fbpx

106 млн доллар аз ҳисоби фурӯши барқ. 10,6% афзоиш дар соли 2022

Мухтасари хабарҳои рӯз.


0
Тоҷикистон интиқоли нерӯи барқро афзоиш додааст

Боздошти директори корхонаи обтаъминкунӣ бо гумони қаллобӣ дар Истаравшан

Директори Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Истаравшан Алӣ Алиев бо гумони қаллобӣ боздошт шудааст.

Қаллобӣ дар Истаравшан
Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Бино ба иттилои Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ номбурда зимни фаъолияти кориаш бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ аз як сокини маҳаллӣ барои хидматрасонияш маблағи калони пулӣ талаб кардааст.

“Ӯ барои ҳамчун намояндаи фармоишгар қабул намудани корҳои насбкунии обченкунакҳо ва таҷҳизоти пайвасткунӣ дар шаҳри Истаравшан маблағи 14000 доллари ИМА гирифта, боз овардани 50000 сомонии дигарро талаб кардааст”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, гумонбаршаванда Алӣ Алиев дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ баъди аз шаҳрванд гирифтани маблағи 50000 сомонӣ дар утоқи кориаш дастгир карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.

Зикр мегардад, ки оиди ҳолати мазкур нисбати Алиев Али Ашурович бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.

Дар ин модда ҷазои аз 1460 то 2190 нишондиҳанда барои ҳисоб ҷарима ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 8 то 12 сол бо маҳрум кардан аз ишғоли вазифаҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то 5 сол ҷазо пешбинӣ шудааст.

106 млн доллар аз ҳисоби фурӯши барқ. 10,6% афзоиш дар соли 2022

Соли 2022 аз ҳисоби содироти барқ Тоҷикистон зиёда аз 106 млн доллар даромад гирифтааст, ки нисбат ба соли 2021 10,6% бештар мебошад. Дар ин бора Агентии омори ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Даромади Тоҷикистон аз фурӯши барқ афзуд
Акс аз сомонаи blogspot.com

Ҳиссаи неруи барқ дар ҳаҷми умумии содироти ҷумҳурӣ дар соли гузашта аз 4,5%-и соли пешин (с.2021) то 5% афзудааст.

Мутобиқи қарордодҳои имзошуда, неруи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон (муддати тамоми сол) ва дар давраи баҳору тобистон (моҳҳои май-август) – ба Ӯзбекистон интиқол меёбад.

Тибқи қарордод бо ширкати Da Afghanistan Breshna Sherkat (DABS)-и Афғонистон барои соли 2022, дар мавсими тобистон ба истеъмолгарони ин кишвар шабонарӯзӣ то 400 МВт барқ интиқол ёфта, дар мавсими тирамоҳу зимистон (сентябр-апрел) ҳаҷми он 10 баробар – то 40 МВт кам карда мешавад.

Дар бораи арзиши барқи Тоҷикистон барои истеъмолгарони Афғонистон дар соли 2022 маълумот дарёфт кардан муясар нашуд. Лекин тавре ки қаблан дар ширкати “Барқи тоҷик” хабар дода буданд, Афғонистон барои 1 кВт/соат барқ 3 сент тариқи хати 110 кВ ва 4,5 сент – тариқи хати интиқоли барқи 220 кВ маблағ пардохт мекунад.

Яке аз шартҳои созишномаи соли гузашта пардохти қарзи DABS ба ширкати “Барқи тоҷик” буд. Аввали соли 2022 “Барқи тоҷик” хабар дод, ки қарзи ширкати Афғонистон ба ин ширкат 33 млн долларро ташкил медиҳад.

То нимаи соли гузашта ин қарз ҳамагӣ 5 млн доллар кам шуда, раҳбарияти “Барқи тоҷик” сабаби пайдо шудани қарзро бо мушкили интиқоли пул аз суратҳисобҳои DABS дар бонкҳои Афғонистон шарҳ дода буд.

Аввали даҳаи дуюми моҳи январ DABS дар бораи имзои протоколи иловагӣ ба созишнома дар бораи содироти барқи Тоҷикистон ба Афғонистон дар соли 2023 хабар дод. Шартҳои қарордоди дар Истанбул баимзорасида дар хабар зикр намешавад.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, соли 2022 дар Тоҷикистон ҳудуди 21,4 млрд киловатт-соат неруи барқ истеҳсол шудааст, ки 3,8% зиёдтар нисбат ба соли 2021 аст. Ҳудуди 93,1%-и барқ аз ҳаҷми умумӣ дар неругоҳҳои барқи обӣ, 6,9% – дар марказҳои барқу гармидиҳӣ ва 0,001% (300 кВт/соат) – дар неругоҳҳои офтобӣ истеҳсол шудааст.

Аз фардо дарс. Дар Тоҷикистон таътилҳо ба охир расид

Аз фардо, 20-уми январ машғулиятҳо барои тарбиятгирандагону хонандагон дар тамоми муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кору фаъолият барои омӯзгорон оғоз мегардад.
Дар ин бора Наврӯзи Ҷумъамурод, котиби матбуотии Вазорати маориф ва илми кишвар иттилоъ дод.

Машғулиятҳо аз 16 январ бояд оғоз мегардиданд. Вале бо дарназардошти сард омадани ҳаво ва идома ёфтани он дар асоси фармоиши вазири маориф ва илм дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ таътили зимистона то 20 январи соли равон тамдид гардида буд.

Бозгашти 10 муҳоҷири тоҷик аз боздоштгоҳ дар Русия

Дирӯз, 18-уми январ, аз Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Сахаровои шаҳри Москав, ки дар он муҳоҷирон бо баҳонаи вайрон кардании қоидаҳои будубош нигоҳдорӣ мешаванд, 10 муҳоҷири тоҷик  ба Тоҷикистон фиристода шуданд.

Бозгашти муҳоҷирон аз боздоштгоҳи Русия
Акс аз Сафорати Тоҷикистон дар ФР.Му

Дар ин бора сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад ва мегӯяд, 18-уми январ кормандони Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз ин марказ дидан карданд.

Ин ниҳоди дипломатӣ мегӯяд, кормандони сафорат бо Алексей Лагода, роҳбари Маркази Сахаровои шаҳри Москав мулоқот анҷом дода, масоили марбут ба ҳуҷҷатгузорӣ ва зудтар ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштгардидаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба иттилои манбаъ, масъулини сафорат ба шаҳрвандони боздоштгардидаи Тоҷикистон доир ба талаботи қонунҳои амалкунандаи Русия ва ҷиҳати дар оянда такрор нашудани қонунвайронкуниҳо вобаста ба будубош дар қаламрави Русия тавсияҳо доданд.

“Ҳамзамон, ба шаҳрвандони Тоҷикистон як миқдор маводи ғизоӣ ва дигар маҳсулоти мавриди ниёз тақдим гардид. Боздид аз боздоштгоҳҳои муваққатии муҳоҷирон дар маркази таваҷҷуҳи Сафорат қарор дошта, ин иқдом пайваста анҷом дода мешавад”, – гуфта мешавад дар иттилоияи сафорат.

Гуфта нашудааст, ки ҳоло дар марказ чанд шаҳрванди Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд.

Русия, ки макони кори қариб 1 млн шаҳрванди Тоҷикистон аст, пайваста аз боздошту таъқиби муҳоҷирон барои вайрон кардани шароити будубоши ин кишвар хабар медиҳад. Бештари онҳо дар маркази Сахаровои Маскав нигоҳдорӣ мешаванд.

Сафорати Тоҷикистон қаблан ҳам дар бораи боздид аз ин марказ ва дар мувофиқа бо роҳбарияти он, ирсол кардани муҳоҷирони тоҷик ба Тоҷикистон хабар дода буд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend