fbpx

Иштирокчии ҶБВ: “Ман то ҳол дар хобҳоям он рӯзҳои даҳшатборро мебинам”

Бобои Абдуқодир айни замон дар иҳотаи 8 фарзанду 67 набера ва 20 абераву 15 чибера давлати пирӣ меронад.


0

Сол то сол сафи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон кам шуда истодааст. То соли 2020 дар кишвар 175 иштирокчии ҶБВ дар қайди ҳаёт буданд. Имрӯз Your.tj тасмим гирифт, ки ба хонандагон аз зиндагии яке аз қаҳрамонҳои ин ҷанги хонумонсӯз қисса намояд.

Абдуқодир Холматов иштирокчии ҶБВ, дорандаи ордени “Ситораи сурх”, ордени ҶБВ дараҷаи II, омӯзгори собиқадор ва фаъоли ҷамъиятиву меҳнатӣ ҳамагӣ 18 сол дошт, ки аз ҷанг даъватнома гирифтааст.

Ӯ ба мо дар бораи ёддоштҳои даврони ҷангӣ ва зиндагии имрӯзааш нақл кард. Барои ҳамсуҳбат шудан бо бобои Абдуқодир мо ба деҳаи Бободархони ноҳияи Ашт рафтем. Абдуқодир Холматов имсол ба синни 97 солагӣ қадам ниҳодааст. Боборо мо дар иҳотаи набераву абераҳояш, бардаму солим дарёфтем.

“Барои ҷанг кӣ будани ту муҳим нест”

Бобои Абдуқодир паз аз хатми мактаби 7 сола дар колхоз ба ҳайси ҳисобчӣ ба кор даромада онҷо ду сол кор мекунад.

“Пас аз хатми мактаб дар колхоз ба кор даромадам, он ҷо ду сол то гирифтани даъватномаи ҷанг кор кардам. Рӯзе дар утоқи кориам нишаста будам, ки раис ба наздам даромада, даъватномаро дароз кард. Дидам, ки он ҷо номи дигар кас навишта шудааст, гуфтам ин ман нестам. Раис гуфт, ки ҳоло барои ҷанг кӣ будани ману ту муҳим нест, муҳим ҷанговар бошад. Маро ҳисси ватандӯстиам боло гирифту дигар чизе нагуфта ба ҳуҷҷат имзо гузоштам”, – гузаштаро ба ёд овард бобои Абдуқодир.

Қаҳрамони мо ҳамроҳи се ҷавони ҳамдеҳаашон бо дуои волидон ва аҳли деҳа ба роҳ баромаданд. Баъди дар Комиссариати ҳарбии ноҳия ба қайд гирифтан, тавассути дарёи Сир бо киштӣ ба Конибодом мераванд. Аз стансияи роҳи оҳани Конибодом тавассути қатораҳо ба шаҳри Ленинобод (Хуҷанд) рафта, пас аз муоинаи тиббӣ бо поезд ба роҳ мебароянд.

Субҳи 13 – уми сентябри соли 1943 онҳо ба Самарқанд мерасанд. Он ҷо 29 нафарро ҷудо карда, ба поезд савор мекунанд. Ҳамон рӯз поезд ба роҳ медарояд, вале наваскарон намедонистанд, ки куҷо равонаанд. Командир мегӯяд, ки онҳоро ҳоло ба шаҳри Тирмиз мебаранд. Аз заводи пахтаи Тирмиз бояд чигити ҷудошударо ғун карда дар заводи равғанбарорӣ коркард мекардаанд.Рӯзи корӣ аз соати ҳашти пагоҳӣ оғоз шуда, панҷи бегоҳ ба анҷом мерасид.

“Кор дар завод ниҳоят вазнин буд, вале дигар илоҷ набуд. Охир равғанро барои фронт тайёр мекардем. Ба ҳарҳол бо се маҳал хӯроки гарм таъмин будем ва пас аз як моҳ корро анҷом дода, боз ба Самарқанд баргаштем”, – ба фикр фурӯ рафтанд бобо.

“Онҳо гурехтанду мо дар бало мондем”

Дар ин асно Абдуқодири ҷавон ба рафтори ноҷавонмардонаи ду ҳамдеҳаашон низ шоҳид шудааст, ки дар хотирааш сахт нақш бастааст.

“Мо аз деҳаамон чор нафар ба фронт рафта будем. Вақти дар Самарқанд буданамон ду нафари ҳамдеҳаамон кӯшиши гурехтан карданд. Бо ин мақсад онҳо нони ноштову нисфирӯзиашонро сарфа карда, нақша мекашидаанд. Мо аз ин бехабар будем. Як шаб баъди ҳама ба хоб рафтан ҳардуяшон гум шуданд. Мо ду нафари дигар, ки бо онҳо суроғаи якхела доштем, дар бало мондем. Вале баъди пурсиш моро озод карданд. Баъдтар маълум шуд, ки онҳо аз боғ ба боғ гурехта боз аз роҳи оҳан баромада мондаанд. Дар он ҷо ҳардуро дастгир карда, ҳамчун ҷазо ба сафи пеши ҷанг фиристодаанд. Он ду ҳамдеҳаам аз ҷанг барнагаштанд”, – афсӯс мехӯрад бобо.

Пас аз чанде бобои Абдуқодирро бо ҳамроҳонаш ба Москав мефиристонанд. Роҳи дарозу дилгиркунанда ва аз ин бадтар манзараҳои даҳшатафкану нафратангези шаҳрҳои валангоргашта дар ҷавонон ҳисси қасдситонӣ ва нобудсозии душманро бедор мекунад. Поезд дар шаҳри Москав ист мекунад.

“Ба ҳайати сопёрон пайвастам”

Қаҳрамони моро ҳамроҳи ҳамяроқони дигар ба поезди навбатӣ савор карда ба шаҳри Калинин мебаранд. Дар роҳ самолёти гитлерчиён релсҳоро бомбаборон мекунад ва онҳо маҷбур мешаванд, то як рӯз таваққуф карда, роҳро барқарор кунанд. Наваскарон роҳро давом дода, ба ҷойи муайяншуда мерасанд ва ба полкҳои ҳарбӣ, ки дар байни ҷангалзорҳо ҷойгир буданд, тақсим шуда, як моҳ тайёрии ҳарбӣ мегиранд.

Баъд аз омӯзиш Абдуқодир Холматов ба ротаи 26 нафараи сопёрӣ шомил мешавад, ки он дар ҳайати полки тирандози 126 буд ва дар фронти сеюми назди Балтика меҷангид. Аз ин рӯ ҷони қаҳрамони мо ва ҳамяроқонаш, доимо дар зери хатар буд. Бобо рӯзҳои ҷангро ба хотир меораду ҳалқаҳои ашк гириди чашмонашро пур мекунад, вале намехоҳад инро дигарон пай баранд.

“Як рӯз ба мо фармон шуд, ки аз масофаи 6 километр барои сарбозон хӯрок биёрем. Бо роҳбарии сержант Ташкин мо 24 нафар ба роҳ баромадем. Анбори хӯроквориро ёфтем, ки он ҷо ду марду як зан хӯрок омода карда, тақсим мекарданд. Мо бо навбат ба хӯрокгирӣ истодем. Нафари шашумамон акнун флягаашро пур карда буд, ки садои гӯшхароши снаряд шунида шуд. Он рост ба болои анбор омада афтид. Мо зуд он анборро тарк кардем”, – нақл кард бобо.

“Поям маҷрӯҳ шуду ба ман ҳуҷҷати маъюбӣ доданд”

Дар натиҷаи он таркиш як рафиқи бобои Абдуқодир ҷароҳат мебардораду дигари ҳалок мегардад. Инчунин як анбор озуқавории се моҳаи сарбозон ба хок яксон мешавад.

“Аз анбор берун шудем, хабар омад, ки лашкари немис ба мо наздик омадааст ва бояд пеши роҳашонро миназор кунем. Мо даррав корро оғоз кардем, ки боз садои снарядҳо шунида шуд. Се снаряд пайдарҳам ба болоямон партофатанд. Чанд нафар рафиқонам ҳалоку захмӣ шуданд. Ман ҳам дар зарбаи снаряди дуюм захм бардоштам.

Маро ба госпитали Иваново бурда, ҷарроҳӣ карданд. Аз дасту, шикаму пойҳоям оҳанпораҳоро кашида гирифтанд. Ҳолати поям вазнин будааст, ки маро ба госпитали 3840 – и Комсомолский бурданд ва он ҷо муддате нигоҳубин карданд. Дар натиҷа як поям маҷрӯҳ шуду ба ман ҳуҷҷати маъюбии гурӯҳи дуюм доданд”, – бо таассуф нақл мекунад қаҳрамони мо.

Бобои Абдуқодир ҳоло шукр мегӯянд, ки ҳамон замон аз гуфтаи табибон сарпечӣ кардаанд. Зеро онҳо пойҳои ҷанговарро буриданӣ будаанд.

“Дидори дубора бо наздикон”

Тавре худи қаҳрамони мо нақл мекунад, баъди аз госпитал баромадан, ки аллакай ҷанг тамом шуда буд, роҳ сӯйи Ватан пеш мегирад. Вале дар роҳ ӯро беморие фаро мегираду 12 рӯзи дигар дар беморхонаи шаҳри Куйбишев беҳуш мехобад. Баъди ба худ омадан боз 18 рӯзи дигар табобат гирифта, аз нав ба роҳ мебарояд. Лаҳзаи бозгашт, дидору вохӯрӣ бо аҳли оила ва хешону ҳамватанон чунон ширин будааст, ки дар хотири бобо ҳатто бо соаташ нақш бастааст.

“Ман 27 июни соли 1945 ба хона расидам. Шодию ману пайвандонамро ҳадду канор набуд. Рӯзи дигар модарам ҳам ба муносибати ғалаба ҳам ба муносибати зинда баргаштани ман маъракаи калон доданд”, – бо завқ хотироти хушро варақгардон мекунад бобои Абдуқодир.

Пас аз бозгашт бобои Абдуқодирро ба идораи ҷамоат даъват мекунанду пешниҳоди муаллим шудан медиҳанд.

“Он замон қисми зиёди муаллимон дар ҷанг ҳалок шуда буданд, дар деҳаҳо муаллим намерасид. Аз ин рӯ ҳар нафаре ки хондану навиштанро метавонист, ба мактаб барои дарсдиҳӣ даъват мешуд. Хондану навиштанро метавонед, пурсид директори мактаб, бо ҳамин маро ба кор қабул кард”, – мегӯяд қаҳрамони мо

Шукр, ки он рӯзҳои шум хотима ёфт

Пас аз як соли дарсгӯйи дар мактаб Абдуқодир Холматов дар омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Конибодом таҳсили ғоибона мегираду 45 сол дар мактаби деҳа муаллимӣ мекунад. Бобои Абдуқодир ҳоло байни пайвандон давлатӣ пирӣ меронанду шукронаи осудагӣ дорад.

“Шукр, ки он рӯзҳои шум хотима ёфт. Илоҳим ҳафт пуштатон дигар он рӯзҳоро набинад. Ман то ҳол хобҳои даҳшатноки ҷангро мебинам. Нимашабӣ бедор мешавам, мебинам, ки ҳама ҷо оромӣ боз осуда мехобам”, – ба аҳли нишастагон нигоҳ карда мегӯяд бобо.

Шодмон Кенҷаев


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
4
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
4
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend