fbpx

Дар Душанбе мехоҳанд Осорхонаи Садриддин Айниро тахриб кунанд

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои рӯз мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Осорхонаи адабии устод Садриддин Айнӣ
Акс аз сомонаи Спутник Тоҷикистон

Ҳалокати ду кас аз заҳролудшавӣ дар Хатлон. Ду нафари дигар бистарӣ ҳастанд

Ду узви як оила дар ноҳияи Балҷувон аз заҳролудшавӣ ҷон бохта, ду каси дигар дар шифохонаи бемориҳои сироятии шаҳри Кӯлоб бистарӣ шудаанд. Дар миёни онҳо кӯдакон низ ҳастанд.

Заҳролудшавии чаҳор кас шаби 6 ба 7-уми ноябри имсол рӯй додааст. Ба нақли манобеъ, ба назар мерасад, онҳо аз ғизо заҳролуд шудаанд, вале тафтиш пурра ба анҷом нарасидааст.

Пизишкон гуфтанд, дар аввал сабаби бемории онҳо маълум набуд. Сипас, ба қавли Абдукарим Шокиров, сартабиби шифохонаи касалиҳои сироятии Кӯлоб, “ташхис дар Душанбе сабабашро фосфори органикӣ номид”. Фосфори органикӣ доруе аст, ки бештар деҳқонҳо истифода мекунанд.

Дар Душанбе мехоҳанд Осорхонаи Садриддин Айниро тахриб кунанд

Дар Душанбе тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, масъалаи тахриби Осорхона (Хона-музей)-и сардафтари адабиёти шӯравии тоҷик Садриддин Айнӣ баррасӣ мешавад, хабар додааст “Азия-Плюс” дар такя ба манобеи худ.

Ба гуфтаи манбаъ, дар бораи тахриби осорхона аз номи муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нома расидааст.

“Дар мактуб гуфта мешавад, осорхона ба нақшаи нави генералии шаҳр мувофиқ набуда, гӯиё симои зоҳирии гирду атрофро коста мекунад. Ҳоло маълум нест, ки ба ҷойи он чӣ сохта мешавад”, – хабар дод манбаъ.

Дар шаҳрдории пойтахт ба “Азия-Плюс” ваъда доданд, ки оид ба ин масъала маълумот пешниҳод хоҳанд кард.

Ҳамчунин доир ба шарҳи ин масъала ба Эраҷ Айнӣ, набераи Садриддин Айнӣ муроҷиат намудем, лекин аз сухан гуфтан дар ин бора ӯ худдорӣ варзид.

Корхонаву дармонгоҳҳои Кӯлобро барои 150 миллион сомонӣ қарз ба додгоҳ кашиданд

Дар Кӯлоб дасти кам 10 корхонаву ташкилотро ба додгоҳ кашиданд, хабар медиҳад агентии “Фараж”.

Ба иттилои манбаъ, Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб ин теъдод корхонаҳоро, ки аз ҳаққи истифодаи барқ қарздоранд, ба додгоҳи иқтисодӣ кашидааст.

Манбаъ аз қавли Ҳамидулло Ғафуров, роҳбари тиҷории Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб менависад, ки қарзи 10 корхонаву ташкилотҳои ин шаҳр ба 150 миллиону 541 ҳазор сомонӣ баробар аст.

Гуфта мешавад, аз ин қарз 41 миллиону 341 ҳазораш аз корхонаҳои саноатӣ, ғайрисаноатӣ, кишоварзӣ, 2 миллиону 795 ҳазораш қарзи ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва коммуналӣ, 8 миллиону 899 ҳазораш аз насосҳову пойгоҳҳои обкашӣ ва беш аз 97 миллиону 402 ҳазори дигараш аз аҳолӣ мебошад.

Миёни қарздорон, номи Беморхонаи вилоятии дар шаҳри Кӯлоб, Дармонгоҳи “Зарқалъа”, Беморхонаҳои марказии ноҳияи Кӯлоб ва Мӯъминобод низ номбар шуданд, ки давоми 10 моҳи ахир қарзи истифодаи барқро пардохт накардаанд.

Ҳарчандуд додгоҳ даъворо ба манфиати идораи шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб ҳал кардааст, аммо ин идораҳо то ҳол маблағи қарзашонро насупоридаанд.

Давомнокии умри инсон дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳазор шасхони калонсол зиндагӣ мекунанд, ки қариб 6% аз шумори умумии аҳолиро ташкил медиҳад. Аз онҳо синни 56 ҳазор нафар аз 80-сола боло буда, ба 11,2% аз шумори умумии шахсони пиронсол баробар мебошад.

Зимни як конфронси марбут ба ин масъала дар Душанбе охири моҳи октябр, ки дар он мушкилоти афроди имконияташон маҳдуд ва роҳҳои ҳалли онҳо баррасӣ шуданд, чунин маълумоти Вазорати тандурустӣ садо дод.

Зикр шуд, ки соли 2020 давомнокии миёнаи умр дар Тоҷикистон 75,1 сол: барои мардон 73,5 сол ва занон 76,8 солро ташкил додааст.

Дар баробари ин, таҳлил нишон медиҳад, ки давомнокии умри аҳолии деҳот нисбат ба шаҳрҳо 5,2 фоиз зиёд буда, 76,1 солро ташкил медиҳад: барои мардон 74,6 сол ва барои занон 77,7 сол.

Дар конфронс зикр шуд, ки соли 2000 давомнокии миёнаи умр дар Тоҷикистон 68,2 солро ташкил дода, дар соли 2011 то 72,5 сол зиёд шудааст.

Тибқи пешгӯйиҳо,то соли 2030 шумори афроди синнашон аз 60-сола боло ба зиёда аз 11,5% аҳолии кишвар расида, метавонад ба рӯйи кор омадани мушкилоти муайяне боис гардад ва роҳҳои ҳалли таъҷилӣ тақозо намояд.

Тоҷикистон бори дигар пешниҳод кард, ки омода аст барои расонидани ёриҳо ба Афғонистон даҳлез боз кунад

Тоҷикистон бори дигар ҷиҳати мусоидат ба ҷомеаи байнулмилалӣ дар расонидани кумаки башардӯстона ба Афғонистон тавассути қаламрави худ изҳори омодагӣ кард.

Ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Русия, дар ин хусус зимни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо (ИА) оид ба Афғонистон Томас Никлассон изҳори назар шуд.

“Сафири Тоҷикистон бо тазаккур аз имкониятҳои нақлиётӣ ва логистикии кишвар, омодагии ҷумҳуриро ҷиҳати мусоидат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дар масъалаи интиқоли кӯмакҳои башардӯстона ба аҳолии Афғонистон тавассути қаламрави Тоҷикистон изҳор дошт”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, дар рафти суҳбат ҷонибҳо роҷеъ ба вазъи кунунии Афғонистон ва эҳтимоли таҳдиди он ба амнияти минтақа изҳори назар карданд.

Дар Тоҷикистон боз ду нафар гирифтори коронавирус шуд: омори нави Вазорат

Дар Тоҷикистон боз ду нафари дигар гирифтори коронавирус шуд, хабар дод Вазорати тандурустӣ.

Ба иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта ду ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус миёни шаҳрвандон сабт гашт.

Рӯзи нуҳуми ноябр низ вазорат аз гирифтор шудани ду нафар ва ҳамзамон шифо ёфтани ду бемори дигар хабар дода буд.

Ба ҳамин минвол аз замони пайдоиши ин маризӣ дар Тоҷикистон, ба иттилои расмӣ, 17 090 нафар гирифтори он гардиданд, ки аз ин миён 16 962 нафар шифо ёфтанд.

Ҳамчунин табибон ҷони 124 бемори COVID – 19-ро наҷот дода натавонистанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend