Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 22:0618.08.2021
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон мегӯяд, супурдани андоз ё молиёт ба давлат сарватмандонро аз пардохти закот озод намекунад.
Ин Шӯро, ки ягона ниҳоди содиркунандаи фатво дар кишвар аст, дар сомонаи расмиаш навишт, "супоридани андози мол ба закот дохил намешавад, зеро закот дастури шариат буда, ҳисоби он ҷудогона аст."
Мутобиқи таълимоти дини Ислом пайравони он ки дороиҳояшон давоми сол аз меъёри муайян боло аст, бояд қисме аз сарваташонро ба шахсони нодор ва муҳтоҷ хайр кунанд.
Шӯрои уламои Тоҷикистон эълом дошт, ки имсол аз даромади 25 ҳазор сомонӣ фард бояд 625 сомонӣ закот диҳад.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 45-солаи ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон хабар медиҳад, ки ба таҷовуз ва куштори ноболиғи 9-сола гумонбар мешавад.
ВКД бо пахши ахбори расмӣ навиштааст, ки ҳодиса рӯзи 16-уми августи соли равон, тахминан соати 14:00 рух дод, ин мард дар ҳолати мастӣ духтарбачаи 9-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҳилолирро ба манзили истиқоматиаш оварда, ду маротиба ба номусаш таҷовуз карда, баъдан ӯро ба қатл расонидааст.
Гуфта мешавад, ки алайҳи гумонбаршаванда бо моддаҳои 104 қисми 2 ва 138 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
Мақомот аз ин бештар ҷузъиёти дигар надодааст.
Русия бо Тоҷикистон шумораи парвозҳои мустақим миёни Душанбе-Маскавро то 14 парвоз зиёд кард. Акнун ҳар ҳафта дар хатсайри Душанбе-Маскав-Душанбе ширкати ҳавопаймоии ватанӣ “Сомон Эйр” 7 парвоз ва ширкати “ЮтЭйр” 7 парвоз анҷом медиҳанд, гуфта мешавад дар баёнияи Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон, ки нусхаи он ба идораи Your.tj дастрас гардид.
Дар баёния гуфта мешавад, ки дар баробари афзоиш ёфтани парвозҳои мунтазами байналмилалӣ дар хатсайри Душанбе-Москва-Душанбе, қарор қабул шудааст, ки аз фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб ба фурудгоҳҳои байналмилалии Федератсияи Русия, ки парвозҳои байналмилалӣ дар ин фурудгоҳҳо барқарор шудаанд, як парвозӣ дар як ҳафта дар ҳамаи самтҳои барқароршуда амалӣ карда шаванд.
Ҳамчунин як манбаи муътамад дар Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ба Your.tj гуфт, ки иҷоза додан барои як парвози ба ҳама шаҳрҳои Русия, ки иҷозаи қабули парвозҳои байналмилалиро доранд, метавон гуфт, ки парвозҳои доимӣ бо Русия қариб, ки пурра барқарор шудаанд.
“Аз се фурудгоҳи кишвар дар як ҳафта ба шаҳрҳои Новосибирск, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Кемерово, Перм ва дигар шаҳрҳои бузурги Русия ширкатҳо метавонанд, ки як парвозӣ анҷом диҳанд. Ҳамчунин бо зиёд шудани шумораи парвозҳо арзиши чиптаҳо то 50% поин меоянд”, – гуфт ин манбаъ.
Дар давоми панҷ соли охир беш аз 204 ҳазор сокини Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро пазируфтаанд.
Омори нашркардаи Вазорати корҳои дохилии Русия баёнгари он аст, ки аз миёни кишварҳои Осиёи Миёна беш аз ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон шиносномаи Русияро гирифтаанд. Танҳо дар шаш моҳи имсол 44 ҳазору 196 шаҳрванди Тоҷикистон ҳамзамон шаҳрванди Русия шудаанд.
Тоҷикистону Русия дар бораи душаҳрвандӣ созишнома доранд. Яъне, шаҳрвандони ду кишвар метавонанд, ҳамзамон шиносномаи ҳарду давлатро дошта бошанд.
Кормандони полиси пойтахти Русия ҷасади як зани тоҷикро аз дарёи Маскав ёфтанд, ки бо чаҳор зарби корд кушта шудааст.
Пайвандони Умеда Маллаеваи 35-сола рӯзи 18-уми август ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ӯ як ҳафта пеш нопадид шуда буд. “Вақте аз ӯ дараке нашуд, ба Шуъбаи полиси Маскав муроҷиат кардем. Ду рӯз қабл ҷасадашро аз дарё ёфтанд”, -- хабар дод яке аз наздиконаш.
Умеда Маллаева омӯзгори синфҳои ибтидоӣ дар мактаби ноҳияи Данғара буда, 5 сол қабл ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафтааст.
Имрӯз, 18 август раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як маросими хос ба 120 нафар мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супоридааст. Дар ин бора, Хадамоти матбуотии президент хабар медиҳад.
Манбаъ менависад, ки ин қадрдонӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, супорида шуд.
Ҳарчанд дар хабари дафтари матбуоти раиси ҷумҳур ному насаби ҷоизабурдаҳо оварда нашудааст, аммо аз аксҳое, ки ин ниҳод нашр кардааст, дида мешавад, ки дар миёни ҷоизабурдаҳо раисони се вилояти Тоҷикистон, бархе мансабдорони ҳозиру собиқи кишвар, вакилони порлумон, сафирону дипломатҳо ва омӯзгорону олимони ҷавон ва дигар чеҳраҳои фарҳангӣ, ниҳз ҳастанд.
Читайте также
Додгоҳи олӣ 12 сол ҳукми гумонбар дар куштори таксистро бекор кард
3 дня назад
“Обу корези Душанбе” ба нигарониҳо аз “мазза ва бӯйи” оби нӯшокӣ вокуниш кард
3 дня назад
Омодагӣ ба зимистон. Дар Душанбе 3300 иншоотро бо гармӣ таъмин карданиянд
4 дня назад
SIYOMA: яке аз брендҳои муосири Тоҷикистон чӣ гуна сохта мешавад | TJ.BRAND #1
4 дня назад
Президент супориш дод, ки истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ афзоиш дода шавад
5 дня назад