Шаҳриёр Азизов, ҷавони 28-солаи тоҷик, наздики 2500 километрро бо велосипеди якчарха – унисикл (ё моносикл) тай карда, бо ин таваҷҷуҳи зиёди корбарони Instagram-ро ҷалб намудааст.
Барои Шаҳриёр саёҳат роҳи худшиносӣ ва таҷрибаи бебаҳо аст. Ӯ худро пурра ба омӯзиши роҳҳои нав ва такмили ҷаҳонбинӣ мебахшад. “Асп”-и якчархааш хотираҳо ва саргузаштҳои сафарашро рангинтар мегардонад.
Муаллифи Your.tj бо Шаҳриёр дар бораи пайдоиши идеяи сафари гирди ҷаҳон ва чаро маҳз велосипеди якчархаро интихоб карданаш суҳбат кард.
Пайвандӣ бо Ватан
Шаҳриёр зодаи ноҳияи Шаҳринави Тоҷикистон аст. Ӯ аз нақли волидонаш мегӯяд, қариб дар дохили мошини “Москвич 412”, дар роҳ ба таваллудхона ба дунё омадааст.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, шавқи саёҳат аллакай аз моҳҳои аввали зиндагӣ дар ӯ пайдо шудааст. Вақте ӯ ҳамагӣ панҷмоҳа буд, волидонаш барои кор ба Русия кӯчиданд ва тифли навзодро низ бо худ бурданд. Ҳамин тавр, тамоми кӯдакӣ ва навҷавонии Шаҳриёр дар шаҳри Санкт-Петербург гузаштааст.
“Зебоии он ҷойҳо, кӯлҳои пуроб ва ҷангалҳои зич фазои бузургеро барои омӯзиш фароҳам мекард. Ҳамин тавр, завқи кофтуков ва саргузаштҷӯӣ дар ман реша давонд”, – мегӯяд ӯ.
Гарчанде Шаҳриёр дар Тоҷикистон зиндагӣ намекунад, бо Ватани таърихии худ робитаи амиқи рӯҳӣ дорад.
Падару модараш ҳамеша ба ӯ дар бораи фарҳанги мардуми тоҷик, шахсиятҳои барҷаста ва ҷойҳои зеботарини кишвар нақл мекарданд.
“Махсусан аз қиссаҳо дар бораи кӯҳҳои барфпӯше, ки дар гармии тоқатфарсои рӯзҳои тобистон низ об намешаванд, дарёҳои кӯҳӣ, дараҳои ҷаззоб ва одамони меҳмоннавоз, ки ман низ як ҷузъи онҳо ҳастам, бисёр мафтун мешудам.
Замоне дарк кардам, ки ниёгони ман ҳазорсолаҳо дар ҷануби сайёра зиндагӣ кардаанд ва ман ба иқлими гарм ниёз дорам, ки маҳз дар он худро зиндаву солим эҳсос мекунам”, – мегӯяд қаҳрамони мо.
Қисми зиёди умраш Шаҳриёр ба тиҷорат машғул буд: сабзавоту мева мефурӯхт. Дар кӯдакӣ ба падараш дар корҳои сохтмонӣ кӯмак мекард. Ҳамин тавр, ҳанӯз аз овони хурдӣ тиҷорат ва мустақилона кор карданро омӯхтааст.
Пас аз хизмат дар сафи артиш, Шаҳриёр пурра ба тиҷорати сабзавоту меваҳо машғул шуд. Ин кор имкон дод, ки бештари вақташро ба истироҳат бахшад, ба табиат барояд, хайма зада, масирҳои ҷолибро тай кунад.
Вақте Шаҳриёр чорсола буд, падараш ӯро бори аввал ба сирки классикии сайёр бурд.
Ҳуши писаракро як ҳунарманди сирк, ки дар майдон бо велосипеди якчарха (инчунин бо номи “моносикл” машҳур аст – эзоҳи муҳаррир) машқҳои акробатикӣ иҷро мекард, ба худ бурд. Ӯ барои омӯхтани рондани велосипеди якчарха хоҳиши зиёде пайдо кард.
Ба гуфтаи Шаҳриёр, ҳамагӣ чанд ҳафта пештар аз рафтан ба сирк рондани дучархаи муқаррариро ёд гирифта буд, вале унисикл ӯро мафтун кард.
Хотираҳои дурахшон бо велосипеди якчарха
То имрӯз Шаҳриёр наздики 2500 километрро бо велосипеди якчарха дар қаламрави Узбекистон, Тоҷикистон, Гурҷистон, Туркия ва Арманистон тай кардааст.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
“Идеяи сафари гирди ҷаҳон орзуи кӯдакии деринаи ман, шояд таҳти таъсири филмҳо дар бораи саргузаштҷӯён ва филмҳои ҳуҷҷатии зиёде дар бораи табиати ваҳшӣ буд”, – нақл мекунад ӯ.
Ба ин саёҳати гирди ҷаҳон Шаҳриёр ҳамчунин YouTube-блогери маъруфи бритониёӣ Эд Претт, ки бо чархи 36-дюймӣ ҷаҳонро давр зада буд илҳом бахшидааст.
Худи Шаҳриёр чархи 27,5-дюймиро интихоб кард, зеро дар сурати зарурат ба осонӣ метавонад барои он шина, ҳалқа ва сихакҳои мувофиқ пайдо кунад.
“Ҳамчунин ба ин тарз ман тавонистам фосилаи тайшуда дар як гардиши чархро камтар кунам. Дар як соати баробар, чархи калонтар қариб сеяк ҳисса масофаи бештарро тай мекунад.
Дар нақша дорам, ки барои харидани ҳуби гардонандаи дохилӣ маблағ ҷамъ кунам, ки ба ман имкон медиҳад ин тафовутро дар заминҳои ҳамвор тавассути фишанги дуввум ҷуброн намоям ва бартарии бештар ба даст орам”, – мегӯяд ӯ.
Ба гуфтаи қаҳрамони мо, велосипеди якчарха дар сафарҳояш нақши хеле муҳим мебозад, зеро маҳз бо он ҳар як ҷузъиётро аз ҳар сафар метавонад ба хотир гирад.
“Ҳамчун дӯстдори бозиҳои босифати видеоӣ ҳеҷ гоҳ бозӣ кардан дар сатҳҳои осонро дӯст намедоштам, чунки мехоҳам бозиро тавре, ки сохта шудааст, пурра эҳсос кунам. Барои ман муҳим аст, ки дар сатҳи ниҳоии душворӣ бозӣ кунам.
Дар ин ҷо ҳам ҳамин гуна аст, эҳсоси тай кардани масофа, иваз шудани манзара, забонҳо ва одамони зебои атроф маҳз бо сабаби суръати паст ва душвории ҳаракат дар хотир боқӣ мемонанд”, – нақл кард ба мо сайёҳи тоҷик.
Ба ғайр аз ин, ба туфайли велосипеди якчарха Шаҳриёр дар шабакаҳои иҷтимоӣ то андозае шинохта шуд.
“Бовар кунед, агар ман бо дучархаи муқаррарӣ сафар мекардам, одамон хеле камтар дар бораи саёҳати гирди ҷаҳони ман хабар меёфтанд”, – илова мекунад ӯ.
Тавре Шаҳриёр нақл мекунад, вақте мардум велосипеди якчархаи ӯро мебинанд, эҳсоси ҳайрату тааҷҷуб ва шавқ мекунанд.
“Дар баъзе ҷойҳо бештар ҳайрат мекунанд, дар ҷойҳои дигар бештар ба ҳаяҷон меоянд. Баъзан мардум худро ба ҷойи ман мегузоранд ва мепурсанд: “Барои чӣ худро ин қадар азият медиҳӣ?”
Аммо на ҳама мефаҳманд, ки ин бештар аз як завқ аст, ки бо иҷрои идеяҳои солҳо парварида ва воқеаҳои аҷибу вохӯриҳо бо одамони ҷолиб ва ғизои фаровони тафаккур пайванд дорад”, – мегӯяд қаҳрамони мо.
“Дунё бо одамонаш зебост!”
Саёҳати аввалини худро Шаҳриёр дар синни чорсолагӣ анҷом додааст. Он вақт ӯ бо падару модараш ба зиёрати бобову бибияш ба Тоҷикистон – ватани аслиаш рафта буд.
“Ман дар ҳайрат мондам, ки чӣ қадар хешу табор дорам. Ба назари мани кӯдак нисфи Тоҷикистон хешовандони ман буданд”, – бо табассум ба ёд меорад ҳамсуҳбати мо.
Ба писарбача хеле шавқовар буд, ки зиндагии дигар ва тарзи ҳаёти кӯдакони ҳамсоли худро мушоҳида кунад.
“Ман бо бозиҳои кӯчагии нав шинос шудам, бо ҳамсолонам бисёр занозанӣ мекардам, чун маҷбур будам нишон диҳам, ки ҳарчанд аз шаҳр омадаам, вале худро хафа кардан намемонам”, – мегӯяд ӯ.
Аз сафарҳояш ба Тоҷикистон, бештар аз ҳама, шакароби модараш дар хотири Шаҳриёр мондааст, ки онро аз самими дил дӯст медорад.
Ба гуфтаи қаҳрамони мо, дар ҳар кишваре, ки бо велосипеди якчарха ба он ворид шудааст, мардум ӯро мисли бародари ё фарзанди худ истиқбол ва гусел мекарданд.
“Аз ҳазорон одамоне, ки дидам, дар 99 фоизи ҳолатҳо маро бо табассум пешвозу гусел кардаанд. Фикр мекунам, ки дар оянда низ чунин идома меёбад”, – мегӯяд ӯ.
Дар оғози сафари гирди ҷаҳон, ба Шаҳриёр чунин менамуд, ки дар роҳаш бо монеаҳои зиёд рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Вале хоҳиши одамон барои саҳм гузоштан дар иҷрои идеяи ӯ, ба гуфтаи ҳамсуҳбатамон, кӯмак кард, то дарк намояд, ки одамон ганҷи бебаҳои ин ҷаҳонанд.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
“Ҳангоми сафарҳо шиддати воқеаҳо ба ҳадде зиёд аст, ки инсон дарк мекунад, ки то чи андоза дидани дунё ва омӯхтани он муҳим аст”, – илова кард ҷавон.
Пас аз нахустин шаби хайманишинӣ дар яке аз боғҳои шаҳри Истанбул, омодаи тай кардани даҳҳо ҳазор километр роҳ, воқеаҳо, мулоқотҳо ва қиссаҳо, Шаҳриёр дарк кард, ки дигар он шахси пештара нест.
Дар ҳамон лаҳза, ба гуфтаи ӯ, завқи расидан ба ҳамаи ҳадафҳои гузошташуда ва ба даст овардани натиҷаҳои дилхоҳ чандин маротиба афзуд.
Шояд ягона монеае, ки дар сафарҳои Шаҳриёр пеш меояд, обуҳаво аст. Ба гуфтаи ӯ, шароити обуҳаво дар ағбаҳо гоҳе мушкилоти зиёд ба бор меорад. Масалан, шамоли сард ва сахт якҷо бо бориши жола ва боронҳои шадид.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
“Бисёр вақт бо баландиҳое дучор мешавам, ки бо якчарха тай кардани он ғайриимкон аст. Маҷбур мешавам онро тела дода дар тумани ғафс ҳаракат кунам.
Инчунин, ҳолати гуногуни роҳҳо имкон намедиҳанд, ки истироҳат кунам ё осон ҳаракат намоям. Дигар ҳамааш хуб аст”, – нақл кард қаҳрамони мо.
“Рӯзе дарк мекунем, ки муҳим зиндагиро хуш гузаронидан аст”
Шаҳриёр мутмаин аст, ки Замин ба тамоми одамон баробар тааллуқ дорад. Аз ин рӯ, бояд нисбат ба он эҳтироми зиёд ва ғамхории воқеӣ зоҳир кард.
“Бори дигар бовар ҳосил кардам, ки мардуми ҳамаи кишварҳо зебо ва самимиянд ва мехоҳанд бе ҷангу низоъҳо хушбахтона зиндагӣ кунанд.
Баръакс, ин ихтилофҳо танҳо ба гурӯҳи хурде аз одамон писанд аст, ки ба бозиҳои сиёсӣ олудаанд. Умед дорам, ки рӯзе ҳамаи мо дарк, ки муҳим ин зиндагиро хуш гузаронидан аст”, – иброз дошт ҳамсуҳбати мо.
Дар посух ба савол дар бораи он ки худро чӣ гуна мешуморад, Шаҳриёр таъкид кард, ки худро дар як вақт сайёҳат, муҳаққиқ ва ё сафири озодӣ мешуморад.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
“Ин тавозуни бениҳоят пурқувват аст, дар роҳ вақт барои андеша кардан дорам ва ин барои ман хеле арзишманд аст.
Инчунин алоқаи доимӣ бо дунёи берун ба назарам хеле зебост. Савол танҳо дар он аст, ки шумо чӣ гуна ба ин муносибат мекунед, зеро мо ҳама гуногунем ва ҳамин гуногунӣ зебоии дунёро ташкил медиҳад”, – мегӯяд сайёҳ.
Дар саҳифаи Instagram-и худ Шаҳриёр кӯшиш мекунад ба пайравонаш нишон диҳад, ки агар хоҳиши тағйир додани зиндагиро доранд, бояд ҳамин ҳоло амал намоянд, зеро зиндагӣ кӯтоҳ аст ва лаҳзаи беҳтар ҳеҷ гоҳ намеояд.
“Ҳамеша “душвориҳо”, “нозукиҳо”, “баҳонаҳо” ҳастанд. Муҳим он аст, ки барои худ ростқавл бошӣ ва масъулияти шахсиро ба рӯйдодҳои зиндагият ба дӯш бигирӣ”, – мегӯяд ин ҷавон.
Ҳоло Шаҳриёр ба сӯи Тоҷикистон раҳсипор аст, то ба пайравонаш “рӯҳи фарҳанги тоҷик”-ро нишон диҳад.
Ӯ нақша дорад, ки ҳангоми омадан қисмҳои фарсудаи “асп”-и якчархаашро иваз карда, барои гирифтани раводид ба кишварҳои ояндааш ҳуҷҷатҳояшро ба консулгарӣ пешниҳод кунад.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
“Бароям хеле гуворо хоҳад буд, агар ҳамватанонам аз ҳар гӯшаи дунё бо сухан ва амал маро дастгирӣ кунанд”, – гуфт ҷавон.
Ба гуфтаи Шаҳриёр, роҳе, ки ӯ интихоб кардааст, роҳест барои кушодани қобилиятҳои пинҳонии инсон, инчунин захира кардани таҷриба ва хотираҳое, ки дар пирӣ метавонад ба фарзандон ва наберагон нақл кунад.
Ӯ ба ҷавонон тавсия медиҳад, ки қобилияти худро пурра ба кор баранд ва ба тарс ё шубҳа нисбат ба идеяҳои шахсиашон роҳ надиҳанд.
Баъд аз он ки масофаҳои зиёдеро бо якчарха паси сар кард, Шаҳриёр ин дунёро “ба тамоми ҳастиаш” эҳсос мекунад.
“Ин ҷаҳон пеш аз мо вуҷуд дошт ва баъд аз мо ҳам хоҳад буд. Ман мехоҳам пас аз худ осори зебое боқӣ гузорам”, – илова кард ҳамсуҳбати мо.
Шодмон Кенҷаев