fbpx

Дар Санкт-Петербург 2 ҳазор нафар муҳоҷирро шаби Соли нав боздошт кардаанд

Мухтасари хабарҳои рӯз.


1
1 point
Дар Санкт-Петербург 2 ҳазор нафар муҳоҷирро шаби Соли нав боздошт кардаанд

2 ҳазор шаҳрванди хориҷиро дар Русия аз шаҳрвандӣ маҳрум кардаанд

Дар вилояти Калугаи Русия ҳудуди 2000 нафарро бар асоси издивоҷи қалбакӣ аз шаҳрвандӣ маҳрум карданд.

Дар ин бора 28-уми декабри соли 2022 губернатори вилояти Калуга Владислав Шапша дар мулоқот бо сармуҳаррирони расонаҳои маҳаллӣ гуфтааст, менависад хабаргузории Красная Весна.

Дар вилояти Калугаи Русия ҳудуди 2000 нафарро бар асоси издивоҷи қалбакӣ аз шаҳрвандӣ маҳрум карданд.

Бино ба иттилои ин расона, Владислав Шапша гуфтааст, ки теъдоди иҷозатнома барои шаҳрвандӣ нисбат ба солҳои қаблӣ ду баробар кам шудааст.

Губернатори вилояти Калуга ҳамчунин гуфтааст, ки ин минтақа ширкат дар барномаи дарёфти шаҳрвандиро қатъ кардааст.

“Мо якҷоя бо прокуратура, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати тафтиши ақди никоҳҳои қалбакӣ корҳои зиёде анҷом додем. Дар тӯли ин шаш моҳ тақрибан 2000 нафар бо сабаби издивоҷи қалбакӣ аз шаҳрвандии худ маҳрум шуданд”, – гуфтааст Шапша.

Роҳбари вилоят ҳамчунин дар бораи вокуниши афроде, ки бо роҳи издивоҷ барои гирифтани шаҳрвандӣ талош мекунанд, гуфтааст: “Ҳоло хориҷиҳо дарк кардаанд, ки ин роҳ бастааст. 73 аризае, ки чанде пештар ба идораи САҲШ пешниҳод дода шуда буд, сабт нагардиданд. Сабаб маълум аст”.

Гуфтан ба маврид аст, ки издивоҷ бо шаҳрванди Русия яке аз роҳҳои осони ба даст овардани шаҳрвандии ин кишвар мебошад, ки бисёре аз муҳоҷирон, аз ҷумла аз Тоҷикистон аз он истифода мекунанд. Русия солҳои охир назорат аз болои дастрас кардани шаҳрвандии ин кишвар тариқи издивоҷро пурзӯр карда, мақомоти ин давлат баъзан аз ошкор шудани издивоҷҳои қалбакӣ иттилоъ медиҳанд.

Дар Санкт-Петербург 2 ҳазор нафар муҳоҷирро шаби Соли нав боздошт кардаанд

Кормандони милитсияи шаҳри Санкт-Петербург шаби Соли нави ҳудуди 2 ҳазор муҳоҷир, асосан зодагони кишварҳои хориҷи наздикро боздошт намуданд, хабар медиҳад “Фонтанка” бо истинод ба Сарраёсати ВКД.

Дар Санкт-Петербург 2 ҳазор нафар муҳоҷирро шаби Соли нав боздошт кардаанд

Дар хадамоти матбуот ба нашрия хабар додаанд, ки шаби Соли нав “ба хотири таъмини амнияти одамон, пешгирии танбашавӣ ва ҳодисаҳои нохуши эҳтимолӣ” равуо ба майдони Двортсовий маҳдуд шуда буд.

“Дар рафти санҷиш ҳолатҳои сершумори нақзи қонунгузорӣ дар соҳаи муҳоҷират ошкор ва вобаста ба онҳо чораҳои маъмурӣ андешида шуданд”, – гуфтаанд дар мақомоти пулис.

Дар Сарраёсати ВКД зикр кардаанд, ки ҳангоми чорабиниҳои идона дар майдони Двортсовий “зиёда аз даҳҳо талоши истифодаи маснуоти тарфгарӣ (пиротехникӣ) пешгирӣ шуд”, ки дар ҳолати издиҳоми зиёди мардум фоҷеабор шуда метавонист.

Навори видео ва суратҳои боздоштро дар Петербург қаблан “Фонтанка” ба нашр расонид. Ҳамчунин дар наворҳои телеграм-канали SOTA дида мешавад, ки кормандони сохторҳои қудратӣ одамонро дар Маскав боздошт мекунанд. Сарраёсати ВКД дар бораи ҳолатҳои боздошт хабар надод.

Хабаргузории РБК барои шарҳи масъала ба хадамоти матбуоти Саррраёсати ВКД дар шаҳри Санкт-Петербург муроҷиат намуда, ба Сарраёсати ВКД Русия дар шаҳри Маскав дар ин хусус дархост фиристод.

Рӯзи 30 декабр Департаменти амнияти минтақавӣ ва муқовимат бо коррупсияи Маскав хабар дода буд, ки аз соати 17:00-и 31 декабр то 07:00-и 1 январ ҳукумати Маскав равуо ба Майдони Сурхро маҳдуд мекунад. Ин тадбир вобаста ба вазъи марбут ба коронавирус рӯйи даст гирифта шуд. Зикр шуда буд, ки маҳдудиятҳо инчунин ба “амалисозии чораҳои пешгирӣ ва роҳ надодан ба ҷамъшавии издиҳоми зиёди мардум” марбут буданд.

Дар ҳамин ҳол, ТАСС хабар дода буд, ки дар давраи истироҳати солинавӣ дар Маскав баргузории тадбирҳои назорату пешгирӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ба онҳо кормандони пулис ва намояндагони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сафарбар мешаванд.

Терминали “Чорбоғ” пулакӣ шуд

Терминали навбунёди “Чорбоғ”, ки тақрибан ду моҳ пеш ба фаъолият оғоз кард ва мусобиркашҳои самти вилояти Суғд аз онҷо мусофир мегиранду мефароранд, пулакӣ шудааст: ронадагоне, ки аз ин терминал мусофир мегиранд, бояд 20 сомонӣ пардохт кунанд.

Терминали навбунёди “Чорбоғ” пулакӣ шудааст.
Акс аз Asia-Plus

Се ронандаи мусофиркашони самти вилояти Суғд дар суҳбат бо “Азия-Плюс” инро тасдиқ карда, гуфтаанд, ки ин тартиб шурӯъ аз 1-уми январи соли 2023 ҷорӣ гардид.

Ба таъкиди онҳо, то ин вақт, яъне тақрибан ду моҳ онҳо аз терминал ройгон истифода мекарданд.

Бино ба гуфтаи манбаъ барои истифодаи терминал ба ғайр аз 20 сомонӣ, боз роҳхат барои 1 ҳафта бо пардохти 20 сомонӣ ва иҷозатномаи кашонидани мусофир, ки бо пардохти беш аз 100 сомонӣ аз ҷониби ниҳодҳои масъул дода мешавад, талаб мегардад.

“Таксиҳое, ки аз дохили шаҳр мусофир мегиранд, ба терминал маблағ пардохт намекунанд. Вале онҳое, ки ба терминал медароянд, бояд 20 сомонӣ пардохт кунанд. Навобаста ба он ки ҳамон рӯз мусофир гирифта ба роҳ мебароянд ё не”, – гуфтааст манбаъ.

Гуфта мешавад, ки қаблан дар терминали “Маром”, ки таксиҳои самти вилояти Суғд пештар аз онҷо мусофир мегирифтанд, низ ин миқдор маблағ пардохт мекарданд.

Ба гуфтаи ронандагон бо иловаи ҳуҷҷатҳое, ки онҳо барои мусофирбарӣ мегиранд, талаби 20 сомонӣ барои истифодаи терминал каме гарон аст ва хуб мешуд онро арзонтар ё пурра аз байн мебурданд.

Гуфта мешавад, ки маблағи ҷамъовардашуда барои таъмиру тармим ва дигар хароҷоти терминал сарф карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси қарори Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, сар аз 21-уми октябр, тамоми мошинҳои мусофирбар, ки аз самти вилояти Суғд меоянд, дар терминали навбунёди “Чорбоғ” таваққуф мекунанд ва ҳамин тавр, аз ин терминал мусофир гирифта, ба самти вилояти Суғд бармегарданд. Терминали мазкур дар даромадгоҳи шимолии пойтахт бунёд гардидааст.

Қаблан мошинҳои мусофирбари самти вилояти Суғд бо мусофирони худ вориди шаҳр гардида, дар аксар ҳолат мусофирони хешро то ба манзил мерасониданд. Ҳангоми бозгашт, онҳо аз терминали “Маром”, воқеъ дар наздикии корхонаи “Сементи тоҷик” мусофир мегирифтанд.

Сабаби иқдоми мазкур кам кардани тамбашавии мошинҳо дар даромадгоҳи Душанбе намида мешавад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend