fbpx

Тавофуқи Тоҷикистону Қирғизистон бобати баркандани пулҳои пиёдагард дар марз

Мухтасари хабарҳои рӯз, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


-1
-1 points
Акс: хадамоти матбуоти намояндаи ваколатдори президенти Қирғизистон

Тавофуқи Тоҷикистону Қирғизистон бобати баркандани пулҳои пиёдагард дар марз

Дар деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара рӯзи 27 октябр вохӯрии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндаи ваколатдори президенти Қирғизистон дар вилояти Ботканд Абдукарим Алимбоев баргузор шуд.

Дар вохӯрӣ раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ва раиси ноҳияи Ботканд Учқунбек Ҷоробоев, инчунин роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду вилоят низ ҳузур доштанд.

“Аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунид ҷонибҳо дар бораи баркандани ду пули пиёдагард, ки сохтмонашон дар қаламрави деҳоти Сомониёни Тоҷикистон ва мавзеи Ӯчтеппаи Қирғизистон оғоз гардида буд, тавофуқ ҳосил карданд”, – гуфтанд дар шаҳрдории Исфара. Ҳамчунин дар ҷараёни гуфтушунид тасмим гирифта шуд, ки дар наздикии қитъаҳои баҳсии марз корҳои сохтмон пурра боздошта шаванд. Ҷонибҳо инчунин қарори муштарак қабул намуданд, ки дар сурати гузаштани чорво аз сарҳад, он баргардонида мешавад.

Коҳиши вуруди сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон идома дорад

Давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон 183 ҳазор нафар, ки тибқи методологияи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамчун сайёҳ арзёбӣ мешаванд, аз Тоҷикистон боздид намудаанд.

Тибқи маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2020 вуруди сайёҳон ба андозаи 57,9% кам шудааст. Дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ шумори шаҳрвандони хориҷии аз Тоҷикистон боздидкарда бо ҳама гуна мақсад (кор, истироҳат ва ғайра) дар маҷмӯъ 344 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки 3,2 % камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст.

Вуруди бештари шаҳрвандони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ аз кишварҳои зерин ба қайд гирифта шудааст: – Ӯзбекистон – 193,6 ҳаз.; – Русия – 93,6 ҳаз.; – Афғонистон – 14,2 ҳаз.; – Қирғизистон – 5,5 ҳаз.; – Қазоқистон – 9,6 ҳаз.; – Туркия – 2,4 ҳаз.; – Чин – 3,7 ҳаз.; – ИМА – 2,4 ҳаз.; – Эрон – 1,8 ҳаз.

Тоҷике, ки 2 занро дар Русия кушт, ба 24 соли зиндон маҳкум шуд

Суди вилояти Маскав шаҳрванди Тоҷикистон Ҷасурҷон Усмонови 27-соларо барои даст доштан дар қатли Виктория Борковская, омӯзгори Донишгоҳи иқтисодии Русия ба номи Г.В.Плеханов ва модарӣ ӯ ба 24 соли зиндон маҳкум кард.

Моҳи ноябри соли 2020 Усмонов дар хонаи хусусӣ дар деҳаи Поярковои ноҳияи Солнечногорски вилояти Маскав ба таъмир хона машғул буд, лекин фармоишгарон аз сифати корҳо норизо буданд. Ба гуфтаи ӯ, Борковская 20 ҳазор пули боқимондаи корро надодааст, аз ин рӯ, вай хашмгин шуда, корд ба даст мегирад.

Усмонов ду занро кушта, сипас кӯшиш мекунад, ки духтари 6-солаи омӯзгорро низ ба қатл расонад. Ба духтарчаи захми вазнин бардошта муяссар мешавад, ки аз телефони модараш ба дӯсти оила занг зада, дар бораи ин ҳодиса хабар диҳад. Дӯсти модараш дарҳол ба пулис ва ёрии таъҷилии тиббӣ занг зада, вале то расидани онҳо, 2 зани калонсол ба ҳалокат мерасанд.

Лоиқ Раҷабов дар мусобиқа аз ҳарифи бразилягиаш шикаст хурд

Дар толори Hard Rock Hoteland Casino-и Голливуд мусобиқаи Лигаи касбии муҳорибаҳои омехта ё PFL (Professional fight league) дар вазни сабук доир гардид. Дар чаҳорчӯби ин мусобиқа варзишгари маъруфи тоҷик Лоиқ Раҷабови 30-сола ва Рауш Манфиои 29-сола аз Бразилия қувваозмоӣ карданд.

Бо қарори якдилонаи ҳакамони мусобиқа (48-46, 48-46, 49-46) Рауш Манфио ғолиб дониста шуд. Дар мусобиқаҳои ММА ин пирӯзии 15-уми варзишагри бразилиягӣ аст (4 бохт).

Дар навбати худ, Раҷабов бори чорум аст, ки ба шикаст дучор мешавад (12 ғалаба), хабар медиҳад championat.com.

Тоҷикистон аз ташаббуси шиносномаҳои зиддиковидӣ дар ИДМ ҷонибдорӣ мекунад

Тоҷикистон ташаббуси эътирофи шиносномаҳои зиддиковидиро дар кишварҳои ИДМ мусбат арзёбӣ намуда, ба баррасии ин масъала омода аст.

Сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ Наврӯз Ҷаъфаров дар ин робита изҳор намуд, ки ҷумҳурӣ ин пешниҳодро дастгирӣ намуда, эътирофи мутақобилаи шиносномаҳои зиддиковидиро дар кишварҳои ИДМ мусбат арзёбӣ мекунад.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон котиботи ИДМ механизмеро таҳия карда истодааст, ки ба амалисозии ин расмиёт кумак мекунад. Ҷаъфаров таъкид дошт, ки шиносномаи зиддиковидӣ ҳамон гувоҳнома (сертификат) дар бораи тасдиқи ваксина гирифтан аст, ки ҳозир амал мекунад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend