Боз ҳам аввалин. Тоҷикистонӣ дуртарин нуқта аз маркази заминро фатҳ кард
Дар арафаи Соли нав кӯҳнавард ва сайёҳи маъруф аз Тоҷикистон Виталий Хинензон қуллаи баландтарини Эквадор – Чимборасоро фатҳ кард. Ин қулла ҳамзамон дуртарин нуқта аз маркази замин маҳсуб меёбад.
Нияти фатҳи ин қулларо, ки 6310 метр баландӣ дорад, Виталий ва ҳамтоҳояш аз бошгоҳи сайёҳии “Кулуар” вақти сафар ба вулқони Орисаба дар Мексика ба нақша гирифтанд.
Дастаи байнулмилалӣ иборат аз кӯҳнавардони Русия, Украина, Латвия ва Тоҷикистони бошгоҳи “Кулуар” 24 декабр ба Чимборасо рахти сафар баста, шаби 31 декабр қуллаи вулқонро фатҳ намуданд.
Ёдрас мекунем, ки тобистони соли 2021 ҷаҳонгард Виталий Хинензон аввалин шуда аз тоҷикистониён қуллаи баландтарини сайёра Ҷамолунгма (Эверест)-ро фатҳ кард. Баландии ин қулла 8848 метр аст.
Сафорати Тоҷикистон гуфт, қисми зиёди муҳоҷирони дармонда дар “Домодедово” ба ватан бозгардонида шуданд
Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар хабарномае гуфт, қисми зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар фурудгоҳи Домодедово дармонда буданд, ба ватан бозгардонда шуданд. Беш аз 40 муҳоҷири тоҷик, ки қарори ихроҷашон аз Русия содир шудааст, аз рӯзи 27-уми декабр дар фурудгоҳи “Домодедово”-и Маскав дармонда буданд.
Муҳоҷирон рӯзи 1-уми январ ба расонаҳо гуфтанд, интизори парвоз ба Тоҷикистон ҳастанд, вале бо далели барояшон номаълум дар фурудгоҳ дармондаанд. Инҳо муҳоҷироне буданд, ки барои кор омада, вале ба далели дар рӯйхати шахсони мамнуъулвуруд будан, натавонистанд ба Русия ворид шаванд.
Сафорати Тоҷикистон дар Маскав шоми 3-юми январ дар хабарномае гуфт, бо ширкатҳое, ки ин афродро ба Русия оварда буданд, гуфтугӯ карда, қисми зиёди онҳоро ба ватан бозгардондаанд.
“Масъалаи баргардонидани мусофирони боқимонда низ мавриди баррасии мақомоти дахлдори Федератсияи Россия қарор дорад”,-омадааст дар хабарномаи Сафорат. Масъулини Сафорат нагуфтаанд, ки аз миёни муҳоҷирони бандмонда чанд нафарашон дубора ба Тоҷикистон рафта, чанд нафари дигар то ҳоло дар фурудгоҳ ҳастанд.
Мақомоти Русия то ҳол ин ҳолатро шарҳ надоданд, вале муҳоҷирон мегӯянд, аксари онҳоро бедалел аз ин кишвар ихроҷ доранд.
Нидои “Аллоҳу акбар” буд ё набуд? Ҳафт сокини Язғулом ба зиндон маҳкум шуданд
Додгоҳи шаҳри Хоруғ 7 сокини ҷамоати Язғуломи ноҳияи Ванҷ, аз ҷумла се муҳассили мактабро бо гуноҳи тундгароӣ ба зиндон маҳкум кардааст. Наздиконашон розӣ нестанд ва бозбинии ҳукмро талаб доранд.
Як манбаъ дар Додгоҳи шаҳри Хоруғ рӯзи 4-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ҳукми 7 нафар охири моҳи декабри 2021 содир шуд. Ба қавли мусоҳиби мо, ки нахост номаш ошкор шавад, додгоҳ чаҳор калонсолро ба 6-солӣ ва се писари ноболиғро ба якуним солии зиндон маҳкум кардааст.
Мақомоти интизомӣ мегӯянд, ҳукми яке аз аъзои гуруҳро дар ғайбаш хонданд, “чун ё ба Русия ва ё ба Афғонистон фирор кардааст”.
То ин дам номи чаҳор нафар аз маҳкумшудаҳоро ошкор шудааст. Аз онҳо Асо Шайхов, Лоиқ Одинаев, Ҳотам Шуков ва Ҷаббор Гандумов ном бурда мешавад.
Ба қавли яке аз сокинони ҷамоати Язғулом, ҳафт нафар моҳи ноябри соли гузашта “ҳангоми гузаштан аз назди як қисми марзбонӣ дар Язғулом нидои “Аллоҳу акбар” сар дода, пас аз тирпарронии сарҳадбонон бо мошин фирор кардаанд.”
Ба ҳаракати нақлиёти сабукрав дар роҳи Душанбе-Хуҷанд иҷоза шуд
Роҳи Душанбе-Хуҷанд барои мошинҳои сабукрав аз ду ҷониб боз шуд. Дар ин бора ширкати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ бо истинод ба ширкати масъули нигоҳубини роҳи Душанбе-Чаноқ “IRS хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, нахуст роҳ барои мошинҳои сабукрав аз Хуҷанд ба самти Душанбе боз шуда, ҳоло роҳ аз ҳарду самт барои нақлиёти сабукрав кушода аст.
Қаблан зикр гардида буд, ки дар шоҳроҳи мошингарди Душанбе-Чанок 14 ҳодисаи фаромадани тарма ба қайд гирифта шуда, ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи он боздошта шуд
Ёдрас мешавад, ки 3 январ дар километрҳои 61, 62, 63, 65, 66, 69 ва 70 роҳи Душанбе-Варзоб, ки аз тариқи қаламрави Майхӯра, Ҳушёрӣ ва Уштури ноҳияи Варзоб мегузарад, лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд.
Додрасҳо маълум кардаанд, ки чаро занони тоҷик худкушӣ мекунанд
Арзёбии додрасҳои Тоҷикистон нишон додааст, ки дар кишвар теъдоди зиёди худкушӣ дар байни занон ба сабаби ҷабру зулм ва беэҳтиромии шавҳар сурат мегирад.
Бар асоси арзёбиҳои 48 парвандаи ба худкушӣ расониданд, ки Додгоҳи олӣ соли 2019 анҷом додааст, дар ҳафт маврид занон бинобар муносибати бераҳмонаи шавҳар ё таҳқиру латукӯб шудан аз тарафи ӯ худкушӣ кардаанд.
Дар се мавриди дигар муносибати хусуру хушдоман ва ё волидони шавҳар сабаб шудааст, ки келини хонавода аз ҷони азизи хеш даст бикашад.
Дар Тоҷикистон зӯроварӣ ба зан, ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, ба истилоҳ расм шудааст. Соли 2020 дар Тоҷикистон 295 парвандаи зӯроварӣ дар оила баррасӣ шудааст, ҳарчанд ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи зан бисёре аз бонувони тоҷик бо вуҷуди ҷабру зулми аъзои хонавода ё шавҳар ба мақомоти интизомӣ муроҷиат намекунанд.