Дарди сар – як сигнал ё ишорае ба норасоӣ ва камбудӣ дар бадани инсон аст. Махсусан, дарди сар дар бисёр ҳолатҳо аз мавҷудияти бемориҳои асаб дарак медиҳад. Аксарият дарди сарро нодида мегиранд, ба он аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд ва ё доруҳоро барои табобати он нодуруст истифода мебаранд.
Сабабҳои дарди сар чист? Дарди сари давомдор ё зуд-зуд аз чӣ дарак медиҳад ва чӣ пайомад дорад? Чӣ тавр ба дарди сар бояд дуруст баҳо дод ва онро бартараф кард?
Ба ин ва саволҳои дигар дар нашри навбатии подкасти “Дарду дармон” Туйчиев Элдор, мутахассиси соҳаи неврология ва батулинотерапия посух дод.
“Тибқи оморҳо 60-70 дарсади аҳолии Замин аз дарди сар азият мекашанд. Аз ин танҳо 30-40 фоиз ба беморхонаҳо муроҷиат мекунанд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар 90-95% ҳолатҳо ба асаб вобастагӣ доранд”,- қайд намуд мутахассис.
Дар дигар ҳолатҳо низ дарди сар мушоҳида мешавад, ҳангоми омосҳо ё фишорбаландӣ дар нафароне, ки синну солашон ҷавон аст.
“Дар баъзе ҳолатҳо шахсони 20-30-сола аз дарди сар шикоят карда, мегӯянд, ки ба сабаби баланд шудани фишори хун сарашон дард кардааст. Аммо ин чунин нест. Дарди сар ба сабаби фишори баланд дар ҳолате мешавад, ки нишондиҳанда то 180-200 расад. Ин нафарон мигрен доранд ва он сабаб мешавад, ки фишори хун то 10-20 мм боло шавад”,- шарҳ дод Туйчиев.
Шакли пурраи подкастро дар ин ҷо тамошо кунед: