fbpx

Аз кор барои занони хонашин то фестивалҳои байналмилалӣ. Чӣ тавр “Озара” ҳунарҳои дастиро рушд медиҳад

То имрӯз дар “Озара” зиёда аз 300 нафар занон ҳунар омӯхтаанд ва ин ҳамаи маҳсулоти ширкат аз ашёи хоми табиӣ дастӣ омода мешаванд.


2
2 points
Маҳсулоти ширкати Озара
Ин ва дигар аксҳо аз саҳифаи Фейсбуки "Озара" дастрас гардид

Дар шаҳри Қӯқанди Узбакистон Фестивали дуюми байналмилалии ҳунарҳои мардумӣ анҷом ёфт. Ин чорабинии фарҳангӣ аз 21 то 23 сентябр баргузор гардида, дар он ҳудуди 260 ҳунарманд аз 70 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд. Тоҷикистонро дар ин ҷашнвора ҶДММ “Озара” муаррифӣ намуда, дар номинатсияи “Ҳунарманде, ки навъи қадимии ҳунарро эҳё мекунад” соҳиби ҷоиза ҳам шуд.

“Озара” ба истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандии дастидӯхт ва нақшу нигори миллӣ  машғул аст. Дар он асосан бонувони танҳо, ки шавҳаронашон дар муҳоҷиратанд, занону духтарони хонашин ва дигар хоҳишмандон баъди гузаштани омӯзиши ройгон кор мекунанд.

Ин ширкат дар шаҳри Хуҷанд воқеъ аст. Мавҷуда Набиева, яке аз муассисон ва роҳбари ҶДММ “Озара” дар суҳбат бо Your.tj гуфт, онҳо ба соҳибкории иҷтимоӣ машғуланд ва барои дастгирии занони хонашин кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Маҳсулоти ширкати Озара дар намоишгоҳ

Таъсисёбии “Озара”

Ин ширкат соли 2014 аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии “Ассотиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон” таъсис ёфтааст.

Ташкилоти ҷамъиятии “Ассотиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон” аз соли 1999 инҷониб чандин лоиҳаҳоро амалӣ мегардонад. Онҳо соли 2010 барои пайдо кардани занҳое, ки бо дастидӯзӣ машғуланд, тадқиқот бурданд.

Таъсисдиҳандагони Озара

Муайян гардид, ки аксари ин занҳо синну соли аз 50 боло ҳастанд ва ашёи хом барои давом додани ин ҳунарро надоранд, инчунин талабот низ ба он кам шудааст.

Баъдан чор нафар зан – Гулбаҳор Маҳкамова, Санавбар Шарипова, Нигора Давлатова ва Тахмина Каримова дар якҷоягӣ барои эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ ҶДММ “Озара”-ро ташкил кардаанд.

Озара дар намоишгоҳ
Маҳсулоти “Озара” дар намоишгоҳ

Аз омӯзиши ройгони занон то кори даромаднок

“Маҳсулоти мо ҳамааш дастӣ омода мешаванд, инҳо асосан сӯзаниҳо, ҷилди болишҳо, ҷузвдонҳои гуногун, тоқиҳо ва дигар ҷиҳозе, ки нақшу нигори тоҷикӣ доранд, мебошад”,- гуфт Мавҷуда.

Дар “Озара” заноне, ки шавҳаронашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳастанд, занони деҳот ва занони танҳо, ки ба воя расонидани фарзанд бар дӯшашон аст, кор мекунанд.

Омӯзиши ҳунар дар Озара
Аз аввалин омӯзишҳо дар “Озара”

“Мо ба онҳо тарзи дӯхтро ройгон меомӯзонем. Вақте корро ёд мегиранд, ба занон маҳсулоти лозимиро медиҳем ва онҳо дар хонаашон тайёр мекунанд ва мувофиқи ҳаҷми кори анҷомдодаашон музди маош мегиранд”,- шарҳ дод роҳбари ширкат.

Ин тарзи дӯхт босмадӯзӣ ном доштааст ва ба гуфти Мавҷуда шахсоне, ки шавқ ва хоҳиши омӯхтани ин ҳунарро доранд, дар давоми ҳамагӣ аз 3 то 5 рӯз онро азхуд карда метавонанд.

Занон дар маркази ҳунармандӣ кор мекунанд

То имрӯз дар “Озара” зиёда аз 300 нафар занон ҳунар омӯхтаанд, вале мутаассифона, талабгорони омӯзиш ҳоло на он қадар зиёд будааст, чун ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо ин ҳунар заҳмату сабри зиёдро талаб мекардааст.

Савдои муосир ва ҳамкорӣ бо ширкатҳои хориҷӣ

Мавҷуда мегӯяд, дастранҷи ин занон асосан дар мағозаи худи ширкат, ки дар шаҳри Хуҷанд воқеъ аст, ба фурӯш меравад.

Инчунин фестивалу намоишҳои байналмилалӣ барои ба фурӯш рафтани дастидӯзиҳо макони хуб аст. “Озара” дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ фаъол буда, тариқи саҳифаҳои Facebook ва Instagram-аш низ муштариёнро ҷалб мекунад.

“Харидорони мо асосан, меҳмонону сайёҳони хориҷӣ, корхонаву ташкилотҳо, бонкҳо ҳастанд, ки барои чорабиниҳои худ маҳсулоти моро дастрас мекунанд. Маблағҳои бадастовардаро барои пешбурди кори ширкат сарф менамоем”,- қайд намуд роҳбари ҶДММ “Озара”.

Мудирияти ширкат нақша дорад, ки дар ояндаи наздик ояндаи наздик онлайн-платформаи “Озара”-ро дар eBay (ширкати амрикоии хариду фурӯши маҳсулот тариқи интернет-мағоза) ба роҳ монад ва барои харидорони хориҷӣ имкони бештари фармоишро тариқи интернет фароҳам орад.

“Вақте хориҷиён маҳсулоти моро мехаранд, дубора ба мо фармоиш медиҳанд, ба ёру дӯстонашон тавсия медиҳанд ва ба мо ҳамкорӣ пешниҳод мекунанд ва ин беҳтарин вокунишу арзёбии онҳост”,- гуфт Мавҷуда Набиева.

 

“Озара” бо ширкатҳои хориҷӣ, ба монанди “Zazi Vintage”-и Амстердам, Нидерландия, “Ichoosemaru”-и Тошканд, Узбекистон ва  “Laimomo”-и Италия ҳамкорӣ дорад ва онҳо асосан ҷилди болишҳоеро, ки аз абрешим ва рангҳои табиӣ тайёр шудаанд, харидорӣ мекунанд.

Ба гуфтаи Мавҷуда, талаботи ҷаҳонӣ ба маҳсулоти табиӣ, ки аз пахтаву абрешим ва рангҳои табиӣ истеҳсол мешавад, зиёд аст. Вале пайдо кардани ашёи хоми табиӣ дар Тоҷикистон душвор будааст.

“Матоъро аз ҶДММ “Ҷавонӣ” дастрас мекунем. Ресмонро аз Туркия меорем, ки сифати хуб дорад ва рангаш намеравад. Дар ин кор бисёр душворӣ мекашем, чун ашёи хоми ватанӣ сифаташ пасттар аст, маҷбур мешавем барои дастрас кардани он ба хориҷа равем. Бисёр мехостем ашёи хоми абрешимиву пахтагӣ ва ресмонҳо бо рангҳои табиӣ дар ватани худамон низ истеҳсол шавад ва ба ҳунармандон нархаш дастрас бошад”,- афзуд ӯ.

Дастгирӣ ва рушди “Озара”

“Озара” қаблан бо тарроҳони ватанӣ Хуршед Сатторов, Нафиса Имронова ва бренди “Икат хаус” ки дар шаҳри Душанбе фаъолият мебаранд ҳамкорӣ доштааст.

Инчунин ширкат аз ҷониби ЮНЕСКО, Ethnical Fation Initiatives ва Сафорати Амрико дар Тоҷикистон дастгирӣ меёбад.

Сӯзаниҳои Озара

“Ба наздикӣ соҳиби гранти раиси шаҳри Хуҷанд низ шудем. Хароҷотҳо барои иштирок дар баъзе фестивалу намоишгоҳҳои байналмилалие, ки даъват мешавем, аз ҷониби давлат рӯйпӯш карда мешаванд”,- илова кард ҳамсуҳбати мо.

Ҳукумати шаҳр, инчунин барои ташкили деҳаи ҳунармандон ба ҶДММ “Озара” ҷой ҷудо кардааст.

“Мо нақша дорем, ки дар шаҳр деҳаи ҳунармандонро таъсис дода, фаъолияти худро рушд диҳем”,- гуфт Мавҷуда.

Сафири Амрико

Иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалии ҳунармандӣ

“Озара” бо маҳсулоти худ дар чандин намоишу фестивалҳои байналмилалӣ иштирок кардааст.

Соли 2015 намоишгоҳи “Подарки” (Москва), 2016 намоишгоҳи Ambiente (Франкфурт, Олмон), 2019 Artegiano (Милано, Италия), Festival “Silk and spice” (Бухоро, Узбекистон) ва Фестивали Қӯқанд, 2021 намоишгоҳ дар шаҳри Малорикаи Испания.

Болишҳои Озара

Дар соли 2023 дастранҷи ҳунармандони “Озара” дар Қатар, дар Намоишгоҳи дуюми байналмилалӣ дар шаҳри Тарази Қазоқистон ва Фестивали дуюми байналмилалӣ дар шаҳри Қӯқанди Узбекистон ба намоиш ва фурӯш гузошта шуд.

Мавҷуда мегӯяд, дар ҷашнвораи Қӯқанд ҳамарӯза беш аз 100 ҳазор нафар тамошобинон меомаданд. Ба гуфтаи ӯ, дар ин чорабинӣ махсусан вохӯрӣ ва мубодилаи таҷриба бо иштирокчиён аз кишварҳои дигар арзишманд буд.

Роҳбари Озара

“Дар доираи фестивал намоиш ва фурӯши маҳсулоти ҳунармандони ватаниву хориҷӣ баргузор гардид. Ширкати мо ҶДММ “Озара” низ дар ин ҷашнвора, дар номинатсияи “Ҳунарманде, ки навъи қадимии ҳунарро эҳё мекунад” ҷоиза гирифт. Иштирок дар чунин чорабиниҳо моро ба рушди ҳунармандӣ ва дастгирии занони ҳунарманд илҳом мебахшад”,- қайд намуд ӯ.

Ба андешаи Мавҷуда эҳёи ин ҳунар муҳим аст, зеро бо омӯхтани он занони хонашин метавонанд ҳам маблағ ба даст оваранд ва ҳам ба тарбияи фарзандонашон машғул гарданд.

Маҳсулоти Озара

Мавҷуда Набиева гуфт, номи ширкатро низ бо яке аз хусусиятҳои васфшавандаи занон – “гармибахшандагиву равшаниафзоӣ”-и занон тавъам гузоштаанд.

“«Озара» аз калимаи форсӣ аст ва “озар” маънои оташро дорад. Тавре шоири бузург Мирзо Турсунзода гуфтааст: “Зан агар оташ намебуд, хом мемондем мо”… Яъне зан ҳаст, ки хонаводаро нигоҳ медорад ва барои осудагии оилааш кӯшиш мекунад. Ё ба гуфти дигар зан чароғи хона аст”,- шарҳ дод ӯ.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

2
2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
3
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend