fbpx

Аз “Ёддоштҳо” то “Одина”. 5 асари устод Айнӣ, ки хонданаш бисёр муфид аст

Саҳми устод дар рушди адабиёти навин ва ташаккули худшиносиву ватандӯстии тоҷикон, ҳамчунин ҳимояи миллати тоҷик аз равандҳои зиддитоҷикии ҳамон давра ниҳоят бузург аст.


-2
-2 points
Ҳайкали устод дар Боғи ба номи С.Айнӣ

15-уми апрел рӯзи таваллуди Сардафтари адабиёти муосири тоҷик, академик ва нахустин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон (1951–1954), Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон, академики фахрии Академияи илмҳои ҶШС Ӯзбекистон, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ аст. Ӯ соли 1878 дар деҳаи Соктареи тумани Ғиждувони Аморати Бухоро ба дунё омада, 15 июли 1954 дар шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшид.

Саҳми устод дар рушди адабиёти навин ва ташаккули худшиносиву ватандӯстии тоҷикон, ҳамчунин ҳимояи миллати тоҷик аз равандҳои зиддитоҷикии ҳамон давра ниҳоят бузург аст. Мутолиаи асарҳои устод Айнӣ барои ҳар яки мо муҳим аст. Your.tj панҷ асари бебаҳои Садриддин Айниро мухтасаран барои шумо шарҳ медиҳад.

"Ёддоштҳо"-и С.Айнӣ
“Ёддоштҳо”

“Ёддоштҳо”

Ин асари устод Садриддин Айнӣ беҳтарин намунаи насри муосири тоҷик мебошад. Он бисёр осонфаҳм, равон, дилрас ва ҷаззоб аст. “Ёддоштҳо”-ро як навъ феҳристи тафсирии дигар асарҳои устод Айнӣ номидан шояд иштибоҳ набошад. Зеро устод воқеаеро ба таври муъҷаз дар “Ёддоштҳо” оварда бо як ҷумлаи ҳаволаӣ иброз медоранд, ки «ин матлабро дар фалон асарам пурра овардаам» (мазмунан) ва ё дар бораи қаҳрамони ҳодисае маълумот дода иттилои комилро ба яке аз романҳояш ҳавола мекунанд.

“Ёддоштҳо” охирин ва бузургтарин асари устод Айнӣ мебошад. Он баъди анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ таълиф ёфта, дар муддати солҳои 1948-1954 ба табъ расидааст. Ин асари калонҳаҷм аз чаҳор қисм иборат аст ва ҳар чор қисми он 1000 саҳифаро дар бар мегиранд. Нависанда барои қисматҳои якум ва дуюми «Ёддоштҳо» ба Мукофоти давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ мушарраф гардидааст.

Қисмҳои "Ёддоштҳо"
Чор қисми “Ёддоштҳо”

Қисмати аввали асар аз 30 боб иборат буда,  бо тасвири вабои умумие, ки охири солҳои 80-уми асри XIX дар қаламрави Бухоро боиси марги одамони зиёд, аз ҷумла падару модари Садриддин гардида буд, ба охир мерасад.

Қисми дувуми «Ёддоштҳо» аз 32 боб иборат мебошад. Дар бобҳои аввал дар бораи мадрасаҳои Бухоро маълумот дода шудааст. Ҳамчунин дар ин қисм аввалин шиносоии Садриддин бо намояндагони аҳлифарҳангу адабиёти Бухоро – Аҳмади Дониш, Садри Зиё, Назруллои Лутфӣ, Бурҳони Муштоқӣ ёдрас шудааст.

Қисмҳои сеюм ва чоруми «Ёддоштҳо» давоми мантиқии қисми дувум мебошанд. Қисми сеюм аз 54 ҳикоят иборат буда, бо фасли «Ҳавлии Шарифҷонмахдум» оғоз ва бо фасли «Дӯстии ду калонгир» анҷом меёбад. Қисми чорум аз 44 ҳикоят иборат аст ва он бо фасли «Мадрасаи Ҳоҷӣ Зоҳид» оғоз ёфта, бо фасли «Саёҳати махдумони сохта» ба анҷом мерасад.

“Ёддоштҳо”, махсусан қисматҳои сеюм ва чоруми он, дорои аҳамияти калони сарчашмаи илмӣ мебошад. Мундариҷаи асар таърихи илмӣ – фарҳангии халқи тоҷикро дар поёни асри XIX ва ибтидои садаи XX равшан ва муфассал бозгӯ менамояд.

"Марги судхӯр"-и С.Айнӣ
“Марги судхӯр”

“Марги судхӯр”

Яке аз асарҳои пурмуҳтаво ва ҷолиби устод Айнӣ буда, соли 1939 эҷод шудааст. Нависанда бо мушоҳида ва кунҷковӣ симои ашхоси хасису пулпарастро дар мисоли Қоришкамба бо тамоми ҷузъиёташ ошкор намудааст. Қиссаи “Марги судхӯр”-ро суханшиносони ватаниву хориҷӣ ҳамчун қуллаи баландтарини фаъолияти ҳаҷвнигории Айнӣ баҳо додаанд.

Қисса аз он оғоз мешавад, ки талабаи мадрасае ҳуҷраи иҷоравӣ меҷуст. Рафиқаш маслиҳат медиҳад, ки Қоришкамбаро пайдо кунад. Зеро ӯ дорои ду-се ҳуҷраи зархарид будааст. Таваҷҷӯҳи талабаро номи “Қоришкамба” ба худ мекашад. Ӯ ба ҷустуҷӯи соҳиби ин лақаб мебарояд. Дар ҳақиқат, симои бадҳайбати ӯ ба лақаби Қоришкамба мувофиқ буд. Аз ин хотир, мардум ӯро на бо номи аслияш Қори Исмат, балки бо лақабаш беҳтар мешинохтанд.

Қиссаи мазкури устод Айнӣ бо мазмуни фароху ҷолиб ва нишондоди аниқи рӯзгори талхи мардуми мазлум ва судхӯрию фиреби риёкорон аҳамияти умумиҷаҳонӣ пайдо кардааст. Ҳамин аст, ки дар адабиётшиносӣ образи “Қоришкамба” ба сафи беҳтарин образҳои ҳаҷвии ҷаҳонӣ, мисли “Шейлок”-и Шекспир, “Тобсек”-и Балзак, “Плюшкин”-и Гогол, “Ҳоҷиоғо”и Содиқ Ҳидоят гузошта шудааст.

Устод Садриддин Айнӣ повести «Марги судхӯр»-ро аз забони тоҷикӣ ба забони ӯзбекӣ гардонд ва он соли 1946 аз чоп баромад. Инчунин «Марги судхўр» ба забони русӣ, фаронсавӣ, немисӣ ва забонҳои кишварҳои ИДМ чандин маротиба тарҷума ва нашр шудааст.

"Намунаи адабиёти тоҷик"-и С.Айнӣ
“Намунаи адабиёти тоҷик”

“Намунаи адабиёти тоҷик”

Пас аз Инқилоби Октябр як гурӯҳ донишмандоне пайдо шуданд, ки мавҷудияти миллати тоҷик ва забону адабиёти моро инкор мекарданд. Устод ба муқобили ин ҷараёни носолими пантуркизм бархоста, китоби “Намунаи адабиёти тоҷик”-ро соли 1926 иншо намуд.

Садриддин Айнӣ дар ин асар исбот кард, ки тоҷикон мардуми таҳҷойии ҳамин сарзамин (Мовароуннаҳру Хуросон) буда, забону фарҳанг ва адабиёти қадима доранд. Устод дар асар намунаҳои зиёде аз эҷодиёти адибони пешин ва ҳамзамононаш оварда, исбот менамояд, ки чароғи илму адабро кайҳо дар ин сарзамин устод Рӯдаки, Кисоии Марвазӣ, Абуҳафси Суғдӣ ва дигар адибон фурӯзон карда буданд.

Ба ҳамин тариқ, дар асоси факту далелҳои эътимодбахш таърихи кӯҳан, фарҳангу адабиёти ғанӣ доштани тоҷиконро собит менамояд. Аҳамияти дигари ин асар боз дар он аст, ки барои муҳаққиқони оянда дар омӯзиши таърихи адабиёти тоҷик маслиҳатҳои муфид медиҳад. Имрӯз ҳам “Намунаи адабиёти тоҷик басо арзишманд аст.

"Мактаби кӯҳна"-и С.Айнӣ
“Мактаби кӯҳна”

“Мактаби кӯҳна”

Асари дигари устод С.Айнӣ, ки барои кӯдакони синни поёни мактабӣ мутолиаи он зарур аст, ин “Мактаби кӯҳна” (соли нашр 1934) мебошад. Он аз нигоҳи психологӣ ва педагогӣ муфид аст.

Дар асар образи падар ҳамчун раҳнамо ба назар мерасад. Айнии хурдсол аз ҳунару дониш ва маънавияти падар мефахраду ифтихор мекунад. Симои мулло, мактаббачаҳои бесаводу бераҳму шафқат хеле дилгиркунанда ба назар мерасанд. Аз тасвири манзараи мактаб ва тасвири портрети домулло ба назар мерасад, ки Айнӣ дилбастаи онҳо нест.

Мактаби кӯҳна монанди мактабҳои имрӯзаи мо мо васеъ ва барҳаво нест. Чунончи адиб онро тасвир кардааст, як хонаи танг буд, ду дар дошт, ки яке аз онҳо дари даромади яктабақа буд, он дарро ҳам дар вақтҳои сармо пӯшонда мемонданд. Дари дигараш даричае буд, ки се чоряк оршинқад ва ним оршин бар дошт.

Мактабдор ба вай як қоғаз (тирезаи қоғазӣ карда, барои барфу борон надаромадани он ба қоғазаш равғани зағир молида буд. Қоғази равғанӣ чангу хоки кӯчаро ба худ гирифта буд, ки монанди дамгири дег сиёҳ ва чиркин шуда буд ва ба рӯи пурчини мактабдор ҳамрангӣ дошт. Бинобар ин аз ин дарича ҳам ба хона равшании дуруст намедаромад.

Мутолиаи ин асар нафақат ба хурдсолон, балки ба калонсолон низ аз манфиат холӣ нест. Аз ин асар тарзи таълими фарзанд, муносибати хонаводагӣ, эҳтироми аъзоёни оиларо ёд мегиранд.

Повести "Одина"-и С.Айнӣ
Повести “Одина”

Повести “Одина”

Асари Садриддин Айнӣ бо номи “Одина” дар бораи ҳаёти писарбачае қисса мекунад, ки як ҳаёт ғуломи бойе буд. Ин повест ҳамчун романи тарбиявию таърихӣ аз ҳодисаҳои воқеӣ нақл мекунад.

Повести “Одина” аввалин асари насри реалистии адабиёти советии тоҷик ба ҳисоб меравад. Бори нахуст аввал солҳои 1924-1925 дар рӯзномаи “Овози тоҷик” бо номи “Саргузашти як тоҷики камбағал” чоп шудааст. Соли 1927 ба номи “Саргузашти як тоҷики камбағал ё ки Одина” дар шакли китоб ба табъ расидааст.

Ин асар барои бедор кардани шуури ҷавонон нақши бузурге мебозад. Образи Одина ҷавонони бадбахту гумроҳи давраи аморат аст. Ӯ гирифтори нобаробарӣ, нокомӣ, ноумедӣ буда, орзупарвар аст. Одина фаъол нест ва доираи ҷаҳонбиниаш хеле маҳдуд мебошад.

Образи Гулбибӣ, ки таҷассумгари беҳуқуқию бенавоии духтарон аст, нисбат ба Одина фаъолтар тасвир шудааст. Айнӣ ба воситаи нақли рӯзгори ошуфта ва пуралами Одинаю Гулбибӣ дар назари хонандаи имрӯза чӣ қадар пурдаҳшат будани рӯзгори мардуми моро дар гузашта тасвир намуда, бори дигар онҳоро ба мушоҳида водор месозад.

Баднафсию беинсофии Арбоб Камол ва нафарони амсоли вай далели баднафсу худхоҳ будани намояндагони табақаи болоии ҷамъияти феодалиро нишон медиҳад. Хонанда аз мутолиаи ин асар дар бораи беҳуқуқ будани қишри асосии ҷомеа дар замони пеш аз Инқилоби Октябр маълумот мегирад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-2
-2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
7
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
11
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
2
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend