fbpx

Се ҳолати сохтакории билети ҳарбӣ ошкор шудааст

Прокуратураи генералӣ вобаста ба ин ҳолатҳо нисбати чанд нафар парвандаҳои ҷиноятӣ боз карда, нафарони гумонбарро дастгир намудааст.


0
Сохтакории билети ҳарбӣ дар Тоҷикистон

Се ҳолати қаллобӣ ва омода кардани билети ҳарбии қалбакӣ аз ҷониби Прокуратураи генералии Тоҷикистон ошкор шудааст. Вобаста ба ин парвандаҳои ҷиноятӣ боз гардидааст.

Гуфта мешавад, як корманди милитсияи пойтахт низ барои омода кардани билети ҳарбии қалбакӣ боздошт шудааст.

Тавре дар сомонаи прокуратура хабар доданд, шаҳрванд Абдусаттор Шарипов моҳи июни соли 2022 бо роҳи фиреб ва сӯистифодаи боварӣ аз А.Фатҳуллаева барои аз даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ озод намудан ва тайёр карда додани билетҳои ҳарбӣ барои ҷиянҳояш маблағи 36 ҳазор сомонӣ гирифтааст.

Баъдан Абдусаттор Шарипов бо шаҳрванд Фирдавс Ахмедов шинос шуда, бо истифодаи техникаи компютерӣ се билети қалбакии ҳарбӣ омода кардаанд.

Прокуратураи генералии Тоҷикистон ин ҳолатро ошкор намуда, нисбати ин ду нафар тибқи моддаҳои 247 қисми 2 бандҳои «б,в», 340 қисми 2 бандҳои «б,в» ва 36 қисми 5-343 қисми 3 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, пас аз итмоми тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол кардааст.

Гуфта мешавад, бо ҳукми суди ҳарбии гарнизони Душанбе аз 28-уми августи соли 2023 номбурдагон маҳкум гардидаанд, вале намуди ҷазо зикр нашудааст.

“Дар ҳолати дигар, моҳи майи соли 2023 шаҳрванд Ҳасан  Тухтаев бар ивази 40 ҳазор сомонӣ билетҳои ҳарбӣ оид ба хизмати ҳарбиро дар ҳайати  захираҳои даъвати  сафарбарӣ адо намудан бо роҳи сохтакорӣ тайёр карда додааст”, менависад манбаъ.

Амали онҳо зимни пешниҳод кардани билетҳои ҳарбӣ ба комиссариати ҳарбии шаҳри Исфара барои ба қайд гузоштан окшор шудааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд нисбати гумонбарон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Инчунин, Назаров Меҳроҷиддин лейтенанти калони милитсияи шуъбаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД дар ноҳияи Шоҳмансур-2 шаҳри Душанбе аз Нуриддин Собирзода барои омода кардани билети ҳарбии қалбакӣ 24 ҳазор сомонӣ гирифтааст.

“Назаров бо корманди Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, капитани милитсия Ашуралӣ Исмоилов маблағи мазкурро байни худ тақсим намуда, ба номи даъватшаванда Нуриддин Собирзода билети ҳарбии қалбакӣ тайёр намуданд”,- менависад манбаъ.

Собирзода билети ҳарбии қалбакии бадастовардаашро бо мақсади минбаъд озод шудан аз даъвати ҳарбӣ ба шахсони масъули даъвати шаҳрвандон дар шаҳри Ваҳдат пешниҳод кардааст, ки дар натиҷаи санҷиш ба даст афтодааст.

Гуфта мешавад, нисбати гумонбарон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, онҳо дастгир карда шудаанд ва тафтиши пешакӣ аз ҷониби Сарпрокуратураи ҳарбӣ идома  дорад.

Шурӯъ аз 1 октябр дар Тоҷикистон маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз гардида, то охири моҳи ноябр идома меёбад. Мақомот аз иҷрои 75 фоизи нақшаи даъват дар як моҳ хабар дода буданд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend