Замира Эрматова тарроҳ аст. Вай тайи чанд вақт мешавад, ки пироҳани арӯсӣ меофарад. Ӯ дар озмунҳои марбут ба олами мӯд, ки дар Тоҷикистон ва берун аз он доир мешавад, ҳамчун тарроҳе, ки аз матоъҳои миллии тоҷикӣ куртаҳои замонавӣ меофарад, шинохта шуд. Инак, чанде пеш Замира ба эҷоди маҷмӯи либосҳои арӯсӣ мароқ зоҳир кард.
Замира дар бораи он ки чӣ гуна аз рӯйи табъу завқи арӯсон барои онҳо пироҳани арӯсӣ тайёр мекунад, ба муаллифи Your.tj нақл кард.
Коронавирус боиси пайдоиши идеяи нав шуд
Имрӯз Замира Эрматова талош дорад, ки ба маҷмӯи куртаҳои арӯсии офаридааш намунаҳои наверо ворид кунад. Замоне ки донишҷӯи ихтисоси тарроҳии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд буд, идеяи дӯхтани пироҳанҳои арӯсӣ ба зеҳнаш омад.
Вале дар он айём вақт ва имконияти мусоид мавҷуд набуд, ки онро амалӣ созад. Ҳамзамон, ба матоъ ва дигар ороишоти махсус дастрасӣ надошт. Мебоист, ки онҳоро аз хориҷи кишвар дарёфт кунад. Мутаассифона, чунин имкониятро надошт.
“Як дугонаи наздикам дар айни хурӯҷи пандемияи короновирус фотеҳа шуд. Лекин барои рӯзи тӯй куртаи хости дилашро пайдо карда натавонист. Аз дигар кишвар ҳам фармоиш дода натавонист, чунки марзҳо баста буд. Вай маҷбур шуд куртаҳои дар толорҳои арӯсии шаҳри Хуҷанд бударо интихоб кунад”,- ба ёд овард Замира.
Қаҳрамони мо маҳз ҳамон рӯз қарор дод, ки барои арӯсшавандагон куртаҳои дилхоҳашонро офарад, то аз ҷустуҷӯи зиёд дилгир нашаванд. Фикри чаро духтарони тоҷик наметавонанд, дар дохили кишвар тарҳ ва дӯхти дилхоҳашонро фармоиш диҳанд, ё бо нархҳои қобили қабул куртаеро ба иҷора гиранд, ӯро водор сохт, то ба эҷоди тарҳи пироҳанҳои арӯсӣ ва дӯхтани онҳо рӯ оварад.
“Дар соли сипарӣ ба Туркия сафаре доштам. Зимни он чанд намудҳои матоъ ва ороишиотро, ки барои тайёр кардани пироҳанҳои арӯсӣ мувофиқ аст, харидам. Матоъҳо ва ороишоти зебову хушсифат ва ба қавле дар “тренд”-бударо интихоб кардам, то пироҳанҳои дӯхтаам аз сатҳи куртаҳои аз хориҷ воридшаванда поёнтар набошад”,- гуфт тарроҳ.
Як куртаи арӯсӣ чӣ гуна тайёр мешавад?
Ба Замира барои пурра тайёр кардани 1 куртаи арӯсӣ то як моҳ вақт зарур аст, зеро аз оғоз то охири кор худаш заҳмат мекашад. Тасвир кардани эскизи пироҳан дар рӯйи коғаз нахустин амали кор аст, ки бо шавқи зиёд иҷро мекунад.
“Кор аз андозагирӣ шурӯъ ёфта, то ченкуниву буриши матоъ, интихоби дурусти ороишот ва ахиран аз рӯйи тартиб дӯхтани курта идома мекунад. Баъдан пироҳани нимтайёрро пӯшида, андозаашро гирифтан зарур меояд. Пас аз ислоҳ кардани андоза ё дӯхт боз кори зиёди дастиро иҷро кардан лозим аст. Онро ба тани мизоҷ боз мепошӯнем, то бифаҳмем, ки андоза ва дӯхт мувофиқ омдааст ё не. Аммо кор бо ин тамом нест.
Навбат ба интихоби акссесуарҳои пироҳан мерасад. Фарз кардем, ки он тайёр шуд, агар арӯс то замони тайёр шудани куртаи рӯзи хурсандиаш каме фарбеҳ ё хароб шуда бошад, онро аз нав мувофиқ кардан лозим меояд. Хуллас, то даме, ки пироҳани идеалӣ омода мешавад, вақту қуввати зиёде сарф мекунем”,- ҷараёни корро шарҳ дод Замира.
Иҷораи кадом курта арзонтар меафтад?
Барои қаҳрамони мо дар вақти кор бештар офаридани эскизҳо ҷолиб аст. Бо шавқ дар рӯйи коғаз тарҳҳои либосҳоро тасвир мекунад. Аз эҷоди он илҳом гирифта, аз паси интихоб ва хариди матоъву дигар лавозимот мешавад. Дар ин вақт боз мизоҷони нав пайдо мекунад.
Тавре Замира Эрматова мегӯяд, дар аксар толорҳое, ки пироҳанҳои арӯсиро иҷора медиҳанд, нархашон хеле гарон аст. Бар замми ин, аксари куртаҳои аз хориҷ воридшуда тарҳу ороиши якранг дорад.
“Куртаҳои барои арӯсон дӯхтаам аз куртаҳои брендҳои хориҷӣ, ки дар толорҳои арӯсӣ зиёд ба назар мерасад, арзонтар аст. Мизоҷон мегӯянд, ки аз рӯйи сифат ва ҳам тарҳ аз бархе пироҳанҳои воридшуда беҳтар аст. Боз як асоси корам дар ин аст, ки бо хоҳиш ва шавқи арӯсшаванда нигоҳ карда, куртаро омада мекунам. Арӯсоне, ки ба андозаашон мувофиқ курта ёфта наметавонанд, имкон доранд, ки пироҳани махсус ба худашон дӯхташавандаро фармоиш диҳанд”, – афзуд тарроҳ.
Тарроҳони тоҷик ва корбурди зеҳнӣ сунъӣ
Қаҳрамони мо бар ин бовар аст, ки истифодаи зеҳни сунъӣ барои осонтар кардани мушкилии кори дизайнерон кӯмак мерасонад.
“Лекин ҳоло корбурди он дар шароити кишвари мо чандон муфид нест. Ба назари ман, алҳол дар Тоҷикистон коргоҳҳои бузурги истеҳсоли либосҳо фаъол нест. Мо дизайнерони зиёд дорем, аммо коргоҳҳои кам. Ба фикрам, ҳоло ба кори зеҳни сунъӣ ниёз зиёд нест”, – ибрози назар кард тарроҳи тоҷик.
Дар орзуи фаррохтар кардани доираи фаъолият
Қаҳрамони мо феълан дар хона кор мекунад. Ӯ ният дорад, ки биноеро ба иҷора гирифта, доираи истеҳсолии корашро васеътар созад. Дӯзандагонро бо кор таъмин кунад. Шогирдони зиёдеро омӯзиш диҳад. Лекин ҳоло барои ба иҷора гирифтани бинои хубу мувофиқ сармояи калоне даркор будааст.
“Барои ҳамин ҳозир имкони банд кардани чунин ҷойро надорам, зеро танҳо худам кор карда истодаам. Модараму холаам дар пеш бурдани корҳоям дастгирӣ мекунанд. Онҳо ба пешаи итихобкардаам ҳамеша назари мусбат доранд.
Ёд дорам, ки баъд аз хамти Донишгоҳ ҳамчун соҳибкори инфиродӣ фаъолиятро пеш бурда, сехи тайёреро, ки мошниҳои кӯҳнаи дӯзандагӣ дошт, иҷро гирифта будам. Дар он ҷо кор мекардем. Баъд аз чанд соли кор мошинҳоро нав кардам. Аммо вазъи саломатии модарам каме нотоб шуду аз идома додани фаъолият камтар дур шуда будам”,- ба ёд овард Замира.
Ширкат дар озмунҳо ва намоишҳои мӯд
Имрӯз вазъи саломатии модараш беҳтар шудаааст. Духтараки ҳунарманд барои идома додани кораш талош дорад.
Ӯ замони донишҷӯӣ дар озмунҳои озмунҳои “Соҳибҷамоли Суғд” ва “Маликаи сол” ширкат варзида, ғолиб шуда буд. Дар озмуни вилоятии “Атласи тоҷик-2010” соҳиби Шоҳҷоиза ва дар озмуни “Атлас-2012” ба дараҷаи I ноил шуд.
Дар озмуни ҷумҳуриявии “Ҷило-2012”, ки бахши намоиши мӯд низ дошт, ҳамроҳи тарроҳон Умед Кучкалиев ва Мавлюда Ҳамроева иштирок кард. Ҳамчунин, соли 2018 дар озмуни байналмилалии тарроҳон дар шаҳри Санкт-Петербург ширкат кард. Он ҷо маҷмӯи пироҳанҳо барои шабнишиниро, ки бо омезиши матоъҳои атласу адрас ва аврупоӣ эҷод шудааст, ба намоиш гузошт. Кори ӯ дар байни тарроҳони зиёд мақоми севвумро ишғол карда буд.
“Фаромӯш намекунам, ки дар озмуни “Дизайн Душанбе-2012” ширкат варзида, ғолибият ба даст оварада будам. Баъдан имкон даст дод, ки бо ҳайати ҳунармандони кишвар ба шаҳрҳои Милан, Венетсия, Бергамо, Ферара, Балония ва Веронаи кишвари Италия сафарҳои ҳунарӣ анҷом диҳем.
Дар он ҷо бо таҷрибаи тарроҳони машҳури итолиёвӣ шинос шудем. Аз сафар рӯҳи илҳоми тоза гирифта, маҷмӯи нави либосҳои офаридаамро соли 2013 дар шаҳри Хуҷанд ба намоиш гузошта будам”,- ба хотир овард Замира.
Амалӣ шудани орзуи айёмӣ кӯдакӣ
Қаҳрамони мо мегӯяд, ки орзуи овони кӯдакияш амалӣ шуд. Вай барои лӯхтакҳояш либос медӯхту дар дил ҳаваси тарроҳ шуданро мепарварид. Духтарак аз оилааш, хоса аз модару холааш сипосгузор аст, ки барои интихоби касби дӯстдоштааш ёрмандӣ карданд. Онҳо ҳоло нафақахӯранд.
“Вақте 7 сола будам, ҳамроҳи модаркалонам ба хонаи хоҳарашон рафта будем. Яке аз рӯзҳои тобистон буд. Дар болои кати чӯбин менишастем. Онҳо бо бодбезак, ки аз матои хушранг дӯхта шуда буд, худро шамол медоданд. Он ба ман маъқул шуд. Аз онҳо тарзи дӯхт ва омода кардани бодбезакро пурсидам.
Хона омада, порчаи матоъву пахта ва шохакеро гирифта, бодбезаке тайёр кардам. Бибиям онро аз назар гузаронида, бо завқ “аз уҳдааш баромадӣ, набераи ширин”- гуфта буданд. Аз ҳамон рӯзҳо орзу мекардам, ки калон шавам, тарроҳ мешавам”,- қисса кард Замира.
Тӯҳфаи беҳтарини модар – мошини чокдӯзӣ
Вақте Замира 12 сол дошт, аллакай мошини чокдӯзиро истифода бурда метавонист. Ӯ курси семоҳаи дӯзандагӣ ва буррандагиро хатм карда, соҳиби диплом шуда буд.
Ба хонаи ҳамсояҳо ва хешовандони дур, ки дастгоҳи дӯзандагӣ доштанд, барои дӯхтан мерафт. Зеро дар хона мошини чокдӯзӣ надоштанд. Он рӯзҳо дигар духтаракони ҳамсолаш муштоқи ба даст гирифтани бозичаву либосҳои нав буданд, аммо ӯ дар орзуи соҳиби мошини чокдӯзӣ шудан.
“Дар ҷашни 13-солагиям, модарам мошини кӯҳнаи дӯзандагиро харида туҳфа кард. Аз гирифтани туҳафаи деринтизор хушбахт будам. Барои худам доман (юбки), шалвор, пироҳанҳо, куртаҳо дӯхтам. Ёд дорам, ки дар охирин шабнишинӣ ба муносибати хатми мактаб пироҳани зебоеро дӯхта, ба бар карда будам”,- нақл кард тарроҳ.
Муҳимияти дастгирии оила барои соҳибкасб шудани духтар
Замира дар оила ягона фарзанд аст. Мақсад гузошта буд, ки баъд аз хатми мактаб ба донишгоҳ дохил шуда, орузи айёми кӯдакияш – тарроҳ шуданро амалӣ мекунад. Ҳамагӣ 10 сол дошт, ки модаркалонаш вафот кард.
Дар синни 14 солагӣ модараш бемор шуд. Ӯ бе падар ба воя расид. Вайро танҳо модараш ва холааш дастгирӣ карданд. Бо кӯмаки моддиву маънавии холааш донишҷӯ шуд.
Бо сари баланд Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷандро бо ихтисоси тарроҳ хатм кард.
“Дастгирии рӯҳиву маънавии оила омили асосӣ аст, то ба комёбӣ зудтар наздик шавем. Барои духтар бидуни дастгирӣ ҳаёт ба сар бурдан ва фаъолиятро ҷоннок кардан мушкилтар аст”,- бар ин бовар аст ӯ.
Файзуллохон Обидов