fbpx

Дар Суғд зане бо писараш ба фармоиши куштори се нафар гумонбар мешавад

Мухтасари хабарҳои рӯз


0

Ҷазо ба марде, ки пиразани маъюбро ба талбандагӣ маҷбур мекард

Умед Исоев, як сокини пойтахт пиразани маъюбро барои талбандагӣ ҷалб намуда, ба ин тариқ фоида ба даст меовардааст, хабар медиҳад раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.

Тибқи иттилои раёсат, “Умед Исоеви 30-сола бо мошини «Опел»-и худ ҳар рӯз пиразани ҳамдеҳаашро бо мақскади талбандагӣ ба Душанбе меоварад ва қисмати зиёди маблағҳои бо ин роҳ ба даст овардаи ин маъюби гурӯҳи 1-умро аз худ намуда, қисмати камашро ба пиразан медод”.

Айни замон нисбати Умед Исоев протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори Суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7-шабонарӯз татбиқ карда шудааст.

Зане бо писараш якбора ба фармоиши куштори се нафар гумонбар мешавад

Кормандони Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД дар вилояти Суғд се “куштори фармоишӣ” – ро ошкор кардаанд. қотил ин фармоишотро аз як модару писар гирифтааст.

Акбар Шарифӣ, сухангӯи милитсияи вилояти Суғд хабар додааст, ки ҳарду боздошт шудаанд ва дар ҳоли ҳозир дар пурсиш қарор доранд.

Тибқи тафтишот, Мағфират Қодирова, сокини 52-солаи ҷамоати деҳоти Кӯлканд ва писараш Неъматҷон Валиев ба қотил супориш додаанд, ки ду хешованди гумонбари аввал Қодирова – Абдусалом Валиев ва ҳамсараш Мунира Мадаминоваро, ки бо онҳо дар як хона зиндагӣ мекардаанд бар ивази 5 ҳазор доллар кушад.

«Ҳамчунин, як зани 35 – сола аз шаҳри Хуҷанд, ки шавҳари Қодирова бо ӯ робитаи ишқӣ доштааст, бояд аз дасти қотил мемурд. Худи шавҳари Қодирова дар зиндон аст”, – хабар додааст Шарифӣ.

Ба гуфтаи ӯ, “фармоиши қатл” – ро ба хешовандон модару писар ба далели баҳси манзиле, ки ба бародарон Валиевҳо аз волидонашон мерос мондаанд, кардаанд.

Ба гуфтаи Абдусалом Валиев, Қодирова талаб кардааст, ки ҳамроҳи ҳамсараш аз хона берун шаванд ва хонаро ба ихтиёри ӯ гузоранд.

«Неъматҷон Валиев ба корти бонкии қотили кирокардаашон ду маротиба – бори аввал 10 000 сомонӣ ва бори дуюм – 6 000 сомонӣ пул гузаронидааст. Тибқи созишнома қотил бояд боқимондаи маблағро пас аз кушторҳо мегирифт. Ӯ мебоист ҷасади кушташудаҳоро аксбардорӣ карда, ба фармоишгар нишон медод», – омадааст дар гузориш.

Бо вуҷуди ин, қотил ба полис меояд ва маъмурони милитсия куштори саҳнавии яке аз қурбониёни фармоишӣ, Абдусалом Валиевро сохта, аксҳояшро ба муштариён фиристодаанд.

Модару писар ба таври фаврӣ боздошт гардида, алайҳи онҳо бо иттиҳоми сӯиқасд ба ҷони се нафар парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Бар асоси ин модда ба онҳо аз 15 то 25 соли зиндон ё ҳабси абад таҳдид мекунад.

Тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба пайвандони Михаил Горбачёв

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба пайвандону наздикони собиқ Президенти ИҶШС Михаил Горбачёв изҳори таслият намуд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар”. Дар матни барқияи президент аз ҷумла  омадааст:

«Хабари даргузашти Михаил Сергеевич Горбачёв боиси андӯҳи мо гардид.Таъзия ва тасаллиёти самимии ин ҷонибро ба ҳамаи пайвандон ва наздикони марҳум иброз намуда, дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез ба онҳо сабри ҷамил хоҳонем».

Михаил Горбачёв, президенти аввалину охирини Иттиҳоди Шӯравӣ ва яке аз чеҳраҳои машҳури сиёсӣ дар ҷаҳон дар синни 91-солагӣ дар пойтахти Русия даргузашт.

Зикр мешавад, Горбачёв аз бемории гурда ранҷ мебурд ва дар Бемористони марказии клиникии шаҳри Маскав шоми 30 август ҷаҳонро падруд гуфт.

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, ба наздикони сиёсатмадори марҳум изҳори ҳамдардӣ кард. Инчунин сиёсатмадорони дигари ҷаҳонӣ низ андуҳашонро аз даргузашти Горбачёв баён доштаанд.

Маросими дафни аввалин ва охирин президенти Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Маскав дар назар аст. Интизор меравад, ки ӯро дар оромгоҳи Новодевича ба хок супоранд. Горбачёвро дар канори ҳамсараш Раиса Горбачёв дафн хоҳанд кард, тавре худаш васият карда буд.

Дар мавриди санаи видоъ бо Михаил Горбачёв ҳанӯз иттилое ироа нашудааст.

Ифтитоҳи муассисаҳои таълимӣ дар Душанбе 

Имрӯз дар шаҳри Душанбе якчанд муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи онҳо Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори ширкат карданд.

Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 бо маблағгузории шаҳрдории Душанбе, барои 1500 хонанда дар ду баст бунёд гардидааст.

Дар ноҳияи Шоҳмансур бинои иловагии МТМУ рақами 48, бо иқдоми шаҳрдории пойтахт, барои 1280 хонанда дар ду баст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар ноҳияи Синои пойтахт “Литсейи Умари Хайём”, бо иқдоми шаҳрдории Душанбе, барои 1200 нафар хонанда дар як баст бунёд гардидааст.

Мубориза бо ВНМО пурзӯртар мешавад. Ифтитоҳи Маркази саломатии ҷамъиятӣ дар Хуҷанд

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо USAID барои мусоидат намудан ба беҳтарсозии саломатии оилаҳои тоҷик Маркази саломатии ҷамъиятӣ дар шаҳри Хуҷандро ифтитоҳ кард.

Бино ба иттилои Сафорати ИМА дар Тоҷикистон, дар ин марказ гурӯҳҳои осебпазире, ки дар пешорӯи хавфи сироятёбӣ ба ВНМО/БПНМ қарор доранд, метавонанд доруҳои антиретровирусиро (АРВ) дар фазои бехатар қабул кунанд.

— Ин аввалин марказ дар навъи худ дар Осиёи Марказӣ буда, ҳамчун намуна барои бисёре аз кишварҳое, ки USAID бо мақсади таъмини тавоноии шахсони мубталои ВНМО кору фаъолият мебарад, хизмат мекунад. Марказ инчунин бо паҳншавии ВНМО/БПНМ мубориза мебарад, ки як қисми ҳамкории васеи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва USAID барои ҳифзи тандурустии ҷамъиятӣ мебошад,- меафзояд манбаъ.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон тақрибан 13 000 шахсони мубтало ба ВНМО зиндагӣ мекунанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend