fbpx

Имтиҳони SAT. Ҷавони тоҷик чӣ тавр дар Гонконг таҳсил ва зиндагӣ мекунад?

Барои таҳсил дар Гонконг рақобатпазир бояд буд.


5
5 points

Исматулло Раҳимови 22 сола донишҷӯи Донишгоҳи политехникии Гонконг аст. Ӯ барои дохил шудан ба ин донишгоҳ дар имтиҳони байналмилали SAT (Scholastik Aptitude Test) тариқи онлайн ширкат варзидааст. SAT бори нахуст махсус барои довталабони Амрико ва дигар кишварҳои Ғарб ба роҳ монда шуда буд. Вале дар солҳои минбаъда мутасаддиёни SAT барои донишҷӯёни мамлакатҳои Шарқ низ имконияти иштирок дар ин имтиҳонро тариқи онлайн тақдим намуданд.

Исматулло Раҳимов зодаи шаҳри Бохтар буда, хатмкардаи Литсей барои хонандагони болаёқати ҳамин шаҳр аст. Ӯ дар суҳбат бо муаллифи Your.tj аз шебу фарози роҳи тайнамудааш қисса кард.

Имтиҳоне, ки 3 миллион нафарро донишҷӯ мекунад

Исматулло барои супоридани имтиҳон нахуст дар сомонаи CollegBoard.org сабти ном кард, ки ин марҳилаи аввалини имтиҳон аст.

“Барои дохилшавӣ ба дилхоҳ донишгоҳи кишвари хориҷа бояд забони англисиро хуб донист, зеро дар ин доншгоҳҳо таҳсил барои шаҳрвандони хориҷӣ танҳо бо забони англисӣ ё забони давлатии ҳамон кишвар сурат мегирад. Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бошад, асосан забони русӣ рушд кардааст”, – қайд кард ӯ.

 

Имтиҳони дохилшавии SAT, яъне Scholastik Aptitude Test дар кишварҳои ИМА, Канада, Австрия, Сингапур, Осиё ва Аврупо аз барномаҳои маъмулӣ аст. Дар он аз ду фан имтиҳон мегиранд: математика ва забони англисӣ. Ҳардуи имтиҳонҳо ба ду бахш ҷудо мешаванд. Имтиҳони фанни математика аз бахшҳои “Математика бе ҳисобкунак” (Math No calculator) бо фарогирии 20 савол тӯли 25 дақиқа ва “Ҳисобкунаки математикӣ” (Math calculator) бо фарогирии 38 савол дар 55 дақиқа иборат аст. Имтиҳони забони англисӣ бошад, бахшҳои “Хониш дар асоси далелҳо” (Evidence Based Reading) иборат аз 52 савол дар 65 дақиқа ва “Забони хаттӣ” (Writing Language) иборат аз 44 савол дар 35 дақиқаро дарбар мегирад.

Исматулло мегӯяд, ки қариб ҳар сол аз 170 мамлакати дунё қариб 3 миллион довталаб тариқи ин барнома имтиҳон месупоранд. Яке аз ҷиҳатҳои мусбии имтиҳони мазкур дар он аст, ки вобаста ба натиҷаҳои балҳо ба донишҷӯён идрорпулӣ пешниҳод карда мешавад.

“Ман ба андозаи 800, баъзан 900 доллари амрикоӣ идрорпулӣ мегирам, ки ин барои пардохти иҷораи манзили зист, хариди маҳсулоти хӯрокворӣ ва баъзан либос низ кӯмак мерасонад”, – бо дили пур гуфт Исматулло.

Ӯ мегӯяд, ки довталабони донишгоҳҳои хориҷӣ ин имтиҳонро дар марказҳои махсуси SAT тариқи барномаи онлайнӣ месупоранд. Дар марказ назоратчии махсус раванди имтиҳонсупориро аз назар мегузаронад, то довталабон аз “шпаргалка” истифода нанамоянд.

 

“Мағлубият ҳам гоҳе рӯҳияи тоза мебахшад”

Ҳангоме Исматулло хонандаи синфи 9 буд, дар Олимпиадаи байналмилалии HIPPO оид ба забони англисӣ, ки бо дастгирии ташкилоти “Person Education” –и Англия ҳамасола дар Италия баргузор карда мешавад, ширкат варзид. Дар ин олимпиада танҳо намояндагони кишварҳое иштирок карда метавонанд, ки забони англисӣ забони модариашон набошад. Қаҳрамони мо низ дар ин олимпиада ширкат варзид ва бо муваффақият ба даври ниҳоии олимпиада роҳ ёфт. Англисидони тоҷикистонӣ дар Италия имтиҳони даври финалии озмунро супорид. Мутаассифона, яке аз се ҷойи аввалро гирифта натавонист, вале бо сертификати олимпиада баргашт. Исматулло озурдахотир нашуд ва омӯзиши забони англисиро идома дод. Иштирок дар ин олимпиада ба ӯ илҳоми тоза бахшид ва пеши худ мақсад гузошт, ки дар хориҷ аз кишвар таҳсил мекунад.

“Сертификату дипломҳои озмунҳо барои мустаҳкамтар кардани мавқеи худ дар донишгоҳҳои Гонконг мусоидат мекунад. Яъне бо дастовардҳои худ донишҷӯ метавонад, ки боиси таваҷҷуҳи садорати факултет гардад”.

Ба гуфтаи ӯ, услуби таҳсил дар Гонконг, умуман минтақаҳои гуногуни Чин ва наздик ба он воқеан дар сатҳи олӣ ба роҳ монда шудааст.

“Дар ин ҷо касе кори илмии донишҷӯи дигарро наменависад, рақобат ниҳоят сахт аст. Агар ҳолате шавад, ки донишҷӯе ба донишҷӯи дигар бар ивази навиштани рисолаи худ ҳаққи хизмат пешниҳод кунад, вай ба устоди фаннӣ шикоят мекунад, ки “фалон донишҷӯ мехоҳад маро аз ҷараёни дарсҳо ба ақиб монад”. Албатта дар ин ҳолат донишҷӯи танбал аз донишгоҳ хориҷ карда мешавад”, – хандида мегӯяд Исматулло.

Духтур, бонкдор, ё адвокат? Орзуи волидон амалӣ нашуд

Одатан ду гурӯҳи ҷавонон ба мактабҳои олии кишварҳои хориҷа роҳ меёбанд: 1) ҷавонони донишманд; 2) ҷавонон аз оилаҳои сарватманд.

“Ман аз оилаи сарватманд нестам, ба ин хотир кӯшиш мекардам, ки донишҳои муосирро аз худ карда, ба донишгоҳ дохил шавам”, – қайд намуд Исматулло.

Модари Исматулло дар риштаи омӯзгори забони русӣ ва самти иқтисодиёт таҳсил кардааст, аммо тӯли 25 сол мешавад, ки танҳо бо ташкилотҳои хориҷӣ, аз ҷумла USAID ҳамкорӣ менамояд. Падараш бошад дар Амрико ба ҳайси духтур фаъолият мекунад. Аммо волидони ӯ тӯли солҳост, ки зиндагии аз ҳамдигар ҷудо доранд. Исматуллоро модараш ба воя расонид. Модари ӯ мехост, ки писараш корманди бонк шавад, падараш бошад мегуфт, ки: “ту ба Амрико назди ман меоӣ ва дар соҳаи докторӣ ё ҳуқуқшиносӣ таҳсил мекунӣ, зеро дар Амрико намояндагони ин ду соҳа маблағи зиёд дарёфт мекунанд.  Вале қаҳрамони мо на корманди бонк шуд ва на духтуру адвокат.

“Ман забоншинос ҳастам. Шояд муҳити хонаводагӣ ба ман таъсир кард ва хостам мисли модарам омӯзгори фанни гуманитарӣ бошам”, – ғарқи андеша иброз дошт ӯ.

Исматулло дар айни замон дар самти лингвистикаи Донишгоҳи политехникии Гонконг таҳсил мекунад. Ӯ бо дипломи ин донишгоҳ метавонад дар мактабҳои олии дилхоҳ мамлакати дунё аз фанҳои забони англисӣ ва ҷамъиятӣ дарс диҳад.

Донандаи чор забони хориҷӣ аз пайи омӯзиши ду забони дигар

Исматулло ба Гонконг моҳи июли соли 2019 омад. Ӯ аз рӯзи аввали омадани худ нахост, ки танҳо бо дарсҳои донишгоҳ маҳдуд шавад. Аз ин лиҳоз фаъолияташро дар Комиссариати Олии СММ оид ба гурезаҳо (UNHCR) ба роҳ монд, тавре дар Тоҷикистон низ ҳамчун таҷрибаомӯз дар яке аз бахшҳои СММ (UNDP) ҳамкорӣ мекард.

Ӯ берун аз дарс бо омӯзиши забонҳои хитоӣ ва фаронсавӣ машғул мешавад. Ҳоли ҳозир бошад забонҳои англисӣ, туркӣ, русӣ ва ӯзбекиро медонад.

“Инсон ҳар қадар забонҳои зиёдро аз худ намояд, ҳамон қадар имконияти бештарро барои дарёфти мавқеи худ дар кишварҳои хориҷа пайдо мекунад”, – таъкид кард қаҳрамони мо.

Ба иттилои Исматулло айни замон на кам аз 20 нафар донишҷӯи тоҷикистонӣ дар донишгоҳҳои гуногуни Гонконг таҳсил мегиранд. Ба ақидаи ӯ, таҳсил дар хориҷи кишвар дар баробари ҷиҳатҳои мусбат, албатта паҳлӯҳои манфӣ низ дорад. Яъне манфӣ будану набудани он ба худи инсон вобаста аст. Вай мегӯяд, ки мо пеш аз рафтан ба давлати дигар бояд худро омода намоем. “Хориҷиён ба кашидани тамоку ва истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ майли зиёд доранд. Мо бояд нисбати ин гуна рафтори онҳо бетаваҷҷуҳ бошем. Яъне чӣ тавр? Худро гум накунем, ҳиссиётамонро идора карда тавонем ва ҳам расми инсондӯстиро ба ҷо оварем”, – маънидод кард Исматулло.

“Маҳсулоти хӯроквориро аз мағозаҳои ҳалоли санҷидашуда харид мекунам. Инҷо муҳоҷирони паштуи покистонӣ бисёранд. Ба онҳо метавон бовар кард. Аммо ҳангоме ки бо дӯстони хориҷиам ба тарабхона меравем, одатан моҳӣ фармоиш медиҳам, ё барои чанд соат “вегетариан” мешавам”, – илова намуд донишҷӯи мусофир.

Исматулло мехоҳад, ки оянда фаъолияташро дар Гонконг ё дигар давлатҳои пешрафтаи хориҷа ба роҳ монад, зеро маоши кормандони ин минтақа нисбати маоши кишварҳои Осиёи Марказӣ се – чор баробар зиёдтар аст.

Нодира Собирзод


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

5
5 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
7
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
4
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
2
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
2
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend