Вақте ки Азиза (ном иваз шудааст) он субҳ ба кор ба як сартарошхона дар Тошканд омад, гумон ҳам надошт, ки ба зудӣ ба фигуранти парвандаи ҷиноятӣ табдил меёбад. Мақоми ВНМО-и ӯ, ки то он замон қисми сирри тиббӣ маҳсуб мешуд, ошкор гардид ва на танҳо маълумоти шахсӣ, балки як далели ҳуқуқӣ шуд.
Дар он вақт дар Узбекистон рӯйхати касбҳое амал мекард, ки барои шахсони бо ВНМО зиндагикунанда манъ буданд. Имрӯз ин рӯйхат ба таври назаррас ихтисор шуда, асосан ба ихтисосҳои тиббӣ дахл дорад, аммо он замон маҳдудиятҳо фарохтар буданд. Кор дар соҳаи ороишгарӣ низ манъ буд.
Худи кор дар толор ҳамчун “қасдан дар ҳолати хатари сироятёбӣ бо ВНМО қарор додани шахси дигар” арзёбӣ гардид. Ба ибораи дигар, хатари сироят ба таври худкор, бидуни зарурати исботи таҳдиди воқеии интиқоли вирус тахмин мешуд. Барои чунин равиш асоси илмӣ вуҷуд надошт: ВНМО тавассути тамоси маишӣ намегузарад ва дар сурати риояи меъёрҳои стандартии санитарӣ кор дар толор хатари эпидемиологӣ надорад.
Бо вуҷуди ин, нисбати зан тибқи моддаи 113 Кодекси ҷиноятӣ “Паҳн кардани бемории зӯҳравӣ ё ВНМО/СПИД” парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуд. Суд ӯро гунаҳкор донист, ҳарчанд далеле аз интиқоли сироят ё амалҳое, ки хатари воқеӣ эҷод мекарданд, мавҷуд набуд.
Моддаи шабеҳ дар Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон низ ҳаст – моддаи 125 “Сироят кардан бо ВНМО”.

Баъдан Азиза ҳангоми кӯшиши пайдо кардани манбаи даромад дубора бо мушкил рӯ ба рӯ шуд. Як корманди мақомоти корҳои дохилӣ амалан ташхиси ӯро ошкоро фош кард, дар ҳоле ки маълумот дар бораи вазъи саломатӣ ба категорияи иттилооти махфӣ тааллуқ дошта, бояд ҳифз карда шавад.
Кормандоне, ки бо чунин парвандаҳо сару кор доранд, вазифадоранд омодагии махсус гузаранд ва ҳам ҷанбаҳои тиббӣ ва ҳам ҳуқуқиро ба назар гиранд, аз ҷумла талаботи риояи сирри тиббӣ.
Аммо дар амал ин меъёрҳо ҳамеша риоя намешаванд, аз ҷумла бо сабаби дарки нокифояи уҳдадориҳо оид ба таъмини махфият.
Азиза тибқи меъёре маҳкум гардид, ки баъдан мавриди бозбинӣ қарор гирифт. Маҳдудиятҳо беасос дониста шуданд ва рӯйхати касбҳои манъшуда ба таври назаррас ихтисор гардид.

Ба ҳолати 1 декабри соли 2025, тибқи маълумоти Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди СПИД-и Узбекистон, дар кишвар 52 ҳазор нафар бо ВНМО зиндагӣ мекунанд. Дар Тоҷикистон бошад, ба ҳолати 30 сентябри соли 2025, 13 ҳазору 45 нафар шахсони бо ВНМО зиндагикунанда сабт шудаанд.
Соли 2023 дар Узбекистон 20 ҳолат сабт шудааст, ки дар онҳо шахсони бо ВНМО зиндагикунанда ҳамчун гумонбар дониста шуда, мавриди бозпурсӣ қарор гирифта ва тибқи моддаи 113 Кодекси ҷиноятӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Тибқи маълумоти шабакаи HIV Justice Network, аз соли 2008 то 2026 дар кишвар 86 ҳолати марбут ба ҷинояткунонии ВНМО ба қайд гирифта шудааст.
Дар Тоҷикистон, тибқи маълумоти пажӯҳишҳои соҳавӣ, 64 дарсади шахсони бо ВНМО зиндагикунанда аз ҳолатҳои табъиз, аз ҷумла аз ҷониби кормандони тиб, хабар медиҳанд. Ҳамзамон, механизмҳои бознигарии чунин парвандаҳо, барқарорсозии ҳуқуқ ё ҷуброни зарар амалан вуҷуд надоранд. Ҳатто баъди тағйири қонунгузорӣ пайомадҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва касбӣ барои маҳкумшудагон боқӣ мемонанд. Низом меъёрҳоро ислоҳ мекунад, аммо сарнавиштҳоро барқарор намекунад.
Моддаи ҷиноятӣ ташхисро ба таври худкор ошкор мекунад
Шахсе, ки бо ВНМО зиндагӣ мекунад, ҳаёти пурра мебарад, муносибат месозад ва тавсияҳои тиббиро вайрон намекунад, дар шароити муайяни ҳуқуқӣ метавонад ба мақоми гумонбар ё айбдоршаванда табдил ёбад. Ин дар ҳолест, ки дар дигар меъёрҳои қонунгузорӣ мустақиман муқаррар шудааст: мақоми ВНМО наметавонад асос барои табъиз бошад.
“Мушкил дар он аст, ки худи моддаи ҷиноятӣ ташхисро ба таври худкор ошкор мекунад: агар шахс тибқи моддаи марбут ба паҳн кардани ВНМО муҳокима шавад, мақоми ӯ маълум мегардад. Ин махфияти ташхис ва мутаносибан, ҳуқуқ ба дахлнопазирии ҳаёти хусусиро поймол мекунад. Бо ин тарз, шахс на танҳо доғи судӣ мегирад, балки бо фош шудани ташхиси худ низ рӯ ба рӯ мешавад”,- мегӯяд Тимур Абдуллоев, мушовир оид ба ҳуқуқ ва тандурустии ҷамъиятӣ.
Ҳамчунин мушкилот дар самти бо кор таъмин шудан ба миён меоянд. Одатан ин ҳолатҳои ҷудогонаанд, ки маълумоташон ба фаъолони ҷамъиятӣ мерасад. Бисёре аз ҳолатҳо номаълум мемонанд, зеро одамон метарсанд, ки бо иқдом кардан ташхиси худро ошкор созанд.
“Агар худи қонун табъиз эҷод кунад, онро наметавон қонуни хуб номид. Тазод дар он аст, ки дар қонун дар бораи пешгирии ВНМО мустақиман гуфта мешавад, ки табъиз дар соҳаи меҳнат ва маориф ғайриқобили қабул аст. Аммо ҳамзамон меъёрҳое вуҷуд доранд, ки тибқи онҳо шахсро танҳо барои идома додани фаъолият метавон ба ҷавобгарӣ кашид. Дар натиҷа, зиддият ба вуҷуд меояд: табъиз расман манъ аст, аммо дар амал имконпазир боқӣ мемонад”.
Ба гуфтаи Зебо Қосимова, адвокате, ки дар доираи лоиҳаи Фонди глобалӣ дар Тоҷикистон манфиатҳои занони бо ВНМО зиндагикунандаро тибқи моддаи 125 намояндагӣ мекунад, чун дар Узбекистон, аксари муроҷиаткунандагон занонанд.
“Моддаи 125 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон нисбат ба шахсони бо ВНМО зиндагикунанда аз нуқтаи назари эҳтиром ва риояи ҳуқуқи инсон хусусияти табъизӣ дорад”, – мегӯяд ӯ.
Дар модда ҷавобгарӣ на танҳо барои қасдан сирояткунии ВНМО, балки барои дар ҳолати хатари сироят қарор додан низ пешбинӣ шудааст. Ба гуфтаи адвокат, зери таъсири ин модда амалан ҳамаи шахсони бо ВНМО зиндагикунанда, ки ба муносибати ҷинсӣ ворид мешаванд, қарор мегиранд ва ҳамин тавр ин меъёр онҳоро аз ҳуқуқ ба саломатии ҷинсӣ, ҳамчун ҷузъи ҳуқуқ ба саломатии ҷисмонӣ ва равонӣ, маҳрум месозад.
“Гузашта аз ин, ин диспозитсия розигии огоҳонаи шарики дигарро ба назар намегирад, истифодаи рифола ҳамчун воситаи ҳифз ҳангоми алоқаи ҷинсиро ба ҳисоб намегирад, инчунин миқдори вирусеро, ки таҳлил ё муайян карда намешавад, тибқи таҳқиқоти охирини илмӣ дар чунин ҳолат ВНМО интиқол намеёбад, ҳамчунин давраи “равзана”-ро, ки дар давоми он ВНМО ошкор мегардад (аз 3 то 6 моҳ) ба инобат намегирад”, – мегӯяд ӯ.
Дар қонунгузорӣ роҳҳои интиқоли ВНМО мушаххас муайян нашудаанд. Дар айни замон, то чанде пеш судҳо танҳо бо мавҷуд будани мақоми ВНМО ҳукми айбдоркунӣ содир мекарданд, бидуни ба инобат гирифтани он ки хатари сироят вуҷуд дошт ё не, мегӯяд Зебо Қосимова.
Афсурдагӣ ва набудани барқарорсозӣ
Азиза, ки мақоми ВНМО-и ӯ фош шуда буд, муддати дароз дар вазъи сангини равонӣ қарор дошт. Дар баробари ин, ӯ кӯдаки хурдсоле дошт, ки бояд таъминаш мекард.

“Ӯро аз охирин манбаи даромадаш маҳрум карданд. Гузашта аз ин, ин корро давлат анҷом дода, ӯро тибқи моддае маҳкум кард, ки имрӯз амалан татбиқ намешавад – касби ӯ дигар дар рӯйхати манъшуда нест”, – мегӯяд Тимур Абдуллоев, мушовир оид ба ҳуқуқ ва тандурустии ҷамъиятӣ.
Доғи судии Азиза аллакай бекор шудааст, аммо барқарорсозии ҳуқуқӣ анҷом дода нашудааст. Бо вуҷуди ин, худи далели тафтишот, мурофиаи судӣ ва ҳукм то ҳол ба зиндагии ӯ таъсир мерасонад.
Қариб ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ моддаҳои ҷинояткунандаро, ки аз давраи шӯравӣ ба мерос мондаанд, нигоҳ доштаанд, ҳарчанд бо мурури замон онҳо қисман бозбинӣ ва таҳрир шудаанд.
“Мушкил дар он аст, ки худи мафҳуми “барқасдона”, ки дар чунин моддаҳо истифода мешавад, аз нигоҳи ҳуқуқӣ норавшан аст. Кодекси ҷиноятӣ шарҳ намедиҳад, ки “ барқасдона” чӣ маъно дорад. “Барқасдона” унсури таркиби ҷиноят нест – чунин унсур қасд мебошад”, – қайд мекунад Абдуллоев.
Ин модда ҳанӯз дар солҳои 1980 пайдо шуда буд, замоне ки гумон мерафт таъқиби ҷиноятӣ ба боздоштани эпидемия мусоидат мекунад. Чил сол сипарӣ шуд, модда боқӣ монд, эпидемия бошад, аз байн нарафт, мегӯяд коршинос.
Ҳолатҳои табъиз аз рӯи аломати ВНМО вуҷуд доранд, аммо мушкил дар он аст, ки низоме барои сабт ва бақайдгирии онҳо нест. Пажӯҳиш ва мониторинги мунтазам анҷом дода намешавад. Дар натиҷа вазъияти тазодӣ ба миён меояд: агар низоми мониторинг вуҷуд надошта бошад, гӯё мушкил ҳам вуҷуд надорад, мегӯяд коршинос.
Тимур Абдуллоев мегӯяд, дар Узбекистон метавонистанд омӯзанд, ки шахсони бо ВНМО зиндагикунанда бо кадом шаклҳои табъиз рӯ ба рӯ мешаванд, аммо барои ин маблағ ва мутахассисон намерасид. Ин банди пешниҳодро мехостанд ба дархости байналмилалии маблағгузорӣ ворид кунанд, вале он тасдиқ нагардид ва дар натиҷа таҳқиқот анҷом дода нашуд.
Коршинос таъкид мекунад, ки тасвири пурраи вазъият дида намешавад, дар ҳоле ки хабарҳо дар бораи нақзи ҳуқуқ мунтазам пайдо мешаванд, бахусус ҳангоми фош шудани ташхис.
“Масалан, шахс барои ташхиси ВНМО таҳлил месупорад, аз муассисаи тиббӣ ба ӯ занг мезананд, аммо агар ӯ набошад, метавонанд ба хешовандонаш хабар диҳанд, ки бояд ба марказ ҳозир шаванд. Пештар ин амал мунтазам рух медод, вале ҳоло ҳам гоҳ-гоҳ чунин ҳолатҳо ошкор мешаванд”.
Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз нисбат ба занон ба Узбекистон тавсия додааст, ки моддаи ҷинояткунандаи интиқоли ВНМО, бахусус қисми марбут ба “дар ҳолати хатари сироят қарор додан”-ро бекор кунад. Мантиқ одӣ аст: аз ин меъёр занон ба таври номутавозин зарар мебинанд, бинобар ин Кумита онро табъизнок арзёбӣ мекунад.
“Аммо ҳеҷ вокунише сурат нагирифт. Модда чӣ гуна буд, ҳамон гуна боқӣ монд”, – мегӯяд Абдуллоев.
Роҳҳал
Созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, ЮНЭЙДС ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ), фаъолона зидди ҷинояткунонии ВНМО баромад мекунанд. Тибқи тавсияҳои онҳо, ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ВНМО бояд танҳо ба ҳолатҳои интиқоли қасдонаи сирояти ВНМО маҳдуд шавад, яъне вақте ки шахс огоҳона ва бо нияти қасдӣ дигареро сироят мекунад.
Дар Арманистон муқаррароти марбут ба “дар ҳолати хатари сироят қарор додан” хориҷ карда шуда, танҳо ҷавобгарӣ барои интиқоли воқеии сироят – қасдан ё аз беэҳтиётӣ боқӣ мондааст.
Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бархе иёлатҳо то ҳол барои интиқоли ВНМО ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ мекунанд, дар ҳоле ки дигарон аз чунин меъёрҳо даст кашидаанд. Ҳамзамон, таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки мавҷуд будан ё набудани чунин моддаҳо ба сатҳи паҳншавии сироят таъсири омории назаррас намерасонад.
Дар ин ҷо ду мушкил вуҷуд дорад. Якум – ошкоршавии худкори ташхис: агар дар модда мустақиман ВНМО зикр шавад, худи далели таъқиби ҷиноятӣ ташхисро оммавӣ месозад. Дуюм – фазои фарох барои сӯистифода. Ҳолатҳое мешаванд, ки пас аз муноқиша яке аз шарикон нисбати дигаре ариза менависад, дар ҳоле ки ҳарду дер боз аз ташхис огоҳ буданд.
Дар бисёр кишварҳо – Беларус, Қазоқистон, Молдова, Русия, Қирғизистон ба қонунгузорӣ тағйирот ворид шудааст, ки тибқи он агар шарик аз мақоми ВНМО огоҳ буда, ихтиёран хатари эҳтимолиро пазируфта бошад, ҷавобгарӣ татбиқ намегардад. Айни замон тағйироти монанд дар Тоҷикистон низ мавриди баррасӣ қарор дорад.
Вазъ дар Тоҷикистон
26 декабри соли 2023 Тоҷикистон раванди декриминализатсияи ҷавобгарӣ барои дар ҳолати хатари сироят қарор додан ва интиқоли ВНМО-ро оғоз кард, то адолат барои шахсони бо ВНМО зиндагикунанда таъмин гардад.
Қарори нави Ҷаласаи умумии Суди Олии Тоҷикистон “Дар бораи амалияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии марбут ба сироят бо вируси норасоии масунияти инсон” ба судҳо пешниҳод мекунад, ки масъалаҳои вобаста ба ҷавобгарии ҷиноятӣ тибқи моддаи 125 Кодекси ҷиноятиро бо назари объективӣ баррасӣ намоянд. Қарор талаб мекунад, ки амалияи судӣ бар пояи меъёрҳои нав, бо дарназардошти стандартҳо ва тавсияҳои байналмилалӣ, сурат гирад.
“Қарори Ҷаласа умедбахш аст, зеро имкон медиҳад қонунҳои мавҷуда одилонатар тафсир шаванд, аммо он қонунҳои навро муқаррар намекунад ва Кодекси ҷиноятиро тағйир намедиҳад, ки то ҳол интиқоли ВНМО-ро ҷиноят мешуморад. Ин қадам ба сӯи заминаи одилонатари ҳуқуқӣ натиҷаи талошҳои муштараки Суди Олӣ ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин корҳои дарозмуддати ҳимоягаронаи ЮНЭЙДС, Барномаи рушди СММ ва Фонди глобалии мубориза бо СПИД, сил ва вараҷа мебошад, ки равиши фарогир ва ҳамоҳангро дар ҳалли масъалаҳои мураккаби ҳуқуқии марбут ба ВНМО инъикос мекунад”, – мегӯяд адвокат аз Душанбе Зебо Қосимова.
Модда меъёрҳоро такрор мекунад
Тимур Абдуллоев бар он назар аст, ки зарурати мавҷудияти моддаи алоҳида дар бораи ВНМО дар қонунгузории ҷиноятӣ шубҳаҳои ҷиддӣ ба миён меорад. Ба гуфтаи ӯ, вақте пешниҳод мешавад, ки меъёри махсус бекор карда шавад, одатан чунин эътироз садо медиҳад: “Пас расонидани зарар чӣ гуна баҳогузорӣ мешавад?”
Аммо, тавре ӯ қайд мекунад, дар аксари кодексҳои ҷиноятӣ аллакай моддаҳо дар бораи расонидани зарар ба саломатӣ – сабук, миёна ва вазнин пешбинӣ шудаанд ва дар санадҳои меъёрӣ мустақиман зикр мегардад, ки таъсири биологӣ низ метавонад ҳамчун зарар ба саломатӣ арзёбӣ шавад. Аз ин лиҳоз, моддаи алоҳида дар бораи ВНМО амалан меъёрҳои мавҷударо такрор мекунад. “Дар асл, ҳамоҳангсозии кори чанд ниҳод ва додани шарҳҳои ҳуқуқӣ кофист ва ниёз ба моддаи ҷудогона аз байн меравад”, – таъкид мекунад ӯ.
Абдуллоев ҳамчунин ба далели маъмуле ишора мекунад, ки аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ садо медиҳад: гӯё бидуни моддаи махсус одамон ба таври оммавӣ дигаронро сироят мекунанд. Ӯ инро афсона меномад ва таъкид мекунад: “Ин меъёр ҳеҷ гоҳ паҳншавии сироятро бознадоштааст”. Ба андешаи ӯ, арзиши мавҷудияти он хеле гарон аст – одамон бе анҷом додани амалҳое, ки воқеан сазовори ҷазои ҷиноятӣ бошанд, доғи судӣ мегиранд.
Коршинос ёдовар мешавад, ки дар сурати бекор шудани моддаи махсус метавон меъёрҳои умумии расонидани зарар ба саломатиро татбиқ кард. Ба гуфтаи ӯ, дар амалияи Узбекистон интиқоли ВНМО на кам ба осебҳои вазнини ҷисмонӣ баробар карда мешавад, ки ин номутавозинии ҷазоро ба вуҷуд меорад. Дар натиҷа якбора чанд мушкил пеш меояд: моддаи ҷудогонае вуҷуд дорад, ки татбиқи он душвор аст, ва ҳамзамон шарҳҳои кофии судӣ мавҷуд нестанд, ки ин номуайянии ҳуқуқиро тақвият медиҳад.
Созмони “Ишонч ва ҳаёт” пешниҳод мекунад, ки дар Узбекистон ҷавобгарии ҷиноятӣ танҳо ба ҳолатҳои интиқоли қасдонаи ВНМО маҳдуд карда шавад – вақте исбот шудааст, ки шахс аз мақоми мусбати ВНМО-и худ огоҳ буд, бо қасди мустақим барои интиқоли вирус амал кард ва сироят воқеан рух дод.

Қиссаи Азиза ҳолати ягона нест, балки намунаест аз он ки чӣ гуна меъёрҳои ҳуқуқӣ метавонанд аз замони худ ақиб монда, ҳамоно сарнавиштҳоро хароб созанд. То замоне ки қонунгузорӣ бо дастовардҳои муосири тиб ва принсипҳои махфият мутобиқ карда нашавад, шахсони бо ВНМО зиндагикунанда на танҳо бо ташхис, балки бо хатари доимии айбдоршавӣ низ зиндагӣ хоҳанд кард.








