fbpx

Ду ҷанговари барҳаёт дар Суғд. Қиссаи қаҳрамонони ҶБВ, ки як аср умр диданд

Бибола Рӯзиматови 101-сола зодаи Ҷамоати деҳоти Ғазантарак ва Нозим Носирови 100-сола сокини Ҷамоати деҳоти Далёни Болои ноҳияи Деваштич мебошанд.


0
Журналисти Your.tj дар суҳбати Нозим Носиров, иштирокчии 100-солаи ҶБВ. Ин ва дигар аксҳо аз муаллифи мақола

Аз солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 80 сол пур мешавад. Имрӯз дар вилояти Суғд аз зиндабаргаштагони майдони ҷанг ҳамагӣ ду нафар боқӣ мондаанд. Ҳарду ҷанговари қаҳрамон сокини ноҳияи Деваштич буда, яке ба 101-солагӣ қадам гузошаву дигаре тобистони соли ҷорӣ 100-сола мешавад.

Муаллифи Your.tj бо пирони рӯзгордида ва фарзандону наберагони онҳо ҳамсуҳбат шуд.

Қиссаи аввал. Ҳаёти ибратомӯзӣ ҷанговари 101 сола

Бибола Рӯзиматов 15-уми июни соли 1924 дар деҳаи Гулобод (собиқ Қаробуин)-и Ҷамоати деҳоти Ғазантараки ноҳияи Деваштич таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби ибтидоӣ дар колхоз кор кардааст.

Бибола Рӯзиматов

Аз аввали солҳои ҶБВ аз ин деҳа 16 нафар ба фронт даъват шуданд. Биболаи навҷавон дар сафи даъватшудагон қарор дошт. Онҳо соли 1943 ба фронт рафтанд.

Ҷанговари матинирода дар озод кардани Украина ва як қатор кишвару шаҳрҳои Аврупо саҳм гузошт. Рӯзи Ғалабаро дар Олмон истиқбол гирифт. Баъдан, дар ҷанг бар зидди Япония ширкат карда, ба зодгоҳаш соли 1947 баргашт. Аз 16 ҷанговари ин деҳа, танҳо 4 тан зинда баргаштанд.

“Солҳои баъдиҷангӣ дар деҳот мардон кам монда буданд. Ба Ватан баргашта, ба ҷону тани солим шукр гуфта, аз нав ба кори колхоз пайвастам. Аммо дертар бо амри тақдир ба ДСМ (дастаи сайёри механиконида)-и сохтмончиён ба кор омада, то дами нафақа дар он ҷо фаъолият бурдам. Шукр, ки имрӯз дар миёни фарзандону наберагон ва абераҳо зиндагӣ дорам”,- гуфт бобои қаҳрамон.

Чашмони бобои Бибола бо рафтани синну сол камнур шудаанд. Аммо аз ин шиква надорад.

“Фарзандон, наберагону аберагон чашмони мананд. Зиндагӣ бо ҳастии онҳо зебост. Ҳама вақт бояд некбин бошем, то зиндагӣ нек гузарад. Хурсандам, ки мо, иштирокдорони ҷангро фаромӯш намекунанд”,- гуфт ӯ бо табассум.

Набераи ҷанговар – Далерҷон Рӯзиматов аз бобояш ифтихор дорад. Ӯ ҳамроҳи оилаи худ дар хизмати доимии қаҳрамон-бобояш аст.

“Кӯшиш мекунам, ки як каф дуои бобои дарозумрамро гирам. Барои он кас фарзандону наберагон ва абераҳо мояи хурсандиянд. Бобоям ҳамаи фарзандонро дар роҳи нек тарбия карданд. Онҳоро ба омӯзиши касбу ҳунар роҳнамоӣ карда, барои ояндаи неки ҷигарбандон ғамхорӣ намуданд. Шукр, ки имрӯз бобои 101-солаи мо абераҳоро бо меҳри хос ба оғӯш гирифта, дуои хайр медиҳанд. Ифтихор мекунем, ки он кас дар бари моянд”,- афзуд ӯ.

Далериву шуҷоати Бибола Рӯзиматов бо ордени Ҷанги Бузурги Ватанӣ дараҷаи I ва 11 медали ҷангӣ сарфароз гардонида шудааст.

Қиссаи дуввум. Пирии пурсаодати ҷанговари 100 сола

Нозим Носиров, қаҳрамони дигари Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дуюмин иштирокдори барҳаёти ҶБВ дар вилояти Суғд буда, сокини деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Далёни Болои ноҳияи Деваштич мебошад.

Нозими навҷавон аз рӯзҳои аввали Ҷанги Бузурги Ватанӣ ихтиёрӣ ба ҷанг рафтааст.

Нозим Носиров ва ҳамсараш Онахон Гадойбоева

Ӯ пулемётчӣ буд ва дар торумор кардани душман саҳми арзанда дошт. Дар яке аз муҳорибаҳо аз даст тир хӯрда, дар госпитали ҳарбӣ бистарӣ мешавад. Аммо баъди муолиҷа боз ба сафи пеши чанговарон ворид мешавад.

“Моҳи сентябри соли 1941 ба фронт даъват шудам. Он замон ҳанӯз 18-сола набудам. Аз Далёни боло мо 6 нафар ҷавон ба фронт рафта будем. Аз байни онҳо танҳо ман аз ҷанг баргаштам. Ба майдони ҷанг дар Финляндия даромадам. Чанд маротиба захмӣ ҳам шудам. Хусусан аз дасти ростам сахт маҷруҳ шуда, чанд муддат дар госпитал табобат гирифтам.

Баъд аз муолиҷа боз ба майдони ҷанг даромада, то худи Олмон рафтам. Аз фронт соли 1946 ба зодгоҳ баргаштам. Бо ҳамин тамоми умр дар колхози ба номи Жданови деҳа кор карда, аз он ҷо ба нафақа баромадам”,- ба наберагон қисса мекунад қаҳрамон-бобо.

Бобо аз ҷанг маҷруҳ баргашта бошад ҳам, ба кори осоиштаи колхоз рӯ овард. Ҳамчун марди масъулиятшинос ва ҳалолкор ном баровард.

Ӯ дорандаи ордени “Ҷанги Бузурги Ватанӣ дараҷаи 1” ва якчанд медалҳои ҷашниву ифтихорномаҳо мебошад.

Нозим-бобо инсони толеъбаланд аст. Ҳамсари меҳрубонаш Онахон Гадойбоева, ки ба синни 95 расидааст, ҳамрозу ҳамдами беминнати ӯст.

Зану шавҳари дарозумр бо сари баланд шебу фарози зиндагиро паси сар карда, ба давлати пирӣ расиданд. Ҳарду ҳанӯз ҳам хотираи мустаҳкам доранд.

“Соли 1953 оиладор шудам. Зиндагӣ бо ҳама шебу фарозаш зебост. Рӯзҳои мушкил пушти сар шуд. Аз ҳаёти имрӯзаамон шукр мекунам. Ману кампирам аз доштани чунин фарзандону набераҳо ва аберагон ҳузури ҷонро дида истодаем”,- қайд намуд бобои қаҳрамон.

Достони зиндагии онҳо на фақат ба фарзандону наберагон шоистаи пайравист, балки барои дигарон низ, ки орузи барпо кардани оилаи мустаҳкам доранд, сабақомӯз мебошад.

“Насиб, моҳи июни соли ҷорӣ 100-солагии бобои қаҳрамонамонро ҷашн хоҳем гирифт. Он рӯзро бесаброна интизорем”,- мегӯянд пайвандони мавсуф.

Ҷанговарони Деваштич

Ёдовар мешавем, ки ҳоло дар ноҳия 6 нафар иштирокчии ақибгоҳ, аз ҷумла Боймурод Ҷӯраев, Набӣ Исроилов, Отақӯзи Маллаев, Ёдгор Эгамбердиева, Она Эрқӯзиева ва Зӯҳро Носирова умр ба сар мебаранд.

Бино ба иттилои раиси Шӯрои собиқадорони ноҳияи Деваштич Юсуфҷон Баҳодуров, 4560 нафар ба ҷанг сафарбар шуда буданд, ки 2460 нафари онҳо кушта шуда, 2100 кас баъди ҷанг ба зодгоҳ баргаштаанд.

Аз ноҳияи Деваштия танҳо Ӯрунбек Ёқубов ба гирифтани унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ мушарраф гардида буд.

Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 300 ҳазор фиристодаи Тоҷикистон дар набардҳои шадид шуҷоатмандӣ нишон дода буданд. Аз онҳо 92 ҳазор нафар дар майдони ҷанг ҳалок ё беному нишон гардида, 60 ҳазор нафари дигар маҷруҳ баргаштанд.

Файзуллохон Обидов, Your.tj

Хуҷанд – Деваштич – Хуҷанд        


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
2
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend