fbpx

“Мушкилӣ зиёд аст, вале бояд худро сохт!” Нигора аз матои миллӣ ҷузвдонҳои занонаи замонавӣ месозад

"Агар таваҷҷуҳу дастгирӣ бошад, мо фарҳанги миллиро бештар муаррифӣ карда метавонем".


2
2 points
Тарроҳи ҷузвдонҳои тоҷикӣ
Нигора Насимова

Нигора Насимова аз матои миллӣ ҷузвдони занона месозад. Қариб ҳашт сол мешавад, ки ба бозори мӯди ватанӣ роҳ ёфтааст. Бренди ӯ бо номи ғайриодии “Buta.tj” аллакай бо истеҳсоли ҷузвдону ҳамёни занона харидорони худро дорад. Колоҳои ин бренд дар намоишҳои байналмилалӣ борҳо Тоҷикистонро муаррифӣ кардаанд.

Муаллифи Your.tj бо Нигора ҳамсуҳбат шуда, аз пайдоиши идеяи бренд, мушкилиҳои кори дастӣ ва пешравию нақшаҳои ояндааш нақл кард.

Аз орзуи кӯдакӣ ба кори дӯстдошта

Ӯ ҳанӯз аз кӯдакӣ орзуи тарроҳ шуданро дошт. Тавонист орзуро ба кори дӯстдоштааш табдил диҳад. Пас аз ба даст овардани дониш ва таҷрибаи зарурӣ қаҳрамони мо тасмим гирифт, ки бренди ҷузвдонҳои худро эҷод кунад.

Нигора хатмкардаи факултети дизайнерии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мебошад. Гарчанде хонавода ба ин интихоб на он қадар розӣ буд, ӯ роҳашро тағйир надод. Нигора нахуст дар самти дизайни графикӣ кор кардааст. Маҳсули заҳмати ӯро дар кӯчаҳои пойтахт мушоҳида намудан мумкин аст.

“Вақтҳое мешуданд, ки дар шаҳр сайр мекардам ва лавҳаҳои таблиғотиро бо тарҳи худам сохта медидам. Дар дӯконҳои китобфурӯшӣ низ китобҳоеро, ки тарҳи муқоваашонро худам эҷод кардаам, мебинам. Ин шинохт ва ҳисси шодии як инсони эҷодкор аст”,- чунин баён дошт хурсандии хешро ӯ.

Ҷузвдони тоҷикӣ

Эҳёи нақшу нигори миллӣ ва фалсафаи “бута”

Идеяи сохтани ҷузвдонҳои занона бо нақшу нигори миллӣ дар Нигора соли 2014, ҳангоми сафар ба шаҳрҳои Самарқанду Бухоро пайдо шуд.

Ба гуфтаи ӯ дар ин шаҳрҳо сари ҳар қадам галереяҳои ҳунарҳои дастӣ бо услуби миллӣ сохташударо мебинад, ки ниҳоят дилрабоянд. Онҳо эҳсоси ватандӯстӣ ва эҳтиром ба гузаштагонро бедор мекунанд. Ӯ мегӯяд, дар мо ин хеле кам ба назар мерасад.

Ҳадафи Нигора эҷоди маҳсулоти муосири дорои хусусиятҳои миллӣ мебошад. Бо ин мақсад ӯ бренди худро ташкил дод.

“31 – уми августи соли 2015 – ро мо метавонем рӯзи пайдоиши бренди нав бо номи ғайриодии “Бута” бигӯем. Таҷриба дар тарроҳии графикӣ кӯмак кард, ки брендро бо услуби шахсии худ тарҳрезӣ намоям. Он тадриҷан ном пайдо кард.

Решаи ин калима аз “бодомча” бармеояд ва умқи онро ҷустуҷӯ карда, таърихи форсии бостонии нақши бодомшакли “Бута” – ро омӯхтам. Шиори бренд низ «Бо эҷоди беҳтар – мо анъанаҳоро нигоҳ медорем» унвон гирифтааст”,- шарҳ дод, қаҳрамони мо.

Ба нақли ӯ рӯзе ба дӯсташ ҳамёне аз матои атлас тақдим мекунад. Хоҳари дӯсташ он ҳамёнро бо худ гирифта, аз ҷузвдонаш берун меорад. Ин таваҷҷуҳи ҳамкасбони рӯзноманигорашро ба худ ҷалб мекунад.

Ҳозирин аз дидани он ба андеша меафтанд ва ба ваҷд меоянд, ки то чи андоза метавон анъанаҳоро дар чунин чизи замонавӣ нигоҳ дошт.

“Ман аз шунидани он шод шудам. Шояд ин аст фалсафаи бренди ман. Ҳоло ин дигар бароям навоварӣ не, балки зарурат аст”,- нақл кард Нигора.

Ҳунари дастӣ арзиши баланд дорад, вале…

Ба гуфтаи Нигора муштариёнаш асосан нафароне ҳастанд, ки ҳунари дастиро қадр ва гузаштагони худро эҳтиром менамоянд, Ватанро ёд мекунанд. Баъзеҳо барои худ мехаранд, баъзеи дигар ҳамчун тӯҳфа.

“Ҳар як ҷузвдон ва муштарӣ қиссаи ҷолиби худро дорад. Чанде пеш дар як намоишгоҳ марде аз барои як шиносаш, ки дар Маскав зиндагонӣ мекунад, як ҷузвдонча (клатч) харидорӣ намуд, то ба ӯ тӯҳфаи дорои хусусиятҳои миллиро тақдим кунад. Модаре барои духтараш, ки дар хориҷа таҳсил мекунаду пазмони Ватан аст ҷузвдоне аз матои миллӣ фармоиш дод”, – афзуд ҳамсуҳбати мо.

Ҷузвдон ва ҳамёнҳо аз тарроҳи тоҷик

Нигора мегӯяд, кори дастии ӯ, ки бо истифода аз нақшҳои миллӣ аст, бояд аз рӯи категорияи нархҳо дар бозор баландтар арзёбӣ шавад. Аммо ба воқеият амал намуда, намехоҳад, ки мизоҷони худро хафа кунад. Аз он ки имкони саҳм гузоштан дар таваҷҷӯҳи байниҳамдигарии инсонҳоро дорад, шод мешавад.

“Тӯҳфа изҳори эҳтиром ва муҳаббат аст. Аз ин рӯ ба корам меҳр дорам. Бо табъи хира кор карда наметавонам”,- изҳор дошт ҳунарманд.

Нигора бренди “buta.tj” – ро дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолона таблиғ мекунад. Худаш маҳсули дастонашро аксу навор гирифта, ба саҳифааш мегузорад.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от BUTA — National Ethnic Brand (@buta.tj)

“Сабтро метавонам ба ягон суратгир фармоиш диҳам, то чизеро ба таври худ омода кунад. Таблиғотро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пеш барад. Аммо фикр мекунам он чизеро, ки ман мехоҳам, каси дигар наметавонад ба аудитория бирасонад”, – шарҳ дод Нигора.

Чаро маҳз ҷузвдон?

Нигора аввалин маротиба ба намоишгоҳи ҳунармандон бо даъвати яке аз ҳамкорони собиқаш Назира Бекназарова роҳ меёбад. Корҳои нахустинашро дар ин самт бо роҳбараш Назокат Қӯзиева оғоз кардааст.

Маснуоти аввалини ӯ аз қабили маҳсулоти косметикӣ, шарфҳо, ҳамёну суратҳо буданд, ки ҳоло дигар барои сохтани онҳо ҳатто вақт намеёбад. Ӯ дар шаҳри Москва курсҳои тарроҳии ҷузвдонро гузашта, бо тамоми лавозимоти зарурӣ барои сохтани ҷузвдонҳо шинос мешавад.

Ҳамён аз тарроҳи тоҷик

Нигораро бештар сохтани тарҳҳои сахт ба худ ҷалб мекунанд. Аз ин рӯ ҷузвдонҳои омоданамудааш шакли муайяни сахт доранд.

“Баъзан аз худ мепурсам, ки чаро маҳз ҷузвдонро интихоб кардам. Шояд ҳаваси кӯдакии ман аз худ дарак дод. Он замон аз коғазу маводи гуногун чизе эҷод мекардам. Дӯзандагиро низ метавонам, аммо бо мошинаи дӯзандагӣ дӯстӣ карда наметавонам”,- нақл кард ҳамсуҳбати мо.

Маҳсулоти ниҳоиро танҳо дар охири кор дидан мумкин аст

Ба ақидаи Нигора ҳар як кори анҷомдодаи худро бояд дӯст доред. Агар чизеро натавонистед, кӯшиш кунед онро омӯзед. Чанде пеш ӯ аз намояндагони Донишгоҳи тарроҳии Бурги Олмон ба тарзи тарҳрезӣ бо усули истеҳсоли бепартов – “Zero waste” – ро омӯхт.

Ин барояш имкон дод, ки аз як порча матоъ ва ришта чизи зебоеро офарида тавонад. Дар фикри ӯ аввал тасвир ва шакл пайдо мешавад, сипас ба сохтани он мепардозад. Нигора мегӯяд, баъзан як порчаи матоъро мегирад ва намедонад, ки дар охир чӣ мешавад. Танҳо дар ҷараёни коркард ва амалӣ намудани тарҳ шакли ниҳоӣ муайян мешавад.

“Коркарди охиринам, ҷузвдон дар шакли халта ҳамин тавр пайдо шуда буд. Матоъро аз ҳунармандони худамон аз Хуҷанд харида, як порчаро буридам, ба ёдам омад, ки барои гулдӯзӣ ришта харида будам. Ба гиреҳкунӣ шурӯъ кардам, барои таҷриба танҳо аз ду кунҷи он гулдӯзӣ кардам. Ҳамин тавр, ҷузвдон бо шакли бофандагӣ пайдо шуд”,- шарҳ дод қаҳрамони мо.

Кори комилан дастӣ

Тамоми раванди сохтани ҷузвдон – аз идея то ба амал баровардани онро Нигора ба танҳоӣ роҳбарӣ мекунад. Қаҳрамони мо мегӯяд, ки раванди сохтани ҷузвдон имкони пешгӯйӣ кардан надорад. Ба шарҳи ӯ ҳамааш ба рӯҳияи эҷодии инсон вобаста аст.

Барои таҳияи маҳсулоти нав аз як ҳафта то муддати номуайян ва ҳатто барои баъзеашон аз як сол зиёд вақт сарф мешавад. Бо вуҷуди мушкилиҳо Нигора кӯшиш мекунад, ки баъд аз фармоишро қабул кардан, харидорро ноумед накарда, дар муҳлати муайяншуда корро анҷом диҳад.

“Кори худро дӯст доштан ва орзуҳои бузургро аз қадамҳои хурд оғоз кардан зарур аст. Маъруфият гарави муваффақият нест. Дар замони мо имкони бо сафсатахонӣ маъмул шудан низ ҳаст. Муҳим донистани он аст, ки бо роҳи худ меравед ва ин шуморо хушбахт мекунад”,- афзуд Нигора Насимова.

Ҷузводони рангаи тоҷикӣ

Нақшаҳои эҷодӣ

Барои қаҳрамони мо ифтитоҳи коргоҳи шахсӣ нақшаест, ки чанд сол боз ба таъхир меафтад. Ӯ ба ин назар аст, ки вазъи солҳои гузашта ва имрӯзро ба назар бигирем, соҳибкори асилро ҳеҷ чиз боздошта наметавонист. Вале Нигора худро пеш аз ҳама шахси эҷодкор медонад.

Ба ақидаи ӯ ҳудуди “Домпечать” яке аз минтақаҳои хуби пойтахт барои ин нақша аст. Аммо орзуи бузургтари ин тарроҳ кушодани дӯкони бренди шахсияш дар “Duty free” мебошад. Ӯ боварӣ дорад, ки рӯзе чунин имкониятро пайдо мекунанд.

“Ҳар бори сафар ба хориҷа ба ин гуна фурӯшгоҳҳои фурудгоҳ медароям. Дар он ҷо ҳар гуна армуғонҳо фурӯхта мешаванд. Ман ҳам ба худ тасаввур мекунам, ки рӯзе гӯшаи бароҳати худро дар ин ҷо пайдо мекунам”,- гуфт аз орзуҳояш Нигора.

Имкони муаррифии фарҳанги миллӣ зиёд аст, вале…

Ба қавли Нигора, мақсад аз пешниҳоди бренди худ дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ, пеш аз ҳама, ин муаррифии фарҳанги миллӣ ва баъдан худи маҳсулот мебошад.

“Агар ин гуна масъулиятро ба дӯши худ гирем, пас омодагӣ бояд дар сатҳи зарурӣ бошад. Харҷи тамоми сафарҳоям аз ҳисоби худам аст. Дар бораи фоида ҳарф задан ҳоло имкон надорад. Зеро бо чунин хароҷот фоида ба даст овардан ғайриимкон аст. Ин танҳо як таҷрибаи хуб, шиносоии нав, васеъ намудани уфуқҳои эҷодӣ аст, зеро ҳар як ҳунарманд ба таври худ беназир аст”,- иброз дошт тарроҳ.

Тарроҳи тоҷик дар намоишгоҳ
Намоиши маҳсули эҷодӣ дар Варзоб

Ӯ соли 2019 дар  фестивали байналмилаии “Восточный базар “Тюбетейка”, ки дар шаҳри Москва баргузор гардид иштирок кардааст. Нигора дар ин намоишгоҳ зиёда аз 20 номгӯйи маҳсулоти брендашро муаррифӣ намудааст.

“Тюбетейка” – мактаби калони дорои имкониятҳои эҷодии бузург аст. Ман аз аввалин иштирокчиёни он будам. Ба ҳунари дастии ман баҳои баланд дода буданд”,- ёдоварӣ кард ҳамсуҳбати мо.

Нигора мегӯяд, имкони иштироки бештар дар фестивалу намоишгоҳҳои байналмиллалии ҳунармандон он вақт даст медиҳад, ки таваҷҷуҳ ва дастгирӣ бошад.

“Дар мо ҳунармандони боистеъдод зиёданд, ки имкони рафтан ба фестивалҳоро надоранд. Аксар вақт бо дастгирии давлат танҳо ҳамон як нафар ба намоишгоҳҳои байналмилалӣ мераваду халос”,- афзуд қаҳрамони мо.

“Мушкилӣ зиёд аст, вале бояд худро сохт!”

Нигора дар кори худ атласу адрасро ҳам аз истеҳсоли Тоҷикистон ва ҳам аз Узбекистон истифода мебарад. Ба андешаи ӯ ҳунармандони мо бо матоъ мушкилӣ надоранд.

Аммо лавозимоти корӣ, яке аз мавзӯҳои дардноктарин барои ҳунармандони Точикистон мебошад. Ба Нигора лозим меояд, ки онҳоро аз давлатҳои хориҷа ба монанди Чин, Федератсияи Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон фармоиш диҳад.

“Баъзан интиқоли маҳсулоти лозима аз фурӯшаш ҳам гаронтар меафтад. Ҳар боре хоҳиши харидкунӣ дар ман бедор шавад, бештар ба харидани лавозимоти корӣ машғул мешавам. Дар ҳар сафар кӯшиш мекунам чизе бихарам”,- шарҳ дод Нигора.

ҳамён аз матои миллии тоҷикӣ

Бо вуҷуди ин қаҳрамони мо кори худро бо қатъият пеш мебарад. Ӯ дар ин роҳ гуфтаҳои устодаш ҳамеша таконбахш аст.

“Устодам Ҳабибуллоев Зуҳур дар зиндагиам хотираи дурахшоне гузоштааст. Ӯ ҳамеша мегуфт, ки бо чашми кушода зиндагӣ кунем, мушоҳида намоем, дунё рангину шавқовар аст.

Чи қадар дуруст гуфта буд, ёдаш ба хайр! Шавқи зиндагиро аз даст надиҳед, эҷод кунед ва бисозед”,- афзуд Нигора Насимова.

Қурбоной Муқим


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

2
2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
11
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
10
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend