fbpx

Барои мубориза бо душман. Чӣ тавр ҷавони тоҷик бо хоҳиши худ ба ҶБВ рафт

Қаҳрамони навбатии мо бо хоҳиши худ, бидуни даъватнома ба ҷанг рафт ва аз он қаҳрамонона ва бо сари баланд баргашт.


0
Мухтор Заргаров, акси Ҷовидон Раҳмоналиев

Дар солҳои Ҷанги бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон 300 ҳазор нафар шаҳрвандон барои ҳимояи хоки Ватан рафтанд ва наздики 92 ҳазор нафарашон дар он ҳалок шуданд. Миёни иштирокчиёни аз ҷанг баргашта ҳастанд, нафароне, ки боре ҳам дар он ҷароҳат набардоштаанд. Яке аз онҳо Мухтор Заргарови 101-сола мебошад, ки имрӯзҳо дар шаҳри Ҳисор умр ба сар мебарад.

Ӯ ба мо оиди чӣ гуна ба ҷанг рафтан ва даҳшатҳои он замона қисса кард.

Мухтор Заргаров иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дорандаи медали 20 солагии ҶБВ, 50 солагии ҶБВ, медали Жуков, ордени дараҷаи 1 ва ордени Шараф, имсол ба 102 солагӣ қадам мемонад. Дар Рӯзи Ғалаба бароятон аз зиндагии қаҳрамони навбатии ҶБВ бароятон қисса мекунем.

Дар ҷустуҷӯи Мухтор Заргаров мо ба деҳаи Гиждалободи ноҳияи Рӯдакӣ раҳсипор шудем.

Ӯ мактаби миёнаро дар ноҳияи Ҳисор хатм намуда, бо як гурӯҳ аз рафиқонаш дар кандани канали Фарғона, роҳи Варзоб ва роҳи Помир иштирок кардааст. Вақте рафиқонаш ба ҷанг даъват мешаванд, ӯ низ бо ихтиёри худ ба ҷанг меравад.

«Ҷанги Финландия буд. Мо канали Фарғонаро бо даст кандем. Баъдан рафиқонам ба ҷанг даъват шуданд. 9 сентябр соли 1941 онҳоро ба ҷанг бурданд. Ман ҳам ҳамроҳашон рафтам. Дар Комиссарияти ҳарбӣ аз ман пурсиданд, ки ту чаро омадӣ. Ман гуфтам, ки ба ҷанг меравам»,- ёд меорад бобои Мухтор.

“Мо алафҳоро ҷӯшонда бо намак тар карда мехӯрдем”

Қаҳрамони мо соли 1932 аз падар ва соли 1934 аз модар маҳрум шуда буд. Як хоҳару ду додарашро ба танҳоӣ нигоҳубин мекард. Пас аз вафоти падару модар, тарбияи додару хоҳараш ба дӯши бобои Мухтор меафтад. Дар солҳои қаҳтӣ азобу машаққати зиёдеро аз сар гузаронидааст. Аз ҳамин сабаб аз Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Ҳисор хостанд ӯро ба ҷанг нафиристода, ба хона фиристанд, аммо ӯ розӣ нашуд. Хоҳару додаронашро ба хешовандони падар супорида, худаш барои мубориза рафт.

Акс аз бойгонии шахсии Мухтор Заргаров

“Соли 1933 қаҳтии сахт омад. Дар ҳамин шабу рӯзҳо барфи баланд борида, тамоми ғаллаи мардумро нобуд кард. Он замон халқ барои хӯрдан нон намеёфт. Касе гов дошт зинда монд, дигарон аз гуруснагӣ ҳалок шуданд. Мо алафҳоро ҷӯшонда бо намак тар карда мехӯрдем. Ҳамон сол бародари хурдиам ба дунё омад. Баъди як сол модарам аз дунё гузашт. Ман бо азоб додару хоҳаронамро нигоҳубин мекардам. Онҳоро мисли фарзандони худам ба воя расонидам”- бо ҳасрат ба ёд меорад боло.

Баъдан дар қисми ҳарбӣ Мухтори ҷавонро бо 10 тан аз ҳамроҳонаш номнавис карда, ба курси омодагии ҷангӣ ва истифодаи силоҳ ҷалб намуданд. Ӯ назар ба ҳамроҳони хеш ба омӯзиш шавқмандии беандоза нишон дода, тамоми нозукиҳои истифодаи силоҳро дар ҷанг аз худ намуда буд.

«Мо ҳамагӣ аз ноҳияи Ҳисор 11 нафар будем. Се нафар аз деҳаи мо ва дигарон аз дигар деҳаҳо буданд. Моро номнавис карданд ва мо шаш моҳ омодагии ҷангӣ ва истифодаи силоҳро аз худ намудем. Ман ин курсро бо баҳои аъло хатм намудам»,- нақл мекунад бобои Мухтор.

“Нисфи ҷаҳонро гаштему бар зидди душман мубориза бурдем”

Баъди анҷоми омӯзиш онҳоро ба вилояти Каленин мефиристанд ва баъдан аз онҷо ба вилояти Курск. Онҳо аз вилояти Курск ба вилояти Томск фиристода мешаванд. Баъдан ба мамлакатҳои Франсия, Руминия, Чехославакия, Латвия, Литва, Монголия ва Полша рафта то анҷоми ҷанг алайҳи душман мубориза мебаранд.

Акс аз бойгонии шахсии Мухтор Заргаров

«Мо нисфи ҷаҳонро гаштему бар зидди душман мубориза бурдем. Аз як шаҳр ба шаҳри дигар, аз як кишвар ба кишвари дигар рафтан хеле душвор буд. Ҳаво ниҳоят сард ва ҳамаҷо барфпӯш буд. Дар роҳ бо душманон рӯ ба рӯ мешудем. Вале асло наметарсидем ва фақат ба пеш ҳаракат мекардем»,- бо ифтихор афзуд бобо.

Бобои Мухтор ҳатто дар хатарноктарин лаҳзаҳои ҷангӣ боре ҳам ҷароҳат набардоштааст. Ӯ ва ҳамроҳонаш хӯроки кофӣ ва ҷойи хоби хуб надоштанд. Шабро дар барфзорҳову ботлоқзорҳо рӯз мекарданд, аммо ин барои наҷангидан баҳона набуд.

Боре ҳангоми мубориза як рафиқи Мухтор Заргаров тир хӯрда, ба ҳалокат мерасад. Мухтор Заргаров бо ҳамроҳонаш ӯро мегӯронанд. Вақте ки командири онҳо аз ин ҳодиса огоҳ мешавад, Мухторро танбеҳ медиҳад.

«Дар рафти ҷанг агар нафаре аз мо тир мехӯрд ё дигар ҷароҳат мебардошт, мо иҷозати ба ӯ наздик шуданро надоштем.Танҳо баъди фавтидан метавонистем ҳуҷҷатҳояшро аз ҷайбаш гирему халос. Як рӯз дар вилояти Дубровка як рафиқи ман, ки аз ноҳияи Шаҳринав буд тир хӯрду вафот кард. Ман бо дигар ҳамроҳонам ӯро гӯрондем. Командири мо аз ин ҳодиса хабардор шуд. Масъулияти гӯр карданро дар назди командир ман ба гардан гирифтам. Командир пурсид, ки чаро ӯро гӯрондӣ? Ман ҷавоб додам, ки рафиқам буд»,- афсӯс мехӯрад бобои Мухтор.

Акс аз бойгонии шахсии Мухтор Заргаров

Қаҳрамони мо ба мисли дигар сарбозони Иттиҳоди Шӯравӣ дар душвортарин вазъият ба халқу Ватани хеш хиёнатро раво надидааст.

Баъд аз анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ғалаба бар фашизм ба пешниҳоди Сталин як соли дигар дар шаҳри Ленинград хизмат кардааст. Соли 1947 ба Ватан баргашта танҳо панҷ рӯз дар хона мондааст ва боз ба хизмати халқ пардохтааст.

«Баъд аз як соли хизмат дар шаҳри Ленинград ба Ватан ба назди хоҳару додараконам баргаштам. Онҳо калонакак шуда буданд. Аз анҷоми ҷанг як сол ки гузашта буд, ҳамаи хешу табор аз омадани ман умедашонро канда буданд. Ман панҷ рӯз дар хона мондам. Рӯзи шашум маро ба сохтмони НБО-и Варзоб даъват карданд. Боз хоҳару додаронамро ба хешу табор гузошта ба сохтмон рафтам»,- мегӯяд қаҳрамони мо.

“Маро устоди пахта хонданд”

Баъдан соли 1961 Мухтор Заргаровро ба Комиссарияти ҳарбӣ даъват мекунанд, то ки ба сарбозони нав истифодаи яроқро омӯзад. Бобои Мухтор ба сарбозон тӯли шаш моҳ истифодаи яроқ, тирпаронӣ ва дигар нозкукиҳои ҷангиро омӯхта, ба хона бармегардад ва ба кори хоҷагидорӣ машғул мешавад. Баъд аз як сол боз аз Қисми ҳарбӣ ба Заргаров Мухтор даъватнома мефиристанд, ки рафта ба сарбозон омӯзиш диҳад, вале ин дафъа раисони колхоз ба рафтанаш иҷозат намедиҳанд.

Бобои Мухтор баъди осудагӣ аз ҷанг ба кори кишоварзӣ машғул шуда, ҳамчун шахси заҳматкаш ва пешқадами колхозу савхозҳои давр шинохта мешавад. Ҳамасола дар рӯёнидани пахта ва иҷро нақшаи дурнамо пешсаф шуда, унвои Устоди пахтаро соҳиб мегардад.

Акс аз бойгонии шахсии Мухтор Заргаров

«Соли 1961 курси шашмоҳаро ба сарбозони нав гузаштам ва ба хона омада аз пайи зиндагии худ шудам. Соли дигар боз ба номи ман даъватнома омад. Ин бор ҳам рад накардам, вале раисон иҷозат надоданд. Гуфтанд, ки ин кас устоди пахта ҳастанд. Мо ба рафтанашон иҷозат намедиҳем»,- афзуд Мухтор Заргаров.

«Худованд дигар он рӯзҳоро нишон надиҳад»

Мухтор Заргаров дорандаи чандин ордену медалҳо аз ҷумла медали 20 солагии Ғалаба, 25 солагии Ғалаба, 30 солагии Ғалаба, 45 солагии Ғалаба ва 75 солагии Ғалаба ва ифтихорномаву раҳматнома аст. Ифтихор аз он дорад, ки барои озодии халқи хеш мубориза бурдааст ва заҳмату талошҳояш қадрдонӣ гаштааст. Соли 1995 ба шаҳри Ленинград даъват шуда, шаҳодатномаи иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватаниро соҳиб гаштааст. Ҳамасола дар арафаи Рӯзи Ғалаба бар фашизм ба чорабиниҳо даъват шуда, бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ карда мешавад.

Бобои Мухтор ҳоло дар ҳалқаи фарзандону наберагон давлати пирӣ меронад. Ӯ соҳиби 8 фарзанд ва 179 набераву абераву чибера аст. Муҳим он аст, ки аз умри рафтаи худ норизо нест. Чунки онро беҳуда сарф накардааст. Шукрона аз он мекунад, ки Тоҷикистон имрӯз ободу озод аст ва халқ дар фазои сулҳу ободӣ умр ба сар мебаранд.

Акс аз бойгонии шахсии Мухтор Заргаров

«Худованд дигар он рӯзҳои ҷангро асло ба сари мардум наорад. Бисёр даҳшатнок буд. Мо дар панҷ соли ҷанг ҳаммомро надида будем. Танҳо ҳафтае як маротиба либосхоямро иваз мекардем. Баъд аз анҷоми ҷанг моро ба шаҳри Ленинград оварда, гуфтанд, ки ҳаммом кунед. То ҳол ягон лаҳзааш аз ёдам намеравад. Шабҳо дар хоб мебинам, ки дар миёни ботлоқзор, зери барфу тӯфон ва тиру танк ҳастам. Ҳангоми бедорӣ фақат шукрона мекунам ва умед дорам, ки дигар асло фарзанди инсон рӯи ҷангро набинад», – дуо мекунад бобои Мухтор.

Ҷовидон Раҳмоналиев, хатмкардаи Академияи рӯзноманигори навкор аз Your.tj


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend