fbpx

Акнун блогерон андоз месупоранд: Кумитаи андоз ба онҳо то 1 апрел муҳлат дода

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Акс аз сомонаи Азия-Плюс

Тоҷиктелеком ва Роғун аз ҷумлаи бузургтарин қарздорони асосии андоз мебошанд

Бузургтарин қарздорони андоз дар кишвар ин Тоҷиктелеком, Роғун, Ширкати Алюминийи Тоҷик, Сангтӯда, фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе, Talco Resource ва Алюминсохтмон мебошанд. Қарзи умумии онҳо 291 миллион сомониро ташкил медиҳад, гуфт роҳбари Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода дар нишасти матбуотӣ.

Ба гуфтаи ӯ, қарзҳои корхонаҳои калон аз ҳисоби вазъи вобаста бо пандемия афзоиш ёфтаанд. Вай таъкид кард, ки андози ҷамъшуда дар соли 2020, 600 млн сомони камтар аз нақшаи пешбинишуда мебошад.

Аз 1 апрел ҳамаи блогерҳо бояд дар мақомоти андоз сабти ном шаванд

Ба блогерони тоҷик то 1 апрел муҳлат дода шуд, ки дар мақомоти андоз худро ба қайд гузоранд. Агар ба қайд нагузоранд, нисбаташон чораҳои дахлдор андешида хоҳад шуд, гуфт сардори Сарраёсати Кумитаи андози ҷумҳурӣ Шамсулло Кабирзода зимни нишасти матбуотӣ.

“Тибқи таҳлил, тақрибан 30 канал муайян карда шуданд, ки аз 3 то 20 миллион тамошобинро ҷамъоварӣ мекунанд », – гуфт ин корманди андоз. Кумита мегӯяд, ки тибқи қонун, ҳама ашхосе, ки даромад доранд, бояд андози даромадро пардохт кунанд. Дар ҳамин ҳол, бисёре аз блогерони тоҷик мегӯянд, ки даромади ночиз доранд ва наметавонанд андоз супоранд ва эҳтимол дорад ки онҳо каналҳои худро бубанданд.

Ҳамчунин Кумитаи андози Тоҷикистон рӯйхати 10-гонаи фаъолтарин блогерҳои Тоҷикистонро пешниҳод кард. Ба он каналҳои Орзу Исоев, Беҳрӯз Зеваров ва лоиҳаи “Дугонаҳо” шомиланд

Ҳамин тавр, тибқи ин феҳраст ҷои якумро канали Tamoshow мегирад, ки 867 ҳазор ҳамванд ё обуначӣ дошта, теъдоди умумии тамошои наворҳои ин канал 430 миллионро ташкил медодааст.

“Канали калони мусиқии ҳунармандони тоҷик мебошад. Нашр шудани тарона дар ин канал маънои маъруфияти овозхонро дорад. Муаллифаш Беҳрӯз Зеваров аст”, – омадааст дар он.

Дар ҷои дувум шабакаи “Территория юмора” омадааст, ки 66,8 ҳазор ҳамванд ва 9,5 миллион тамошобин доштааст.

Ҷои севумро лоиҳаи “Дугонаҳо” бо 19 миллион тамошобин, ҷои чорумро “Imshab Live”-и Мубориз Усмонов, панҷум канали “ORZU”-и Орзу Исоев бо 6 миллион теъдоди умумии тамошобинон гирифтаанд.

Ба панҷгонаи сонӣ, канали мутааллиқ ба Рафаэл Гулов – 3 миллион тамошобин, “Nigmatov Mansurov”- 19 миллион тамошобин, лоиҳаи “Бонуи пурҳунар”- 7 миллион тамошобин, канали “IRON KING” – 2 миллион тоимошобин ва ҷои охиронро лоиҳаи “Ишқ, пул, Душанбе” бо 4 миллион теъдоди умумии тамошобинҳо гирифтааст.

Дар гузаргоҳи “Қулма” 269 мошини бузургҳаҷми боркаш дармондааст

“Дар гузаргоҳи Кулма дар марзи Тоҷикистону Чин беш аз 260 мошини боркаши бузургҳаҷм бо молҳои тоҷирони тоҷик ҷамъ шудааст», – гуфт Азим Турсунзода, муовини аввали сардори Хадамоти гумрук ба хабарнигорон.

Гузаргохи Кулма тибқи қарори мақомоти Чин аз аввали моҳи октябри соли гузашта комилан баста аст. Ба гуфтаи вай, аз аввали соли равон ҷониби Чин танҳо гузаштани 25 мошинро иҷозат додааст.

Дар ҳамин ҳол, вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар аввали ҳафта дар мулоқот бо хабарнигорон изҳори умедворӣ кард, ки Чин марзро то охири моҳи феврал боз мекунад.

Чин дар қатори Русия ва Қазоқистон яке аз се таъминкунандаи асосии мол ба Тоҷикистон мебошад. Ҳаҷми савдои байни кишварҳо дар соли 2020 нисбат ба соли гузашта тақрибан 20% коҳиш ёфтааст.

Се корманди гумрук низ барои талоши қочоқи 90 кило тиллою садҳо ҳазор пул боздошт шудаанд

Тафтиши парвандаи ҷиноии гурӯҳи 7 нафараи қочоқбарон, ки мехостанд 90 кило тилло ва 15 миллион долларро ба хориҷи кишвар интиқол диҳанд, идома дорад, гуфтанд дар хадамоти гумруки кишвар.

Қочоқбарон, аз ҷумла 3 корманди гумрук, охири моҳи ноябри соли гузашта аз ҷониби кормандони Прокуратураи генералӣ дар фурудгоҳ боздошт шуданд, гуфт Раҳмоналӣ Раҳимзода, сардори Раёсати мубориза бо қочоқи Хадамоти гумрук.

Ба гуфтаи ӯ, маҳсулоти тиллоӣ ва асъори хоричи аз Афғонистон оварда шуда, қочоқбарон мехостанд онро ба Дубай интиқол диханд.

Тоҷикистон интиқоли барқро ба Афғонистон 8 баробар зиёд карданист

Ширкати “Барқи тоҷик” нақша дорад интиқоли нерӯи барқро ба Афғонистон 8 баробар зиёд кунад. Мувофиқи қарордодҳо, дар мавсими баҳору тобистон ба Ӯзбекистон ҳудуди 1,5 млрд кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода мешавад, хабар дод муовини аввали раиси ширкати “Барқи тоҷик” Маҳмадумар Асозода зимни нишасти хабарӣ.

Ба гуфтаи ӯ, интиколи барқ ба ин кишвар дар оғози мавсими тирамоҳу зимистон қатъ гардида, бо кофӣ шудани маҷрои об дар дарёи Вахш барқарор мешавад. Ӯ қайд кард, ки айни замон ҳамарӯза аз Тоҷикистон ба Афғонистон то 1,2 млн кВт/соат неруи барқ интиқол дода мешавад, ки тақрибан ба 2,5% аз ҳаҷми умумии барқи дар ҷумҳурӣ истеҳсолшуда баробар аст.

Дар назар аст, ки то охири соли равон аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар зиёда аз 3 млрд кВт/соат неруи барқ содир карда шавад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend