“Аз музди ночизу муҳоҷирии ҳунармандон то руҳияи бади театрҳо”. Ҳунармандони тоҷик аз чӣ гила доранд?

"Ҳоло парда кушода нашуда медонед, ки ҳоли театр чӣ гуна аст".


Театри ба номи А.Лоҳутӣ дар Душанбе

Театри ба номи А.Лоҳутӣ

Рӯзи театри тоҷик аз соли 1997 инҷониб ҳамасола таҷлил мешавад. Санаи баргузории ҷашн 7-уми ноябр, ба хотири дар соли 1929 кушода шудани аввалин театри касбии тоҷикӣ дар ҷумҳурӣ – имрӯза Театри академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ интихоб шудааст.

Имрӯз дар Тоҷикистон 17 театри касбӣ фаъолият мекунад, ки шаштои он дар шаҳри Душанбе ҷойгиранд. Your.tj пайваста барои инъикоси ҳаёту фаъолияти ҳунармандони шинохтаи театри тоҷик матолиби ҷолиб пешниҳод менамояд.

Ин навбат мо аз ҳар матлаби муаллифонамон, ки қаблан нашр шудааст, иқтибоси ҳунармандонро гирд овардем, ки вазъи ҳунару ҳаёти имрӯзаи ҳунармандони театри тоҷикро бозгӯ мекунад.

Абдукарим Машрабов, ҳунарманди театр ва кино, директори Театри академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, дар бораи масъулияти ҳунарманд:

Абдукарим Машрабов дар иҷрои нақши Султон Маҳмуд дар намоиши “Фирдавсӣ”

“Ҳар як шахс дар зиндагӣ ҳақиқати худашро дорад ва тамоми задухӯрдҳое, ки мекунад барои онро ба даст овардан ё исбот кардан аст. Ҳунарманд бояд, ҳақиқати қаҳрамонашро ёбад ва дар тӯли намоиш аз ҳамин ҳақиқати қаҳрамонаш дифоъ кунад. Тӯли як – якуним соат зиндагии як шахсияти тамоман дигарро (қаҳрамонашро) иҷро мекунад. Магар ин муъҷиза нест?” – афзуд ҳунарманд.

Зарина Бадалова, ҳунарпешаи театру синамо дар бораи саҳнасозӣ ва иҷрои нақш дар моноспектакли “Ҳунарманд”:

Зарина Бадалова ҳангоми иҷрои нақш дар моноспектакли “Ҳунарманд”

“Омода ва пешкаши тамошобинон кардани намоиш чандон кори осон нест. Махсусан, ба саҳна гузоштани пйесаи якпардагӣ заҳмати зиёдеро талаб мекунад. Ин мисли он аст, ки модар кӯдакро дар батнаш нигоҳ медорад, таваллуд мекунад, ба воя расонида ба ҷомеа мебарорад”.

Муқимҷон Абдуфаттоев, муассиси Театрстудияи “Хандинкамон”, дар бораи ҷойгоҳи театри мазҳакавӣ:

Муқимҷон Абдуфаттоев

“Набояд фаромӯш кард, ки санъат як ҷузъи ҷудонашавандаи мероси фарҳангии ҳар як кишвар аст. Театр, ба хусус мазҳака, дар зиндагии мардум нақши муҳим дошта, ба онҳо имкон медиҳад, ки аз ташвишҳои рӯзмарра раҳо ёфта, аз лаҳзаҳои хандаву шодӣ лаззат баранд”.

Ғайрат Қодиров, директори Театри мусиқӣ-драмавии шаҳри Конибодом дар бораи дастгирӣ наёфтани санъати миллӣ аз ҷониби сарпарастони худӣ:

Ғайрат Қодиров (аз чап)

“Росташро гӯям, вақте ки сарпарастони маҳаллии санъат вуҷуд надоранд, грантҳои созмонҳои байналмилалӣ моро на танҳо аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ мекунанд, балки барои ба саҳнаҳои ҷаҳонӣ баромадан, барои сайқал додани маҳорати актёрӣ ва ворид шудан ба ҷомеаи театрҳои байналмилалӣ мусоидат мекунанд”.

Хушнуди Дадо, иҷрокунандаи нақши маъруфи “Қорӣ-Ишкамба”, ки ба муҳоҷират рафта буд, дар бораи музди ками ҳунармандон:

Ҳангоми иҷроиши нақши Қорӣ-Ишкамба дар Бишкек

“То курси сеюм фикр мекардам, ки пас аз хатм кардани ман вазъияти соҳаи театру кино хуб хоҳад шуд, вале оҳиста – оҳиста дарк намудам, ки хаёлотам хоманд ва аз ин соҳа даромади хубе ба даст овардан номумкин аст. Бо вуҷуди ин меҳри ҳунар, ки дар қалбам ҷо шуда буд, намехостам аз роҳам баргадам, ба умеди ояндаи дурахшон хонданро идома додам…

Кор дар театр бисёр мушкил асту музди меҳнат хеле кам. Маоши моҳонаам ҳамагӣ 800 сомонӣ буд, ки бо он ман бояд падару модар, зану фарзандамро таъмин мекардам. Бар зами ин ҳар ҳафта аз Конибодом ба Ашт мерафтам, барои ин низ маблағ лозим буд”…

Хуршед Мустафоев, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик, дар бораи даромади ночизи ҳунармандон:

Хуршед Мустафоев

“Рафиқон ва мухлисонам фикр мекунанд, ки ман дар филмҳои зиёд нақш меофарам, маблағи калон дорам ва зиндагиам мисли филмҳо хеле зебо ва боҳашамат мегузарад.  Вақте мебинанд, ки ман на мошин ва ҳатто хонаи шахсиамро надорам ҳайрон мешаванду мепурсанд, “барои чӣ надорӣ?”.

Филмҳои тоҷикӣ онқадар маблағи калон намедиҳанд, ки мо хонаҳои боҳашамат дошта бошем. Худамро ба ҳар сӯй мезанам, то пули зиндагиамро диҳам, зиндагии ман ҳамон маблағи квартира мебошад. Пули ҷамъмекардаам барои квартира меравад. Шикоят намекунам, аммо вақте хонаи худ набошад дигар аст. Умед дорам, ки рӯзе дар қатори дигар ҳамкасбон ба мо низ аз ҳукумат хона туҳфа мекунанд (туҳфаи президент ба ҳунармандони “Лаҳзаи гуворо”,- аз идора).

Моҳпайкар Ёрова, ҳунарманди театр ва кинои тоҷик, дар бораи нокифоягии музди ҳунарманд барои рӯзгор ва қарздории худаш:

Моҳпайкар Ёрова

“Солҳост, ки аз муҳаббат ба касбам азоб мекашам, вале ҳеҷ чиз тағйир намеёбад: ҳамеша зери бори қарзам, намедонам, маошамро барои худ сарф кунам, зеро касби мо таваҷҷуҳи доимиро талаб мекунад, ё барои пардохти қарзҳо ё барои зиндагӣ? Ҳар кадар тоқат кардам, аҳволи касби мо ҳамон қадар бадтар мешавад. Ба ман қаблан низ пешниҳод карда буданд, ки дар Москва кор кунам, аммо барои ман муҳаббат ба Ватан ҳамеша дар ҷои аввал меистод”…

Қурбони Собир, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, ҳунарманди театру синамо, дар бораи камчинии ҳунармандони сатҳи баланд:

Қурбони Собир

“Агар гӯем, ҳунармандони хуб надорем, куфрони неъмат мешавад. Ҳунармандони хуби мо зиёданд. Аммо коргардонӣ кори дигарест, вазнинтар. Пешаи коргардонӣ металабад, ки тасаввуроти ӯ аз Лоиқу Бозор кам набошад. Яъне, ҷаҳонбинии хеле васеъро металабад.

Имрӯз ҷавонони мо хеле талош доранд. То ҳадди имкон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳунарнамоиву коргардонии хуб кунанд, аммо то ба наздикии устод Майбалиеву Фаррухи Қосим, Ато Муҳаммадҷонову Маҳмудҷон Воҳидов расидан, бояд хеле намаки саҳнаро чашанд, хеле сафар кунанд, омӯзанд, то самараи неке ба бор оварад”.

Барзу Абдураззоқов, коргардони саршиноси театри тоҷик, дар бораи руҳияи театри тоҷик:

Акс аз бойгонии шахсии Барзу Абдураззоқов

Мутаассифона, рӯҳияи онҳое, ки дохили театр ҳастанд, ба дараҷаи ногуфтанӣ бад аст. Онҳо дигар барои сайқал додани ҳунари худ намехоҳанд коре кунанд. Ва ҳар таклифе ки мекунӣ, мегӯянд лозим нест. Зеро онҳо медонанд, ки дар оянда театр нест ва ба касе лозим намешавад. Дар ин ҳолат ҳисоботи касе, ки мегӯяд вазъи театри мо хуб аст, сад дарсад дурӯғ аст.

Вақте вазъияти равонии театр вазнин аст, пас, аз ин бармеояд, ки вазъияти ҳунар низ паст аст. Вақте ҳунарманд медонад, ки барои касе лозим нест, чӣ лозим аст, ки ҳунарашро сайқал диҳад. Вақте вай ҳунарро сайқал намедиҳад, натиҷаи кораш паст мешавад. Яъне дар намоише, ки бозӣ мекунад, дигар парво надорад, ки либосаш чӣ гуна аст, чӣ сухан мегӯяд, чӣ ҳунар дорад. Барои мафтун кардани тамошобини худ парвое надорад….

Ман дар театри тоҷик кор накунам ҳам, дар театри дигар кишварҳо кор мекунам. Вақте чил соли ҳаётатон дар театр мегузарад, аз бӯйи он мефаҳмед, ки он оянда дорад ё на. Ҳоло парда кушода нашуда медонед, ки ҳоли театр чӣ гуна аст. Боз мегӯям, ки он хеле ва хеле бад аст!

Имрӯз бояд ҳама исрор кунем, ки як барномаи миллии рушди театр ташкил шавад. Маблағ ҷудо шавад ва мо мактаби театриро аз нав оғоз кунем. Зеро мо мактаби коргардонию ҳунарпешагӣ надорем. Он бачаҳое, ки имрӯз донишкадаи санъатро хатм менамоянд, дар саҳна умуман кор карда наметавонанд. Ман бо ҳунарпешаҳои ҳирфаӣ кор мекунам, ки диплом доранд, даҳ-дувоздаҳ сол сол дар театр кор мекунанд, аммо руҳияи онҳо басо нохуб аст”…