Манзили зисти аҳли оилаи Ҳокима Бобоҷонова дар натиҷаи ҳуҷумҳои мусаллаҳонаи Қирғизистон субҳи 16 – уми сентябр ба пуррагӣ хароб шудааст. Ӯ сокини деҳаи Қалъачаи ҷамоати деҳоти Овчӣ – Қалъача мебошад. Аз молу ашёи рӯзгори онҳо чизе намондааст. Ин зан аз он шукр мекунад, ки ба модару келин ва набераҳои хурдсолаш осеб нарасидааст.
Муаллифи Your.tj ба деҳаи наздисарҳадии Қалъача рафт ва аз ҳолати вазнини хонаи Ҳокима Бобоҷонова, сокини кӯчаи Маҳмудҷон Аъзамов № 50 хабар гирифт.
Ҳуҷуми аҳдшиканона ва таҳлукаи мардуми осоишта
Субҳи 16 – уми сентябри соли равон нуқтаҳои аҳолинишини шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд мавриди ҳамлаи мусаллаҳонаи низомиёни Қирғизистон қарор гирифтанд. Онҳо аз тамоми техникаҳои вазнини ҷангӣ бар муқобили сокинони осоиштаи Тоҷикистон истифода бурданд. Ин аҳдшикании кишвари ҳамсоя дар ҳоле буд, ки баъди ҳамлаҳои 14 – уми сентябр аз ҷониби марзбонони қирғиз ба ҳудудҳои Тоҷикистон, байни ду кишвар созишномаи оташбас эълон шуда буд ва Қирғизистон онро ҳамагӣ як рӯз риоя кард. Бар замми талафоти ҷонӣ, ки ҷуброннопазир аст, зимни ин ҳодисаҳо аксари хонаҳои истиқоматии сокинони деҳаҳои наздимарзии Тоҷикистон қисман ё пурра хароб шуданд.
Хонаи Ҳокима Бобоҷонова дар қисмати охири кӯчаи Маҳмудҷон Аъзамов ҷойгир буда, онро аз ҳар ду тараф теппаи баланд иҳота кардааст. Он тарафи теппаҳо сарҳад Қирғизистон оғоз мешавад. Дар ин хона Ҳокима бо ду келину чор набера ва хушдомани маъюби гурӯҳи II зиндагӣ мекунад. Субҳи 16 – уми сентябри соли равон аҳли оила машғули наҳорӣ буданд. Банохост, садои тиру гулӯлаандозӣ онҳоро ба ташвиш овард. Аҳли хонавода аз даҳшати тиру туфанг дар таҳхонаи ҳамсоя паноҳ бурданд.
“Тирпаронӣ тақрибан соати 7 – и саҳар сар шуд. Келину набераҳо аз тарс ба ларза даромаданд. Ман ҳам дар банди ваҳму тарс мондам, аммо худро ба даст гирифтам ва хушдоман, келину набераҳоро сарҷамъ карда, ба таҳхонаи ҳамсоя рафтем. То соати 10 – и субҳ садои тиру туфанг шунида шуд. Ҳаво хоколуд шуда буд. Садои ҳаракати мошинҳои низомӣ ҳам ба гӯш мерасид. Ман аз он хурсанд будам, ки оилаамро аз хавфи тир халос кардам. Беш аз 3 соат дар таҳхона нишастем. Ором кардани набераҳо ва келинҳоям кори осон набуд. Ҳушу ёдам ба хона ва молу ҳол низ банд буд. Мехостам, ки ҳарчӣ тезтар дар берун оромӣ шавад”, – ғамангезона мегӯяд Ҳокима.
“Ғайри либоси танамон дигар чизе намондааст”
Хонаи Ҳокима Бобҷонова аз 6 ҳуҷра ва 1 говхона иборат аст. Дар оғил 3 сар гов дошт. Вақте ӯ саҳарии 17 – уми сентябр хонаи ободи худро вайрона дарёфт, ҳуш аз сараш парид. Боми ҳамаи хонаҳо нобуд шуда, ҳама чизу чора ба коми оташ рафтааст. Як гови калон ҳам пурра сӯхта, ду сари дигар захмӣ аст.
“Ақаллан, аз 6 хона яке ҳам сиҳат намондааст. Ҳама чиз зарар дидааст. Сарулибосе, ки дар тан доштем, ҳамонро дорему бас. Дар ошхона фақат як курсии калон зери хоку хиштрезаҳо мондааст. Хайрият, ки ошдони лойинам вайрон нашудааст. Аз равғану орд ва биринҷу шакар, ки барои зимистонгузаронӣ захира карда будем, чизе нест. Фақат ба чанд бонкае, ки афшура ва мураббо консерва карда будем, зиён нарасидааст. Ҳамаи ҳуҷҷат ва миқдори ками пуле, ки бо азоб ҷамъ карда будем, сӯхта хокистар шудааст. Ба ҳамин ҳам шукр, ки ҷони аҳли оилаам аз тири беамон халос хӯрд”, – гиряомез меафзояд Ҳокима.
Ҳоли зори аҳли оила ва ваъдаи ёрии мақомот
Ҳокима Бобоҷонова соли 1993 ба ин даргоҳ келин шуда омадааст. Бадбахтона, шавҳараш соли 2002 дар муҳоҷират ба ҳалокат мерасад. Сарфи назар аз он ки дар 27 – солагӣ танҳо монд, тавонист, ки ду писарашро ба воя расонад ва оиладор кунад. Феълан, ҳарду писари зан дар муҳоҷиратанд. Як келинаш дар боғча мураббия аст ва дигаре дӯзанда. Ҳар рӯзи Ҳокима бо нигоҳубини набераҳою хушдоман ва говбонию сабзавоткорӣ мегузашт. Майдони наздиҳавлигии зан хароб нашудааст.
“Ба масъулони ҷамоати Овчӣ – Қалъача муроҷиат кардам. Гуфтанд, ки ёрӣ медиҳем. Кай ба кӯмакам меоянд, намедонам. Раиси вилоят ҳам омада, дилпур карданд, ки барои таъмиру азнавсозии хонаам ёрӣ медиҳанд. Чанде пеш бечора писари хурдиям ҳам Русия рафт, то ба қадре пул кор кунаду аз ҷойи амнтаре хона харад. Имрӯз келину набераҳо ва хушдоманам дар як хонаи иҷора муваққатан будубош доранд. Набераҳоям сахт тарсидаанд. Тасб доранд. Онҳо ҳозир табобат гирифта истодаанд. Барои ҷамъугирд кардани чизу чора ва сарпӯши сӯхтаи хона падару хоҳаронам ва занони додаронам кӯмак расонида истодаанд”, – афзуд зан.
Абдураҳмон Саидов падари 67 солаи Ҳокима мебошад. Мӯйсафед сарфи назар аз камқувватӣ баробари фарзандон чизҳои вазнинро бардошта истодааст. Мавсуф духтарашро дилбардорӣ мекунад, ки рӯҳшикаста нашавад. Ин андӯҳи гарон танҳо бар дӯши вай нест. Ҳокимаро давлату ҳукумат танҳо намегузоранд. Ҳокима Бобоҷнова бо рақамҳои телефонии 918171952 корти бонкӣ (Ориёнбонк) дорад. Ӯ аз камтарин кӯмаки ҳамватанон хурсанд мешавад.
“Вақти нооромиҳо деҳаро тарк кардем”. Нақли ҳамсояи Ҳокима
Хонаи Олимбой Юсупов ном марди калонсол, ки ҳамсояи Ҳокима Бобоҷонова аст, дар поёнтари кӯча мебошад. Хушбахтона, хонаи вай аз тиру гулӯлаандозӣ зарар надидааст. Олимбой – боборо дар пеши дарвозааш вохӯрдем. Вай аз рӯзи мудҳиш чунин ёдовар шуд:
– Барои хондани намози бомдод ба масҷид рафтем. Вақте аз масчид баромадем, ҳама ҷо оромӣ буд. Бачаҳо дар тараддуди мактабравӣ буданд. Тақрибан соати 7 – и саҳар садои тир аз ҷониби теппа, яъне аз тарафи сарҳадбонони қирғиз баромад. Садо ваҳмангез буд ва ҳавои кӯча пур аз чангу ғубор шуд. Ҳамсояҳо савораю пиёда ба тарафи кӯчаи калон меомаданд. Хайрият, ки писарам ҳам мошин дорад. Вай ману кампирам ва зану 4 фарзандашро ба мошин савор карда, ба тарафи шаҳри Бӯстон, хонаи наздикон равон шуд. Мана, ҳамин рӯз, яъне 21 – уми сентябр ба хона баргаштем. Шукр, ки ҳоло ором шудааст.
Кӯмакҳои аввалин ба сокинони зарардидаи деҳаҳои наздимарзӣ
Бояд ёдовар шуд, ки дар асоси супориши раиси вилоят комиссия ташкил шудааст. Муайян кардани зарари расида ба хонаҳои сокинони осоишта ва иншооти ёрирасон идома дорад ва кӯмаку дастгириҳо ҷиҳати барқарорсозии манзили зисти шаҳрвандон дар назар аст.
Субҳи рӯзи 22 – юми сентябр Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ дод, ки корвони кӯмакҳои моддии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд ворид гардид. Корвони пурбори 45 мошини калони боркаш аз маводи хӯрокворӣ, сӯзишворӣ ва масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили 500 тонна семент, 220 метри мукааб тахта, 5000 дона шифер, фанер ва гипсокартон 1500 метри мураббаъ, 5 тонна мехҳои гуногун, 500 метри мураббаъ шиша, 250 тонна ангишт, 60 тонна орд, 10 тонна равған, 15 тонна биринҷ ва 25 тонна шакар иборат аст. Кӯмаки зикршуда асосан оилаҳои сокинони ҷамоатҳои Чоркӯҳ, Лаккон, Чилгазӣ, Кулканд, Зумрад, Сурх, Ворухи шаҳри Исфара ва ҷамоатҳои Овчиқалъача ва Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро фаро мегирад.
Дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ низ эълони кӯмакҳои дастаҷамъонаро бисёр вомехӯрем, ки аз ҷониби сокинони гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон ташкил шудааст. Тавре мушоҳида мешавад, кӯмакҳои онҳо аз маблағ, молу ашёи рӯзгор ва маҳсулоти хӯрокворию сарулибос иборат аст.
Файзуллохон ОБИДОВ