fbpx

Абдукарим Машраб: “Театр баъзе маҳдудиятҳои худашро дорад”

"Ҳунарманд бояд, ҳақиқати қаҳрамонашро ёбад ва дар тӯли намоиш аз ҳамин ҳақиқати қаҳрамонаш дифоъ кунад".


2
2 points
Абдукарим Машраб ҳунарманди тоҷик
Акс аз саҳифаи Фейсбуки Абдукарим

Абдукарим Машраб ҳунарманди театр ва кино, директори Театри академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ мебошад. Ӯ дар филму саҳнаҳои гуногун зиёда аз 20 нақши мусбату манфӣ, марказиву лаҳзавиро иҷро намудааст. Муаллифи Your.tj бо Абдукарим доир ба фаъолият дар театру синамо, кори роҳбарӣ дар театр ва дигар ҷанбаҳои ҳаёти як ҳунарманд сӯҳбат намуд.

Лаҳза аз филми тоҷикӣ
Лаҳза аз филми “Марги бегуноҳ”

Қадамҳои нахустин дар театр

Машраб Абдукарим Ибодулло дар оилаи ҳунарманд ба воя расидааст. Устоди аввалин ва идеали ӯ дар кору зиндагӣ падараш – ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Ибодулло Машраб мебошад. Абдукарим соли 2001, пас аз хатми мактаб-интернати махсуси мусиқии ба номи Малика Собирова, дар факултети овозхони академии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов идомаи таҳсил карда, онро соли 2007 хатм намудааст.

Дар давраҳои донишҷӯияш ба сифати овозхон дар тӯю маъракаҳо баромад кардаву якчанд суруд ҳам сабт намудааст. Фаъолияти ҳунариашро бошад, ҳамон сол аз Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ оғоз кардааст. Соли 2008 ба факултети актёри театри драма ва кинои Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил мешавад.

Абдукарим мегӯяд, барои ба дунёи театрӣ ворид шудан, як муддат тарки овозхонӣ кардаву вақташро бештар ба театр сарф намудааст.

Намоиши "Рӯдакӣ" дар театр
Абдукарим дар нақши Нӯҳи Сомонӣ дар намоиши “Рӯдакӣ”

Дар театри опера ва балет давоми якуним сол ба ҳайси ҳунарпешаи дараҷаи якум фаъолият намуда, сипас тавассути кастинг барои иҷрои нақши найзабардору сарбоз барои намоиши “Рӯдакӣ” ба Театри академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ мегузарад. Иҷрои нақши Нӯҳи Сомонӣ дар намоиши “Рӯдакӣ” барои Абдукарим аввалин нақши калон дар саҳнаи театр буд.

“Вақте ки ба кастинг рафтам, аз лаҳзаҳои аввал дар театр ҳунарпешаҳоеро вохӯрдам, ки дар пеши чашм ва меҳрубониҳои зиёди онҳо ба камол расидам. Яъне ки худамро дар хонаи худам ҳис кардам”,- нақл кард Абдукарим.

Театр – макони мӯъҷиза

Барои Абдукарим театр макони мӯъҷиза аст. Ӯ дар театр сайқал ёфта, рушд кардааст. Зиёда аз 15 сол аст, ки дар саҳнаҳои театр нақшҳои гуногун меофарад.

Ба гуфтаи қаҳрамони мо, барои хуб нақшофарӣ кардан, бояд бо қаҳрамон аз наздик шинос шуд, яъне қаҳрамонро хуб омӯхт. Ӯ андеша дорад, ки барои пешрафти кори ҳар як ҳунарманд бояд масъулият мақоми аввалиндараҷа дошта бошад. Агар ҳар як эҷодкор масъулияташро ҳис кунад, ҳам кори коргардон рушд мекунад ва ҳам самараи хуб медиҳад.

“Ҳар як шахс дар зиндагӣ ҳақиқати худашро дорад ва тамоми задухӯрдҳое, ки мекунад барои онро ба даст овардан ё исбот кардан аст.

Ҳунарманд бояд, ҳақиқати қаҳрамонашро ёбад ва дар тӯли намоиш аз ҳамин ҳақиқати қаҳрамонаш дифоъ кунад. Тӯли як – якуним соат зиндагии як шахсияти тамоман дигарро (қаҳрамонашро) иҷро мекунад. Магар ин муъҷиза нест?” – афзуд ҳунарманд.

Намоиши "Фирдавсӣ"
Нақши Султон Маҳмуд дар намоиши “Фирдавсӣ”

Олами синамо ва фаъолият бо коргардонҳо

Абдукарим Машраб ба ғайр аз саҳнаи театр дар синамои тоҷик низ нақшҳои асосиву марказиро иҷро намудааст. Иҷрои нақшҳои гуногун дар филмҳои “Сарбор”, “Муаллим”, “Марги бегуноҳ”, “Сенздаҳ солу се моҳ”, “Такси”, “ Рақси зиндагӣ” , “Дурбин”, “ Ношунаво”, “ Гиреҳ дар гулӯ”, ” Роҳ” ва ғайра ӯро дар назди мардум ҳамчун ҳунарманд муаррифӣ намудаанд.

Филми тоҷикии "Муаллим"
Лаҳза аз филми “Муаллим”

Ӯ ҳамчунин, соли гузашта дар филми “Сарбор” ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона”-ро ба даст овард. Абдукарим ҷолибияти синаморо нисбат ба театр дар он мебинад, ки дар офаридани филм моҳҳо заҳмату азоб ва бехобӣ мекашӣ, вале вақте филм рӯи пардаи сафед баромад, аллакай мӯҳр зада мешавад. Яъне таърих мешавад.

Филми тоҷикии "Сарбор"
Лаҳза аз филми “Сарбор”

“Театр баъзе маҳдудиятҳои худашро дорад. Масалан, ман агар ҳамин сол дар ягон намоиш банд шаваму нақш офарам, бо гузашти 10-15 сол ман ин нақшро иҷро карда наметавонам, чунки синну сол мутобиқат намекунад. Дар филм бошад, як бор сабт шуд тамом. Бад аз 30 сол ҳам, вақте  филмро тамошо кардӣ, ҳамон ҷавони 20-30 соларо мебинӣ”,- шарҳ дод ҳамсуҳбати мо.

Абдукарим солҳои гуногуни фаъолияти эҷодияш дар театр дар намоишҳои чандин коргардонҳои маъруф, ба мисли Ҳошим Гадо, Хушназар Майбалиев, Давлат Убайдуллозода, Барзу Абдуразоқов, Баҳодур Миралибеков, Шералӣ Абдулқайсов, Тӯрахон Аҳмадхонов, Фирӯз Умаров кор карда, мактаби ҳар кадоми онҳоро омӯхтааст.

Солҳои охир бошад, дар намоишҳои саркоргардони театр Султон Усмонов гоҳе ба ҳайси ҳунарпеша ва гоҳе ба ҳайси ёвари коргардон машғули кор аст. Ӯ мегӯяд, бо ин коргардон дар масъалаи эҷодиёт ҳамфикр аст ва нисбати дигар коргардонҳо бо ӯ кор кардан барояш роҳаттар ҳаст.

“Вақте коргардон бовар карда, ин ё он нақшро бар зимаам мегузорад, сараввал мақсади ӯро дар бораи намоиш муайян мекунам, ки асар кадом мавзуъро дар бар мегирад. Коргардон бо ин мавзуъ барои тамошобин чӣ гуфтан мехоҳад. Фикрҳои коргардонро дар бораи қаҳрамонам мегирам. Он гоҳ кор ранги дигар мегирад”,- нақл кард ҳунарманд.

филми тоҷикӣ

Роҳбари серкору соҳибзавқ

Машраб Абдукарим Ибодулло аз моҳи декабри соли 2022 инҷониб сарварии Театри академии драмавииба номи Абулқосим Лоҳутиро бар дӯш дорад. Аз рӯзҳои нахустини роҳбариаш дар театр як қатор навгониҳо ба вуҷуд омаданд. Аз ҷумла, студияи наздитеатрӣ ташкил карда шуд, ки айни замон дар он 15 нафар таҳсил намуда, аз нозукиҳои санъати актёрӣ бархӯрдор мегарданд.

Ҳамчунин дар ин муддат, ду намоиш рӯйи саҳна гузошта шуд: Намоиши  “Зан ва дузд” – аз рӯи асари А. Аверченко дар таҳияи коргардони театр Д.Убайдуллозода ва намоиши дигаре бо номи “Пораабри сафеди Чингизхон” – аз рӯи асари Чингиз Айматов дар таҳияи саркоргардони театр Султон Усмонов рӯи саҳна омад. Ин асар дар барномаи фестивал-озмуни театрҳои касбӣ – “Парасту – 2023” ворид карда шуд.

Дар ҳамаи театрҳои дунё қоидаҳои “паси парда” вуҷуд дорад ва мо аз ҳамсуҳбатамон суол кардем, ки дар Театри академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ чӣ гуна қоидаҳои “паси парда” ҷорӣ карда шудаанд. Абдукарим дар ҷавоб гуфт:

Ҳунарманди тоҷик

“Ҳунарманде, ки масьулияти хешро дарк карда метавонад чунин амал мекунад: як соат пеш аз оғози намоиш дар театр ҳозир мешавад. Пеш аз ворид шудани тамошобин ба толор, реквизитҳои хешро аз назар мегузаронад ва то фарҷоми намоиш дар паси парда хомӯширо риоя менамояд”.

Абдукарим бо вуҷуди он ки роҳбарии театрро бар ӯҳда дорад, инчунин дар филму саҳнаҳои театрӣ низ фаъолона нақшофарӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, ки агар шахс завқ дошта бошад, барои ҳамааш вақт чудо карда метавонад. Абдукарим ҳамчун сарвари театр, ояндаи театрро ба ҷавонон вобаста медонад.

“Ҳоло ҷавонони даврони истиқлол кӯшиш мекунанд, то роҳи хешро дар ин самт пайдо намоянд. Ояндаи театр дар дасти онҳост. Онҳоро бояд тарбия намоем”,- афзуд ҳунарманд.

Қурбоной Муқим


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

2
2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
3
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
4
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend