fbpx

Котиби давлатии Амрико суруди “Камароб”-и Сафармуҳаммадро гӯш мекунад

Блинкен ба рӯйихати дуввуми сурудҳои дӯстдоштааш "Дар роҳ" ном гузоштааст, ки ба он суруди Сафармуҳаммад шомил шудааст.


-2
-2 points
Коллажи Your.tj

Котиби давлатии Амрико Энтони Блинкен сурудҳои дӯстдоштаи худро дар саҳифаи Twitter нашр кардааст, ки дар қатори онҳо суруди “Камароб”-и сарояндаи ҷавони тоҷик Сафармуҳаммад Рустамов низ мебошад.

Блинкен дар саҳифаи худ навиштааст, ки мусиқӣ дар ҳаёти ӯ ҷойгоҳи махсус дорад ва дар ҷамъбасти сол мехоҳад сурудҳои дӯстдоштааш дар соли 2021-ро бо дигарон қисмат кунад.

Ин котиби давлатӣ рӯйхати аввали таронаҳои дӯстдоштаашро “Дар хона” номидааст, ки ба он 17 таронаи сарояндагони амрикоӣ ба монанди Ҷастин Бибер, Диана Росс, Бруно Марс, Ҷон Батист, Оливиа Родриго, Тейлор Свифт ва дигарон шомил шудаанд.

Блинкен ба рӯйихати дуввуми сурудҳои дӯстдоштааш “Дар роҳ” ном гузоштааст, ки ба он сурудҳои сарояндагон аз тамоми ҷаҳон, аз ҷумла The Weeknd, Stromae, Adel, Dua Lipa, Сафармуҳаммад ва дигарон шомил шудаанд. Суруди “Камароб”-и Сафармуҳаммадро Блинкен дар ҷойи 27-ум қарор додааст.

“Мусиқӣ одамонро ба ҳам меорад – он аз марзҳо ва ҳама чизи дигаре, ки метавонад моро ҷудо кунад, убур мекунад. Дар охири соли 2021, ман баъзе сурудҳои дӯстдоштаи худро, ки имсол (ё ба наздикӣ) аз ҷониби сарояндагони саросари ҷаҳон иҷро шудаанд бо шумо мубодила мекунам. Умедворам, ки шумо низ мисли ман аз онҳо лаззат мебаред”, – навиштааст Блинкен дар саҳифаи худ.

Ҳамчунин дар қатори сурудҳои дӯстдоштаи Блинкен оҳанги сарояндаи афғон Ориёно Саид таҳти унвони “Нафасам” низ зикр шудааст. Инчунин, ӯ суруди русии хонандаи машҳури ӯзбекистонӣ Севара Назархон – “На паузу”, суруди “Муҳаббат”-и Оруҷ Офтоби покистониро писандидааст.

Энтони Блинкен аз 26 январи соли 2021 то инҷониб вазифаи котиби давлатии ИМА-ро ба дӯш дорад.

Сафармуҳаммад кист?

Сафармуҳаммад Рустам 13 июли соли 1996 дар ноҳияи Ховалинг дар оилаи санъаткор таваллуд шудааст. Сафармуҳаммад аз синни хурдӣ ба суруд хондан завқи баланд дошт ва дар овони мактабӣ бо хоҳараш Меҳрнигори Рустам дуэте дар бораи хониши аъло сароидааст.

Ӯ хатмкардаи мактаби миёнаи № 1-и шаҳри Душанбе ва риштаи дипломатияи Донишгоҳи Пекин аст. Падараш Баҳром Қодиров мутриби ансамбли «Дарё» соҳиби унвони фахрии «Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон» ҳаст.

Модараш Адибаи Рустам қаблан санъаткор буд. Хоҳараш Меҳрнигори Рустам низ овозхони шинохта мебошад. Бобояш Рустами Абдураҳим мутриби маъруф, дорандаи унвони фахрии «Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон» буд.

Малика Сафарзода


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-2
-2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
4
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend