fbpx

“Алиф. До. Ре. Ми” Мустанаде, ки алоқаи мусиқӣ ва динро инъикос мекунад

Филм дар бораи муаллими мусиқии деҳае қисса мекунад, ки дар баробари меҳри беандоза ба мусиқӣ эътиқоди динияш баланд аст.


4
4 points
Филми мустанади коргардони ҷавон Алиҷон Ҷалилов соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гардид

Нахустин филми мустанади коргардони ҷавон Алиҷон Ҷалилов, писари журналисти маъруфи тоҷик Субҳон Ҷалилов соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гардид. Ин мустанад “Алиф. До. Ре. Ми” унвон дошта, дар Кинофестивали байналмилали нахустфилмҳо ва филмҳои донишҷӯён “Бастау” дар Ҷумҳурии Қазоқистон, ҷоизаи таваҷҷуҳи махсуси ҳакамонро сазовор шуд.

Муаллифи Your.tj бо филмофари ҷавон ҳамсуҳбат шуда, аз муваффақиятҳои дигари ӯ низ нақл кард.

Қаҳрамони мустанад муаллими фанни мусиқӣ аз ноҳияи Файзобод аст. Ӯ дар хонаи ятимон ба воя расида, илми мусиқиро касб кардааст. Ҳамин тавр, бо даъвати директори мактаби мусиқӣ – У. Комилов ба Файзобод омада, инак бештар аз 42 сол аст, ки ба тарбиятгирандагони боғча ва хонандагони мактаб аз мусиқӣ таълим медиҳад.

Таҳифгари филм писари ровии машҳур Субҳон Ҷалилов аст.
Алиҷон Ҷалилов, коргардони филм

Тавлиди ғоя

Ба ақидаи қаҳрамони мо, беҳтарин идеяҳо бештар тасодуфан аз ҷое пайдо мешаванд, ки умуман ба тасаввур наомада буд. Ӯ ба ин маънӣ ишора карда мегӯяд:

Рӯзе падарам дар бораи муаллими мусиқии деҳот бо номи Ҳайдар Мирзоев қисса кард. Баъди сӯҳбат бо ин шахс эҳсос кардам, ки қаҳрамони аввалин мустанади худро пайдо намудам. Ҳамин шавқ буд, ки шояд ин филм самимӣ ва диданӣ баромад.

Алиҷон бо гурӯҳи корӣ як муддатро барои омӯзиши мавзеъҳои сабт, таҳияи сенария, бандубаст ва садогузорӣ сарф намуданд. Албатта сармоягузорӣ шудани филми “Алиф. До. Ре. Ми” аз ҷониби Интернюс дар Тоҷикистон, кори таҳияи филмро тезонид.

Филми “Алиф. До. Ре. Ми” пурра дар Файзобод сабт шудааст. Омодагиҳои пешакӣ, наворбардорӣ ва кори тадвини мустанад дар умум се моҳро дар бар гирифт.

Мо аз нигоҳи омодагӣ ва таҷҳизот мушкилӣ надоштем. Танҳо ба самти мушаххас ва ба гуфтани деталҳои барои мо зарур раҳнамун кардани қаҳрамон душвортар буд. Ӯ 74 сол дорад ва ҳодисаву руйдодҳоеро, ки ба ёдаш мерасиданд, нақл мекард,- қисса кард Алиҷон.

Ба гуфтаи ӯ, дандонҳои сунъии қаҳрамон хеле ошкоро ҳис мешуд, ки вақти суҳбат барояш мушкилӣ эҷод мекунад, шояд бо ҳамин сабаб дар навор баъзе калима ва мафҳумҳоро нофаҳмотар талаффуз намудааст. Аз ин рӯ, бо гурӯҳи эҷодӣ мақсад доранд, ки баъдтар дар қатори зернависи англисии филм, варианти русии онро ҳам гузоранд. Зеро аудиторияи тоҷикӣ бештар майл ба тарҷумаи русӣ доранд.

Ба андешаи Алиҷон, бартарият ва авлавияти филмҳои ҳуҷҷатӣ дар воқеъияти кул ҳастанд, яъне дар онҳо сохтакорӣ нест. Ӯ ҳамеша дар бораи филмҳои ҳуҷҷатӣ ва мардумоне, ки қиссаҳои ҷолиб доранд, фикр мекард. Ширкат дар Мактаби филмҳои мустанади Интернюс ва пайдо шудани сарпараст барои таҳияи филм, орзуҳояшро зудтар амалӣ сохтанд.

“Дар бораи муаллимони мусиқӣ хеле кам менависанду мегӯянд. Мақсади мо аз таҳия ва пешниҳоди ин мустанад бо нишон додани зиндагии як муаллими мусиқии музофот, инъикос намудани заҳматҳои ин қишри ҷомеа буд, ки умедворем тир ба нишон расид”, – бо боварӣ мегӯяд ӯ.

"Алиф. До. Ре. Ми" филмест, ки алоқа байни мусиқӣ ва дини исломро барпо мекунад
Қаҳрамони филм

Чаро “Алиф…”?

Унвони мустанади мазкур диққати бештари тамошобинонро ба худ ҷалб кард. Чунки пеш аз овардани нотаҳои мусиқии до, ре, ми, калимаи Алиф аз рӯйи мантиқ ҷолиб аст. Бояд гуфт, ки дар ҷомеаи суннатӣ ҳамеша миёни ҷонибдорони мусиқӣ ва дин назарҳои мухолиф мавҷуд аст.

Агар “До. Ре. Ми” ишора аст ба самти асосии кори қаҳрамони филм ва дигаргуниҳои зиндагии ӯ бо оҳанги нотаву садоҳо, гузоштани калимаи Алиф рамзест, ки ба дини Ислом бештар рӯ овардани муаллими мусиқӣ Ҳайдар Мирзоевро ифода мекунад. Инчунин маънии ростманиш будани қаҳрамони филм дар печутоби зиндагӣ низ ифода гардидааст.

“Барои ин филм номҳои зиёдро фикр накарда будем. Аз рӯзи аввале, ки дар андешаи таҳияи филми мустанад шудам, фақат ҳамин як ном – “Алиф. До. Ре. Ми” дар зеҳнам чарх зад”,- чунин шарҳ дод Алиҷон.

Мавриди зикр аст, ки дорои мавзӯи ҷолиб, гуногун ва рангоранг будани саҳифаҳои зиндагии як муаллими мусиқӣ аз музофот ва дар қолаби шавқовар пешниҳод гардидани филм, сабабгори таваҷҷӯҳи махсуси ҳакамон дар фестивал – озмун гардид.

Ишқи филм

Алиҷон филмҳои ҳуҷҷатии зиёдро тамошо кардааст, шавқу рағбат дорад, ки пайваста пайигири мустанадҳо бошад. Миёни онҳо филмҳои таҳиякардааи Сайф Раҳимзоди Афардиро аз ҳама беш диданӣ меҳисобад. Аз коргардонҳо ва мустанадҳои хориҷӣ филмҳои “Милана” (Мадина Мустафина, Қазоқистон), “Для Самы” (истеҳсоли Британия ва Сурия) ва мустанадҳои гуногунмавзӯе, ки онҳоро BBC таҳия мекунад, барои ӯ ҷолибанд.

“Хушбахтона солҳои охир филмсозӣ дар кишвари мо рӯ ба рушд дорад ва умедворам, ки натиҷаҳои дилхоҳ ба даст меоянд”, – гуфт ӯ.

Ӯ ошиқи филмҳои ҳунарӣ низ ҳаст. Тамошои филмҳои ҳунарии мисли “Ситораҳои сари танӯр”, “Падари маҳтобӣ”, “Илҳоқ”, “Охирин сайди сайёд”, “Такси”, “Бачаи обӣ”, “Дов” ва “Додараки фариштаҳо” барои вай ҳамеша ҷолибу диданӣ аст.

Алиҷон ҳоло сари таҳияи мустанадҳои дигар фикр мекунад. Дар ин асно, бо коргардони машҳур Муҳаммадрабӣ Исмоил дар сабту бандубасти филми ҳунарии “Се хоҳарон” ширкат варзида истодааст, ки корҳои ба навору синамо робитадоштаро иҷро менамояд. Ин метавонад боз як таҷриба бошад дар фаъолияти коргардонии Алиҷон.

Кори эҷодӣ вақти зиёдро талаб мекунад ва кори фикрӣ шахсро аз кори ҷисмонӣ дида, бештар хаста месозад. Аз ин лиҳоз ӯ мекӯшад, ки баъд аз корҳои тадвину эҷодӣ вақти худро дар донишгоҳ гузаронад.

Алиҷон нахустин қадами хешро ба соҳаи филмофарӣ гузошт
Алиҷон бо аҳли эҷод

Аз иқтисод ба синамо

Қаҳрамони мо дар ихтисосе таҳсил мегирад, ки ба ҳисобу рақам вобастагӣ дорад, на ба навору садобардор. Ӯ донишҷӯи курси 3 -юми риштаи идоракунии сармояи хориҷии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аст.

Иқтисод ва донистани нозукиҳои он барои намояндагони ҳама касбу кор муҳим аст, мегӯяд ӯ ва фикрашро сайқал дода идома медиҳад:

Доштани чанд касбу ихтисос монеи кори эҷодӣ намешавад, шояд кӯмак ҳам расонад. Бо назардошти он, ки ҳоло яке аз мушкилоти асосии синамоофарон пул ва сарпараст аст, доштани маълумоти иқтисодӣ дар идома, шояд барои дарёфти сармоягузорон, дуруст тақсим кардани буҷаи филм, танзими бозорёбии филмҳо ва мисли ин кӯмак расонад.

“Коргардонӣ, филмофарӣ ва эҷодкорӣ аслан истеъдод аст, ки ҳатман бояд бо омӯзиш ва табодули таҷриба сайқал дода шавад. Ин кор ҳам бе вазъи беҳтари иқтисодӣ  амалӣ намегардад. Хулоса, иқтисод ва эҷод – ду боли муҳиме барои парвозанд”,- гуфта андешаи худро қувват мебахшад Алиҷон.

Сарфи назар аз ин гуфтаҳо, Алиҷон тасмим дорад, ки дар оянда ба унвони донишҷӯи Донишкадаи кинематографии давлатии умумирусиягии Федератсияи Русия сазовор шавад.

Тадвингар, дублёр, блогер ва рӯзноманигор

Алиҷон аз овони кӯдакӣ дар фазои эҷодӣ ба воя расидааст. Саҳнаҳои бачагона бо лӯхтакҳо, сабтҳо дар диктофон, сабти бозиҳои кӯдакона дар ҳавлии бино ва бандубасти содатарини он наворҳо, баъдтар фаъолият дар радио, ширкат дар дубляжи филмҳои ҳунарии кӯдакона ва тасвирӣ дар ТВ “Баҳористон” ва студияи “Ҳамсадо” аз намунаи фаъолиятҳои ӯ буданд, ки дар идома барои интихоби роҳи коргардонӣ ва филмофарӣ таъсир расонидаанд.

Солҳое, ки дар синфҳои 7-8 мактаби миёна таҳсил мекард, дар дубляжи филмҳо ширкат намудааст. Филми ҳунарии “Маугли” аввалин дубляжи ӯст, ки ба нақши асосӣ Маугли овоз додааст. Ҳамин тавр давраи мактабравӣ, дар дубляжи қаҳрамонҳои 20 адад филми тасвирӣ ва ҳунарии ТВ “Баҳористон” овоз дод.

Алиҷон аз соли 2019, дар сомонаи иҷтимоии YouTube фаъол аст. Ӯ дар канали шахсии худ бо унвони “Tajfix” зиёда 3 ҳазор нафар пайгир дорад. Дар баробари таҳияи муҳтаво, бандубасти наворҳоро аз руйи барномаҳои мухталиф, ба мисли “Adobe – Premiere”, “Audition”, “Illustrator”, “Photoshop” ва барномаи “Vegas” аз худ намуд.

YouTube – ро на барои ба даст овардани манфиат, балки барои боло бардоштани таҷрибаи корӣ, омӯхтани нозукиҳои истифодаи ин шабака истифода мекунам”, – илова намуд қаҳрамони мо.

Яке аз муваффақиятҳои ин саҳифа, пешниҳоди барномаи “DESTINY” (Тақдир) буд, ки баъд аз “Tajfix” чанд намунаи он аз тарафи дигар истифодабарандагони фазои YouTube – и тоҷикӣ пайдо гардид.

“Ин барнома пешгуфтори дуру дароз, саволҳои такрорӣ ва обшуста, хайрухуши болохонадор ва мисли инро надорад. Аз ин лиҳоз дигарон низ ба ин қолаб рӯ оварданд. Дуруст аст, ки чанд вақт боз ин лоиҳа пешниҳод нашуда истодааст, зеро дар сари такмили он меандешам”,- ошкоро гуфт Алиҷон.

Ӯ таҷрибаи кор дар радиоро ҳам дорад. Дар таҳияи барномаҳое, мисли “Пайраҳа” ва “Сафдар” – и Радиои “Ватан” саҳм гузоштааст. Ӯ кори худро аз тадвин шуруъ кардааст. Пеш аз фаъолият дар радио, Алиҷон, ҳамеша ровии чорабиниҳои мактабӣ буд, ки ин кор дар баробари афзоиш додани ҳавас, боиси андӯхтани таҷриба ҳам шуд.

Ба таҷрибаи бойи падарам такя мекунам…

Тавре олимон ҳам исбот кардаанд, қобилият бештар аз ирсият вобаста аст. Алиҷон низ мисли падари худ Субҳон Ҷалилов истеъдоди нотиқӣ дорад. Вале падари ӯ ба муваққиятҳояш таъсиргузор нест. Ба ҳар чизе, ки расидааст танҳо бо кӯшиш ва истеъдоди худ ба даст овардааст.

Ман аз таҷрибаи падарам васеъ истифода мекунам. Ӯ ба ман дар коркарди ғояҳо, пайдо кардани мавзӯъ, баррасии имконияту зарфиятҳоям кӯмак мерасонад. Яъне танҳо ба таҷрибаи бойи падарам такя мекунам, на ба маъруфияти ӯ,- суханашро анҷом мебахшад коргардони ҷавон.

Алиҷон дар оянда нақша дорад, ки дар самти филмофарӣ табодули таҷрибаро дар хориҷи кишвар анҷом диҳад. Инчунин бо сабту таҳияи филмҳои кӯтоҳи ҳунарӣ машғул шавад.

Мақсадҳои неки ӯ хеле зиёд аст, то бо эҷоди филмҳои диданӣ барои муаррифии фарҳангу санъати миллӣ, табиати афсункор ва инсонҳои наҷиби ин сарзамин бо тамомии имкону истеъдоду тавон,  саҳмгузорӣ намояд.

Нодира СОБИРЗОД


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

4
4 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
4
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
3
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
2
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend