fbpx

“Ту чунин бар сари сарбоз назан”. Назари Абдуллоҳи Раҳнамо оид ба латукӯби сарбозон

“Занозании сарбозон ҳодисаи нанговар буд ва онро ягон кас сафед карда наметавонад. Дар симои сарбозон фарзандон ва бародарони худро бояд бинем".


0
Сиёсатшиноси тоҷик

Чанде пеш сиёсатшиноси тоҷик Абдуллоҳи Раҳнамо дар меҳмонии идораи яке аз маҷаллаҳои вилоятӣ дар шаҳри Хуҷанд бо аҳли эҷоди маҷалла ва донишҷӯёни шӯъбаи рӯзноманигорӣ суҳбати озоде дар хусуси навори латукӯби сарбозон, ки ба вокуниши зиёди ҷомеа рӯ ба рӯ шуд, изҳори назар кард.

Муаллифи Your.tj низ дар ин суҳбат ҳузур дошт ва назари Абдуллоҳи Раҳнаморо оид ба ин мавзӯи доғ пайгирӣ кард.

Суҳбати сиёсатшиноси тоҷик дар бораи латукӯби сарбозон

Шеъри сарбоз – “Писари ин Ватан аст”

Иштирокдорон зимни суҳбат дар хусуси шеъри Абдуллоҳи Раҳнамо “Писари ин Ватан аст”, ки дарди ҷамъиятро хеле самимӣ ва бо эҳсос инъикос кардааст, изҳори ақида карданд. Аз ҷумла, гуфтанд, ки шеъри хеле таъсиргузор ва инъикосгари мақому манзалати сарбозон аст.

Ҳатто нафаре дар шабакаи фейсбук пешниҳод кардааст, шеъри мазкур дар ҳама қисмҳои ҳарбӣ ҳамчун лавҳи деворӣ (банер) гузошта шавад ва ҳар ҳар субҳ баъди Суруди миллӣ сароида шавад. Шеъре, ки дар саҳифаи Абдуллоҳи Раҳнамо ва бахши тоҷикии фейсбук чанд рӯзи охир пазироии бештар мегирад, ҳодисаи дардноки латукӯби сарбозонро шадидан маҳкум месозад.

Латукӯби сарбозон дар Тоҷикистон
Намогирифт аз навори латукӯби сарбозон

“Занозании сарбозон ҳодисаи нанговар ва ҳам даҳшат буд. Албатта, онро ягон кас сафед карда наметавонад. Дар симои ҳамаи сарбозон фарзандон ва бародарони худро бояд бинем. Рӯзе, ки ин наворро дидам, хеле эҳсосӣ шудам. Вуҷудамро дард фаро гирифт. Медонед, пас аз 5 дақиқаи тамошо бо ашк ин шеъро навиштам”,- афзуд Абдуллоҳи Раҳнамо.

“Даъвати умумӣ дар кори тарбия дигар муассир нест”

Сиёсатшинос ба ин назар аст, ки ин ҳолати ногувор боис мешавад, то амиқтар андеша кунем. Чаро онҳо ба чунин амали зишт даст заданд? Хушунат то ин сатҳ аз куҷо дар вуҷуди онҳо пайдо шудааст!? Метавон, ки дар амали онҳо нишондиҳандаҳои ҳолати руҳию равониро низ ошкор кард.

Албатта, ҳамаи онҳо дар ҳамин ҷомеа ба воя расидаанд. Аслан, дар мактаб 11 сол дарси “Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт”, “Мардӣ набувад фитодаро пой задан”, “Маёзор, мӯре, ки донакаш аст” ва “Сокини бутхона бошу мардумозори накун!”-ро мехонем, иншо менависем, баҳо мегирем, аз синф ба синф мегузарем. Аммо чунин ҳолати равонию маънавии ҷавонони мо натиҷаи чӣ аст?

“Боре чашмам ба ҳисоботи солонаи Вазорати корҳои дохилӣ афтод, ки дар шумораи яксолаи ҷинояткорӣ байни ҷавонон 10 ҳазор ҳисоб шудааст. Бубинед, ки  давоми як сол дар ҳар рӯз чӣ қадар ҷиноят содир шудааст. Албатта, ҳамаи онҳо дар мактаб ва чанд фисаде дар донишгоҳ ҳам таҳсил кардаанд.

Ҳамакнун фурсати он расидааст, ки мафҳумҳои инсондӯстӣ, ватандӯстӣ, озодӣ ва таҳаммулпазириро барои насли нав на ба таври мутлақ ва умумӣ шарҳ дода, фаҳмондан лозим аст. Муҳим аст, ки дар ин вақт аз таблиғи умумӣ ба таблиғи шахсӣ гузарем. Дар кори тарбия истифода бурдани эҳтироми шахсӣ лозим аст. Мебояд, ки бо фард кор кунем, дигар даъвати умумӣ таъсири амиқ надорад”,- илова кард Абдуллоҳи Раҳнамо.

Сарбозон – рамзи Ватан

Абдуллоҳи Раҳнамо мегӯяд, сарҳадро сарбозон назорат мекунанд, то оромона зиндагӣ кунем. Онҳо соатҳо рост меистанд, шабҳо намехобанд. Онҳо шахсони муқаддасанд, на аз ҷиҳати шаръӣ, балки ба маънои ниҳоят гиромӣ ва муҳим. Ростӣ, онҳо рамзи Ватананд. Сарбозонро ҳамеша гиромӣ доштан лозим аст.

“Воқеан, ба хотири ҳамин лаҳзае, ки дар навор дида мешавад, тамоми давлат, миллат ва ҳамаи нерӯҳои мусаллаҳро таҳқир кардан, тақниди беасос намудан ва ҳич шуморидан нодуруст аст”,- изҳор дошт сиёсатшинос.

Артиши Тоҷикистон дар раддабандӣ 21 зина поён рафт.
Акс аз сомонаи bankstoday.net

“Бояд ислоҳ шавад!”

“Албатта, чунин ҳодисаро бояд маҳкум ва ислоҳ кунем”,- таъкид кард Абдуллоҳи Раҳнамо. Ба гуфтаи ӯ барои аз байн бурдани сарбозсолорӣ мақомот мубориза мебаранд.

Аз рӯи мушоҳидаҳояш дар чанд қисмҳои ҳарбӣ сиёсатшинос дидааст, ки камераҳои назоратӣ насб шудаанд. Ӯ бо хулосабарорӣ аз рӯи як навор таҳқири марзбонон ва дар маҷмӯъ, нерӯҳои мусаллаҳро кори нодуруст меҳисобад.

“Фаромӯш набояд кард, ки доиман маҳз онҳо Ватанро ҳимоя мекунанд”,- афзуд Раҳнамо.

Вокуниши мақомот

Ёдовар мешавем, ки навори латукӯби сарбозон 24-уми апрел дар фазои тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид. Прокуратураи генералии Тоҷикистон ба ин қазия бо гузашти чанд соат вокуниш кард.

Тибқи он нисбати панҷ хизматчии ҳарбии қисми ҳарбии 0215 Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сержант Қосимзода Ҷонибек Абдулаҳад ва қаториҳо Азимов Фахриддин Бахтиёрович, Камолов Аъзам Шарифхонович, Нозимов Маҳмадназар Бузургович ва Сайфуллоев Ҳоҷиакбар Ҳакимович бо дастрасии моддаи 373 қисми 2 бандҳои “б,в” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, онҳо ба ҳабс гирифта шуданд.

Ба вокуниши мазкур рӯзи 25-уми апрел иловатан маълумоте нашр гардид, ки мувофиқи он нисбати сардори комендатураи якуми сарҳадии “Ворух”-и қисми ҳарбии 0215 ҚС КДАМ ҶТ, подполковник Лазуриев Нузхат Хиззатович бо дастрасии моддаи 391 қисми 3 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда низ ба ҳабс гирифта шудааст.

Файзуллохон Обидов


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend