fbpx

“Беморӣ мисли як хоб буду гузашт”. Тарзи дурусти табобати сил чӣ гуна аст

Ба гуфтаи Толибҷон, ҳангоми табобат иродаи қавӣ нақши муҳим дорад ва дилшикаста нашуда, худро бардам гирифта, дар пеши худ мақсади шифо ёфтанро гузошта, бояд табобат кард.


0

Дар меҳмонии нашри навбатии подкасти “Аз сил ҳарфе бигӯ!” Толибҷон Каримов, нафаре, ки бемории силро аз сар гузаронидааст, ба мо аз таҷрибаи худ оид ба таботати он гуфт. Толибҷон қисса кард, ки ҳангоми табобат кадом қоидаҳоро риоя бояд кард ва дар ин раванд чӣ аз ҳама бештар муҳим аст.

Дар рафти подкаст дар экранҳои шумо рамзҳои QR пайдо мешаванд, ки онҳоро скан карда, тариқи рамзи аввал аз пурсишномаи анонимӣ гузашта, хатари имконпазири гирифторшавӣ ба силро дар худ муайян карда метавонед.

Дар рамзи дуюм суроғаи марказҳои зиддисилиро, ки дар онҳо аз ташхис гузаштан мумкин аст, ёфта метавонед.

Инчунин шумо метавонед бо пайванд (ссилка) https://ntp.tj/pursish/ ба пурсишномаи анонимӣ гузашта, суроғаи марказҳои зиддисилӣ https://ntp.tj/site/?page_id=1227 пайдо кунед.

То беморшавӣ дар бораи ин беморӣ тамоман маълумот надоштам, ҳатто номи ин бемориро ба забони тоҷикӣ намедонистам, мегӯяд ҳамсуҳбати мо. Ӯ пештар номи “туберкулёз”-ро шунида будааст, аммо чӣ гуна беморӣ будани онро намедонистааст.

“Бадбахтона ба бемории сил дар муҳоҷират гирифтор шудам, вале худам пай набурдам. Ҳолатам бад шуд ва ба Тоҷикистон баргаштам. Тарзи ҳаёти солимро пеш мебурдам ва ҳар бегоҳ машқ мекардам. Вақте ҳамроҳи дӯстон тамрин мекардам, дар худ беҳолию бемадориро эҳсос мекардам”, – нақл кард Толибҷон.

Яке аз дӯстонаш, ки дар соҳаи тиб кор мекард, ин ҳолати Толибҷонро мушоҳида карда, аз ӯ ҳолпурсӣ мекунад. Толибҷон ба дӯсташ нақл мекунад, ки шабона ҳарораташ баланд мешавад. Бо тавсияи дӯсташ ҳамсуҳбати мо аз ташхис мегузарад.

“Дӯстам маро ба беморхонаи сил бурд. Ҳайрон шуда, пурсидам, ки чаро ба ин ҷо омадем. Дӯстам гуфт, ки дар ман нишонаҳои бемории сил аст ва эҳтимол дар муҳоҷират аз касе сироят ёфтааст”, – мегӯяд ӯ.

Шумо метавонед шакли аудиоиро дар инҷо гӯш кунед:

Толибҷон нобоварон ба ташхиси рейнтгенӣ розӣ намешавад ва ба ӯ пешниҳод мекунанд, ки аз ташхиси балғам гузарад. Натиҷаи ташхисро дӯсташ дарҳол мефаҳмад, вале ба Толибҷон намегӯяд ва ӯро ба назди табиб мебарад.

“Духтур натиҷаи ташхисро дида, бо ман оромона суҳбат кард, аз ҳар куҷо савол дод ва ниҳоят гуфт, ки ба бемории сил гирифтор шудаам. Ман намефаҳмидам, ки сил чист. Духтур гуфт, ки ин ҳамон “туберкулёз” аст”, – ба хотир овард ҳамсуҳбати мо.

Дар ин лаҳза Толибҷонро ҳисси тарсу нобоварӣ фаро мегирад. Гумон мекард, табиб ва дӯсташ бо ӯ шӯхӣ мекунанд ва тасмим гирифт дубора аз ташхис гузарад. Вале ин навбат низ ҷавоби ташхис ба сил гирифтор шудани ӯро нишон медод.

“Намедонистам чӣ гӯям. Дар ин ҳолат табиб маро дилбардорӣ карда гуфт, ки “ту бемор нестӣ” ва пардаи утоқашро кушода, гуфт, “беморон он ҷо хобанд, онҳо ҳатто бе кӯмаки як нафар роҳ гашта наметавонанд ва аҳволашон ниҳоят бад аст””, – нақл кард меҳмони мо.

Ба гуфтаи табиб он вақт Толибҷон саривақт муроҷиат карда будааст ва беморӣ нав дар авҷгирӣ будааст. Ӯ гуфтааст, табобати қаҳрамони мо осонтар аст ва ҳатто метавонад дар хона табобат бигирад.

“Ман ҳамин қадар тасаввурот доштам, ки шахси ба сил дучор шуда умри дароз намебинад. Барои ҳамин ба табобат розӣ шудам, вале шарт гузоштам, ки аҳли пайвандони ман набояд аз ин огоҳ шаванд. Ҳамин тавр. бо табиб маслиҳат кардем, ки ҳар рӯз баъди хӯрокхӯрӣ наздаш омада доруҳоро қабул мекунам”, – афзуд Толибҷон.

Ӯ ду моҳи аввал ба ҳамин тарз табобат мегирифт ва касе аз наздиконаш аз бемориаш пай набурда буданд. Вақте ҳар саҳар назди духтур барои қабули доруҳо мерафт, духтур мегуфт, ки баъди қабул каме дар наздаш нишинад, то таъсири дору андак сабук шавад.

“Барои табобати самаранок доруҳоро ба шиками сер ва дар як вақти муайян бетанаффус бояд қабул кард. Вагарна суст таъсир мекунад”, – шарҳ дод меҳмони мо.

Ӯ мегӯяд, ҳангоми табобат тақрибан мушкиле надошт, зеро дӯстонаш рӯҳан дастгирӣ мекарданд. Ба андешаи Толибҷон, бемориро қабул карда, наҳаросида, барои табобаташ кӯшиш кардан лозим. Барои ин бошад қабули саривақтии доруҳо, тавсияҳои табибро риоя намудан зарур аст.

“Табиб ба ман мегуфт, ки агар ду рӯз пайдарпай дар қабули доруҳо танаффус кунӣ, беморӣ ба бадани ту мутобиқ мешавад ва вояҳое, ки қабул мекунӣ дигар таъсир намерасонанд, мо маҷбур мешавем, миқдори онҳоро зиёд кунем”, – нақл кард Толибҷон.

Ӯ ба мо гуфт, дар раванди табобат як ташкилоти ҷамъиятие буд, ки гирифторони силро ба ҳам меовард ва дар бораи табобати беморӣ онҳо аз таҷрибаҳои худ мегуфтанд.

“Муддати табобати сил то ду сол аст, вале ман он ҷо бемронеро дидам, ки соли сеюми табобаташон буд. Баъди ҳамсуҳбат шудан фаҳмидам, ки онҳо баъзе доруҳоро қабул намекардаанд ё баъзеи дигарро бо танаффус қабул мекардаанд”, – гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ҳамсуҳбати мо гуфт, баъди ду моҳ, вақте ба наздиконаш дар бораи гирифториаш ба сил нақл кард, касе ба ӯ бовар накард. Зеро, ба гуфтаи худаш ҳамеша бо табъи болида мегашт ва рӯҳафтода намешуд.

“Вақте доруҳоямро нишон дода, гуфтам, ду моҳ боз табобат гирифта истодаам, бовариашон наомад, вале ҳазар ҳам накарданд. Ман аллакай баъди як моҳи табобат худро хуб ҳис мекардам ва ҳатто аз духтур пурсидам, ки шояд дигар дору қабул накунам. Табиб рад кард ва гуфт, ки муҳлати табобати ман 6 моҳ аст ва агар ҳоло онро давом надиҳам, беморӣ дубора авҷ мегирад”, – нақл кард меҳмони мо.

Иродаи қавӣ, ба гуфтаи Толибҷон, ҳангоми табобат нақши муҳим дорад. Дилшикаста нашуда, худро бардам гирифта, дар пеши худ мақсади шифо ёфтанро гузошта, табобат кардан муҳим аст.

“Дӯстам ҳам ҳайрон мешуд, зеро то ин вақт чанд нафареро, ки бо тавсияи ӯ ташхис кардаанд ва дар онҳо силро ошкор кардаанд, рӯҳафтодаву ғамгин шудаанд. Вале табиби ман бисёр касбӣ буд ва бемориро дуруст фаҳмонид. Ба худ гуфтам, “агар дар 6 моҳ илоҷи табобат бошад, чаро онро то 2 сол кашол диҳам”? Ҳамин тавр, бо ҷиддият ба табобат пардохтам”, – афзуд меҳмони мо.

Толибҷон бо муроҷиат ба нафарони ба сил гирифторшуда гуфт, вақте аз бемории худ огоҳт шуданд рӯҳафтода нашаванд ва саривақт ба мутахассис муроҷиат намуда аз пайи табобат шаванд.

“Имрӯз тамоми доруҳо ва ташхисҳо барои табобати сил дар кишвари мо ҳаст. Ташхиси саривақтӣ, қабули доруҳо ва риояи тавсияҳо табобати пурраи шуморо кафолат медиҳад”, – афзуд ӯ.

Силсилаи подкастҳоро Your.tj дар якҷоягӣ бо филиали Family Health International (FHI 360) дар Тоҷикистон омода кардааст.

Силсилаи подкастҳои мазкури Лоиҳаи оиди бартараф намудани бемории сил дар Тоҷикистон бо кӯмаки мардуми Амрико эҷод шудааст, ки он аз тариқи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад. Мазмун ва мундариҷаи ин муҳтаво маҳсули ҶДММ “Аломат” буда, метавонад бо нуқтаи назари USAID ва Ҳукумати ИМА мувофиқат накунад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend