fbpx

Чӣ гуна тоҷикон ба забони модарии худ бармегарданд

Ҳатто онҳое, ки дар оилаҳои тоҷикзабон ба воя расидаанд, забони модарии худро такмил медиҳанд.


0
Акси марбута

Омӯзиши забони модарӣ – тоҷикӣ барои тоҷиконе, ки дар муҳити русзабон ба воя расидаанд, мушкили доғ аст. Бо вуҷуди он ки бисёре аз сокинони русзабони Тоҷикистон ба омӯхтани забони давлатӣ, курсҳои омӯзиши забони тоҷикӣ таваҷҷуҳ доранд, мутаассифона, пайдо кардани омӯзгорони соҳибихтисос низ гоҳо осон нест.

Бо вуҷуди ин, онҳое, ки мехоҳанд забони модарии худро омӯзанд, тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳанд, то бо он озодона суҳбат карда тавонанд.

Your.tj қиссаи чор тоҷикистониро гирд овард, ки ё дар раванди омӯзиши забон қарор доранд ё аллакай дар он то андозае муваффақ шудаанд. Баъзе аз ҳамсуҳбатони мо дар хонаводаҳои тоҷикзабон ба воя расидаанд, вале бо вуҷуди ин барои беҳтар донистани забони модарӣ талош мекунанд.

“Кӯшиш мекунам, ки забони тоҷикиро ба ҳаёти худ баргардонам”

Фаъоли ҷамъиятӣ ва муассиси лоиҳа Backintime.tj Фарзона Саидзода дар оилаи тоҷикзабон таваллуд шудааст. Ба гуфтаи вай, бобояш ба он ки аъзоёни оила дар хона бо ҳамдигар бо забони модарии худ муошират кунанд, аҳамияти ҷиддӣ медод.

Ҳатто бибии Фарзона, ки рус буд, бо ҳамсараш танҳо бо забони тоҷикӣ суҳбат мекард.

Бо вуҷуди он ки волидонаш забони русиро медонистанд, Фарзона онро қариб ки намедонист, зеро дар муҳити тоҷикзабон ба воя расидааст.

“Модарам аксар вақт мегӯяд, вақте ки ӯ бо бародарам афсонаҳои халқии русӣ, ба монанди “Колобок” ё “Курочки Рябы”-ро, мехонданд, мо ҳеҷ чизро намефаҳмидем ва хоҳиш мекардем, ки ба забони тоҷикӣ тарҷума кунад.

Ё, масалан, баъзан мо бо нақлиёти ҷамъиятӣ мерафтем ва модарам бо занони калонсоли рус суҳбат мекард, аммо вақте ки онҳо бо мо гап мезаданд, ману бародарам чизе намефаҳмидем”,- ба ёд меорад Фарзона.

Гарчанде ки забони модарии ӯ тоҷикӣ буд, волидон духтарашонро ба мактаби русӣ доданд, зеро ӯро ба мактаби тоҷикӣ қабул накарданд.

Сабабашро Фарзона дақиқ дар ёд надорад, аммо ба андешаи ӯ, шояд сабаб он буд, ки дар вақти ба мактаб қабул шудан вай ҳанӯз 7-сола набуд.

“Ман 2 сентябр таваллуд шудам ва аз ин рӯ нахостанд маро қабул кунанд, зеро ҳанӯз 6-сола будам. Инчунин, дар хондан низ суст будам, танҳо расмкашӣ карда метавонистам”,- бо табассум ба ёд меорад ҳамсуҳбати мо.

Фарзона 11 сол дар мактаби № 21-и шаҳри Душанбе таҳсил кардааст.

Ӯ нақл мекунад, дар синфи якум ӯ комилан забони русиро намедонист. Тавре ҳамсуҳбати мо иқрор мешавад, то синфи 7-8 аксар вақт ҳангоми истифодаи забони русӣ хато мекард, аммо бо мурури вақт ин забонро дар сатҳи забони модарии худ омӯхт.

Аз синфи 9 то 11 духтар дар олимпиадаҳои мактабӣ иштирок мекард, дар он вақт ӯ ҳатто барномаи донишгоҳии факултетҳои филологияи русро медонист.

Ба гуфтаи Фарзона, ӯ дигар камтар забони тоҷикиро дар ҳаёти ҳаррӯзааш истифода мебурд ва ба забони русӣ афзалият медод.

Ин сабабҳои худро дошт. Пеш аз ҳама, духтарак аз ҳарф задан бо лаҳҷаи самарқандии худ шарм медошт, зеро лаҳҷаҳои шимолиро аксар вақт масхара мекарданд.

“Ҳамсолони ман, ки аз минтақаҳои шимолӣ буданд, аксар вақт ба лаҳҷаҳои ҷанубӣ ҳарф мезаднд. Ман чунин гап зада наметавонистам, аз ин рӯ бо забони русӣ суҳбат мекардам. Фикр мекунам, ки ин маҳз ҳамон ҳолатест, ки ман ба фаромӯшсозии забони модариам сар кардам”,- нақл кард Фарзона.

Дере нагузашта забони русӣ забони асосии муоширати ӯ гардид. Зинаи бакалаврро низ духтарак дар донишгоҳ бо забони русӣ ва магистратураро бошад, бо забони англисӣ таҳсил кардааст.

Ҳоло Фарзона бо аҳли оилааш бештар бо забони русӣ муошират мекунад, аммо кӯшиш мекунад, ки забони тоҷикиро ба ҳаёти худ баргардонад.

“Ман забони тоҷикиро хуб мефаҳмам ва ҳоло кӯшиш мекунам, ки бештар бо он ҳарф занам. Баъзан чандон хуб наметавонам, зеро на ҳамеша калимаҳои зарурӣ ба хотир меоянд ва маҷбур мешавам бо забони русӣ омехта карда суҳбат кунам.

Аммо ин маро наметавонад боздорад, зеро барои такмил додани забони худ гоҳе ба хато роҳ додан лозим”,- гуфт Фарзона.

Духтари Фарзона забони русиро аз забони тоҷикӣ беҳтар медонад, аммо модар кӯшиш мекунад, ҳар кори аз дасташ меомадаро кунад, то фарзандаш забони модарии худро донад.

“Мо кӯшиш мекунем, ки бо ӯ на танҳо бо забони русӣ, балки бо забони тоҷикӣ низ суҳбат кунем, то ӯ пурра русзабон набошад, балки ҳарду забонро донад”,- мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Барои онҳое, ки забони тоҷикиро аз сифр меомӯзанд ё кӯшиш мекунанд, ки онро ба ёд оранд, Фарзона маслиҳат медиҳад, ки аз амалияи забон натарсанд ва ба худ иҷозат диҳанд, ки ҳангоми нутқронӣ хато кунанд.

“Одамон дар Тоҷикистон хеле меҳрубонанд ва аз ин рӯ, вақте ки бо онҳо бо забони тоҷикӣ суҳбат мекунед, аммо азоб мекашед, бо шумо фавран бо забони русӣ суҳбат мекунанд.

Ҳатто агар шахс бо забони русии шикаста ҳарф занад ҳам, кӯшиш мекунад, ки ба шумо кӯмакаш расад. Дар чунин лаҳзаҳо ман пурра ба забони тоҷикӣ ҳарф мезанам ва ба дигарон низ маслиҳат медиҳам, ки чунин кунанд. Ба забони тоҷикӣ ҳарф занед, ҳатто агар шахс ба забони русӣ гузарад ҳам”,- мегӯяд Фарзона.

Ӯ аксар вақт кӯшиш мекунад, ки видеоҳои гуногуни муосирро бо забони тоҷикӣ гӯш кунад, то нутқи зинда ва табииро беҳтар фаҳмад.

“Мутаассифона, рӯзноманигорон ва намояндагони ВАО-и мо аксар вақт забонро мураккаб мекунанд, ки ин ба одами одӣ камтар фаҳмо мегардад”,- шикоят кард Фарзона.

“Гуногунии лаҳҷаҳо монеаи забонро ба вуҷуд овард”

Дар оилаи Насиба Ҳасанова, қаҳрамони навбатии мо низ танҳо ба забони тоҷикӣ суҳбат мекарданд. Ба гуфтаи ӯ, то он даме ки дар синни 5-6 солагӣ бо оилааш ба Ёқутистон (Ҷумҳурии Саха, Русия) накӯчид, забони русиро намедонист.

“Ман танҳо баъзе калимаҳои алоҳидаро медонистам, аммо ба забони русӣ тамоман гап намезанам”,- мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Насиба таҳсилоти миёнаро дар мактаби ин кишвар гирифтааст. Пеш аз он ки ба синфи якум равад, падараш як сол ба ӯ забони русиро ёд дод.

Таҳсил ва зиндагӣ дар муҳити русзабон, ба Насиба имкон дод, ки забони русиро ба таври назаррас беҳтар кунад, гарчанде ги, ба гуфтаи ӯ, солҳои аввали таҳсил барояш душвор буд, зеро он вақт ҳанӯз забонро меомӯхт.

Бо вуҷуди он ки бо падару модар ва хешовандонаш бо забони тоҷикӣ муошират мекард, забони русиро хеле беҳтар медонист, зеро ба ғайр аз оила, ӯ касе надошт, ки бо забони модарии худ суҳбат кунад.

“Бо наздиконам бо забони тоҷикӣ хеле озодона муошират мекардам. Мутаассифона, на бо забони адабӣ, аммо бо вуҷуди ин, ман кӯшиш мекардам, ки бо хешовандонам танҳо бо забони тоҷикӣ суҳбат кунам”,- мегӯяд қаҳрамони мо.

Пас аз хатми мактаб, духтар ба зодгоҳаш Тоҷикистон баргашт ва чун бисёр лаҳҷаҳои тоҷикиро намефаҳмид, бо монеаи шадиди забон рӯ ба рӯ шуд.

“Лаҳҷаи маҳаллии шаҳри Душанберо каму беш мефаҳмидам, аммо бо шеваву лаҳҷаҳои дигар мушкил ба миён меомад.

Забони адабӣ низ дар аввал душвор буд, зеро ман онро дар мактаб наомӯхта будам”,- гуфт Насиба.

Вай зиёда аз даҳ сол боз дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад. Дар ин муддат ба ӯ муяссар шуд, ки забони тоҷикиро, пеш аз ҳама, тавассути мутолиа мустаҳкам кунад.

“Ҳангоми хондани матнҳои тоҷикӣ бисёр калимаҳои навро омӯхтам ва забони модариамро, махсусан нутқи хаттиро беҳтар кардам”,- мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Насиба аз забони англисӣ дарс медиҳад ва ҳамчун омӯзгор ба ҳар касе, ки мехоҳад забонро омӯзад, маслиҳат медиҳад, ки бештар луғат азхуд кунад.

“Барои беҳтар кардани сатҳи забони тоҷикӣ аз болои худ кор карданро давом медиҳам ва тавсия медиҳам, ки ҳангоми хондани ягон адабиёт аз луғатҳо истифода бурда, ба худ калимаҳои навро нависта гиред.

Худам низ чунин мекунам ва гуфта метавонам, ки ин усул воқеан самаранок аст”,- мегӯяд Насиба.

Забони тоҷикӣ мавқеи забони русиро пурра танг кардааст

Маҳина (бо хоҳиши қаҳрамон ном иваз карда шудааст – шарҳи муҳаррир) дар Душанбе дар миёнаи солҳои 1970-ум дар оилаи интернатсионалӣ таваллуд шудааст.

Падараш тоҷик, модараш украин аз вилояти Донетски Украина аст. Дар оилаи онҳо бо забони русӣ суҳбат мекарданд.

Маҳина ҳам таҳсилоти миёна ва ҳам таҳсилоти олиро бо забони русӣ гирифтааст. Ҳамсуҳбати мо иқрор шуд, ки то синни 21-солагӣ забони тоҷикиро тамоман намедонист. Ӯ мегӯяд дар байни атрофиёнаш умуман тоҷикзабонон набуданд, бо хешовандон, наздикон ва дӯстонаш танҳо бо забони русӣ муошират мекард.

“Гарчанде дар мактаб забони тоҷикиро хеле хуб дарс медоданд, ман ва аксари ҳамсинфонам ба он аҳамияти зиёд намедодем ва шахсан ман аз он пушаймонам”,- ба ёд меорад ин зан.

Пас аз хатми донишгоҳ, Маҳина дар синни 21-солагӣ дар сохторҳои давлатӣ ба кор оғоз кард. Дар он вақт Тоҷикистон аллакай истиқлолият ба даст оварда буд ва азбаски забони ягонаи давлатӣ забони тоҷикӣ буд, кормандони муассисаҳои давлатӣ бояд онро медонистанд.

Маҳина забонро хеле зуд азхуд кард. Пас аз як моҳи кор онро қариб пурра мефаҳмид, пас аз се моҳи дигар ӯ каму беш ба забони тоҷикӣ гап заданро омӯхт.

“Вақте ба муҳити комилан нави забон ворид мешавед, ихтиёран ба он забон одат мекунед ва онро беҳтар мефаҳмед.

Ман ҳам ҳамин тавр шудам. Бале, дар аввал, албатта, ин кори осон набуд, аммо бо муошират бо мардум ва гӯш кардани нутқи тоҷикӣ, худам ба зудӣ бо забони тоҷикӣ озодона суҳбат кардам”,- нақл кард ӯ.

Қариб 30 сол аст, ки Маҳина асосан ба забони тоҷикӣ ҳарф мезанад. Забони тоҷикӣ дар ҳаёти ин зан чунон мустаҳкам ҷой гирифт, ки гоҳе ҳатто ба худ меандешад, забони русиро, ки аз замони таваллуд бо он ҳарф мезад, фаромӯш кардааст.

“Чанд моҳ пеш бо як дӯсти русзабони замони донишгоҳ суҳбат карда будам. Барои ман баёни фикр ба забони русӣ хеле душвор ва ғайриодӣ буд!

Дар муоширати доимӣ бо забони тоҷикӣ ман пай набурдам, ки чӣ гуна забони русӣ аҳамияти дуюмдараҷа пайдо кардааст”,- мегӯяд Махина.

Ба забони русӣ зан танҳо бо кӯдакон аз рӯи одат муошират мекунад. Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ вай танҳо забони тоҷикиро истифода мебарад ва ба забони русӣ намегузарад.

Маҳина мутмаин аст, ки омӯзиши забони тоҷикӣ, вақте асосан дар муҳити тоҷикзабон зиндагӣ мекунед, чандон душвор нест.

“Дар солҳои мактабхонии ман дар Душанбе забони русӣ бартарӣ дошт, аммо ҳоло ҳамааш тағйир ёфтааст. Шумораи зиёди одамон бо забони тоҷикӣ ҳарф мезананд ва агар ҳамеша дар муҳите бошед, ки ҳама бо забони тоҷикӣ муошират мекунанд, омӯзиши забон хеле осонтар ва зудтар мешавад.

Аммо, дар ин ҷо, албатта, ҳамааш аз хоҳиши худи шахс вобаста аст. Масалан, як шиносам, ки рустабор аст, дар тӯли 40 соли зиндагӣ дар Тоҷикистон ҳатто калимаҳои рӯзмарраи тоҷикӣ ва ибораҳои оддитаринро наомӯхтааст. Гарчанде бо ӯ дар як сатҳ будем, ман ҳам қаблан танҳо бо забони русӣ ҳарф мезадам.

Яъне ӯ ба омӯхтани забони тоҷикӣ чандон ниёз надошт. Аммо ман боварӣ дорам, агар шахс хоҳад забонро омӯзад, ҳатман ин корро мекунад, хусусан вақте касе бошад, ки бо ин забон бо ӯ муошират карда тавонӣ”,- илова кард зан.

“Маслиҳат барои омӯхтани забон хеле одӣ аст – дар амал истифода кардани забон”

Муаллифи Your.tj Алӣ Қурбонмамадов низ қиссаи худро дар бораи омӯхтани забони тоҷикӣ ба мо нақл кард.

Алӣ дар Чкаловск (ҳоло Бӯстон) таваллуд шудааст, аммо кӯдакии ӯ дар ВМКБ гузаштааст. Волидони ӯ зодагони Бадахшони Кӯҳӣ мебошанд, дар оила ҳамеша бо забони шуғнонӣ муошират мекарданд ва дар аввал Алӣ забони тоҷикиро намедонист.

Ӯ дар синни 6-7-солагӣ ба омӯзиши забони тоҷикӣ шурӯъ кард. Дар он вақт Алӣ бо холааш дар яке аз деҳаҳои ВМКБ зиндагӣ мекард ва азбаски дар мактабҳои маҳаллӣ танҳо бо забони тоҷикӣ таълим дода мешуд, холааш ба писарак дар омодагӣ ба мактаб кӯмак мекард.

“Дар ёд дорам, ки дар синфи омодагӣ мо забони тоҷикиро хуб омӯхтем. Дар ин марҳила омӯзиши забони тоҷикӣ ҳатмӣ буд”,- ба ёд меорад ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи ӯ, забони тоҷикӣ хеле зуд азхуд кард, худи раванди омӯзиш ба ӯ хеле писанд омад.

Алӣ адабиёт ва сарчашмаҳои мушаххасеро, ки ба ҷавон дар омӯзиши забони тоҷикӣ кӯмак мекарданд, ёд надорад, аммо ӯ бисёр мавзӯъҳои бунёдиро аз китоби “Алифбо” омӯхтааст.

Ба гуфтаи Алӣ, дар аввал барои ӯ фаҳмидани забони гуфтугӯи тоҷикӣ душвор буд, зеро дар мактаб забони адабиро меомӯхт.

“Дар мактаб дарсҳои адабиёти тоҷик низ мушкил буд. Бисёр калимаҳои нофаҳмо буданд, маънои онҳоро дар луғатҳо ҷустуҷӯ кардан лозим буд, зеро дар муошират ин калимаҳо тамоман истифода намешуданд”,- нақл кард ҷавон.

То гузаштан ба синфҳои болоӣ Алӣ бо забони тоҷикӣ, сипас бо забони русӣ таҳсил кардааст. Синфи 12-ро ӯ дар ИМА дар барномаи мубодилаи FLEX бо забони англисӣ хатм кардааст.

Алӣ забони тоҷикиро хуб медонад ва омӯзиши забони модарии худро муҳим мешуморад.

“Ман то имрӯз кӯшиш мекунам, то ҳадди имкон бо дӯстонам бештар бо забони тоҷикӣ суҳбат кунам. Маслиҳат барои омӯхтани забон хеле одӣ аст – дар амал истифода кардани забон, бо забони тоҷикӣ гап задан, тамошои филмҳо, хондани китобҳо хеле муҳим аст”,- афзуд ҳамсуҳбати мо.

Тарҷума аз русӣ, матни аслӣ дар ин ҷо


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend