти ӯ – сурати кӯчаи Кузнетский Мости Москва дар осорхонаи факултет гузошта шудааст.

Баъдан қаҳрамони мо фаъолияти худро ба ҳайси фото-рӯзноманигор дар газетаи “Нури маърифат”-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд идома додааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар Хуҷанд

“Воқеаҳои зиёдеро ба аксбардориву наворгирӣ кардам. Вале муҳимтаринаш, замоне буд, ки президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба донишгоҳи мо ташриф овард. Ӯ се маротиба дар чорабиниҳои муҳими мо иштирок кард.

Таърихитарин аксҳои гирифтаам суратҳои президент ҳастанд, ки пас аз сӯиқасд дар охири моҳи апрели соли 1997 ба минбари театри ба номи К.Хуҷандӣ баромада, суханронӣ кард”,- нақл кард Игор.

Ӯ лаҳзаҳои мушкили фаъолияти касбияшро ба хотир оварда гуфт, ки замоне ҳатто барои харидани фотоплёнка аз волидайнаш маблағ гирифтааст.

“Он вақт баробари арзиши як фотоплёнкаи филми сиёҳу сафед маош мегирифтам. Барои харидани фотоплёнкаи дуюм аз падару модарам мабалағ гирифта будам. Зеро муовини ректор ба ман супориш дода буд, ки ҳама чизро аз аввал то ба охир аксбардорӣ кунам. 72 кадр то ҳол дар бойгонӣ мавҷуд аст”,- афзуд аксбардор.

Суханронии президент дар Хуҷанд

Игор ҳамчунин барои РВКД дар вилояти Суғд низ тариқи фармоиш аксбардорӣ кардааст.

Солҳои охир Игор чорабиниҳои расмиро хеле кам ба аксбардорӣ кардааст, зеро ба нигоҳубини волидони пираш машғул буд.

Ӯ танҳо барои хонандагони боғчаву мактабҳо винеткаҳо омода мекунад.

“Оила барпо накардаам, вале…”. Зиндагии суратгири озод

“Мутаасифона, вақт зуд мегузарад, хешу табор моро тарк мекунанд, падар панҷ сол пеш ва модар баъди се соли ӯ аз дунё гузаштанд ва ҳар кадом 93 сол умри дарозу душвор, вале ҷолибро аз сар гузарониданд”, – ба ёд меорад ӯ.

Игор то ҳол оила барпо накардааст, вале мегӯяд дар зиндагӣ хеле муваффақ шудааст.

Кӯчаҳои Хуҷанд

Бо вуҷуди ин ҳанӯз умедвор аст, ки ҳамсари меҷустаашро вохӯрад.

“Ман бо умед ва имон ба муҳаббат зиндагӣ мекунам! Ман тарзи ҳаёти солимро пеш мебарам”,- афзуд Игор.

Қаҳрамони мо мусиқиро меписандад ва аз он илҳом мегирад. Инчунин ба тенниси рӯимизӣ машғул мешавад. Ӯ ин навъи варзишро ба дигарон низ тавсия медиҳад.

“Дар ягон озмун иштирок намекунам, чунки он тиҷорат аст”

Ба андешаи аксбардор ба суратгирӣ машғул шудан дунёро бо тамоми зебоиаш, бо тамоми зуҳуроташ шинохтан аст, бо таърихи башарият шинос шудан ва бо хамин аз ҷиҳати маънавӣ бой гаштан аст. Ин барои аксбардор гаронбаҳотарин ва гаронарзиштарин ҷоиза аст.

“Аслан ман дар ягон озмуни аксҳо иштирок намекунам, зеро ин як навъи тиҷорати зиёновар аст. Ҳар касе ки озмунҳоро ташкил мекунад, баҳрабардор аст, яъне, гирандаи ҳама мукофотҳо. Ҳама чиз аллакай пешакӣ тақсим карда шудааст, ҷойҳо, мукофотҳо ва ғайра”,- чунин мешуморад қаҳрамони мо.

Мусобиқаи велосипедронӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тоҷикистон анбори шоҳасарҳост

Игор Мазур-Симченко ҳоло ба ҷуз аксбардорӣ, ба наворгирии рӯйдодҳо, шабнишиниҳо низ машғул аст ва танзимро ҳам худаш анҷом медиҳад.

“Барои ҳама чиз вақт кофӣ нест. Мехоҳам ҳама чизро акс бигирам. Ҳам табиат, ҳам одамон ва на танҳо портретҳои бадеӣ, балки мехоҳам кадрҳои жанрӣ низ бисозам”,- гуфт аз нақшаҳояш ӯ.

Бозори Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд

Игор чунин мешуморад, ки барои эҷодкорон Тоҷикистон як анбори шоҳасарҳост, ки дар ҳанӯз кашф нашудааст.

“Аз ин рӯ, эҷодкорон бояд бештар навор ва аксбардорӣ кунанд ва ҳамаро бо шоҳасарҳои худ шод гардонанд”,- афзуд Игор Мазур-Симченко.

Идибеки Саид


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend