fbpx

Адиби кӯдакон. Чӣ тавр Сайидо асарҳои бачагона эҷод мекунад

Китоби нави Сайидо ба наздикӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешавад.


-2
-2 points

Сайидо Шарафӣ 18 сол дошта, яке аз нависандагони ҷавони тоҷик аст, ки ба эҷоди адабиёти кӯдакона машғул аст. Соли гузашта “Шодии талх” ном китоби ӯро Вазорати фарҳанг  «Беҳтарин китоби бачагонаи сол» эътироф карда буд.  

Вай ба Your.tj атрофи фаъолияти нависандагиаш ва вижагиҳои насри кӯдакона қисса кард.

Тавре Сайидо нақл мекунад, ӯро маҳз падараш ба китобу китобхонӣ дилбаста кардааст.  Чун падараш дар хориҷи кишвар кор мекард ва дар ҳар сафараш барои Сайидо китобҳо меоварду бо ӯ атрофи китобҳои хондааш суҳбатҳо меорост.

“Ман ҳамагӣ 5 сол доштам, ки падарам ба хориҷа рафта меомаданд. Новобаста аз он ки табиб буданду серташвиш, ҳамеша барои китобхонӣ вақт меёфтанд.

Аз ҳамон замон ба ман ҳар гуна китобҳои бадеӣ меоварданд. Албатта, он замон ман хондан наметавонистам, танҳо аз тамошои расмҳои китоб лаззат мебурдам.

Сипас вақте мактабхон шудам, дар баробари китобҳои дарсӣ, китобҳои бадеӣ низ мехондам”, – ба хотир меорад Сайидо.

Гузариш аз эҷоди шеър ба ҳикоя

Сайидо эҷодро аз навиштани шеърҳои кӯчак оғоз мекунад. Аммо, пас аз мутолиаи китоби “Субҳи ҷавонии мо”- и Сотим Улуғзода, тасмим мегирад, ки худро дар наср низ бисанҷад.

“Фикр мекардам, ки шеърро хуб менависам, аммо фикри навиштани қиссаву ҳикоя ба сарам наомада буд. Китоби устод Сотим Улуғзодаро хонда, тасмим гирифтам, ки ягон ҳикоя бинависам.

Оҳиста-оҳиста сафи ҳикояҳоям зиёд мешуданд, вале онҳоро ба касе нишон намедодам.

Вақте аввалин маротиба шеъру ҳикояҳоямро назди нависанда Латофат Кенҷаева бурдам, он кас баҳои баланд доданд ва дилам гарм шуду, аз он замон ба навиштани ҳикоя шурӯъ намудам”, – мегӯяд, Сайидо.

“Нависандаи кӯдакона будан душвор аст”

Дар пайроҳаи эҷод Сайидоро, адиби тоҷик – Латофат Кенҷева пайваста дастгирӣ менамуд. Зери роҳбарии ӯ аввалин ҳикояи худро бо номи “Шиновар” нашр кард.

“Ҳикояи “Шиновар”-ро  он кас таҳрир карда буданд. Ин ҳикояам, чор саҳифа буд, вале ҳоло чизе менависам, кӯшиш мекунам, ки кӯтоҳ ва ҷолиб бошад.

Ҳаминро дарк кардам, ки ҳама гуна асари дуру дароз барои кӯдак дилгиркунанда менамояд. Нависандаи кӯдакона будан душвор аст, чун туро лозим аст, ки як мазмуни бузургро бояд дар ду-се саҳифа ҷойгир намоӣ”,- таъкид намуд, қаҳрамони мо.

Сайидо барои он ки дунёи кӯдаконро фаҳмад, бо онҳо пайваста дар иртибот аст. Дар хона низ бо бародарзодаҳояш бисёр сӯҳбат мекунад, чун мехоҳад дунёи ботинии кӯдаконро чуқуртар омӯзад.

Ҳатто дафтаре хотироте низ дорад. Дар он  ҳар чизе, ки барояш аз ҳаёти кӯдакон писанд аст, менависад ва дар ҳикояҳояш онҳоро ҷой медиҳад.

“Шодии талх” – китоби сол

Сайидо, ҳамчун нависандаи ҷавон кӯшиш дорад, то дар ҳикояҳояш ҳисси табиатдӯстии кӯдаконро бедор намояд.

“Ҳар яки мо табиатро бояд  ҳифз намоем. Дар ҳикояҳоям талош мекунам, ки  чизе дар бобати табиат илова кунам, то дар дили кӯдак нисбати табиат ва ҳифзи он эҳсосеро бедор намоям”, – мегӯяд Сайидо.

Муҳтавои китоби “Шодии талх” бошад муносибати падару модар ба фарзанд ва талқини ҳифзи ҷонварон дар дили кӯдакон мебошад. Ин китоб зери таҳрири Латофат Кенҷаева бо дастгирии ташкилоти ҷамъиятии “Истиқбол” бо ду забон – тоҷикиву англисӣ ва аксҳои бозгӯкунандаи  муҳтавои ҳикоя нашр гардидааст.

Ин китоби Сайидо Шарафӣ соли 2020 дар озмуни “Китоби сол”-и Вазорати фарҳанг дар номинатсияи адабиёти бачагона сазовори ҷоизаву мукофот гаштааст. Ин нависандаи ҷавон то имрӯз 20 ҳикоя эҷод намудааст.

Орзуи тарчумони китобиҳои хориҷӣ ба тоҷикӣ

Сайидо Шарафӣ солҳои 2014, 2016 ва 2018 ҳамроҳи аҳли хонавода ба қораи Африқо сафар карда, ҳудудан ду сол он ҷо зиндагӣ кардааст. Дар Африқо тарзи зиндагӣ, расму анъанаҳо, дидаву шунидаҳояшро дар зеҳнаш захира карда, дар ҳикояҳои худ ҷой додааст.

Ӯ то ҳол бо дӯстони африқоияш дар иртибот буда, ҳикояҳои навиштаашро ба онҳо мефиристад. Ҳадафи нашри “Шодии талх” низ ба ду забон, барои фиристодан ба дӯстони хориҷиаш буд.

Айни ҳол Сайидо бештар ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ машғул аст ва мехоҳад китобҳои адибони хориҷиро ба забони тоҷикӣ баргардон кунад.

“Ният дорам, ки дар аввалин фурсат китоби “Цветы для Элджернона” ва “Сожжённая заживо”-ро ба забони тоҷикӣ тарҷума кунам”, – мегӯяд, ӯ.

Ҳоло Сайидо дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия таҳсил дорад.

Китоби дуюми Сайидо низ омодаи чоп аст, ки то охири сол ба дасти хонанда мерасад. Он бояд бо забони тоҷикӣ ва русӣ чоп шавад.

Маҳкам Маҳкамзода


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-2
-2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
11
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
6
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend