fbpx

Дар Тоҷикистон нахустин бор ҷарроҳии дугоникҳои ба ҳам часпидаро гузарониданд

Мухтасари хабарҳои рӯз.


1
1 point
Дуздида шудани кӯдаки навзод дар Тоҷикистон
Акс аз "Азия плюс"

Ҷазои зиёда аз 40 омӯзгор барои латукӯби кӯдакон дар 5 соли охир

Дар Тоҷикистон давоми панҷ соли охир беш аз 40 омӯзгор ва зиёда аз 20 волидайнро барои латукӯб ва зӯроварӣ нисбати кӯдакон ҷазо додаанд.

Ҷазои омӯзгорон барои латукӯби хонандагон дар Тоҷикистон
Соли 2017 Вазорати маорифи Тоҷикистон барои тафтиши видеои латукӯби як мактабхон аз ҷониби як муаллима дар Душанбе як гурӯҳи корӣ таъсис дода буд.

Радиои Озодӣ бо такя ба як гузориши Тоҷикистон ба СММ навиштааст, ки аз соли 2018 то 2022 дар кишвар ба зидди 63 нафар ба гумони ҷабру шиканҷаи кӯдакон парванда кушодаанд.

Аз ҷумла, 41 омӯзгор ва 22 падару модар бар асоси моддаи 174-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи ноболиғон” маҳкум шудаанд, – омадааст дар мактуб.

Манбаъ нагуфтааст, ки омӯзгорон ва падару модарон ба кадом намуди ҷазо, зиндон ё ҷарима ҷалб гардиданд.

Ҳамчунин, гуфта мешавад,к и дар 5 соли охир кормандони ҳифзи ҳуқуқ 635 ҳолати монеъ шудан ба таҳсили фарзандонро ошкор кардаанд.

Мавридҳои латукӯб ва зӯроварӣ нисбати кӯдакон дар Тоҷикистон ҳар сари чанд вақт расонаӣ мешавад.

Моҳи октябри имсол дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори латукӯби тифле аз сӯйи падараш нашр шуда, баҳсҳои зиёдро ба бор овард.

Мақомоти интизомӣ падари тифлро боздошту ҷарима карда буданд. Масъулон рафтори чунин волидонро бемасъулиятӣ меноманд. Дигарон пайомади мушкили иҷтимоӣ медонанд.

Дар Тоҷикистон нахустин бор ҷарроҳии дугоникҳои ба ҳам часпидаро гузарониданд

Дар Тоҷикистон бори нахуст бо роҳи ҷарроҳӣ “дугоникҳои сиамӣ” – дугоникҳои бо ҳам часпида таваллудшударо бо муваффақият аз ҳам ҷудо кардаанд.

Вазорати тандурустии кишвар бо нашри чанд акс аз раванди ҷарроҳӣ навиштааст, ки он чанд рӯз пештар дар беморхонаи “Шифобахш” анҷом дода шудааст.

Нахустин ҷарроҳии ҷудоукунии дугоникҳо дар Тоҷикистон
Акс аз “Азия плюс”

Гуфта мешавад, ки волидайни навзодҳо аз ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон мебошанд.

Таваллуд тариқи буриши қайсарӣ гузаронида шуд ва муайян гардид, ки яке аз навзодон (ҷинсаш писар) аллакай фавтида, ҳолати навзоди дигар (ҷинсаш духтар) хуб аст. Навзоди фавтида аз қисми сар дар пушти дугоники дигар часпида буд, ки тариқи ҷарроҳӣ аз ҳам ҷудо гардиданд, – гуфт манбаъ.

Ин ниҳод мегӯяд, бемориҳои нуқси модарзодӣ ва ё “дугоникҳои сиамӣ” яке аз мушкилоти ҷиддии соҳаи тандурустӣ дар тамоми ҷаҳон ба ҳисоб рафта, ҳамакнун бо роҳандози гардидани чунин услули ҷарроҳӣ ва ё аз ҳам ҷудо намудани дугоникҳои сиамӣ табибони тоҷик бобати густариш додани ҷарроҳии мазкур таҷриба ҳосил намуданд.

Айни замон сиҳатии тифли ҷарроҳишуда таъмин буда, зимни гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ дар ӯ ягон ориза ба назар нарасидааст.

“Бо таҷрибаи ҳосилшуда кӯшиш ба харҷ дода мешавад, то маҳорату малакаи табибон боло бурда шавад ва гузаронидани ин навъи ҷарроҳӣ минбаъд низ дар дохили мамлакат роҳандозӣ гардад”,- гуфтаанд табибони “Шифобахш”.

Давоми чанд соли охир соҳаи ҷарроҳӣ дар кишвар рушд кардааст. Чанде пештар табибони тоҷик дар Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ бори нахуст бо усули видеоторакоскопия ҷарроҳии шушро анҷом дода буданд.

Мошини интиқолдиҳандаи гази моеъ дар роҳи Душанбе – Хуҷанд чаппа шуд

Дар километри 133 — юми роҳи Душанбе — Чаноқ (дар болои пул) субҳи имрӯз (30 декабр) мошини боркаши барои интиқоли гази моеъ пешбинишуда ба садама дучор шуд.

Садамаи мошини интиқоли гази моеъ дар роҳи Душанбе - Хуҷанд
Акс аз IRS

Дар ин бора IRS, ширкате, ки нигоҳубинии роҳи мазкурро бар уҳда дорад, хабар медиҳад.

Ҳамчунин, иттилоъ дода мешавад, ки пас аз рух додани ҳодиса, кормандони ширкати IRS ба ҷойи рухдод ҳозир шуда, дар навбати аввал гази моеъ ба мошини дигар интиқол дода шудааст.

Зикр мегардад, ки пас аз интиқоли гази моеъ, мошини боркаш аз болои пул ба канори роҳ бароварда мешавад.

Ширкат аз ронандагон хоҳиш кардааст, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳ боэҳтиёт ва бодиққат бошанд.

Президент гуфт, аҳолиро бо барқу гармӣ таъмин кунед

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар маҷлиси охири ҳукумати кишвар дар соли 2022, ки дирӯз, 29-уми декабр, баргузор гардид, ба масъулин супориш дод, ки аҳолиро бо барқу гармӣ таъмин намоянд.

Ин дастури президент дар ҳолест, ки аҳолӣ дар минтақаҳо аз бебарқӣ ва сокинони Душанбе аз мушкил дар кори шабакаҳои гармидиҳӣ ва хонаҳои сард шикоят мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҳукуматӣ
Акс аз “Азия плюс”

Хадамоти матбуотии президент бо нашри иттилоия навишт, ки сардори давлат, ҳамчунин, доир ба таъмини фаъолияти самарабахши иншооти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, махсусан иншооти роҳу нақлиёт, барқу алоқа ва муассисаҳои иҷтимоӣ дар фасли зимистон, таъминоти аҳолӣ ва иншооти таъйиноти гуногун бо барқу гармӣ, пешгирӣ аз талафоти нерӯи барқ, сарфакорона истифода бурдани барқу гармӣ ва пардохти саривақтии маблағи онҳо супориш дод.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон оид ба тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023” гузориш дод ва он мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои ҳукумати мамлакат ва роҳбарони вазорату идораҳо ҷиҳати таъмини саривақтии иҷрои нақшаҳои буҷети давлатӣ дар соли 2023 дастуру супоришҳои қатъӣ додааст.

Аз ҷумла, супориш дода шуд, ки ҷиҳати дарёфи роҳу усулҳои нави иҷрои нақшаи андоз ва буҷетӣ давлатӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ҷалби шаҳрвандон ба меҳнати фоиданоки дастӣ, аз қабили тиллошӯйӣ дар қаламрави мамлакат тадбирҳои бетаъхир андешида шавад, – гуфтааст хадамоти матбуотии президент

Зикр гардид, ки дар як давраи кӯтоҳ бо супориши Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат беш аз 7 ҳазор нафар барои тиллошӯйи иҷозатнома гирифта, ба ин намуди меҳнати фоиданок ҷалб шудаанд.

Гуфта мешавад, ҷаласаи дирӯза охирин маҷлиси васеи ҳукумат дар соли 2022 аст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend