fbpx

“Болоравии нархи роҳкиро, қатъи ҳаракати автобусҳо”. Қимат шудани сӯзишворӣ дар Тоҷикистон чӣ таъсир гузошт?

Сокинон аз ин хусус дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят менамоянд.


0
Баландшавии нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Болоравии нархи сӯзишворӣ, бахусус гази моеъ сокинони Тоҷикистонро нигарон намудааст. Дар Тоҷикистон, ки мусофиркашонӣ ва ҳамлу нақли молу маҳсулот асосан тариқи мошинҳо сурат мегирад, боло рафтани нархи сӯзишворӣ боиси гарон шудани нархи роҳкиро ва бозор мегардад.

Гази моеъ аввали моҳи август камтар аз 4 сомонӣ арзиш дошт. Ҳоло нархи як литри ин навъи сӯзишворӣ аз 7,7 то 8,2 сомонӣ ва ҳатто дар минтақаҳои дурдаст то 9 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Дар баробари гази моеъ бензин ва сӯзишвории дизелӣ ҳам гарон шуд.

Аввал шуда, таксиҳои ба қавле “5-сомона”-и Душанбе, ки бо сабаби гарон шудани нархи сӯзишворӣ дар зимистони гузашта, худсарона ба 7 сомонӣ боло бурда буданд, нархи роҳкирои таксиҳои дохилишаҳриро ба 10 сомонӣ боло бурданд.

Сокинон аз ин хусус дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят менамоянд.

Болоравии роҳкиро дар нақлиёти ҷамъияти шаҳри Хоруғ

Нархи роҳкиро ба ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон низ қимат шуд. Ронандаҳо мегӯянд, бо гарон шудани нархи сӯзишворӣ онҳо аз даромад мондаанд.

Дар шаҳри Хоруғ, маркази ВМКБ арзиши роҳкирои нақлиёти ҷамъиятӣ боло рафт.

Мақомоти вилоят хабар додаанд, ки ин тасмим дар пайи боло рафтани арзиши сӯзишворӣ гирифта шудааст.

Шуруъ аз 2-юми ноябри соли 2023 нархи роҳкироҳи воситаҳои хизматрасонии ҷамъиятии хатсайрҳои шаҳри Хоруғ аз 2 сомонӣ ба 2,5 сомонӣ ва нархи хизматрасонии автобусҳо аз 1,5 сомонӣ ба 2 сомонӣ бардошта шудааст.

Қаблан муовини раиси вилоят Анвар Иматшозода аз гароншавии нархи сӯзишворӣ изҳори нигаронӣ карда буд.

Дар ин минтақаи Тоҷикистон нархи як литр бензин аз 8,80 ба 12,2 ва гази моеъ аз 5,7 ба 9,5 сомонӣ боло рафтааст.

Автобусҳо дар Хуҷанд
Автобусҳо дар Хуҷанд

Қатъи ҳаракати автобусҳо дар Хуҷанд

Тибқи гузориши Радиои Озодӣ дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияҳои гирду атрофи он бо сабаби якбора боло рафтани нархи сӯзишворӣ ҳаракати нақлиёти ҷамъиятии автобусҳо манъ шудааст.

Ҳоло сокинони ин шаҳр аз микроавтобусҳо ва таксиҳо истифода мебаранд. Мақомот гуфтаанд, ки қатъи фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ муваққатӣ аст.

Тибқи маълумотҳо гумрукӣ дар шаш моҳи аввали соли 2023 ба Тоҷикистон 451,75 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи 320,5 миллион доллар ворид шудааст. Маҳсулоти нафтӣ иборат аз бензин, гази моеъ, сӯзишвории дизелӣ, керосин ва сӯзишвории реактивӣ иборат мебошад.

Дар ин давра ба ҷумҳурӣ 169 ҳазору 251 тонна гази моеъ ворид карда шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 11 ҳазору 777 тонна зиёд аст ва нархи миёнаи воридотии низ 15% коҳиш ёфтааст.

Тибқи иттилои Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон иштирокчиёни бозори воридоти бензин 30, сӯзишвории дизелӣ 42 ва гази моеъ 14 субъекти хоҷагидорро ташкил медиҳанд ва фаъолияти онҳо таҳти назорати зиддиинҳисорӣ қарор доранд.

Болоравии нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон 85,4 фоиз ба Русия, 5,1 фоиз ба Қазоқистон, 4,4 фоиз ба Туркманистон, 2,6 фоиз ба Ӯзбекистон, 1,4 фоиз ба Белорусия ва боқимонда 1,1 фоиз ба дигар давлатҳо рост меояд.

Гази моеъ бошад асосан аз Қазоқистон (73,5 фоиз) ворид карда мешавад. Наздики 24,7 фоиз дигар ба Русия ва 1,8 фоиз ба Ӯзбекистон рост меояд.

Дар Тоҷикистон 60%-и мошинҳо тавассути гази моеъ ҳаракат мекунанд. Тамоми ҳамлу нақл дар кишвар тавассути мошинҳо анҷом дода мешавад. Аз ин рӯ боло рафтани нархи сӯзишворӣ боиси баланд шудани нархи роҳкиро мегардад ва баъдан ба бозор низ таъсир мерасонад.

Идибеки Саид


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend