Дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ки дар шаҳри Улан–Батор, Муғулистон ҷараён дорад, муштзанони Тоҷикистон ду медали биринҷӣ ба даст оварда, як узви даста ба даври ниҳоии рақобатҳо роҳ ёфт.
Аз ҷумла, Мижгона Самадова, узви тими миллӣ дар вазни 57 кг, медали биринҷӣ ба даст овард. Дар даври чаҳорякниҳоӣ ӯ бар намояндаи Муғулистон, Номин Эрдене Тугжарал, дастболо шуд, аммо дар даври ниманиҳоӣ аз варзишгари Тайиланд, Пунрави Руэнрос, шикаст хӯрд ва медали биринҷӣ гирифт. Ин барои Мижгона дуюмин медали қаҳрамонии Осиё мебошад; бори аввал ӯ соли 2021 дар Дубай ба ин комёбӣ ноил шуда буд.
Ҳамчунин, намояндагони дигари Тоҷикистон Некрӯз Салимов (80 кг) ва Парвиз Каримов (90 кг) ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд.
Парвиз Каримов дар вазни 90 кг дар рақобат бо намояндаи Ҳиндустон, Харш Чоудхари дастболо шуда, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Дар даври ниҳоӣ, ки рӯзи 10-уми апрел баргузор мешавад, ӯ бо намояндаи Ӯзбекистон Ҳалимҷон Мамасолиев, барои дарёфти медали тилло рақобат мекунад.
Барои Парвиз Каримов ин аллакай имкони дуюм барои ғолиб омадан дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё аст. Соли 2024 дар Тайиланд ӯ медали нуқра ба даст оварда буд.
Мусобиқоти қаҳрамонии қораи Осиё таҳти сарпарастии “World Boxing” баргузор шуда, зиёда аз 230 варзишгар аз 26 кишварро гирди ҳам овардааст.









