fbpx

11 соли зиндон бо ҷурми сӯиқасд ба ҷони ҳамсар

Мухтасари хабарҳои рӯз


-1
-1 points
Марди тоҷик ба куштани ҳамсараш гумонбар аст
Акси марбута аз интернет

Боздошти ноболиғ бо гумони ҳамла ба рӯзноманигор

Ноболиғи 17солаи сокини пойтахт, ки ба латукӯби беасоси Бобоҷон Муҳтоҷиён, рӯзноманигор ва филмбардори тоҷик гумонбар дониста мешавад боздошт шуд. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар дод.

Ҳамлагар ба рӯзноманигор боздошт шуд.
Акс аз “Азия плюс”

Манбаъ бо нашри як хабарнома гуфтааст, ки ҳодиса рӯзи 15 – уми декабр, тақрибан соатҳои 19:40, дар кӯчаи Анзоб – даромадгоҳи Боғи Ғалаба рух додааст.

Гумонбаршаванда бе ягон асос Муҳтоҷов Б. – ро мавриди лату кӯб қарор додааст, ки дар натиҷа номбурда ҷароҳати ҷисмонии сабук бардоштааст, – гуфта мешавад дар иттилоия.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз гумонбар ноболиғи 17 – сола Р.В., сокини кӯчаи Анзоби ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ном бурдааст, ки дар содир намудани ҷинояти авбошӣ айбдор мешавад.

Айни замон, ҳодисаи мазкур бо мақсади оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ тибқи талаботи моддаи 237 (Авбошӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумхурии Точикистон, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад, – гуфтааст ин ниҳод.

Субҳи дирӯз, Бобоҷон Муҳтоҷиён, рӯзноманигор ва филмсози тоҷик, ки ҳоло дар созмони байналмилалии “Табибони бидуни марз” кор мекунад, дар саҳифаи фейсбукаш хабар дода буд, ки дар наздикии коргоҳаш дар шаҳри Душанбе, мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифт, вале бо гузашти беш аз як ҳафта омилони ҳамла дастгир ва муҷозот нашудаанд. Баъдан, бо сабабҳои номаълум ин навишта пок карда шуд.

Ӯ аз мақомоти интизомии пойтахт хостори таҳқиқи мӯшикофонаи қазияаш шуд ва гуфта буд, ки ӯро як савол азият медиҳад: Дар Душанбе – шаҳри ором ва бехатар, кӣ ва чаро ӯро зад?

Охирин ҳолати латукӯби журналистон  моҳи майи соли равон иттифоқ афтода буд. Он замон рӯзноманигорони Радиои Озодӣ Муллораҷаб Юсуфӣ ва Анӯшервон Орипов мавриди ҳавлаи шахсони номаълум қарор гирифтанд, ки бо гузашти беш аз ним сол, то ҳол шахсияти онҳо маълум нашудааст.

Маъмулан, мақомоти масъули кишвар пас аз латукӯби журналистон ваъдаи боздошти гунаҳкоронро мекарданд, аммо бо гузашти муддате, касе барои латукӯби журналистон боздошт намешуд.

Бо фарқ аз ҳолатҳои қаблӣ, ин маротиба шахси ҳамлавар мушаххас ва худи ӯ боздошт гардидааст.

11 соли зиндон бо ҷурми сӯиқасд ба ҷони ҳамсар

Сокини ноҳияи Хуросон барои сӯиқасд ба ҷони ҳамсараш 11 сол равонаи зиндон шудааст. Ӯ бо ҳамсараш зиндагии якҷоя ва ду кӯдак доштанд.

Сокини ноҳияи Хуросон ба ҷони ҳамсари худ сӯиқасд кард
Ӯ аз рашк ба ҳамсари худ бо корд чанд зарба задааст.

Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия хабар додааст, ки ҳодиса шаби рӯзи 24-уми августи соли равон рух дода, С. Муҳсидинов аз рӯи рашк ҳамсараш Шаҳноза Расуловаро, ки дар хонаи волидайнаш зиндагӣ мекард, бо корди ошхонагӣ чанд зарба задааст.

Рӯзи 25-уми августи соли 2022, соати 9:00 ҳангоми ба корҳои хона машғул шудани ҳамсараш Расулова Ш.М. аз набудани дигар аъзоёни хонавода Муҳсиддинов С.Г. истифода бурда, Расулова Ш.М.-ро дошта, ба ҳуҷраи манзили истиқоматӣ дароварда, бо корди дар дасташ буда, ба узвҳои ҳаётан муҳими охирин зада, бинобар доду фиғон бардоштани ҳамсараш аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, ки аз сабаби сари вақт ба беморхона интиқол додани Расулова Шаҳноза ва расонидани ёрии саривақтии тиббӣ ӯ зинда мондааст.

Ҳамин тариқ, бо ҳукми Суди ноҳияи Хуросон  аз 7 октябри соли 2022 Муҳсиддинов С.Г. бо моддаҳои 32 қисми 3 (Тайёрӣ ба ҷиноят, сўиқасди ҷиноят) ва 104 қисми 1 (Одамкушӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳгор ва 11 сол равонаи зиндони низомаш пурзӯр гардид.

Ёдовар мешавем, ки чанд соли охир ҳодисаи куштори ҳамсар аз сӯи шавҳар зиёд ба гӯш мерасад ва мақомот омилҳои онро рашку ҳасад ва тоб наовардан ба мушкилоти зиндагӣ мегӯянд.

Боздошти хонандагони мактаб барои латукӯби талабаи синфи 8

Дар шаҳри Душанбе гурӯҳи хонандагони чанд мактаби пойтахт боздошт шуданд, ки бо маслиҳати пешакӣ як хонандаи синфи 8 – ро латукӯб кардаанд. Дар ин бора Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ (РВКД) дар шаҳри Душанбе иттилоъ дод.

Дар Душанбе гурӯҳи хонандагони мактаб барои латукӯби хонандаи синфи 8 боздошт шуданд
Акс аз шабакаҳои интернетӣ

Милитсияи пойтахт, аз хонандагон ном набурдааст ва танҳо ишора кардааст, ки онҳо хонандагони мактабҳои  №77, №78 ва №57 буда, як хонандаи синфи 8-уми мактаби №5-ро латукӯби шадид кардаанд ва ҷараёни латукӯбро ба навор гирифта дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр намудаанд.

Гуфта мешавад, ки ҳодиса рӯзи 30-юми ноябри соли ҷорӣ, тақрибан соати 13:00 дар кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе рух додааст.

Айни замон ҳамаи гумонбарон дастгир гардида, аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ маводҳои лозима тартиб дода шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад, – омадааст дар иттилоия.

Дар бораи сабабу омили латукӯб чизе гуфта нашудааст.

Шоми 25-уми декабр дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори муноқиша ва зери латукӯб қарор додани як ноболиғ аз ҷониби гурӯҳи наврасон, ки зоҳиран хонандагони мактаб буданд, нашр гардид. Он миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси тундеро ба миён овард ва онҳо аз мақомоти дахлдор, махсусан милитсияи Душанбе дархост карданд, ки гунаҳкорон боздошт ва ҷазо дода шаванд.

Ёдовар мешавем, ки чанд пеш волидайни чанд духтари ноболиғ аз шаҳри Исфара, ки навори лаҳзаи латукӯби як духтари ноболиғ аз сӯи онҳо, боиси сару садо дар шабакаҳои иҷтимоӣ гардид, бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (Иҷро накардани уҳдадориҳо оид ба парасторӣ, таълим ва тарбияи ноболиғон) муҷозот гардида буданд.

Сафари Президенти Қирғизистон ба вилоти Бодканд

Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон рӯзҳои 24 ва 25 – уми декабр ба вилояти Бодканди ҳаммарз бо Тоҷикистон сафар карда, ба маҳаллаҳое рафтааст, ки дар муноқишаи марзии моҳи сентябр осеб дидаанд.

Президенти Қирғизистон ба вилояти Бодканди ҳаммарз бо Тоҷикистон сафар кард
Акс аз расонаҳо

Султон Досалиев, сухангӯи президенти Қирғизистон бо нашри чанд баёнияи расмӣ дар саҳифаи Фейсбукиаш дар бораи ин сафар аз ҷумла навиштааст, ки Содир Ҷабборов ба маҳаллаҳои Достук, Оқсой, Қапчиғай дар ноҳияи Бодканд рафта, бо ҷараёни барқарорсозии хонаву иншооте ошно шудааст, ки дар муноқиша бо неруҳои Тоҷикистон осеб диданд ва ё вайрон шуданд.

Дар рӯзҳои 14-17-уми сентябр дар натиҷаи низоъ дар сарҳади ду кишвар дар вилояти Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон аз ду тараф бештар аз 100 нафар кушта шуданд. Ҳарду кишвар, ки садҳо километр марзи номуайян доранд, якдигарро ба таҷовуз ба қаламрави ҳамдигар муттаҳам карданд.

Дар баёнияҳои Султон Досалиев омадааст, ки Содир Ҷабборов ҳамчунин аз посгоҳи марзии “Достук” дар марз бо Тоҷикистон дидан кардааст, ки он низ дар ҷараёни муноқишаҳои марзӣ дар моҳи апрели соли 2021 ва моҳи сентябри имсол осеб дид.

Дар баёнияҳои сухангӯи раиси ҷумҳури Қирғизистон омадааст, ки Содир Ҷабборов ба суолҳои сокинон дар бораи масоили марзӣ посух дод, вале ҳеч ишорае ба музокироти марзӣ бо Тоҷикистон нашудааст.

Содир Ҷабборов моҳи ноябр гуфт, ки онҳо қасд доранд, масъалаи таъйину аломатгузории марзи Қирғизистону Тоҷикистон то охири имсол ҳал шавад. Ӯ ваъда дод, ки санадҳои лозимаро дар ин замина то охири моҳи декабр ба порлумони кишвараш пешниҳод мекунад.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аввали моҳи декабр гуфт, ки ду кишвар барои нишонагузории 17,66 километри марз ба тавофуқ расидаанд. Вазорат ҳамчунин гуфт, ки нақшаи вохурии ҷонибҳо дар соли 2023 низ мувофиқа шудааст.

Бо гузашти се даҳсола аз истиқлоли ҳарду кишвар, аз 987 километр марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон тақрибан 664 километри он таъйину аломатгузорӣ шудааст. Бақия ва бештар аз 300 километри дигар ҳануз бе аломату баҳсбарангез аст, аз ин рӯ байни сокинони ду тараф барои манобеи табиӣ ба мисли об, чарогоҳу замин ва роҳ муноқиша сар мезанад ва ба хунрезиҳои сахт ҳам печидааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend