fbpx

Кӯмакпулии яквақта ба сокинони эҳтиёҷманд дар арафаи Соли нав бо фармони президент

Мухтасари хабарҳои рӯз


0
Даромади аҳолии Тоҷикистон афзудааст

Домоди президент аз раёсати Бонки миллии Тоҷикистон хориҷ карда шуд

Ҷамолиддин Нуралиев, домоди Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки 7 сол ба ҳайси муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон фаъолият кардаву моҳи июни имсол аз вазифа сабукдӯш гардида буд, аз ҳайати раёсати БМТ низ хориҷ карда шуд.

Ҷамолиддин Нуралиев, домоди Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҳайати раёсати БМТ низ хориҷ карда шуд.
Ҷамолиддин Нуралиев

Дар ин бора фармони Президенти Тоҷикистон 13 декабри соли 2022, таҳти № 481 содир шуда, дар пойгоҳи иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон интишор ёфтааст.

Бар асоси фармони Эмомалӣ Раҳмон, Ҷамолиддин Нуралиев аз раёсати БМТ хориҷ ва ба ҷои ӯ ду нафар – Фирӯз Шарифзода ва Алиҷон Салимзодаро, муовинони нави раиси БМТ ба ҳайси аъзои ҷадиди раёсати бонк таъйин шудаанд.

Ҷамолиддин Нуралиев, ки 7 соли ахир, аз моҳи майи соли 2015 то июни 2022, ба ҳайси муовини раиси БМТ фаъолият дошт, моҳи июни соли равон бо имзои Эмомалӣ Раҳмон ва розигии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз ин мансаб барканор шуд.

Бояд гуфт, дар фармони ба имзо расонидаи президент сабаби барканории Ҷамолиддин Нуралиев “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” гуфта мешуд, аммо бо гузашти 6 моҳ маълум нест, ки ӯ ба кадом кори дигар таъйин шудааст.

Ҷамолиддин Нуралиев домоди президент Эмомалӣ Раҳмон ва шавҳари Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон буда, қаблан дар вазифаҳои муовин ва муовини аввали вазири молияи кишвар низ фаъолият кардааст.

Кӯмакпулии яквақта ба сокинони эҳтиёҷманд дар арафаи Соли нав бо фармони президент

Бо имзои Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон қарори дахлдор  кӯмакпулии яквақтаи ҳадди ақалли музди меҳнат амалӣ мешавад. Сарвари давлат ба «Амонатбонк» дастур додааст, ки ин маблағҳоро ба аҳолӣ пардохт намояд.

Рӯйхати шаҳрвандони эҳтиёҷманди кишвар аз тарафи ҳукумати кишвар тасдиқ шуда, қарор аст маблағҳо ба кортҳои бонкӣ гузаронида, ё дар шакли пули нақд дода шаванд.

Интизор меравад, ки маблағҳо то охири соли равон ба эҳтиёҷмандон дастрас шаванд, омадааст дар хабари АМИТ “Ховар”.

Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солона ба Парлумони Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки бори аввал дар таърихи кишвар 475 ҳазор шаҳрвандони эҳтиёҷманд кӯмаки молиявӣ дар шакли кӯмакпулии яквақта мегиранд. Бо ин ҳадаф 285 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Маблағҳо ба кӯдакони ятим ва бесаробон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ дода мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон зимни Паём ба ҳукумати кишвар фармон дод, ки аз 1 июли соли 2023 ҳаҷми кӯмакҳои моддӣ ба эҳтиёҷманд афзоиш дода шаванд. Ҳамин тариқ, маблағи кӯмакпулӣ барои оилаҳои эҳтиёҷманд аз 512 сомонӣ ба 836 сомонӣ мерасад.

Мулоқоти навбатии гурӯҳҳои кории Тоҷикистон ва Қирғизистон

Дирӯз, 26 – уми декабр, дар Қирғизистон мулоқоти навбатии гуруҳҳои кории Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид. Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Мулоқоти навбатии гуруҳҳои кории Тоҷикистон ва Қирғизистон
Акс аз сомонаи хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд

Дар ин мулоқот фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии  КДАМ ҶТ генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶҚ генерал-майор Уларбек Шаршеев, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, намояндаи ваколатдори Президенти Қирғизистон дар вилояти Бодканд Абдикарим Алимбаев, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадӣ иштирок намуданд.

Дар мулоқот ҷонибҳо рафти таъмини иҷрои протоколҳои қаблан имзошуда, аз ҷумла протоколи рақами 42 -ро баррасӣ карда, аз вазъи иҷрои ин ҳуҷҷат изҳори қаноатмандӣ карданд,-афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад тарафҳо таҳкими муносибатҳои дуҷонибаро зарурӣ ҳисобида, таъкид кардаанд, ки минбаъд тамоми масъалаҳои ба миён омада дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо ҳал карда шавад. Роҳбарони ҳайатҳо протоколи нав ба имзо расонидаанд.

Охирин мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ рӯзҳои 1 – 6 декабри соли 2022 дар шаҳри Ботканд баргузор гардида буд, ки зимни он ҷонибҳо “тавсифи лоиҳавии гузариши хатти сарҳади давлатиро ба масофаи 17,66 км иҷро намуда, ҷиҳати идомаи корҳо Нақша-ҷадвали вохӯриҳоро барои соли 2023 мувофиқа карданд”.

Дар шаҳри Душанбе бошад, бори охир 14-уми ноябри соли 2022 таҳти роҳбарии Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Қамчибек Тошиев, муовини сарвазир – раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ҷаласа оид ба муайянкунӣ ва аломатгузории сарҳади давлатии ду кишвар баргузор гардида буд.

Он замон ҳам ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи дахлдорро ба имзо расонида, ҷузъиёти онро ба расонаҳо ироа накарда буданд.

Ёдовар мешавем, ки дарозии марзи байни ду ҷумҳурӣ тақрибан 970 километрро ташкил медиҳад ва расмиёти аломатгузории он пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ анҷом наёфтааст. Дар ҳоли ҳозир, Тоҷикистону Қирғизистон аз 970 километр марз танҳо 602,5 километри онро аломатгузорӣ намудаанд.

7 соли зиндон ба рӯзноманигор Абдусаттор Пирмуҳаммадзода

Рӯзноманигор ва блогери тоҷик Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ба 7 соли зиндон маҳкум шуд, хабар медиҳад Радиои Озодӣ бо такя ба иттилои бародари блогер Абдукарим Пирмуҳаммадзода.

Рӯзноманигор ва блогери тоҷик Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ба 7 соли зиндон маҳкум шуд
Абдусаттор Пирмуҳаммадзода

Гуфта мешавад, ки ҳукми Абдусаттор Пирмуҳаммадзода рӯзи 26 декабр аз ҷониби Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе содир шудааст. Хешовандон ва дӯстон аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар номаи худ, ки ду моҳи пеш аз СИЗО ирсол карда буд, изҳор доштааст, ки ба адолат дар Тоҷикистон бовар надорад ва мутмаин аст, ки ҳукмаш ҳанӯз қабл аз боздошташ дар долонҳои мақомот содир шудааст.

Ҳукми додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба рӯзноманигор ва блогер расман эълон нашудааст.

Наздикони Абдусаттор Пирмуҳаммадзода изҳор доштанд, ки то ҳол нусхаи ҳукмро дастрас накардаанд, вале медонанд, ки блогер бар асоси қисми 2 моддаи 307, қисми 3 (Ташкили фаъолияти созмони ифротӣ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шудааст. Барои ин кирдор бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.

Мурофиаи додгоҳии Абдусаттор Пирмуҳаммадзода рӯзи 13 октябр дар бинои СИЗО – и шаҳри Душанбе пушти дарҳои баста ва бидуни ширкати наздикон оғоз шуд.

Мо ҳукмро ноодилона мешуморем. Мо бо қарори суд розӣ нестем. Дар ҷараёни мурофиа худи Абдусаттор иттиҳомоти алайҳи ӯ эълоншударо беасос номид, – гуфт Абдукарим Пирмуҳаммадзода, бародари блогер.

Вай афзуд, ки ҳангоми эълони ҳукм зану фарзандон ва хоҳари судшаванда дар толори додгоҳ ҳузур доштанд.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаи 44 – сола, корманди собиқи Радиои “Садои Душанбе”, ду сол қабл, пас аз нашри навор дар Рӯзи президент, ки 16 ноябр таҷлил мешавад, маъруф шуд.

Рӯзноманигор, ки ба гуфтаи ӯ, маҷбур шуд, ба ҳамлу нақли хусусӣ машғул шавад, мегӯяд, аз кори ношоистаи нозирони роҳ, ки кормандони онҳо бо ҳар баҳона аз ронандагон айб меҷӯянд ва ҳатто барои қонуншикании кӯчак ҳам ҷаримаи калон меситонанд, дар ҳайрат мондааст.

Дере нагузашта Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар YouTube саҳифаи худро боз кард ва дар он ҷо ба нашри наворҳо дар мавзӯъҳои рӯзмарра шурӯъ намуд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend