fbpx

Қолабҳоро мешикананд. Чӣ гуна варзишгарони дугоник аз Тоҷикистон майдонҳои ҷаҳонро фатҳ мекунанд

Фотима ва Зуҳро мегӯянд, онҳо натанҳо аз номи худ, баромад мекунанд, балки аз номи занони Тоҷикистон баромад мекунанд ва мехоҳанд нишон диҳанд, ки духтарон ба чӣ корҳо қодиранд, вақте бихоҳанд чизеро ба даст оранд.


0
Фотима ва Зуҳро
Фотима ва Зуҳро, аз чап ба рост

Зуҳро ва Фотима Холоваҳо аз варзишгарони пешқадами Тоҷикистон ҳастанд. 22 сол мешавад, ки хоҳарон кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунанд. Дугоникҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ оид ба таэквондо (ITF) ва кикбоксинг борҳо натиҷаҳои баланд нишон дода, чандин қаҳрамони ҷаҳон шудаанд.

Фотима ва Зуҳро дар бораи он ки чӣ тавр ба варзиши ҳирфаӣ омаданд ва чӣ гуна тавонистанд қолабҳои марбут ба занон дар варзишро бишкананд, ба муаллифи Your.tj нақл карданд.

Фотима и Зуҳро, аз чап ба рост. Аз архиви шахсии хоҳарон.

Оилаи варзишӣ

Дар оила Фотима ва Зуҳро чор духтаранд. Хоҳарони калонии қаҳрамонони мо Сабина ва Шервина низ дар аввал ба таэквондо машғул буданд, вале дере нагузашта аз ин варзиш даст кашиданд.

Зуҳро ва Фотима фарзандони хурдии хонаводаанд. Дугоникҳо аз синни 9-солагӣ ба таэквондо (ITF) машғул шуданд. Аммо Фотима дар аввал ба варзиш майл надошт ва дар хона нишастанро авлотар медонист.

“Мо дар оила чор духтарем ва ҳама варзишгаранд. Хоҳари калониам Сабина аввалин шуда дар таэквондо машқ кард, баъд Шервина, вале дар ниҳоят онҳо аз варзиш дур шуданд. Сеюм Зуҳро буд, ки ба таэквондо шуруъ кард, аммо ман таваҷҷуҳ надоштам, зеро дар хона нишастанро афзалтар медонистам”, – нақл мекунад Фотима.

Рӯзе Зуҳро барои омодагӣ ба мусобиқаи шоҳмотбозӣ дар мактаб банд шуду ба машқҳо рафта натавонист ва ба ҷои ӯ Фотима ба толори варзишӣ рафт. Тамрин ба ӯ хеле таассуроти хуб бахшид: духтарак ба худ боварӣ пайдо кард ва тасмим гирифт, ки ӯ низ ба таэквондо машғул мешавад.

Рӯзи дигар хоҳарон якҷоя ба толори варзишӣ рафтанд. Роҳи онҳо ба варзиш ҳамин тавр оғоз шуд ва тақрибан 22 сол боз ба варзиш машғуланд.

Фотима и Зуҳро, аз чап ба рост

Сирри карераи тӯлонӣ  ва муваффақияти Фотима ва Зуҳро дар дугоник будани онҳост. Хоҳарон мегӯянд, ҳамеша ҳамдигарро ба дастовардҳои нав рӯҳбаланд мекунанд ва такон мебахшанд. Вақте яке аз онҳо ба ҷойе фурсат намеёбад, дигаре ҳатман ҷойи ӯро иваз мекунад.

“Модарро розӣ кардем”

Дастгирии наздикон албатта муҳим аст, мегӯянд духтарон. Аммо ин барои қаҳрамонони мо чандон осон ба даст наомадааст.

Дар аввал модар тарафдори он буд, ки духтаронаш ба варзиш машғул шаванд, зеро ҳамчун табиб хуб мефаҳмид, ки ин ба саломатӣ фоиданок аст. Аммо вақте Фотима ва Зуҳро дар мусобиқаҳои гуногун ширкат карданд, атрофиён ба модар мегуфтанд, ки ин варзиш барои духтарон нест ва зан мехост духтаронаш аз роҳи интихобкардаи худ даст кашанд.

Аммо Фотима ва Зуҳро аз варзиш даст кашиданӣ набуданд ва модарашонро бовар кунонданд, ки дар варзиш ҳеҷ чизи шармовар нест.

Ба гуфтаи варзишгарон, чемпион на он касест, ки як-ду унвон гирифта тавонист, балки ҳамонест, ки таслим нашуда, то охир меравад.

Имрӯз, модари дугоникҳо бо духтарони худ ифтихор мекунад, ки ҷоизаҳои зиёдро ба даст овардаанд. Аммо чун модар ҳамеша барои онҳо нигарон аст ва хавотир мешавад, зеро духтаронаш ба андешаи ӯ, ба варзишҳои хатарнок машғуланд.

Аз таэквондо ба кикбоксинг

Пас аз он ки Федератсияи миллии таэквондо кикбоксингро ба худ пайваст, ба бисёре аз варзишгарони риштаи таэквондо имкон дод, ки худро дар кикбоксинг бисанҷанд. Азбаски Зуҳро варзишгари хеле қавӣ буд, мураббӣ ба ӯ пешниҳод кард, ки дар баробари таэквондо ба кикбоксинг машғул шавад ва ӯ розӣ шуд.

Духтар хоҳарашро низ мехост розӣ кунонад, ки ба ин варзиш машғул шавад, аммо Фотима дар аввал рад кард ва гуфт, ки таэквондо барояш басанда аст.

То соли 2013 Фотима танҳо дар таэквондо рақобат мекард ва танҳо дар ин намуди варзиш машқ мекард. Билохира Зуҳро тавонист, ки хоҳарашро барои дар кикбоксинг қувва озмудан розӣ кунонад ва Фотима ба он рағбати ҷиддӣ пайдо кард.

“Кикбоксинг ба ман маъқул шуд, зеро он варзиши сахттар аст ва имкон медиҳад, ки худро нигоҳ надоред. Дар таэквондо, баръакс, қоидаҳои муайяне вуҷуд доранд, ки амалҳои моро маҳдуд мекунанд”, – мегӯяд Фотима.

Фотима ва Зуҳро ба ҷуз таэквондо ва кикбоксинг ба давидан, бокс, велосипедронӣ ва муай-тай шуғл меварзанд. Онҳо зуд-зуд дар марафонҳои гуногун ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар кишварҳои ҳамсоя ширкат мекунанд. Фотима ва Зуҳро мехоҳанд нишон диҳанд, ки дар варзиш чаҳорчӯбаи ҷинсият вуҷуд надорад ва варзише нест, ки барои духтарон мувофиқ набошад.

Фатҳи майдонҳои ҷаҳонӣ

Зуҳро ва Фотима дар бисёр мусобиқаҳои дохилӣ иштирок кардаанд. Онҳо чемпионҳои чандинкаратаи кишвар дар байни наврасон ва калонсолон оид ба таэквондо ва кикбоксинг мебошанд.

Хоҳарон таҷрибаи аввалини худро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ соли 2006 гирифтаанд. Он замон дар Узбекистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба таэквондо баргузор гардид, ки дар он қаҳрамонони мо низ ҳунарнамоӣ карданд. Дар финал онҳо бояд бо ҳам рақобат мекарданд ва дар охир Зуҳро ғолиб омад. Ӯ ҷои якумро сазовор гардида ва чемпиони ҷаҳон шуд.

“Дар аввалин иштирок дар мусобиқаи байналмилалии мо бо ҳам рақобат карда будем. Даступо гум карда будем ва намедонистем, ки чӣ кор кунем. Дар охир Зуҳро голиб омад. Аммо барои мо муҳим набуд, кӣ ғолиб мешавад, зеро дар ҳар сурат мо ба кишвари худ медал овардем”, – мегӯянд дугоникҳо.

Чунин ҳолат бисёр ба миён меомад, зеро духтарон дар як вазн қувваозмоӣ мекарданд. Аз ин рӯ, дугоникҳо қарор карданд, ки вазни худро тағйир медиҳанд, то дигармуқобили ҳамдигар баромад накунанд: ҳамин тавр, Фотима то 48 кг вазн кам кард ва Зуҳро, баръакс, то 52 кг вазн гирифт.

Дар ин ҷо худамон раҳгум задем, ки дар акс Фотима аст ё Зуҳро

Чандин карат чемпион

Дар ҳамон соли 2006 Зуҳро дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кикбоксинг, ки он низ дар Узбакистон баргузор шуд, баромад кард. Духтарак боз ҷои якумро сазовор шуд, унвони чемпиони ҷаҳонро гирифт. Илова бар ин, Зуҳро аввалин духтар аз Тоҷикистон аст, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба кикбоксинг ғолиб омадааст.

Қаҳрамонони мо соҳиби медалҳои зиёди мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ мебошанд.

Зуҳро қаҳрамони секаратаи Осиё, қаҳрамони ҷаҳон, барандаи медалҳои нуқра ва биринҷии Ҷоми ҷаҳонии кикбоксинг дар Австрия мебошад.

Ӯ дар чемпионати ҷаҳон оид ба кикбоксинг дар Дублин кишвари моро муаррифӣ карда, соли 2013 дар Бозиҳои Осиё дар толорҳои пӯшида ва санъатҳои муҳорибавӣ дар Инчхон медали нуқра, соли 2014 дар чемпионати Осиё дар Неапол медалҳои нуқра ва биринҷӣ ба даст овардааст ва соли 2016 дар Бозиҳои олимпии Осиё дар толорҳои пӯшида ва санъатҳои муҳорибавӣ оид ба кикбоксинг K1 иштирок кардааст.

Зуҳро инчунин аввалин духтари тоҷик шуд, ки дар чемпионати Осиё оид ба K1 ғолиб омад ва роҳхат ба Бозиҳои ҷаҳониро гирифт, ки варзишгарони мо аз соли 1981 инҷониб дар он ширкат накардаанд.

Фотима медали биринҷӣ аз чемпионати ҷаҳон оид ба таэквондо, медалҳои тилло ва нуқра аз чемпионати ИМА оид ба кикбоксинг, медали тилло аз чемпионати ИМА оид ба кикбоксинг, тилло аз чемпионати Осиё оид ба кикбоксинг дар Ӯзбекистон ва Туркманистон, медали биринҷии Бозиҳои Осиё оид ба кикбоксинг дар Туркманистон ва медали нуқраи Ҷоми ҷаҳонии Туркия ва бисёр дастовардҳои дигар дорад.

Аз чемпиони мутлақи Амрико то доварии сатҳи байналмилалӣ

Дар соли 2015 Фотима ва Зуҳро дар барномаи “Тавсеаи ҳуқуқи занон ва духтарон”-и Департаменти давлатии ИМА ширкат намуда, ба Амрико парвоз карданд. Дар он ҷо онҳо дар як қатор мусобиқаҳои дохилӣ иштирок карданд.

Аз ҷумла, соли 2015 Зуҳро дар чемпионати кушод оид ба таэквондо дар Флорида ширкат карда, соҳиби ду медали тилло гардид. Фотима дар чемпионати ИМА оид ба кикбоксинг иштирок карда, ҷои аввалро гирифт.

Соли 2018 Зуҳро таҳти роҳбарии хоҳараш Сабина дар чемпионати кушод оид ба кикбоксинг ва таэквондо дар Орландо ва Каролинаи Шимолӣ ширкат карда, медали тилло гирифт ва қаҳрамони мутлақи ИМА шуд.

Дар соли 2020 Зуҳро ҷароҳати вазнин гирифт: дар Чемпионати ҷаҳон оид ба велосипедронӣ духтар ғалтида, оринҷашро шикаст ва баъд аз он маҷбур шуд, ки кикбоксингро тарк кунад.

Соли 2021 Зуҳро фаъолияти довариро оғоз кард. Тавре духтарак мегӯяд, ӯ намехост, варзишро тарк кунад ва тасмим гирифт, ки довари мусобиқаҳои варзишӣ шавад.

Вай ба ҳайси довар дар мусобиқоти дохилӣ ба кор шурӯъ кард ва соли 2022 дар чемпионати Осиё дар Таиланд довари майдон шуд.

Соли 2023 Зуҳро довари майдон дар чемпионати ҷаҳон дар Португалия буд. Дар ҳамон сол вай ба ҳайси довари Федератсияи ҷаҳонии кикбоксинг (WAKO) литсензияи “В”-ро гирифт ва аллакай дар соли ҷорӣ, яъне соли 2024 дар Ҳиндустон соҳиби литсензияи “С” гардид.

Ин литсензия ба шахсоне дода мешавад, ки аз ҷониби Шӯрои директорони Конфедератсияи Осиё ба ҳайси аъзои Кумита таъйин карда мешаванд. Дар Бозиҳои осиёии дарпешистода, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ дар Таиланд баргузор мешавад, Фотима рақобат мекунад ва Зуҳро кишвари моро ба ҳайси довар намояндагӣ мекунад.

Ҳама ғалабаҳо муҳиманд

Ба савол дар бораи он ки барои духтарон кадом ғалаба аз ҳама муҳимтар аст, варзишгарон чавоб доданд, ки ҳамаи комёбихои онҳо ба таври худ муҳим ва махсусанд.

“Ҳар як ғалаба, ҳар як медал, ҳар як чемпионат барои мо муҳим. Зеро барои онхо заҳмати зиёд сарф шудааст. Ҳар рӯз соати 5 бедор шудан, тамоми рӯз машқ кардан, риояи парҳез – ин ҳама хеле душвор аст. Аз ин рӯ, натиҷаи ин меҳнатҳо барои мо, албатта, махсус ва муҳиманд”, – мегӯянд духтарон.

Тавре Фотима ва Зуҳро эътироф карданд, онҳо натанҳо аз номи худашон баромад мекунанд, балки тамоми занони Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд ва мехоҳанд нишон диҳанд, ки духтарон ба чӣ корҳо қодиранд, вақте бихоҳанд чизеро ба даст оранд.

Онҳо худ ҳамчун намуна нишон медиҳанд, ки духтарон низ метавонанд варзишгар шаванд ва парчами кишвари худро дар мусобиқоти байналмилалӣ баланд бардоранд.

“Зеро дар ҷомеаи мо бисёриҳо бар ин назаранд, ки варзиш барои духтарон нест, бахусус вақте сухан дар бораи намудҳое ба монанди таэквондо ё кикбоксинг меравад”, – мегӯянд духтарон.

“Қаблан кам духтарон ба варзиш машғул мешуданд, зеро ҳама мегуфтанд, ки чаро духтар бояд варзиш кунад. Агар шумо варзишгар бошед, мардон ба шумо дигар хел назар мекунанд ва мо мехоҳем ин қолабҳоро аз байн барем. Со ҳамеша мегӯем, ки аз номи тамоми занҳо баромад мекунем ва қувваи худро нишон медиҳем”, – мегӯянд Зуҳро ва Фотима.

Дугоникҳоро аз ҳам фарқ намекунанд

Азбаски қаҳрамонони мо дугониканд, нафаре, ки онҳоро аз наздик намешиносад, ба эҳтимоли зиёд онҳоро аз ҳам фарқ карда наметавонад. Фотима, вақте бори нахуст ба ҷои хоҳараш ба тамрин рафт, мураббӣ Баҳром Шаҳоб ӯро Зуҳро гумон карда талаб намуд, ки беҳтар тамрин кунад.

“Вақте ман ба ҷои хоҳарам ба тамрин рафтам, намедонистам, ки чӣ кор кунам, зеро бори аввал буд. Мураббии мо ҳанӯз намедонист, ки мо дугоникем, маро Зуҳро гумон карда дод заду гуфт: – Зуҳро, кор кун! Имрӯз ба ту чӣ шуд? Бемор шудӣ?

Баъдан хоҳарам ба ӯ гуфт, ки ин вай набуд. Азбаски мураббӣ намедонист, ки мо ду нафар ҳастем, хеле ҳайрон шуд”, – ба ёд меорад Фотима.

Чунин ҳолат дар мусобиқаҳои гуногун борҳо такрор ёфтааст. Вақте ки Зуҳро дар Бозиҳои ҷаҳонӣ дар Лаҳистон ширкат дошт, Фотима ба ҳайси мураббӣ ширкат мекард ва созмондиҳандагон аксар вақт онҳоро аз ҳам фарқ намекарданд.

Духтарон аз монандии зоҳирии худ бисёр ба манфиати худ истифода бурдаанд. Вақте Фотима дар Амрико буд, дар донишгоҳ имтиҳон дошт. Вай ба хохараш занг зада, хоҳиш кард, ки ба ҷои ӯ имтиҳон супорад.

Зуҳро ба чои Фотима имтихон аз равоншиносиро супорид ва муаллим ҳатто пай набурд.

Духтаронро аксар вақт ҳатто дугонаҳояшон аз ҳам фарқ карда наметавонанд.

“Мешавад ҳолатҳое, ки дугонаҳои Фотима, ки ман онҳоро намешиносам, маро дар кӯча дида, аз Фотима хафа мешаванд, ки бо онҳо салом накард”, – мегӯяд Зуҳро бо ханда.

Таҳсил дар ҷои аввал

Барои қаҳрамонони мо таҳсил ҳамеша дар мадди аввал меистад. Варзиш ба таҳсили онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ халал нарасонидааст.

Духтарон мактабро бо баҳои аъло хатм карданд ва соҳиби якчанд маълумоти олӣ шуданд.

Фотима дар ихтисоси барномасоз таҳсил кардааст ва ҳоло дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ихтисоси равоншинос таҳсил мекунад.

Зуҳро касби муҳосибӣ гирифтааст ва маълумоти дуюмаш ҳуқуқшинос аст.

Ӯ ба хотири модараш дар муҳосибӣ таҳсил кард, зеро бисёр мехост, ки духтараш дар оянда муҳосиб шавад. Зуҳро 9 сол дар шуъбаи муҳосиботи дастгоҳи марказии хадамоти давлатии назорат ва танзими Вазорати нақлиёт кор кардааст. Ҳоло духтарак ба адвокатӣ машғул аст.

Фотима муддате ба ҳайси барномасоз кор кард ва ҳоло равоншиносиро таҷриба мекунад.

Ба гуфтаи духтар, варзишгар ва мураббӣ бояд психологияро донад, зеро барои варзишгар дар баробари тарбияи ҷисмонӣ, омодагии равонӣ низ муҳим аст. Фотима бовар дорад, ки мураббӣ низ бояд варзишгарро аз ҷиҳати равонӣ омода созад ва суханҳои дурустро интихоб карда тавонад.

Духтарон инчунин ба кӯдакон таэквондо меомӯзанд ва бо калонсолон дар толори фитнес тамрин мегузаронанд.

“Мо тамринҳои фитнес, таэквондо ва кикбоксинг мегузаронем. Кӯдаконеро, ки нзди мо меоянд, худамон ба ин ё он намуди варзиш таъйин мекунем: агар синну соли кӯдак ба таэквондо мувофиқ бошад, ба таэквондо мебарем, агар барои кикбоксинг мувофиқ бошад, ба кикбоксинг мебарем”, – нақл мекунанд варзишгарон.

Духтарон инчунин тамринҳои инфиродӣ низ мегузаронанд. Дар байни шогирдони онҳо, махсусан, ситораҳои эстрадаи ватанӣ бисёранд.

Фотима ва Зуҳро мехоҳанд дар оянда толори варзишии худро бо номи “Twins” кушоянд ва бонувонро тамрин диҳанд.

“Мо мехоҳем дар оянда толори варзишии худро кушоем ва занони бисёртарро ба варзиш ҷалб кунем. Зеро ин пеш аз ҳама ба саломатии онхо фоида дорад.

Мо мехоҳем, пеш аз ҳама, ба худи занҳо нишон диҳем, ки агар хоҳанд, ба ҳама гуна варзиш машғул шуда метавонанд”, – хулоса карданд варзишгарон.

Шакли аслии матлаб ба забони русӣ дар ин ҷост.

Гулафзои Бахтиёр, Your.tj


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend