fbpx

Боз ба як категорияи шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иҷозаи убури марзро доданд

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Акс аз сомонаи Cabar.kg

Соли 2020 ба Суғд 18 ҳазору 659 мошинро ворид кардаанд

Раёсати минтақавии гумруки вилояти Суғд аз ошкору нигаҳдории наздик ба сад автомобили тамғаи гуногуни сабукрав хабар дод, ки воридоти онҳо ба қаламрави Тоҷикистон манъ шудааст. Соли истеҳсоли ин мошинҳо то 2005 буда, феълан дар амборҳои махсуси ин ниҳод нигоҳдорӣ мешавад.

Аҳмадҷон Бобоев, муовини якуми сардори ин Раёсат гуфт, онҳо ин миқдор нақлиёти сабукравро соли гузашта ҳангоми ворид намудан ба марзи Тоҷикистон боздошт кардаву то ба ҳол дар амбор нигаҳ медоранд.

Дар асоси қарори Ҳукумати Тоҷикистон шурӯъ аз соли 2018 воридоти мошинҳои истеҳсолашон то соли 2005 ба қаламрави кишвар манъ шудааст.

Соли 2020 ба ҳудуди шимолии Тоҷикистон 18 ҳазору 659 адад воситаҳои нақлиётӣ гуногунтамға бо арзиши гумрукии 71 миллиону 823 ҳазору 670 доллари амрикоӣ ворид шудааст. Ин шумора соли 2019 ба 16 ҳазору 541 адад ва арзиши гумрукӣ 83 миллиону 862 ҳазору 997 доллари амрикоиро ташкил медод.

Бонкҳои Тоҷикистон ипотекаро зиёд кардаанд

Ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон ният доранд, ки ҳаҷми қарзҳои ипотекаро имсол зиёд кунанд, зеро дар кишвар рушди устувори бунёди биноҳои нав ба қайд гирифта шудааст.

Бонкҳои кишвар тасмим гирифтанд, ки шумораи қарзҳои ипотекаро зиёд кунанд, зеро солҳои охир дар Тоҷикистон рушди устувори бинои манзил ба қайд гирифта шудааст. Аммо ташкилотҳои қарзӣ вобаста ба имкониятҳои молиявии худ қарзҳои ипотекӣ медиҳанд.

Андозаи маблағе, ки барои қарзи ипотекӣ ҷудо шудааст, нисбатан кам аст. Масъулини бонкҳои ҷумҳурӣ мегӯянд, барои гирифтани қарзи дарозмуддат амонати дарозмуддат лозим аст. Аммо дар ташкилотҳои қарзии маҳаллӣ пасандозҳо кӯтоҳмуддат – аз як то сесола мебошанд.

Чунин муҳлати ками пасандозҳо имкониятҳо барои қарздиҳии ипотекиро коҳиш додаст. Дар маҷмӯъ, дар соли 2020, бонкҳо ба маблағи умумии 103 миллион сомонӣ, беш аз 9 миллион доллар қарзи ипотека доданд, ки ин нисбат ба соли 2019 ҳудуди 17,1 миллион сомонӣ ё худ 1,4 миллион доллар зиёд аст.

Аз Тоҷикистон ба Узбекистон сафар содатар шуд: боз як категорияи дигар

Душанбе ва Тошканд мувофиқа ҳосил намуданд, ки минбаъд тариқи сарҳадҳои заминии худ бемамониат ба гузаштани шаҳрвандони ҳар ду кишвар, ки дар қаламрави ҳамоякишвар хешовандони наздиконашон ба бемории вазнин гирифтор шуда ё фавтидаанд, иҷозаи убури сарҳадро диҳанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон.

Ин категорияи шаҳрвандон бояд бо худ шиносномаи хориҷӣ ва барқияи аз ҷониби ҳукумат тасдиқшуда дар бораи беморӣ ё фавти хешовандонашонро дошта бошанд.

Ёдрас мекунем, ки аз 1 октябри соли гузашта Ӯзбекистон сарҳадҳояш, аз ҷумла марзҳои заминияшро барои шаҳрвандони Тоҷикистон бо риояи қоидаҳои муайян боз кард.

Ситоди фаврии ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавируси Ӯзбекистон қарор кард, ки минбаъд зимни убури қаламрави ин кишвар шаҳрвандон бояд экспресс-тести пулакӣ (тақрибан 14 доллар) супоранд.

Экспресс-тест дар фурудгоҳу истгоҳҳои роҳи оҳан ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ аз ҳисоби пули шахсони ба ин кишвар воридшаванда гузаронида мешавад. Гузаштан аз тест 20 дақиқа вақтро мегирад.

Катавозай гуфт, тиллову миллионҳои дар Душанбе дастгиршуда аз ман нест

Муҳаммад Мирзо Катавозай, муовини раиси Маҷлиси намояндагон – Вулус Ҷиргаи Афғонистон гуфт, ки тиллову пулҳои дар Тоҷикистон боздоштшуда аз ӯ нест.

Ин намояндаи парлумони Афғонистон, ки ҳоло бо як сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба рӯзноманигорон ин иттилоияро рад кардааст.

Номбурда гуфтааст, ман сиёсатмадор ҳастам на тоҷир. Ӯ ҳамзамон баъзе аз назарот, ки барои ҳалли қазияи пулу тилло ба Тоҷикистон омадааст, рад карда гуфт, ин ҳама овозаҳои бепоя ҳастанд.

Ёдовар мешавем, расонаҳои Афғонистон гузориш додаанд, ки наздики 90 кило тиллою пули қочоқии боздоштшуда дар фурудгоҳи Душанбе моли Муҳаммад Мирзо Катавозай, муовини раиси Маҷлиси намояндагон – Вулус Ҷиргаи Афғонистон мебошад.

Операторони хусусии Тоҷикистон соли гузашта 243 млн доллар кор карданд

Даромади операторони хусусии ҷумҳурӣ дар соли гузашта 142 млн сомонӣ (ҳудуди 14 млн доллар бо қурби миёнаи соли 2020) афзуд.

Тавре ки Агентии омори ҷумҳурӣ хабар медиҳад, соли 2020 операторони хусусӣ 2 млрд 551 млн сомонӣ (243 млн доллар) ва соли пешин – 2 млрд 409 млн сомонӣ пул кор карданд.

Даромади воҳидҳои оператори миллии алоқаи “Тоҷиктелеком”, КВД “Почтаи Тоҷик” ва воҳидҳои Хадамоти алоқа баръакс, 88 млн сомонӣ – аз 268 млн сомонӣ дар соли 2019 то ба 180 млн сомонӣ дар соли 2020 кам шуд.

Вазни қиёсии операторони хусусӣ дар бозори алоқаи ҷумҳурӣ дар соли гузашта 93,4%ро ташкил дод. Шумори корбарони интернет то аввали соли гузашта ба 3,3 млн нафар ва муштариёни алоқаи мобилӣ – ба зиёда аз 6 млн нафар расид.

Теъдоди дастгоҳҳои телефонии низоми ҶСШК “Тоҷиктелеком” 279 ҳазор ададро ташкил медиҳад, ки 84,7 фоизашон дастгоҳҳои телефонии хонаҳо мебошанд.

Айни замон дар бозори алоқаи мобилии Тоҷикистон 4 ширкати зерин мавқеи асосӣ доранд: ҶСП «Индиго Тоҷикистон» (Tcell), ҶСП «ТТ-Мобайл» (МегаФон Тоҷикистон), ҶСП «Вавилон Мобайл» ва ҶДММ «Таком» (ZetMobile, собиқ Beeline).


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend