fbpx

“Ҳам ба саломатӣ муфид, ҳам даромаднок”. Чӣ тавр марди 73-сола аз Панҷакент Тоҷикистонро ба сайёҳон муаррифӣ мекунад

Ӯ бо аҳли оилааш ба сайёҳон хизматрасонӣ пешниҳод менамояд.


1
1 point
Шодмонқул роҳбалади тоҷик
Ин ва дигар аксҳо аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Шодмонқул Сангинов дар 62 солагӣ касби худро иваз кард. Ӯ аз кори давлатӣ ба хизматрасонии сайёҳӣ гузашт.  Ҳоло роҳбари ширкати сайёҳии “Саёҳати Ҳафткӯл” дар шаҳри Панҷакент аст. Баъди ба нафақа баромадан, бо ин шуғли ғайриодӣ сарукор гирифт. Қаҳрамони мо 73 сол дошта, ин ширкатро ҳамроҳи аъзои оилааш пеш мебарад.

Ӯ ба муаллифи Your.tj дар бораи дар бораи фоидаи сайру саёҳат ба саломатӣ ва даромаднокӣ, имкониятҳои сайёҳии кишвар ва тарзи пешбурди кораш қисса кард.

Ҳафткӯл мавзеи сайёҳии Тоҷикистон
Бо сайёҳони хориҷӣ дар соҳили кӯл

Синну сол халал намедиҳад

Шодмонқул Сангинов новобаста ба синну соли бузургаш сайёҳонро аз Суғд то Бадахшон худаш ошно мекунад. Ҳатто вобаста ба талаботи сайёҳон метавонад онҳоро ба шаҳрҳои Самарқанду Бухоро ба тамошо барад.

“Нисбат ба фаъолияти 40 солаам дар ниҳодҳои гуногун, давраи ба нафақа баромаданамро беҳтарин лаҳзаҳои зиндагиам меҳисобам. Саёҳат ба ҷонам ором бахшид”,- мегӯяд ӯ хандида.

Дар ин ҷода Шодмонқул-амакро шодравон бародараш ангеза додааст. Ӯ ҳам замоне дар мавсими сайёҳии тобистона дар кӯҳҳои Фон, ба сайёҳони хориҷӣ роҳбаладӣ мекардааст.

“Бародарам аз Ҳафткӯл ба Саратоғ, сипас ҷониби Каратоғ пиёда рафта, ба хонаи ман дар Душанбе, бо борхалтаи сайёҳиаш ғайричашмдошт пайдо мешуд. Тобистонҳо ҳангоми ба Панҷакент омаданам, ҳамроҳи он кас ба сайри силсилакӯҳҳои Марғузор мерафтем. Ростӣ ба бародарам ҳавас мекардам”, – гуфт ӯ он лаҳзаҳоро ба ёд оварда.

Машғулияти дӯстдошта баъди синни нафақа

Шодмонқул-амак тӯли солҳои зиёд дар мақомоти давлатии пойтахт кор карда, баъди ба нафақа баромадан дар соли 2012 нахост чун бештари ҳамсолонаш бекор нишинад. Ба гуфтаи ӯ, мехост дар кӯли шашуми Ҳафткӯл, ки яке аз мавзеҳои сайёҳии дилнишину бехавф аст, пойгоҳи сайёҳии худро ташкил намояд.

Ҳамин тавр бо Қарори ҳукумати шаҳри Панҷакент, ба ширкати ӯ 3,80 га заминро барои сохтмони пойгоҳи сайёҳӣ ҷудо намуданд. Ҳоло дар пойгоҳи сайёҳии “Ҳафткӯл” имконияти қабул ва таъмини ҷойи хоб барои 40 нафар сайёҳ мавҷуд аст.

Сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон

Тавре Шодмонқул-амак мегӯяд, аз кишварҳои ИМА, Малайзия, Русия ва Қазоқистон ташрифи сайёҳон назаррас аст. Вале сайёҳони миллатҳои гуногун бештар аз ҷониби кишвари ҳамсоя Ӯзбекистон меоянд. Чунки ба сайри Самарқанд мераванд ва аз он ҷониби Панҷакенти қадим, ки байни он 60 км ва то Ҳафткӯл 110 км масофа роҳро дарбар мегирад.

“Аз Тошканду Самарқанд меҳмонони зиёд дорем, вале аз ҳудуди Тоҷикистон хеле кам. Шояд ҳамватанонамон мавзеъҳои чун Анталияву Дубайро беҳтар шуморанд, намедонам…”, – андешамандона афзуд Шодмонқул-амак.

“Як тиру ду нишон”. Фоида ба саломатӣ ва буҷаи оила

Шодмонқул Сангинов пас аз хатми Донишкадаи политехникии Тошканд дар соли 1971, корро дар корхонаи чармбарории шаҳри Душанбе оғоз намуд. Сипас муддати понздаҳ сол дар корхонаҳои ҳизбии пойтахти Тоҷикистони Шӯравӣ ва тӯли солҳои 2007-2012 ҳамчун намояндаи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Афғонистон фаъолият кард.

Баъд аз таъсиси ширкати сайёҳии хусусӣ, дар аввалин хизматрасонии сафарии ӯ, чор тан сайёҳ аз ИМА омада буданд. Албатта дар оғози кор ҳар кас бо мушкилӣ рӯ ба рӯ мегардад. Ӯ, ки дар ин сафар ба ҳайси ронанда ва ҳам роҳбалад буд, то андозае барои дарёфти самти роҳ мушкилӣ кашид.

Ин сафар шуруъ аз Ҳафткӯл то болооби Масчоҳ, аз Хуҷанд то Истаравшану Душанбеву Ҳисор ва Тахти Сангин дар соҳили дарёи Панҷро фаро мегирифт. Аз он вақт инҷониб Шодмонқул-амак, пеш аз ба сайёҳон пешниҳод намудани хати сайр, нахуст бо он дар амал шинос мешавад.

Сайёҳӣ дар зимистон дар Тоҷикистон

Ӯ аз авввал бо як тир ду нишонро ба ҳадаф гирифта буд. Яъне ҳавои тозаи кӯҳсор ба саломатӣ фоидавор ва ҳамкорӣ бо сайёҳон аз ҷиҳати иқтисодӣ муфид аст.

“Ман ба дигар давлатҳо барои истироҳат намеравам, зеро аслтарин маконҳои истироҳат дар ҳамин боду ҳавои форам аст. Оё маконеро беҳтар аз силсилакӯҳҳои “Ҳафткӯл” пайдо кардан мумкин аст?”, – шодона мегӯяд амаки Шодмонқул.

Ӯ то имрӯз барои пешбурди фаъолияти худ ва ҷалби сайёҳони бештар ба Тоҷикистон, дар форумҳои байналмилалӣ оид ба сайёҳӣ дар кишварҳои Аврупо, Малайзия, Чин, Қувайт, Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ширкат варзидааст. Албатта оқибати сафарҳои корӣ бенатиҷа нашуд, зеро сайёҳони ин кишварҳо дар мавриди Ҳафткӯл ва мавзеҳои таърихӣ бештар дониста, ба Тоҷикистон омаданд.

“Пандемия зарба зад”…

Шодмонқул-амак ғайр аз забони тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекиро низ балад аст. Ба хизмати сайёҳони англисзабон роҳбалади англисидонро аз Панҷакент ба кор ҷалб менамояд. Инчунин писараш Далер, ки ҳоло бо оилааш дар Амрико зиндагӣ мекунад, барои бо сайёҳон тамос гирифтан дар ҳоли зарурат, кумак мерасонад.

Қаҳрамони мо дар мавсими тобистонаи сайёҳӣ, бо аҳли оилаи худ ширкати “Ҳафткӯл” -ро пеш мебарад. Дар ин ширкат ҳамсари ӯ Матлуба-хола, инчунин хоҳару хоҳарзодаҳояш машғули хизматрасонианд. Барои сайёҳон баъд аз ба анҷом расидани сафар, туҳфаҳои рамзӣ аз қабили кордҳои истаравшанӣ бо навиштаҷоти Тоҷикистон ва оҳанрабо (магнитка) бо акси кӯлҳои “Ҳафткӯл” тақдим мекунанд.

Дар давраи паҳни коронавирус ширкат бо мушкилиҳои иқтисодӣ рӯ ба рӯ шуд. Сайёҳ набуду марзҳо баста. Дар ин муддат, ки Шодмонқул-амак чун ҳама дар хонаи худ муқим шуд ва аз саёҳат маҳрум гардид, бемории меъдааш авҷ гирифт.

“Соли 2020 кормандони тиб ташхис гузоштанд, ки ба бемории саратони меъда гирифтор шудаам. Духтурон бо амалиёти ҷарроҳӣ меъдаамро гирифтанд. Вале дарҳол ба худ омадам, зеро боду ҳавои Ҳафткӯл солҳост, ки ба ман қувват мебахшид”,- бепарвоёна мегӯяд ӯ.

Баъд аз ин ҳодиса бештари одамон ба саёҳати кӯҳ таваҷҷуҳи махсус доданд. Қаҳрамони мо низ кори худро аз васеъ кардани мавзеи қабули меҳмонон ва сохтмони пойгоҳҳои нав шуруъ намуд.

Сайёҳон аз хориҷа дар Тоҷикистон

Муаррифи мақбараи фаромӯшгашта…

Ба гуфтаи ӯ, нархномаи сафари сайёҳӣ вобаста ба хатти сайр ва чи гуна шароитро дархост кардани сайёҳ аст. Онҳо бештар хӯрокҳои миллиро чашидан мехоҳанд. Роҳбари ширкат сайёҳонеро, ки ба ҷануб ташриф мебиёранд, ба чойхонаҳои маъруфи Хуҷанду Панҷакент бурда, бо ош меҳмон менамояд. Агар онҳо самти Душанбеву Ҳисор бираванд, қурутобхонаҳои маъруфро ҳамроҳи сайёҳон “зиёрат” мекунанд.

Соли гузашта бо ташаббуси Шодмонқул-амак, зиёда аз 250 сайёҳ аз ёдгории асрҳои XI – XIV Мазори Шарифи ноҳияи Панҷакент, ки дар он мақбараи Хоҷа Муҳаммади Башоро бино аст, дидан карданд.

“Ба мақбараи Имом ал-Бухорӣ барои зиёрат аз тамомии дунё меоянд. Аммо дар марқади Хоҷа Муҳаммади Башоро, ки устоди ӯст, аз хориҷиён қариб касеро дидан мушкил аст. Зеро ин мавзеъ то ҳадди лозимӣ муаррифӣ нашудааст. Мо ин имкониятро ба даст гирифтем ва ба муаррифии он камари ҳиммат бастем”, – шарҳ медиҳад қаҳрамони мо.

Набудани алоқаи мобилӣ дар минтақаҳо – халал ба омадани сайёҳон

Ба иттилои Шодмонқул-амак, сафари сайёҳон ба кӯҳсори атрофи Ҳафткӯл то қадре душвор аст, зеро роҳҳои наздикӯҳӣ ба таъмир ниёз дорад. Барқ на ҳама вақт 24 соат таъмин аст. Дар баъзе нуқтаҳо алоқаи мобилӣ аз ҳад зиёд суст, хатти интернет умуман кор намекунад. Сайёҳон мехоҳанд манзараҳои аккосикардаашонро дар ҳамон дақиқа ба наздиконашон тариқи шабакаҳои интернетӣ фиристанд, мутаассифона ин ғайриимкон аст.

“Борҳо бо ин масъала ба ширкатҳои мобилии “Тселл” ва “Мегафон” муроҷиат кардам, ки ақаллан дар пойгоҳи сайёҳии мо мавҷрасони хатти интиқоли худро насб намоянд. Худо нокарда ҳангоми ба кӯҳ пиёда баромадани сайёҳон фалокате рух диҳад, он гоҳ бо ин алоқаи нофаъол чӣ мекунем?”,- мегӯяд ӯ.

 

Сайёҳон дар зимистон

Қаҳрамони мо мегӯяд, он гоҳ худро ҳамчун шахси хизматкарда ба давлату миллат меҳисобад, ки сайёҳе аз пойгоҳи ӯ розӣ биравад ва гӯяд, ки боз меоям.

Шодмонқул-амак ният кардааст, ки зимистони соли оянда Ширкати сайёҳии “Саёҳати Ҳафткӯл” фаъолияти худро боз ҳам пурсамар намояд. Бо ин мақсад таҳти корфармоии ӯ, барои қабули меҳмонон дар ин мавсим ҳафт ҳуҷраи наву замонавӣ бо маблағи 160 000 сомонӣ дар ҳоли сохтмонӣ қарор дорад. Зеро сайёҳон шароити фароҳамро дӯст медоранд.

Нодира Собирзод


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
2
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
2
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend