«150-200 сомонӣ». Шикояти шаҳрвандони Ӯзбекистон аз пулситонии марзбонони тоҷик
Нашрияи ӯзбекии онлайни Kun.uz сарҳади Тоҷикистонро бинобар сабаби арзиши баланди пулситонии ғайриқонунӣ барои гузаштан аз марз “гаронтарин” номидааст. Бино ба маълумоти нашрия, дар сарҳади Қазоқистону Қирғизистон ҳам пул мегиранд, лекин камтар.
Хабарнигори нашрия аз гузаргоҳҳои марзӣ бо Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистон боздид намуда, зикр кардааст, ки “ҳақ”-и аз ҳама зиёдтар дар гузаргоҳи “Ойбек” (Ӯзбекистон” – “Фотеҳобод” (Тоҷикистон) ба назар мерасад.
«Шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки мехостанд ба Тоҷикистон бираванд, гуфтаанд, маҷбур шудаанд, ки то се соат интизор шаванд ва аз ҳар кадоме 150-200 сомонӣ пул талаб кардаанд», – менависад нашрия.
Гуфта мешавад, барои ин марзбонони тоҷик гӯиё як усули хеле содда, вале ба асабҳо таъсиррасонро интихоб мекунанд, яъне маҷбур мекунанд, ки муддати тӯлонӣ интизор шаванд.
Расман: Дар Душанбе дафтари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон боз шуд
Дар Душанбе дафтари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон кушода шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон хабар доданд.
Ба гуфтаи манбаъ, дар ҳоли ҳозир дар ин дафтар, ки дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷойгир аст, таъмир рафта истодааст. Пас аз таъмир, Ҷабҳаи муқовимат нишасти матбуотӣ баргузор карда, дар бораи барномаи фаъолияташ дар Тоҷикистон нақл мекунад.
Пештар аз ин сиёсатшиноси тоҷик Амири Замон аз кушодани ин дафтари корӣ хабар дода буд. Ҳамин маълумотро дар шабакаи телеграмми худ директори Маркази таҳлилии Ҷамъияти сиёсатшиносони Русия, роҳбари Маркази омӯзиши сиёсати Афғонистон Андрей Серенко низ тасдиқ намуда буд.
Дар Раёсати иттилооти ВКХ Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” дар ин робита хабар доданд, ки онҳо чунин маълумот дар даст надоранд.
Аммо раиси Бунёди Аҳмадшоҳи Масъуд мавҷудияти дафтари ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар Душанберо рад кардааст. Аҳмад Валӣ Масъуд, раиси Бунёди Аҳмадшоҳи Масъуд ба Sputnik Тоҷикистон гуфтааст, дар Тоҷикистон ин бунёд чанд сол пеш сабти ном шуда ва тақрибан як соли қабл омодагиҳо барои кушодани дафтар шуруъ шуда буд.
“Аз ин хотир дафтаре, ки дар Тоҷикистон ҳаст, марбути бунёди Аҳмадшоҳи Масъуд аст, на Ҷабҳаи муқовимаити милии Афғонистон”, – гуфтааст ӯ.
Чин доштани пойгоҳҳои низомӣ дар Осиёи Марказиро рад кард
Сухангӯи вазорати хориҷаи Чин Ван Венбин гуфтааст, ки Чин дар Осиёи Марказӣ пойгоҳи низомӣ надорад.
“Ман бо итминони комил гуфта метавонам, ки Чин дар Осиёи Марказӣ ягон пойгоҳи низомӣ надорад”, – гуфт дипломат.
Дар ҳамин ҳол, ӯ мустақиман ба ин суол бо дархости тасдиқи изҳороти ҷониби Тоҷикистон дар бораи бунёди пойгоҳи вижаи Чин дар дараи Вахони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои Вазорат посух надодааст.
Қаблан маълум шуд, ки мақомоти Чин қасд доранд дар дараи Вахон як пойгоҳи вижа бунёд кунанд. Ҳукумати Тоҷикистон дар ҷаласаи порлумон тарҳи таъсиси пойгоҳ дар ВМКБ дар наздикии марз бо Афғонистонро тасвиб кард. Зимнан зикр гардид, ки он бар асоси созишномаи Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сохта мешавад.
Сухангӯи президенти Қирғизистон: Ҳарфҳои Ҷабборов дар бораи марз “таҳриф” шудаанд
Сухангӯи президенти Қирғизистон Эрбол Султонбоев ба вокунишҳо дар бораи суханҳои раисҷумҳур Содир Ҷабборов роҷеъ ба масъалаҳои марбут ба марзи ин кишвар бо Тоҷикистон посух гуфт.
Ба гуфтаи Султонбоев, баъзе аз доираҳои манфиатдор гӯё суханҳои Содир Ҷабборовро роҷеъ ба марзи Қирғизистону Тоҷикистон таҳриф мекунанд. “Онҳо бо мақсади ангехтани низоъ миёни ду ҷониб видеоҳои сохтаеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мекунанд, ки дар онҳо матни навиштаи худашон баён шудааст. Бешак, мушкили марзӣ танҳо ба нафъи як ҷониб ҳал карда намешавад. Манфиатҳои ҳар ду ҷониб бояд ба инобат гирифта шаванд. Танҳо дар ин сурат мо метавонем мушкилро аз роҳи осоишта ҳал кунем. Ҷониби Қирғизистон бовар дорад, ки мо ба як андешаи ягона омада, ҳамаро аз роҳи осоишта ҳал хоҳем кард”, – изҳор доштааст сухангӯи Ҷабборов.
Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон, рӯзи 23-юми октябр дар нишасти матбуотӣ дар Бишкек ба масъалаи баҳси сарҳад бо Тоҷикистон дахл кард. Ӯ аз ҷумла гуфт: “Ман гуфтам, мо соли 1924 ба Шумо (Тоҷикистон) Мурғобро бо масоҳати 3 миллион гектар додем. Биёед, онро ба мо баргардонед. Онҳо розӣ нестанд.”
Пирӯзии Ҷаҳон Қурбонов дар аввалин рақобаташ дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон дар Сербистон
Ҷаҳон Қурбонов, варзишгари маъруфи тоҷик, дар нахустин рақобати худ дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон дар Белгради Сербистон дар вазни беш аз 92 кило бар намояндаи Кения Элли Очола бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд. Рақиби Ҷаҳон дар даври навбатӣ, ки 31-уми октябр доир мегардад, Наренда аз Ҳиндустон мебошад.
Ба ҷуз аз Ҷаҳон Қурбонов, рӯзи 28-уми октябр боз ду муштзани тоҷик дар даври муқаддамотӣ рақобат карда, ноком шуданд. Хусравхон Раҳимов дар вазни то 57 кило аз Йилмар Гонзалез (Колумбия) ва Саидикром Амонов дар вазни то 67 кило аз Мартин Скожейм (Норвегия) шикаст хӯрданд.
Меъёри бозтамвил дар Тоҷикистон боз боло рафт
Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бори чорум дар соли ҷорӣ меъёри бозтамвилро аз 13% то ба 13,25%-и солона боло бурд. Дар қарори Кумитаи сиёсати пуливу қарзии Бонки миллӣ гуфта мешавад, меъёри навшуда аз 25 октябр амал мекунад.
Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи феврали соли равон меъёри бозтамвил то 11%-и солона, охири моҳи апрел – то 12% ва охири моҳи июл – то 13%-и солона боло бурда шуд.
Бонки миллӣ шарҳ медиҳад, ки чунин қарор бо назардошти афзоиши фишори таваррум ва нигаҳдории нарху тарифҳо дар давраи миёнамуҳлат дар доираи нишондиҳандаи мақсаднок қабул шудааст.
Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои соли 2021 аз ҷониби Бонки миллӣ чун соли пешин дар сатҳи 6,0% (+/-2 б.ф.) муқаррар шудааст.
Тибқи маълумоти БМТ, сатҳи таваррум давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон 5,3%-ро ташкил дод, ки 0,2 банди фоизӣ болотар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.