fbpx

Тағйироти нави кадрӣ. Киҳо аз вазифа барканор ва соҳиби мансаби нав шуданд?

Ҷойивазкунии кадрҳо идома меёбад.


-1
-1 points
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Акс аз интернет.

Бо қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон як қатор тағйироти кадрӣ дар ҳайати роҳбарикунандаи зерсохторҳои давлатӣ ба амал омад. Роҳбарони пешин бо сабабҳои гуногун аз вазифа озод шуда, ба ҷойи онҳо шахсони дигар ба курсии мансаб нишастанд. Хадамоти матбуотии Президенти Тоҷикистон дар ин бора иттилоъ нашр кард.

Ҳамин тариқ, сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода, сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Дӯстмурод Муродзода, директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобохон Баротзода аз вазифа озод гардиданд.

Сабаби аз вазифа озод гардидани Тоҳир Каримзода ва Дӯстмурод Муродзода гузаштан ба кори дигар шарҳ дода шудааст. Бобохон Баротзода ба нафақа гусел карда шуд.

Ҳамчунин бо қарорҳои дигари ҳукумат, Абдураҳмон Ашурализода директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Сафаралӣ Маҳмадзода сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва Иматшо Нодирзода сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Қарорҳои дигари ҳукумат дар бораи бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи директори АМИТ «Ховар» озод гардидани Саидалӣ Сиддиқ ва ба ҷои ӯ таъйин гардидани Субҳиддин Шамсиддинзода, ки то ин замон ҳамчун муовинии якуми раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҶТ фаъолият дошт, нашр шудааст.

Ҳамчунин, Қиёмиддин Давлатзода аз вазифаи муовини директори Оҷонсии Агентии омори Тоҷикистон барканор ва муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд.

Шаҳлобону Нӯъмон бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи муовини директори Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» озод карда гардидааст.

Ҳамчунин, имрӯз Эмомалӣ Раҳмон фармон додааст, ки аз 1 то 14-уми феврали соли 2023 интихоботи машваратчиёни халқии судҳои ҳарбии гарнизонҳо гузаронида шавад.

Ёдовар мешавем, ки тайи се ҳафтаи охир дар ҳайати ҳукумати кишвар ва сохторҳои дигари давлатӣ тағйиротҳои кадрӣ идома дорад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend